Главная / Гуногун / Хуҷанд ва Ӯротеппа дар асри XVII — нимаи аввали асри XVIII

Хуҷанд ва Ӯротеппа дар асри XVII — нимаи аввали асри XVIII

Ду шаҳри қадимаи халқи тоҷик Хуҷанд ва Ӯротеппа дар асри XVII баъдан ҳамқисмат гашта aз тарафи як ҳоким идора мешуданд. Дар ибтидои ҳукмронии хонҳои сулолаи Аштархонӣ аз парокандагии рӯйдода истифода намуда, Хуҷанд ва умуман водии Фарғона, Ӯротеппа ва Тошканд аз итоати Бухоро баромаданд.

Дар солҳои ҳукмронии Имомқулнхон Ӯротеппа ва Хуҷанд аз тарафи Суюнчбий ном ҳоким идора мешуд. Ба ӯ муяссар мешавад, ки якчанд шаҳрҳои ба Тошканд тобеъро забт кунад. Дере нагузашта Хуҷанд ва Ӯротеппа ба ҳокими Самарқанд Яланпушбиӣ атолик тобеъ шуданд.

aleksandriya-eskhata-ili-khujand

Дар асри XVII баъзе қабилаҳои туркнажод дар доираи идораи давлат мақоми махсусро ишғол мекунанд. Яке аз чунин қабилаҳо юзҳо буданд, ки дар якчанд вилоятҳои Мовароуннаҳр нуфуз доштанд.

Намояндаи ин қабила Боқибий амалиёти зидди ҳукумати марказиро сарварӣ намуда, ба қувваи ҳарбии қабилаи қазоқҳо такя мекард. Ӯ пинҳонӣ вориди Хуҷанд гашта худсариҳо намуд. Бар зидди қазоқҳо ва Боқибий лашкари Бухоро бо сардории Абдулазизхон равон карда шуд. Шоҳзодаи мазкур дохили Хуҷанд гашт. Боқибий юз назди ӯ шарт гузошт, ки ба муқобили падари худ — Надирмуҳаммадхон амал намуда, худро хони Бухоро эълон кунад. Оқибати ин тадбир амалӣ гашта дар Сарой ном музофоти Ӯротеппа Абдулазизхони 25 сола соли 1645 маросими тоҷгузорӣ гузаронид. Падараш, ки дар дашти Қаршӣ машғули шикор буд, аз ин воқеа огоҳ гашта, дар Балх паноҳ ёфт.

Боқибий юз аз тарафи Абдулазизхон ҳокими Хуҷанду Ӯротеппа таъин шуд. Қабилаи юз мавқеъи худро дар хонии Бухоро мустаҳкам намуд. Дарсолҳои ҳукмронии Аодулазизхон (1645-1680) хокимони Хуҷанду Ӯротеппа тобеъи Бухоро буданд.

Баъд аз ба сари ҳокимият омадани Субҳонқулихон (1680-1702) дар Ӯротеппа ва мулкҳои тобеъи он якчанд сол (1677-1686) Муҳаммадмуратойбий ҳукм ронд. Ба ғайр аз ӯ, намояндан обрӯманди қабилаи юз Муҳаммадраҳимбий юз дар таърихи Хуҷанду Ӯротеппа, Самарқанду Бухоро мавқеъи намоёнро ишғол мекард. Ӯ аз тарафи хони Бухоро, соли 1703 барои пахш кардани шӯриши халқӣ ба Ҳисор фиристода шуд.

Баъд аз ба сари ҳокимият омадани Убайдуллохон барои идора кардани Ӯротеппа ва Хуҷанд писари Раҳимбий юз Окбӯта қушбегӣ ҳоким таъин шуд. Ӯ зиёда аз сӣ сол (1702-1734) ҳукмронӣ намуд.

Пойтахти Окбӯгабек шаҳри Ӯротеппа буд. Сарзамини васеъ аз ҳудуди Хӯҷанд то сарҳади Самарқанд, болооби Зарафшон – Масчоҳу Фалғар тобеъи ӯ буданд. Бо ин ҳам қаноатманд нашуда, Окбӯта кушбегӣ хост водии Фарғонаро забт намояд. Ин хоҳиши ӯ амалӣ нашуд, чунки соли 1734 аз дасти падарарӯси худ ҳокими Хӯқанд Раҳимбиӣ минг (1734-1750) ба қатл расид. Баъд аз ин Раҳимбий Хуҷанд ва Ӯротеппаро забт кард.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …