Худошиноси

Худошиноси

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун рузи киёмат шавад, Хак таъоло гурухёро аз умматони ман пару бол ато кунад, то ба бихишт парвоз кунанд.

Фариштагон гуянд: – Шумо хисоб ва тарозу ва пули сирот хамаро дидед?

Онхо гуянд: – Аз инхо хеч як надидем.

Гуянд: – Шумо аз уммати кадом Пайгамбаред?

Гуянд: – Мо аз уммати Мухаммадем (с).

Фариштагон гуянд: – Амали шумо чи буд дар дунё, ки ин хама каромат ёфтед?

Онхо гуянд: – Моро ду хислат буд: яке он ки дар хилват аз Худованди худ шарм медоштем, ки гунох кунем. Дигар он ки рози будем ба ризки андак, ки Хак таъоло моро медод.

Худои таъоло мегуяд, ки, эй бандаи ман, руй аз бандагии ман магардон, ки маро чун ту бисёр аст, аммо туро чун ман гайр аз ман каси дигар нест.

Хикоят. Зани порсои солихае дар рох мерафт. Чавоне пеши у расид. Зан бисёр бо чамол буд, чавонро дил дар банда у шуд.

Гуфт: – Эй зан, дилам ба ту машгул шуд, тавони, ки як соат бо ман боши?

Зан гуфт: – Майлаш, валекин чое бошад хилват, ки касе моро набинад.

Чавон гуфт: – Маро чои хилват хаст.

Пас зан бо он чавон бирафт. Чун ба хона расиданд, дари хонаро махкам карданд.

Зан гуфт: – Эй чавон, нагуфти, ки чое равем, ки касе моро набинад?

Чавон гуфт: – Дархоро бастам ва хеч кас моро намебинад.

Зан гуфт: – Эй чавон, оё нашунидаи ин оятро: “Алам яьлам би анналлоха яро”? Яъне оё намедони, ки Худои таъоло мебинад?

Чавон чун ин оят бишунид, биларзиду наъра зада бехуш шуд ва зан аз хона берун рафт.

Чанд вакте бигузашту зан аз назди хонаи он чавон гузар кард, мардумонро дид ба он хона мерафтанд. Пурсид, ки ин хона аз они кист ва ин мардумон чаро бар он чо мераванд?

Гуфтанд: ин хонаи зохид ва шайхи пархезкоре аст, ки сабаби тавбаи вай ин оят буд: “алам яълам бианналлоха яро” ва ин мардум ба зиёрати у мераванд.

Хикоят. Раиси шахри Басраро боге буд. Рузе у ба боги худ даромад. Зани богбонро дид, ки чамолаш беандоза буд. Богбонро ба бахонае аз бог берун фиристод ва занро гуфт: – Дархои богро бибанд. Он заифа донист, ки бо у касди бади дорад. Лахзае дар паси дарахте пинхон шуд ва бозомада гуфт:

– Дархоро бастам, аммо як дар боз монда аст, харчанд мекунам, баста наметавонам.

Раис пурсид: – Он кадом дар аст?

Гуфт: – Он дар, ки Худованд мебинад.

Мард чун ин сухан бишунид, пушаймон шуду тавба кард ва ба хонакохи дарвешон рафт ва яке аз дустони Хак гашт.

Расули акрам (с) фармуданд: – Хар касе мехохад, ки бо Худованд сухан гуяд, гу намоз хонад ва хар ки хохад Худованд бо вай сухан гуяд, гу Куръон хонад.

Хушо вакте ки банда мегуяд ва Худованд мешунавад ва вакте ки Худованд мегуяду банда мешунавад.

Дар кудакон шаш хислат аст. Аз хисоли анбиё ва авлиё. Яке он ки чун бемор шаванд, аз Худованд шикоят накунанд  ба суи халк. Дуюм, чун бо якдигар бинишинанд, кина аз якдигар дар дил нагиранд. Сеюм, он ки майли саховат доранд. Чахорум, он ки дар онхо равиши таваккал аст. Панчум, он ки чун аз онхо чизе пурсанд, рост бигуянд. Шашум, он ки бо андак вахме битарсанд ва об дар дида оранд.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …