Главная / Гуногун / Хучанд ва Уротеппа дар асри XVII — нимаи аввали асри XVIII

Хучанд ва Уротеппа дар асри XVII — нимаи аввали асри XVIII

Ду шахри кадимаи халки точик Хучанд ва Уротеппа дар асри XVII баъдан хамкисмат гашта aз тарафи як хоким идора мешуданд. Дар ибтидои хукмронии хонхои сулолаи Аштархони аз парокандагии руйдода истифода намуда, Хучанд ва умуман водии Фаргона, Уротеппа ва Тошканд аз итоати Бухоро баромаданд.

Дар солхои хукмронии Имомкулнхон Уротеппа ва Хучанд аз тарафи Суюнчбий ном хоким идора мешуд. Ба у муяссар мешавад, ки якчанд шахрхои ба Тошканд тобеъро забт кунад. Дере нагузашта Хучанд ва Уротеппа ба хокими Самарканд Яланпушбии атолик тобеъ шуданд.

aleksandriya-eskhata-ili-khujand

Дар асри XVII баъзе кабилахои туркнажод дар доираи идораи давлат макоми махсусро ишгол мекунанд. Яке аз чунин кабилахо юзхо буданд, ки дар якчанд вилоятхои Мовароуннахр нуфуз доштанд.

Намояндаи ин кабила Бокибий амалиёти зидди хукумати марказиро сарвари намуда, ба кувваи харбии кабилаи казокхо такя мекард. У пинхони вориди Хучанд гашта худсарихо намуд. Бар зидди казокхо ва Бокибий лашкари Бухоро бо сардории Абдулазизхон равон карда шуд. Шохзодаи мазкур дохили Хучанд гашт. Бокибий юз назди у шарт гузошт, ки ба мукобили падари худ — Надирмухаммадхон амал намуда, худро хони Бухоро эълон кунад. Окибати ин тадбир амали гашта дар Сарой ном музофоти Уротеппа Абдулазизхони 25 сола соли 1645 маросими точгузори гузаронид. Падараш, ки дар дашти Карши машгули шикор буд, аз ин вокеа огох гашта, дар Балх панох ёфт.

Бокибий юз аз тарафи Абдулазизхон хокими Хучанду Уротеппа таъин шуд. Кабилаи юз мавкеъи худро дар хонии Бухоро мустахкам намуд. Дарсолхои хукмронии Аодулазизхон (1645-1680) хокимони Хучанду Уротеппа тобеъи Бухоро буданд.

Баъд аз ба сари хокимият омадани Субхонкулихон (1680-1702) дар Уротеппа ва мулкхои тобеъи он якчанд сол (1677-1686) Мухаммадмуратойбий хукм ронд. Ба гайр аз у, намояндан обруманди кабилаи юз Мухаммадрахимбий юз дар таърихи Хучанду Уротеппа, Самарканду Бухоро мавкеъи намоёнро ишгол мекард. У аз тарафи хони Бухоро, соли 1703 барои пахш кардани шуриши халки ба Хисор фиристода шуд.

Баъд аз ба сари хокимият омадани Убайдуллохон барои идора кардани Уротеппа ва Хучанд писари Рахимбий юз Окбута кушбеги хоким таъин шуд. У зиёда аз си сол (1702-1734) хукмрони намуд.

Пойтахти Окбугабек шахри Уротеппа буд. Сарзамини васеъ аз худуди Хучанд то сархади Самарканд, болооби Зарафшон – Масчоху Фалгар тобеъи у буданд. Бо ин хам каноатманд нашуда, Окбута кушбеги хост водии Фаргонаро забт намояд. Ин хохиши у амали нашуд, чунки соли 1734 аз дасти падараруси худ хокими Хуканд Рахимбии минг (1734-1750) ба катл расид. Баъд аз ин Рахимбий Хучанд ва Уротеппаро забт кард.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sharshara

Шеър дар бораи Шаршара

Шаршара ноз дорад, Муйи дароз дорад. Шаршара кони магал, Шаршара кони газал, Зеби дара шаршара, …