Худошиносӣ

Худошиносӣ

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун рӯзи қиёмат шавад, Ҳак таъоло гурӯҳёро аз умматони ман пару бол ато кунад, то ба биҳишт парвоз кунанд.

Фариштагон гӯянд: – Шумо ҳисоб ва тарозу ва пули сирот ҳамаро дидед?

Онҳо гӯянд: – Аз инҳо ҳеҷ як надидем.

Гӯянд: – Шумо аз уммати кадом Пайғамбаред?

Гӯянд: – Мо аз уммати Муҳаммадем (с).

Фариштагон гӯянд: – Амали шумо чӣ буд дар дунё, ки ин ҳама каромат ёфтед?

Онҳо гӯянд: – Моро ду хислат буд: яке он ки дар хилват аз Худованди худ шарм медоштем, ки гуноҳ кунем. Дигар он ки розӣ будем ба ризқи андак, ки Ҳақ таъоло моро медод.

Худои таъоло мегӯяд, ки, эй бандаи ман, рӯй аз бандагии ман магардон, ки маро чун ту бисёр аст, аммо туро чун ман ғайр аз ман каси дигар нест.

Ҳикоят. Зани порсои солиҳае дар роҳ мерафт. Ҷавоне пеши ӯ расид. Зан бисёр бо ҷамол буд, ҷавонро дил дар банда ӯ шуд.

Гуфт: – Эй зан, дилам ба ту машғул шуд, тавонӣ, ки як соат бо ман бошӣ?

Зан гуфт: – Майлаш, валекин ҷое бошад хилват, ки касе моро набинад.

Ҷавон гуфт: – Маро ҷои хилват ҳаст.

Пас зан бо он ҷавон бирафт. Чун ба хона расиданд, дари хонаро маҳкам карданд.

Зан гуфт: – Эй ҷавон, нагуфтӣ, ки ҷое равем, ки касе моро набинад?

Ҷавон гуфт: – Дарҳоро бастам ва ҳеҷ кас моро намебинад.

Зан гуфт: – Эй чавон, оё нашунидаӣ ин оятро: “Алам яьлам би анналлоҳа яро”? Яъне оё намедонӣ, ки Худоӣ таъоло мебинад?

Ҷавон чун ин оят бишунид, биларзиду наъра зада беҳуш шуд ва зан аз хона берун рафт.

Чанд вақте бигузашту зан аз назди хонаи он ҷавон гузар кард, мардумонро дид ба он хона мерафтанд. Пурсид, ки ин хона аз они кист ва ин мардумон чаро бар он ҷо мераванд?

Гуфтанд: ин хонаи зоҳид ва шайхи парҳезкоре аст, ки сабаби тавбаи вай ин оят буд: “алам яълам бианналлоҳа яро” ва ин мардум ба зиёрати ӯ мераванд.

Ҳикоят. Раиси шаҳри Басраро боғе буд. Рӯзе ӯ ба боғи худ даромад. Зани боғбонро дид, ки ҷамолаш беандоза буд. Боғбонро ба баҳонае аз боғ берун фиристод ва занро гуфт: – Дарҳои боғро бибанд. Он заифа донист, ки бо ӯ қасди бадӣ дорад. Лаҳзае дар паси дарахте пинҳон шуд ва бозомада гуфт:

– Дарҳоро бастам, аммо як дар боз монда аст, ҳарчанд мекунам, баста наметавонам.

Раис пурсид: – Он кадом дар аст?

Гуфт: – Он дар, ки Худованд мебинад.

Мард чун ин сухан бишунид, пушаймон шуду тавба кард ва ба хонақоҳи дарвешон рафт ва яке аз дӯстони Ҳақ гашт.

Расули акрам (с) фармуданд: – Ҳар касе мехоҳад, ки бо Худованд сухан гӯяд, гӯ намоз хонад ва ҳар ки хоҳад Худованд бо вай сухан гӯяд, гӯ Қуръон хонад.

Хушо вақте ки банда мегӯяд ва Худованд мешунавад ва вақте ки Худованд мегӯяду банда мешунавад.

Дар кӯдакон шаш хислат аст. Аз хисоли анбиё ва авлиё. Яке он ки чун бемор шаванд, аз Худованд шикоят накунанд  ба сӯи халқ. Дуюм, чун бо якдигар бинишинанд, кина аз якдигар дар дил нагиранд. Сеюм, он ки майли саховат доранд. Чаҳорум, он ки дар онҳо равиши таваккал аст. Панчум, он ки чун аз онҳо чизе пурсанд, рост бигӯянд. Шашум, он ки бо андак ваҳме битарсанд ва об дар дида оранд.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …