Главная / Чамъият / Хуччати электрони

Хуччати электрони

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Дар бораи хуччати электрони 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.2002, №4, к.1, мод.308; с.2005, №12, мод.637;

с.2012, №12, к.1, мод.1002; с. 2013, № 7, мод. 523; КЧТ аз 31.12.2014,  № 1174)

Конуни мазкур асосхои ба кор бурдани хуччатхои электрони, талаботи асоси ба хуччатхои электрони, инчунин хукук, вазифахо ва масъулияти иштирокчиёни муносибатхои хукукиро, ки дар сохаи гардиши хуччатхои электрони ба амал меоянд, мукаррар менамояд.

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

(КЧТ аз 28.12.12 с., №908)

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

 Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

хуччати электрони – маълумоте, ки дар хомили мошини сабт шудааст ва ба талаботи мукарраркардаи Конуни мазкур мувофикат мекунад;

 – гардиши хуччатхои электрони – тартибдихи, истифода, нигохдори ва мубодилаи хуччатхои электрони, ки ба воситаи технологияхои иттилоотию коммуникатсиони амали мешаванд;

хомили мошини – диски магнити,  лентаи магнити, диски лазери ва дигар  хомилхои  модди,  ки  дар  сабту нигохдории маълумот ба воситаи техникаи электронию хисоббарор истифода бурда мешаванд;

дигар воситахои хаммонандкуни – дигар воситахои хаммонандкунии мураттиби хуччати электрони, ки шахсони хукуки метавонанд онхоро бо максади истифодабари хангоми гардиши дохили ё байнихамдигарии хуччати электрони дар мувофика кабул намоянд;

мураттиби хуччати электрони – шахси вокеи ё хукуки, ки аз номи худ ё аз номи шахси дигар (бо супориш у) хуччати электрониро бо истифода аз воситахои технологияхои иттилоотию коммуникатсиони тартиб додааст;

нусхаи электронии хуччати когази – нусхабардории хуччати когази дар шакли электронии раками, ки ба талаботи мукаррарнамудаи Конуни мазкур чавобгу мебошад;

нусхаи электронии хуччати электрони – нусхабардории хуччати электрони дар шакли электронии раками, ки бо воситахои хаммонандкунии аз эътибор сокитшуда ва хаммонандкунандахои хуччати электронии эътибордошта акс гардидааст ва аз руи шакли худ ба талаботи Конуни мазкур мутобик мебошад; 

имзои электрони – хамшабехи имзои дасти, ки барои хаммонандкунии шахси хуччати электрониро имзокарда пешбини шудааст ва хакики будани онро тасдик мекунад;

молики система ва шабакахoи  иттилооти – субъекте,  ки  дорои хукуки  сохиби,  истифода  ва ихтиёрдори намудани система ва шабакахои иттилооти мебошад.

 (КЧТ аз 31.12.14 с., №1174)

Моддаи 2. Сохаи гардиши хуччатхои электрони

Хуччати электрони дар хамаи сохахои фаъолияте, ки  дар онхо воситахои барномави ва техники барои тайёр кардан, коркард, нигохдори, ирсол ва кабули иттилоот заруранд, истифода шуда метавонад. Бо кумаки хуччатхои электрони ахдхо (шартномахо) баста шуда метавонад,  хисоббаробаркунихо сурат гирифта, мукотиба, ирсол ва кабули хуччатхо ва дигар маълумотхо ба амал меоянд.

Махдудият дар истифодаи хуччатхои  электрони дар мавридхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар шуда метавонад.

Хуччатхои электрони тавассути хамаи воситахои алока, аз чумла системахо ва шабакахои  иттилооти, агар ин ба  конунгузории Чумхурии Точикистон  ва шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон мухолифат накунад, фиристода шуда метавонанд.

Моддаи 3. Субъектхои муносибати хукуки дар сохаи гардиши хуччатхои электрони

Дар сохаи гардиши хуччатхои электрони давлат, дар шахси макомоти хокимияти давлати, шахсони хукуки ва вокеи, инчунин давлатхои хоричи, ташкилотхои байналмилали, шахсони хукуки ва вокеии хоричи ва шахсони бешахрванд субъектхои муносибати хукуки дониста мешаванд.

Шаклхои муносибати субъектхо дар сохаи гардиши хуччатхои электрони бо шартномахо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон танзим карда мешаванд.

Моддаи 4. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хуччати электрони

(КЧТ аз 28.12.12 с., №908)

Конунгузории  Чумхурии Точикистон дар бораи хуччатхои электрони ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, иборат аст.(КЧТ аз 28.12.12 с., №908; аз 31.12.14 с., №1174)

 Моддаи 5. Идоракуни ва танзими давлатии гардиши хуччатхои электрони

Идоракуни ва танзими давлатии гардиши хуччатхои электрони мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба таъмини химояи хукук ва манфиатхои конунии иштирокчиёни муносибатхои хукуки дар сохаи гардиши хуччатхои электрони, таъмини химояи маълумот хангоми тайёр кардани он, коркард, ирсол, кабул ва нигохдории вай ва дигар максадхо нигаронда шудааст.

Идоракуни ва танзими давлатиро дар сохаи гардиши хуччатхои электрони Хукумати Чумхурии Точикистон анчом медихад.

БОБИ 2.

ХУЧЧАТИ ЭЛЕКТРОНИ 

Моддаи 6. Талаботи асоси ба хуччатхои электрони

Хуччати электрони бояд ба талаботи зерин мувофикат кунад:

-тавассути воситахои барномави ва техники тайёр шуда, коркард шавад, ирсол, кабул ва хифз гардад;

-дорои нишонахое бошад, ки имкониятдихандаи хаммонандкунии он бошанд; (КЧТ аз 28.12.12 с., №908)

-дар шакле пешниход гардад, ки кобили кабули фахми инсон бошад.

 

Моддаи 7. Таркиби хуччати электрони

 

Хуччати электрони аз ду кисми таркиби – умуми ва махсус иборат аст.

Кисми умумии хуччати электрони аз маълумоти дорои мазмуни хуччат ва маълумот дар бораи гирандаи  мактуб иборат аст.

Кисми махсуси хуччати электрони аз як ё якчанд имзохои электронии раками ё дигар воситахои хаммонандкунии мураттиб, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолиф нестанд иборат аст.(КЧТ аз 31.12.14 с., №1174)

 

Моддаи 8. Шаклхои пешниход кардани хуччати электрони

 

Хуччати электрони шаклхои пешниходи дохили ва беруни дорад.

Шакли пешниходи дохилии хуччати электрони аз сабти  иттилооти он хуччат дар  хомили мошини иборат аст.

Шакли пешниходи берунии хуччати электрони аз тачдиди ин хуччат дар экрани дисплей, дар когаз ё дигар маводи аз хомили  мошини чудошаванда дар намуди ба чашм намоён (бе воситахои техники) ва кобили кабули фахми инсон, иборат аст.

 

Моддаи 9. Асли хуччати электрони

 

Асли хуччати электрони танхо дар хомили мошини мавчуд аст. Хамаи нусхахои хуччати электрони, ки дар хомили мошини кайд шудааст ва яке ба дигаре монанд аст, асл хисобида мешаванд. (КЧТ аз 31.12.14 с., №1174)

Дар холате, ки аз тарафи як шахс хуччат дар хомили  когази тайёр мешавад ва хуччати электрони, ки аз руи мазмун ба он хаммонанд аст, хар ду хуччат хуччатхои мустакил хисобида мешаванд.

Хуччати электрони дар он сурат асл хисобида мешавад, ки агар он  дорои имзои электронии чавобгу ба талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон ё дигар воситахои хаммонандкунии мураттиб  бошад. (КЧТ аз 31.12.14 с., №1174)

 

Моддаи 10. Нусхаи хуччати электрони ва тасдики он

 

Нусхаи хуччати  электрони бо рохи тасдики намунаи хуччати электронии дар хомили когази ё бо истифода аз имзои электрони пешниходшуда ва ё дигар воситахои хаммонандкуни, ки ба талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон чавобгу мебошанд, тайёр карда мешавад. Нусхабардории  асл ё нусхаи хуччати электрони, ки ба таври дахлдор тасдик карда нашудааст, эътибори хукуки надорад.

 

(КЧТ аз 31.12.14 с., №1174)

 

Моддаи 11. Эътибори хукукии хуччати электрони

 

Хуччати электрони дар хомили мошини бо хуччат дар хомили когази баробар дониста мешавад ва бо он эътибори якхелаи хукуки дорад. 

Агар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намояд, ки хуччат ба таври хатти ба расмият дароварда шавад ва ё дар шакли хатти пешниход гардад, пас хуччати электрони ба ин талабот мутобик дониста мешавад.

Хуччати электрони баимзорасида эътироф карда мешавад, агар хангоми имзои он имзои электрони ё дигар воситахои хаммонандкунии мураттиб, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон мутобик мебошанд, истифода шуда бошанд. Тарзи хаммонандкунии шахси имзокарда хамчунин метавонад бо мувофикаи тарафхо пешбини гардад.

Агар конунгузории Чумхурии Точикистон тасдики нотариали ва (ё) бакайдгирии давлатии хуччати электрониро талаб намояд, хуччати электрони ё нуcхаи он бояд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик карда шавад ё ба кайд гирифта шавад.

 

(КЧТ аз 31.12.14 с., №1174)

 

Моддаи 12. бо КЧТ аз 31.12.14 с., №1174 хорич карда шуд

Моддаи 13. бо КЧТ аз 31.12.14 с., №1174 хорич карда шуд

Моддаи 14. бо КЧТ аз 31.12.14 с., №1174 хорич карда шуд

Моддаи 15. бо КЧТ аз 31.12.14 с., №1174 хорич карда шуд

 

Моддаи 16. Нигохдории хуччатхои электрони

 

Нигохдории хуччатхои электрони аз чониби ташкилотхое, ки фаъолияти бойгони ва фаъолияти нигохдории маълумоти хуччатнокшударо анчом медиханд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Тартиби нигохдори ва нест кардани хуччатхои электрони, инчунин хукук ва ухдадорихои шахсони масъулро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

(КЧТ аз 31.12.14 с., №1174)

 

Моддаи 161. Тайёр намудан, ба расмият даровардан, нигохдори ва гардиши хуччатхои 

                            электрони

Агар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои намудхои алохидаи хуччатхои когази талабот оид ба тайёр намудан, ба расмият даровардан, нигохдори ва гардиши онхоро пешбини намоянд, ин талабот ба хуччатхои электрони низ бо назардошти хусусиятхои тайёр намудан, ба расмият даровардан, нигохдори ва гардиши онхо дахл доранд.

Дар мавридхои зарури талаботи муайяне, ки ба хуччатхои когази пешниход мегарданд, метавонанд бекор карда шаванд ё бо дигар талабот нисбат ба хуччатхои электрони иваз карда шаванд.

Коидахои тайёр намудан, ба расмият даровардан, нигохдори ва гардиши хуччатхои электрони барои макомоти давлати, инчунин тартиби гардиши хуччатхои электрони байни макомоти давлати,  шахсони вокеи ва хукуки бо санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномахо ва созишномахои байни иштирокчиёни ин муносибатхои хукуки муайян карда мешаванд.

 

(КЧТ аз 31.12.14 с., №1174)

 

Моддаи 17. Химояи хуччати электрони

 

Шахсоне, ки бо тайёр кардан, коркард, кабул, ирсол ва нигохдории хуччатхои электрони машгуланд, бояд аз воситахои барномави ва  техники, ки сатхи зарурии химояи ин хуччатхоро таъмин менамоянд, истифода баранд.

Сатхи зарурии химояи хуччатхои электрони ва иттилооте, ки дар онхо мавчуданд, хангоми истифодаи системаю шабакахои иттилооти барои ташкили гардиши хуччатхои электрони аз тарафи молики ин системаю шабакахо таъмин мешаванд.

 

Моддаи 18. Хуччатхои электронии дорои иттилооте, ки пахн карданн он манъ шудааст ё махдуд

                      гардидааст

 

Мазмуни хуччатхои электрони аз маълумоти дорои сирри давлати, хизмати ё тичорати ва дигар маълумот иборат буда метавонад, ки пахн кардани онхо манъ шудааст ё махдуд гардидааст. Коидахои истифода ва чорахои химояи маълумотро конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.

Макомоти давлати ва шахсони хукуки, шахсони вокеие, ки вазифахои онхо кор бо хуччатхои электронии дорои маълумоти дар кисми якуми моддаи мазкур зикргардида мебошанд, ухдадоранд, ки хангоми гузаронидани хуччатхои электрони ба воситаи каналхои алока системахои сертификатсияшудаи химояи иттилоотро истифода баранд. (КЧТ аз 28.12.12 с., №908)

 

Моддаи 181. Вакт, махалли ирсол ва кабули хуччати электрони

 

Агар бо мувофикаи тарафхо холати дигар пешбини нашуда бошад, вакти ирсоли хуччати электрони лахзае хисобида мешавад, ки хуччати электрони аз шабакаи иттилоотии ирсолкунанда ё шабакаи иттилоотии шахси пешниходкунандаи хизматрасони оид ба ирсоли хуччати электрони мебарояд. Агар бо мувофикаи тарафхо холати дигар пешбини нашуда бошад, вакти кабул кардани хуччати электрони лахзае хисобида мешавад, ки хуччати электрони ба шабакаи иттилоотии шахси кабулкунанда ё шабакаи иттилоотии шахси пешниходкунандаи хизматрасони оид ба кабули хуччати электрони ворид мегардад.

 

(КЧТ аз 31.12.14 с., №1174)

 

 

Бобхои 3 ва 4 бо КЧТ аз 31.12.14 с., №1174 хорич карда шуданд

 

БОБИ 5.

МАСЪУЛИЯТИ ШАХСОНЕ, КИ ДАР СОХАИ ГАРДИШИ ХУЧЧАТХОИ ЭЛЕКТРОНИ

ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАНД

 

Моддаи 24. Масъулияти шахсоне, ки дар сохаи гардиши хуччатхои электрони фаъолият мекунанд

 

Шахсони вокеи ва хукуки, ки ба хизматрасони дар сохаи гардиши хуччатхои электрони машгуланд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар назди муштариёни худ барои хизмат нарасонидан ё сифати номуносиби хизматрасони, инчунин барои зарари ба онхо расонидашуда масъул мебошанд.

Шахсони аз руи вазифахои хизматиашон хукуки дастраси ба маълумоти дар хуччатхои электрони мавчудбуда дошта, ки пахн кардани онхо манъ ё махдуд карда шудааст, барои махфияти онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон шахсан масъул мебошанд.

 

(КЧТ аз 28.12.12 с., №908)

 

БОБИ 6.

ХАМКОРИИБАЙНАЛМИЛАЛИ

ДАР СОХАИ ГАРДИШИ ХУЧЧАТХОИ ЭЛЕКТРОНИ

 

Моддаи 25. Хамкории байналмилали

 

Субъектхои муносибати хукуки дар  сохаи гардиши хуччатхои электрони метавонанд дар барномахо ва лоихахои байналмилали иштирок кунанд, бо ташкилотхои хоричи ва байналмилали,  шахрвандони хоричи ва шахсони  бешахрванд шартномахо банданд, инчунин системаю шабакахои  иттилоотии  байналмилалиро мутобики конунгузори ва шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон  истифода баранд.

 

БОБИ 7.

МУКАРРАРОТИ  ХОТИМАВИ

 

Моддаи 26. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур 

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

(КЧТ аз 28.12.12 с., №908)

 

 

Президенти
Чумхурии ТочикистонЭ.Рахмонов

 

ш.Душанбе, 10 майи соли 2002

№ 51

 

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …