Главная / Гуногун / Хасани аробакаш аз Мирзо Турсунзода

Хасани аробакаш аз Мирзо Турсунзода

ХАСАНИ АРОБАКАШ

Достони «Хасани аробакаш» аз амалиёти кахрамони асоси огоз меёбад:
Пушт машкоб!
Бохабар, мардум!
Ба кафоят нигах кун, нонвой!
Хой, хезумфуруши варзоби,
Хари худро каш аз даруни лой!
Бо чунин дугу валвала омад
Хасани ошно аробасавор.
Одамонро ба ду тараф ронда,
Мегузашт аз миёнаи бозор.

Хасани  аробакаш

Дар чор боби достон такдири таърихии табакаи мехнатии ахоли солхои дар 20 –30 садаи ХХ ба тасвир омадааст. Образи асоси—Хасан ва образхои дигари асар чун Садаф, Иван Кузмич, раиси колхоз, Турсунзодаи донишчу, хаткашон, савдогари саройкамари дар халли мавзуъ ва мундаричаи асар сахми муносиб доранд.

Хасан аробакаш мебошад ва ба аспу аробаи худ мухаббати бепоён дорад. У хангоми сафархои пай дар пай аз манзарахои табиати диёраш, аз тамошои каторкуху дарахтони Каратог ва водии Хисор нашъаю лаззат мебарад. У чавони богуруру сарбаланд аст, иззати нафс дорад ва мехнатро асоси зиндаги медонад. Дар боби аввал давраи чавони ва ривочи фаъолияти аробакашии Хасан тасвир ёфтааст. Хасани чавону камтачриба аспи худро нишонаи охирини Рахши Рустам дониста, онро муболигаомез васф мекунад:

Дорад он дуст яккаву танхо
Бол афшонда по ниходанро,
Аз сари куху синаи дашт
Пахлавонвор рох гаштанро.

Вале чараёни зиндаги, тагйироти ичтимоию фархангии Точикистон Хасанро водор мекунад, ки аз хислатхои худписанди ва одамгурези даст кашад ва ба чамъияти нав бошуурона мувофикат кунад. Хислатхои ватандусти ва озодандешии Хасан хангоми уро барои зиндаги дар Афгонистон даъват кардани савдогари саройкамари барчаста ба назар мерасад:

Хасани мо аробаи худро
Аз алам сахнаи мубориза сохт.
Бойро бо ду даст боло кард,
Бо хама кувва бар замин андохт.

Хамин тарик, Хасан мувофики тагйироти ичтимоии давр фаъолият карданро дуруст дарк мекунад ва бо мурури замон аз аспу ароба даст кашида, ронандаи мошин мегардад.
Хислату табиати Хасан дар алока ба дигар образхо, махсусан ба образи Садаф, боз хам равшантар намоён мешавад. Садаф яке аз аввалин духтархои точик аст, ки дар солхои 30 дар муассисаи муаллимтайёркунии Душанбе мехонад ва ба таълиму тарбияи насли наврас машгул мешавад. Садаф дар асар чун духтари покдоман, бофаросат ва вафодор тасвир ёфтааст. У ба Хасан дил мебандад ва суботкорона барои бахти худ мубориза мебарад. Cадаф ошики худро аз суханхои ночои дугонахояш мухофизат мекунад:

Ору номусдор як мардест,
Тамае аз касе надорад он.
Ба умеди Садаф — умеди висол
Хеч гохе нагашт аз паймон.

Образи Иван Кузмичи табиб тачассумгари масъалаи дустии халкхои точику рус мебошад. Иван Кузмич образи лахзави мебошад, вале тачрибаи зиёд, зиндадили ва хазлу шухихои софдилона мавкеи уро дар асар меафзояд. Хасан низ махз баъди суханхои хикматноки у («додарам, давраи ароба гузашт, кадами сангпушт лозим нест») дар фикри ба мошин иваз намудани ароба меафтад.

Мирзо Турсунзода дар достони «Хасани аробакаш» аз анъанаи назми точик, ва тачрибаи назми рус истифода кардааст ва дар мазмуну шакли асар навпардозихо намудааст. Достон рухияи аспбозону аробакашони даврро равшан ифода мекунад. Суханхои хикматнок, маколу зарбулмасалхои халки ба тору пуди асар дохил шуда, дар он рухи забони гуфтугуиро кувват додаанд. Шоир дар як банд мазмуни зарбулмасали «Хуруси хама чо як хел садо медихад» ва маколи «Ба гузашта салавот»-ро чунин ифода кардааст:

Дар хама чо ба гуши кас якхел
Мерасад, дустам, садои хурус,
Фикри ояндаро намо минбаъд,
Ба гузашта махур хеч афсус.
Умуман, Турсунзода бо таълифи «Хасани аробакаш» дар назми точик шакли нави достони реалистиро ба вучуд овард.

Ин асари худро ба иди бошарафи 25-солагии Республикаи Советии Социалистии Точикистон мебахшам.

Муаллиф
I
Пушт, машкоб!
Бохабар, мардум!
Ба кафоят нигох кун, нонвой!
Хой, хезумфуруши варзоби,
Хари худро каш аз даруни лой!

Бо чудин дугу валвала омад
Хасани ошно аробасавор.
Одамонро ба ду тараф ронда
Мегузашт аз миёнаи бозор.

Мегузашт аз даруни обу гил,
Аз бари чойхонаю дукон,
Аз таги бомгушахои паст,
Аз рахи танг — кучаи вайрон.

Мекашонид санги дарёро
Аз барои кадом деворе,
Хонае, кучае, сарои наве,
Ё барои дигар ягон коре.

Асп — зоти, ароба — куканди
Баста зангулахо ба гардани асп…
Шуру хангомаро Хасан доим
Дуст медошт аз паси ин касб.

Дар хамон солхо
Душанбеи мо
Дехи хурди камахоли буд.
Аз тамоми нишонахои хаёт
Солхои зиёд холи буд.

Дехаи чабру зулмдидаи халк
Дашти беоб, чули бирён дошт.
Ба сараш фаслхои тобистон
Шуълаи офтоби сузон дошт.

Тока-тока чанорхои сабз
Хизмати одилона мекарданд, —
Чониби мо насими форамро
Гох-гохе равона мекарданд.

Кас дар он солхои пурташвиш
Дами оромро намедонист,
Рафтани рузрову омадани
Пурхатар шомро намедонист.

Менамуданд душманони шадид
Давлати навасосро тахдид,
Халки моро фиреб медоданд
Шайххо дар мазор,
дар масчид.

Коммунистон яроку хома ба даст
Мамлакатро идора мекарданд,
Ба хама корхои камбагалон
Бо мухаббат назора мекарданд.

Фикрашон буд, ки кунанд аз нав
Сарзамини харобро обод,
Аз асирии чахлу нодони
Халки точикро кунанд озод.

Мо хам он вактхо дар интернат
Тарбиятгир баччагон будем,
Аввалин отряди пионери
Аз ятимони точикон будем.

Дафъаи аввалин дар интернат
Мо китоби саводро дидем.
Аввалин бор номи Ленинро
Аз алифбои хеш бишнидем.

Аввалин бор аз накораи мо
Савти марши кадам ба гуш омад.
Аввалин бор аз таронаи мо
Дили шогирдхо ба чуш омад.

Галстуки сурх аввалин дафъа
Зинату зеби гардани мо шуд.
Касаму ваъдаи пионери
Шарафи мо, барахнапохо шуд.

Маркази нав — Душанбеи худро
Дустдоранда наврасон будем.
Ба хама корхои ин марказ
Хамаи мо мададрасон будем.

Аз гилу хок тоза мекардем
Кучахои баланду пасташро,
Мо ба тартиб медаровардем
Хар яке хавлии нишасташро.

Аз дилу чон ба хар иморати нав
Аввалин хиштро гузоштаем.
Бо нишондоди коммунист — падарон
Халки худро азиз доштаем.

Дехаи аз кадим бе унвон
Комат аз руи хок мебардошт.
Аввалин донахои матлабро
Ба замини хароби худ мекошт.
* * *
Омад аз тангкучаи кишлок
Так-таки пову шехаи аспон,
Дар дами шом руи сахни сарой
Пур шуд аз асп, аз аробакашон.

Охирин рузхои сармо буд,
Рехт сел аз хаво ба сар имруз.
Дару деворхои лоинро
Шуст борону барфи тар имруз.

То миён, то ба гуш дар куча
Хару аспон ба лой гутиданд,
Одамони пиёда пушт ба пушт
Дар сари роху чуй гелиданд.

Чарххои аробахои калон
Мепаронданд лойро ба хаво,
Лойхои парида мехурданд
Ба сару рую кифти одамхо.

Хасан омад аробаро ронда
Ба сарои аробахо пурхашм,
— Зуд во кун, саройбон, дарро,
Ком шуд асп,
чав биёр! — Ба чашм.

— Чи бало рузи нахс шуд имруз,
Ки ягон кори кас барор накард,
Аз сахаргох то намози шом
Барфу борон дигар карор накард.

Сухбату чак-чаки аробакашон
Гарм дар гирди тоза гулхан буд,
Гирду атрофи хонаву айвон
Аз шуоъ, аз шарора равшан буд.

Хасан ин дам ба пеши гулхан рафт,
То кунад гарм дасту пояшро,
То ки нушида чои талхи кабуд,
Хушк созад либосхояшро.

Чойчуши сиях ба назди алав
Буд акнун балак-балак дар чуш,
Сухбати гармро аробакашон
Менамуданд бо мухаббат гуш.

Пеши чашмони ахли сухбатро
Хира мекард дуди гафси чилим,
Чойкаш менамуд бо навбат
Ба каси нав пиёларо такдим.

Чойро дода чойкаш ба Хасан
Гуфт, ки: — Нуш кун ба чони гариб,
Дур гашти аз одаму олам
Ту, чавонмарди яккагард, кариб.

Душману дустро шинос, писар!
Дур парто хавобаландиро,
Каси одамгурез одам нест,
Кун фаромуш худписандиро.

Мо хам одам, аробакаш хастем,
Дусти дар миёни худ дорем.
Гар ягон рузи бад ба сар ояд,
Хамдигарро хамеша даркорем.

Ба хама кор ёфт мешаваду
Дустро ёфтан бувад мушкил.
То тавони,
диле ба дастат ор,
Машав аз дустони худ баддил.

Наяки карда як аробакаше
Нашъаро, менишаст чашмхумор,
Гуфт: — Бехуда хун макун дилро,
Гапи бисёр хаст як хара бор.

Як маколест, ки чу ин гуянд:
“Дави гусола аст то кахдон”
Худписанди натичаи хомист,
Адаби хешро нахурдаст он.

у гумон мекунад, ки якка худаш
Борбардори мамлакат бошад.
Пеши чашми хама калону хурд
Гули сурхи сари сабад бошад.

Хом тушбераро, писар, машумор,
Гир ин пилтаро зи гуши худ,
Чун пушаймон шави, пушаймони
Додари ман, дигар надорад суд!

— Нестам аз ту ман забонкутох,
Пуш барвакттар дахонатро!
Хасан оё саги туро “тур” гуфт,
Ё ки кардаст нима нонатро?

Ман ба рохи худам, ту ба рохи худ,
Машав аз ман йигит, домангир.
Аспи олампанохро кардаст
Ба мани камбагал худо такдир.

Девкор аст аспи зотии ман.
Заррае хам ба нуги нохуни он
Аспхои дигар намеарзанд.
Рашкат ояд агар, каламфур мон.

Чакманашро Хасан гирифта ба кифт
Гуфт, ки: — Вакт рафт, субх дамид,
Сухбати мо кашол ёбад агар
Бештар мешавем сурху сафед.
* * *
Дар сарои нави аробакашон,
Дар таги сершоху барг чанор
Рафтуо доштанд беором
Туда-туда аробахои катор.

Мардуми мо аробаро он вакт,
Бехтарин наклиёт медонист.
у гумон менамуд, ки харгиз
Бе ароба наметавонад зист.

Дар миёни ахолии кишвар
Буд номи аробакаш машхур,
З-ин сабаб хам нагаштааст хануз
Хасан аз лавхи хотири мо дур.

Мардуми водии Хисор онро
Хасани аспбоз, мегуфтанд.
Ачали роххои пурхатару
Хар нишебу фароз мегуфтанд.

Аз паи корхои боркаши
Хафтаву мох бедарак мерафт.
Гах барои керосину гугирд,
Гах ба овардани намак мерафт.

Хеч гохе надошт тарсу харос
Хасан аз гармселу боди сард,
Дар хама хол худ ба худ мегуфт:
“Мард бояд мудом бошад мард”.

Ба сараш монда лабшикан токи
Хасани мо гами зиёд надошт,
Набароварда муи лаб, худро
Дар сафи мардхо хамепиндошт.

Дошт дар дил Хасан таманное,
Ки чунин аспи бодпо дорад,
Чуфт карда аробаро ба саманд
Ин кадар сайру гаштхо дорад.

Ба гумонаш,
ки хеч махлуке
Нест аълотар аз саманди у.
Гар бихохад аз осмон ояд
Тезпар боз хам ба банди у.

Гар нишинад ба асп дар наздаш
Бодро, раъдро мутеъ кунад,
Багали танги кухсоронро
Аз кадамхои худ васеъ кунад.

Гар ба сагрии аспи оламгард
Аз сари шавк тозиёна занад,
Ба рухи моху офтоб Хасан,
Даст гуё ки голибона занад.

Асп — зоти, ароба — куканди,
Дар бадан дошт чакмани мохут,
Шахси танхову як сару ду гуш
Хамаи давлати Хасан ин буд.

Менамуд у гумон, ки танхои
Ба кас аз хар чи хаст афзалтар,
Сари танхо хамеша озод аст
Аз гами рузгору хонаву дар.

Ба кучое, ки ихтиёр кунад,
Меравад бемалол, бепурсиш,
Дар кучое, ки афтаду хезад,
Касе онро намедихад ташвиш.

Гарчи худ як каси мучаррад буд,
Дуст медошт туй хурданро,
Дар ароба савор карда ба туй,
Куша-куша арус бурданро,

“Накшхои калон”-и мардонро,
Ракси мавзуни наварусонро,
Пойандоз пахн карданро,
Чашмаки кардани чавононро.

Гирдгардии гирди гулханро,
Газал аз духтарон шуниданро,
Аз таги пои келину домод
Тангаву кандалот чиданро.

Хабари буд ба туй як бегох
Хасани туйхохи базмталаб,

Карда бар тан лабоси идиро
Рафту аз туй пас наёмад шаб.

Хасан имшаб аруси нав овард,
Чилави аспро гирифта ба туй,
у ба домод хар замон мегуфт,
Ки “ман овардам ин аруси накуй!”

Чун даромад ба туйхона Хасан
Туй чушиду шуъла зад гулхан.
Кард рухсорахои ахли туй
Гулхани осмонбаро равшан.

Хизмати туи наварусонро
Хасан аз чону дил адо мекард,
Мехри худро чавони дидадаро
Дар дили ахли туй чо мекард.

Чи шабе буд, ки дар он манзил
То сахар базми осмонкаф шуд.
То сахар гуши мардуми кишлок,
Ба садои накораву даф шуд.

Писарон чобукона раксиданд,
Духтарону занон латифу халим,
Дар чунин шаб чи гуна кас накунад
Дилу чонро ба дилбарон такдим.

Балки имшаб аробакашро хам
Кард мафтун суруди махбубе,
Кади ларзону ракси мавзуне,
Чашми чодугаре, дилошубе.

Ба Хасан дам ба дам нигах мекард
Духтаре аз канор дуздида,
Ноз мекарду руйро метофт
Зери лаб нозукона хандида.

Чониби наварусхо то субх
Бо хасад балки менамуд нигох,
Борхо балки аз дилаш гузаронд:
Хама чуфтанд, у чаро танхо?

Балки мехост сурати ёре
Абади накш дар дилаш бандад.
Балки мехост бо дилороме
Баъд аз ин умрбод пайвандад.

Хасани туйрав парешонхол
Омад аз туйхона вакти сахар,
Омад, оре, аробакаш ба сарой
Буд авзои он вале дигар.
* * *
Илм омухтан ба кас торафт
Мисли обу хаво зарур афтод.
Давлати мо ба руи фарзандон
Дари донишкада васеъ кушод.

Рузе аз рузхо ба дасти мо
Аз хукумат расид хуччати рох.
Чониби Тошканд мерафтем
Илмчу, фанталаб, саодатхох.

Ба Хасан мо мурочиат кардем,
То ба Тирмиз бо ароба барад,
Бурда мора сихат-саломат у
То ба кондуктори вагон супарад.

Хасан аз нисфи руз то бегох
Гашт бо аспи хеш овора, —
Шуст, чоруб кард,
нагз хуронд
Бедаву коху чав — ду-себора.

Хасан аз нисфи руз то бегох
Кард аз мехр аспро зилу бом,
Корхои зарурии худро
То дами гашти руз дод анчом.

Се нафар дар ароба биншаста
Сафари дурро нишон кардем,
Аспи овозадорро акнун
Дар рахи дур имтихон кардем.

Буд хамрох дар сафар бо мо
Доктори мехрубон Иван Кузмич,
Якта портфел, кампали муин
Дошт дар дасти хеш, дигар хеч.

Нарм кардем мо таги онро
Бо хасу бо пахол, бо кампал,
Чой додем дар аробаи худ
Ба кухансол доктор аввал.

Мегузашт аз миёни кучаи танг
Зада зангуларо аробаи мо,
Дар сари бомхои Душанбе
Шуд тамошои одамон барпо.

Аз лаби бомгушае мекард
Ба Хасан духтаре хамеша нигох.
Ба чавони аробакаш медод
Гуиё аз нигох тушаи рох.

Лаб-лаби бом омад он тозон
Гул ба тори сари Хасан афшонд,
Пайкари мисли кух сангинро
Гули нозук бубин
чи сон ларзонд.

Як нигах кард суи бом Хасан,
Гуфт: – Ин хосили шаби туй аст,
Ин хамон шухчашми ширинкор,
Ин хамон дуструю дилчуй аст.

Хама шабхои фасли тобистон
Ба сафаркардагон фарахноканд,
Аспхо, одамон дар ин сон шаб
Нафасозоду чусту чолоканд.

Ба сари кас насими форами шаб
Гули сахрову кухро резад,
Аз набототи дашту домани кух
Нолаи чирчирак ба по хезад.

Дар чунин шаб дарахтхо гиранд
Нафаси тоза аз хаво ором.
Пой мемонд мунтазам дар рох
Асп бо гиччаси ароба мудом.

Мегузаштем аз даруни дара,
Аз миёни васеъ найзоре,
Аз сари оби рудхои шух
Аз чару санглохи бисёре.

Кух аз пушти кух меомад,
Руд аз пушти руд пай дар хам,
Теппа аз пушти теппа саф дар саф,
Рох аз пушти рох хам дар хам.

Руди Варзоб дур шуд аз мо,
Гоиб аз чашмхо Харангон шуд,
Калъаи зулм дар Хисори кадим
Бо сафедии мах намоён шуд.

Ёд дорем, ки ба наздики
Пеш карданд хокими онро,
Халк афрохт бар сари калъа
Байраки сурхи шуълаафшонро.

Ёд дорам, ки ман ба наздики
Дар хамин рах фитода мерафтам,
Аз Каротог то ба Душанбе
Побарахна, пиёда мерафтам.

Пинаки рафта буд Иван Кузмич
Хурд чархи чапи ароба ба санг,
Кард як кад парида муйсафед,
Бо насихат аробакашро чанг.

— Ин Хисор аст, — гуфт Иван Кузмич
Манбаи ботлок, чои таб аст,
Солхо боз мардум аз ин дард
Муттасил дар азобу чон ба лаб аст.

Гайри таб дардхои дигар хам
Бешуморанд дар миёни халк,
Бояд акнун рахо кунем аз дард
Тезтар чора чуста чони халк.

Рафта дар Москва хикоя кунам
Хамаи дардрову дармонро,

То ки таъмин кунанд аз доктор,
Аз шифохона Точикистонро.

Гарчи кам мондааст умри ман
Умри табларза камтар аст аз он.
Ману таб харду дар муборизаем,
Харду дар чабхаем, дар майдон.

Хасан аз нос карда пур кафро
Ба дахон рехт, аспро “чу!” гуфт,
Чашм ноканда аз рахи вазнин
Аспро ронду хеш хеч нахуфт.

Гох мекард аспро таъриф,
Гох мегуфт киссахои латиф,
Гох шурида месуруд баланд,
Гох охиста бо садои хафиф.

Гуфт, ки: “— Ин саманди зотии ман
Чонвари мехрубон, вафодор аст,
Ба сарат гар мусибате ояд,
Бехтарин мунису мададгор аст.

Аспи зебои ман, саманди ман
Дар чахон яккаву ягона бувад,
Аз хамон Рахши пахлавон Рустам
Охирин нусхаву нишона бувад.

Хизмати бойро, ки мекардам,
Аспам он вакт хурд тойча буд,
Парваридам ба дасти худ онро
То замоне, ки аспи този шуд.

Хар як аз номдор човандоз
Хаваси ин самандро мекард,
То дарорад ба дасти худ онро
Чорахо чуста хилахо мекард.

Бой мехост, ки ба босмачи
Аспро пешкаш кунад рузе,
Дар дилам аз шунидани ин гап
Даргирифт оташи чигарсузе.

Рафтам охиста шаб ба пеши асп
Бо таваккал ба он савор шудам,
Зада камчин, лачом сар дода
То сахар вориди Хисор шудам.

Музди якчандсола хизмати ман
Аз хамон судхур хамин асп аст.
Чор сол аст, ки аробакаши
Ба худи ман, ба аспи ман касб аст”.

Пешпо хурд асп, “Чу, чонвар!”
Гуфту бубрид накли хеш Хасан.
Шафаки лоларанги вакти сахар
Мебаромад ба руи дашту даман.

Ба сари куллахои кухи Хисор
Оташи нури офтоб дамид,

Аз дару бомхои дехконон
Дуди борик дар хаво печид.

Менишастанд мургхо ба замин
Аз дарахтон ба фикри донаву об,
Мекушоданд баччахои шух
Чашми зебои соддаро аз хоб.

Динакак Давлати Советии мо
Аз замин ронд муфтхуронро,
Бо хату мухри одилонаи худ
Кард хушбахт чумла дехконро.

Ба рахогашта батракони диёр
Аввалин бор фасли дехконист,
Араки соф дар замини худ
Мавсими рехтан зи пешонист.

Парча-парча замини сабз ба чашм
Буд мисли палоси серямок,
Дар китоби саодати халки
Бувад аммо чу хатти зараврок.

Дараи танг ру ба ру омад, —
Дараи хушхавои ман — Каратог,
Ин дара дошт солхои сол
Дар дилаш кух-кух дарду дог.

Ин дара дорад аз замони кадим
Дар багал мевахои хушбуе,
Ноку ангуру пиставу гелос,
Чангали арчахои худруе.

Чашмахои зулоли пурчушаш
Мисли оинаи булур буванд,
Дар тамошогахи табиати он
Кабкхо масту пурсурур буванд.

Дар хамин чо бувад таваллуди ман, —
Дар лаби руди осмониранг,
Дар таги бомгушаи бедар,
Дар паси остонаи аз санг.

Дар хамин тангно шинохтаам
Аввалии бор ман бародари рус.
Аввалии бор дидаам бо чашм
Лашкари сурху солдати дилсуз.

Аввалин бор харфи русиро
Ман навиштам ба руи хатбаракам,
Сухани “адл”-ро ба гуши худ
Аввалин бор доштам махкам.

Дар лаби чуй чойхонае буд
Аз барои мусофирони рох,
Дар хамин чо аробаи худро
Хасани аспбоз дошт нигох.

Дар лаби оби чуи рохатбахш
Дам гирифтем, хоб хам кардем,

То ба салкинии шаб осуда
Аспро пеш ронда рах гардем.

Ногахон чанг хест аз магриб,
Гирдбоде ба осмон печид,
Аз кафо дуди гафс сар дода
Гашт як хонаи раванда падид.

Муъчизи тезгарди хайратбахш
Чун шамол омаду карор гирифт,
Бахри хурдан на ках, на чав, балки
Бензину оби чуйбор гирифт.

Ахли кишлок аз калон то хурд
Ба тамошои он шитобиданд,
Лаби хайрат газида дар гирдаш
Мисли парвона гирд гардиданд.

Аввалин боркаш-машинаи нав,
Аввалин наклиёти резинпо
Омад аз Москва зи рохи дур
Хамчу мушкилкушои халки мо.

Хасани аклмотгардида
Хеч наншаст аз хасад ба замин,
Рафтуо кард мисли мокуе
Байни аспу аробаву мошин.

Монда айнак ба чашми худ Кузмич
Гуфт, ки: — Ибтидои кор аст ин,
Баъд аз ин техника зиёд ояд
Ба тарафхои кухсорзамин,

Кур шуд чашми рузу шом омад
Соя афканд шаб ба гирду пеш.
Вакт омад, ки ман видоъ кунам
Бо хама дустону дехаи хеш.

Бо хама баччагони ин кишлок,
Ки ба синну ба сол чуфти мананд,
Хама дар сохтмони оянда
Чашми уммеди мехрубон Ватананд.

Чанд соли дигар видоъ кунам
Бо дару боми хонаи падари,
Доим аммо ба ёди худ орам
Карзхои мукаддаси писари.

Руди кишлокро видоъ кунам,
Ки маро у шиновари омухт,
Бадани ман дар оби шухи он
Сахт гардиду устухонам пухт.

Чун махи шомхурда тобон шуд,
Дараву даштро мунаввар сохт,
Шуълаи мох сояи шабро
Ба камархои кухсор андохт.

Чарххои ароба мегаштанд
Дар рахи серсанги пасту баланд.

Аспи дамхоткардаи чавмаст
Мушкилиро наменамуд писанд.

Менамуданд рудхои соф
Дар шаби мохтоб мисли шир,
Дили кас хохад ин ки онхоро
Бо калам нагзтар кунад тасвир.

Охир онхо ба дашту водихо
Самари пурбахо нисор кунанд,
Дустдорандагони мехнатро
Сол то сол бахтёр кунанд.

Хасан имшаб хамушу сархам буд,
Ба кафо, суи мо наменигарист,
Кас надонист, ки пас аз Каратог
Боиси ин хамушии у чист.

Аз машина магар димогаш сухт? —
Ё шаби туйро ба ёд овард? —
Ёди руи сиёхчашмакро
Бо худ аз даргахи мурод овард?

Балки буи гули фикандаи он
Аз димогаш нарафтааст хануз,
Балки шоми фирокро хохад
Нарасонад халал Хасан то руз.

То дарояд аробакаш ба сухан
Мо суруде зи ишк сар кардем,
Ба дили мард бо суруди худ
Шур андохта асар кардем.

Гуфт: — Додар, агарчи танхои
Ба чавонмард кори осон нест,
Дар чахон лаззати мучарради хам
Камтар аз айши хонадорон нест.

Гарчи дар осмон кабутари чуфт
Менамояд баландтар парвоз,
Вакти парвоз бози танхогард
Кай шавад бо кабутарон дамсоз.

Одами шири хомхурда бувад,
Ногахони ба дом меафтад,
Дода аз даст аклу хуш ба гапи
Ёри ширинкалом меафтад.

Аз ягон гушаи гузаргохе
Шухчашме туро шикор кунад,
Дили кас берун аз иродаи кас
Суи чонона ихтиёр кунад.

Хар чи бошад, замона нотинч аст,
Нест вакти ин орзую хавас.
Холи хозир барои ман, додар,
Асп бошад, ароба бошад, бас.

Мебароям даме ки ман ба сафар
Чони худро ба руи каф гирам.

Вой бар чони бекасу куям,
Ки агар дар чавониам мирам.

Рузе чою шакар ман аз Тирмиз
Бор бинмуда рахсипор шудам,
Дар сари рохи Дехнаву Регар
Ман ба горатгарон дучор шудам.

Гушро чуфт карда аспи ман
Монд аз рахравию шеха кашид,
Ба гумонам расид, ки шояд
Аспи зирак савораеро дид.

Дар хакикат пас аз каме фурсат
Барквор омаданд босмачиён,
Ба сару руву гардану пуштам
Бетараххум заданд тегкашон.

Гарк дар хун ба хок афтодам,
Баъд аз он бехабар шудам аз худ,
Чи гузашт аз сарам, надонистам
Чун ба хуш омадам, касе нанамуд.

Буд танхо аробаи холи,
Дастхои ба пушт бастаи ман,
Рафта буданд аспу чою канд
Муфт дар коми душмани рахзан.

Аз кафо омаданд вакти субх,
Дустон дар аробахои дигар,
Ба Душанбе маро расониданд
Мисли мурги шикастаболупар.

Чун ба ин чо расид риштаи гап,
Касдан онро бурида пурсидам:
Пас чаро боз якка мегардед
Баъд аз ин ходиса, нафахмидам?

Гуфт, ки: — Баччаи гаранг буди,
Ман чаро гардам аз паси дигарон?
Аспи ман, аспи бодпои ман
Нест аз зоти аспхои касон.

Дорад он дуст яккаву танхо
Бол афшонда по ниходанро,
Аз сари куху синахои дашт
Пахлавонвор рах кушоданро.

Аспи бегона гар дучор ояд
Мезанад у ба осмонхо хез,
Мана, аз ин сабаб аробакашон
Мекунанд аз саманди ман пархез.

Баъд аз оне, ки аспро бурданд
Дуздхои палиди горатгар
То ки онро кунанд ром ба худ,
Равшан ин ки шуданд хуни чигар.

Кашкаи ман пас аз ду-се рузе
Ба сарои аробахо омад,

Гарк гардида зери обу арак,
Чорхезу гурезпо омад.

Кашка дар лахзахои сахти хам
Наравад дур як кадам аз ман,
Гар ба болои зин савор шавам,
Хеч парво надорам аз мурдан.

Дар хамин нукта шуд хикоя тамом,
Аз кафо гул-гули мотор омад.
Боз он хонаи равандаи мо
Бо ду чашмони шуълабор омад.

Аз Душанбе ба души худ овард
Бори бисёру одамони зиёд,
Ба гумонам, ки метавонад он
Кухро хам барад ба пушт озод.

Кард пинхон сутуни гафси чанг
Худи моро, аробаи моро.
Хасан аз шиддати алам мезад
Аспи бечораро, накарда ибо.

Нангаш омад, ки аспи номии у
Хешро аз машина очиз сохт,
Аспро сигнали баланди машин
Сахт тарсонду дар кафо андохт.

Баъди чандин дакика дар сари рох
Ким-кучои машина вайрон шуд.
Хасани ноумедгардида
Зинда шуд, завк кард, хандон шуд.

Ронда чархи аробаро пуршаст
Аз машина гузашт аспи Хасан,
Фикр мекард, ки чахон хонад
Ба чунин гайрати Хасан ахсан.

Ба паси худ нигох нокарда
Ронд махлуки безабонро у,
Кард омехта дилу чигари
Дар ароба нишастагонро у.

Пора шуд айнаки Иван Кузмич
Кайфи доктор парид, шуд маъюс,
— Зистан мушкил аст бе айнак,
Айнаки хуб буд, эй афсус.

Шудани шуд, шикаст айнаки ман…
Гар чунин ин ароба мегардад,
Чун Хасан гар аробакаш бошад,
Хавф дарам, ки устухон шиканад.

Хеч гапро намешунид Хасан,
Факат аспу аробаро меронд,
Хамаи узвхои моро чун
Навдаи чормагз меафшонд.

Шодии у накард дер давом,
Боз омад машинаву бигзашт,

Боз мондем бо аробаи худ
Дар миёни губорхои дашт.

Хафт шаб бо аробакаш хамрох
Сахтии рохро ба сар бурдем,
Хешро то ба истгохи вагон
Некбахтона бехатар бурдем.

Дафъаи аввалин расид ба гуш
Хуштаку фишшаси буги паровоз,
Охирин бор суи мо бинмуд
Хайрхушикунон Хасан огоз:

— Мана, ин шахр шахри Тирмиз аст,
Нуктаи охирини рохи мост,
Охирин манзили аробакашон,
Охирин хадди сайргохи мост.

Хонда аз Тошканд баргаштед,
Банда дар хизмати шумо бошад,
Мана дидед худ ки то Тирмиз
Рох дар ихтиёри мо бошад.

Доктори мо чу тифл шоди кард
Гуфт, ки: — Хайрият халос шудем
Аз азоби рах, аз аробаи ту,
Варна наздик буд мурда будем.

То худи Москва пас аз ин шахр
Хукми поезд ба рох гардон аст,
Баъди ин шахр мамлакатгарди
Бо рахи тахти охан осон аст.

II
Моххо, солхо шуданд охир
Дар рахи чустучуи илму фан,
Вакт омад, ки мо камар бандем
Дар адои вазифахои Ватан.

Бо дили пур аз орзуву умед
Суи республика сафар кардем.
Ба хама рузхои минбаъда
Хубтар, дуртар назар кардем.

Мегузаштем зуд бо поезд
Хам Самарканду хам Бухороро,
Аз акиби тиреза медидем
Кадди Ому — васеъ дарёро.

Регхои равони бодпараст
Мепариданд дар сари Ому,
Дам ба дам куч-куч мекарданд
Бетафовут ба харду сохили у.

Умри ин регхои резанда,
Нагз бовар намо, ки кутох аст,
Халки мо, Давлати Советии мо
Аз зарархои рег огох аст.

Балки ин регзор бехабар аст,
Ки дигар шуд хавои сохили мо,
Рудхо рохи худ иваз карданд
Ба суроги замину хосили мо.

Рафт аз ёди мо манораи марг,
Чохи зиндону кундаву занчир,
Револютсия бо шамоли худ
Руфт монанди рег тахти амир.

Менамудам нигох рохравон
Бо мухаббат ба кишвари узбек,
Дустиро тарона мекардам
Аз забони каламкаши точик.

Тай намудем узбекистонро, —
Хоки хамсояи киромиро,
Тай намудем гирди силсилаи
Кухсори дарози номиро.

Боз дар ру ба руи мо Тирмиз,
Истгохи аробахо омад;
Боз хам ошнои дерина
Хасан аз нав ба ёди мо омад.

Лек дар шахри кухнаи Тирмиз
На Хасан буду на таронаи у,
На садои аробакашхо буд,
На самандею на нишонаи у.

Халк бурдаст рохи оханро
То ба шахри Душанбе — Навобод,
Кишварамро хамеша пайвастаст
Ба Россия — замини бахту начот.

Бо замине, ки дар дили гармаш
Халкхо чо гирифта чун фарзанд,
Бо замине, ки аз навозиши худ
Сари точикро намуд баланд.

Бо замине, ки то чахон бокист,
Ба хама шаъну эътибор дихад,
Ба хама халкхои гуногун
Фатху икболи бешумор дихад.

Чониби пойтахти точикон
Бо хамин рох ман сафар кардам,
Дар вагон аз диёри нав-обод
Чун насими сахар гузар кардам.

Шуд кушода ба пешвози мо
Багали водии васеи Хисор,
Бахри кас во шуд аз назорати он
Дида бигрифт лаззати бисёр.

Чои найзорхои пешина
Киштхои васеъ дар авчанд,
Пахтаву галлахои навраста
Мисли дарё кабуду пурмавчанд.

Реза-реза аз осмон борон
Ба сари сабзахои тар мерехт,
Менамудам гумон, ки фасли бахор
Ба замин донаи гухар мерехт.

Гусфандони думбаовезон
Мечариданд дар чарогохон,
Аз кафои рама кадам мезад
Наи худро навохта чупон.

Бо трактор чавони гандумгун
Дар паси киштхо замин меронд.
Сатрхои кадом шоирро
Созу носоз аз дигар мехонд.

Болу пар боз карда буд укоб
Ба сари ин замини хоксиёх
Менамуд он ба рангхои замин
Вакти парвоз бо викор нигох.

Хафтруза рахи аробакаши
Рохи шашсоатии поезд шуд,
Дар хаёлам дигар намеомад
Ки дар ин рах ароба буд, набуд.

Мегузаштем мисли бод сабук
Дар вагон аз дехот, аз богот,
Гашт дар пешгохи водии сабз
Чилвагар шахри хурраму обод!…
* * *
Шахр, — шахри азиз, шахри нав аст,
“Чашм аз диданаш нагардад сер”:
Калам онро накардааст хануз
Дар роман, дар сурудхо тасвир.

Хамчу фарзанд баъди чандин сол
Ман ба ин шахри сабз омадаам,
Рузи якум аз остонаи он
Умр бахшидаву даромадаам…

Гирадам пойтахти кишвари ман
Ба канори пур аз харорати худ,
Дур харгиз маро наандозад
Аз нигохи худ, аз назорати худ.

Хизматеро ба ман супорад он,
Каламу когазу китоб дихад,
Истикоматкунандаи худро
Хонаи пур аз офтоб дихад.

Бо хамин орзу чу сохиби шахр
Ба бинохои нав назар кардам,
Аз хама гушаву канораи он
Сарбаландона ман гузар кардам.

Кучахо аз машина пур шудаанд,
Маркахои завод гуногун.
Вакти рах гаштанат ту бояд ки
Нанихи по зи коида берун.

Маркази илму фан шудаст ин шахр,
Маркази корхонахои зиёд,
Маркази корхои чорию
Хонаи халки сохибистеъдод.

Нав ба нав серошёна бино
Суи майдон тиреза во кардаст,
Хурраму сабз боги дамгири
Мардум аз бахри худ бино кардаст.

Мешунидам, ки аз театри нав
Ояд овози духтари точик,
Бо гудоки баланди худ фабрик
Шарафи халкро кунад табрик.

Чашм хар чо, ки мухтасар, афтод,
Зиндагонии дигареро дид,
Дар кадамхои мардуми ин шахр
Зиндагардида кишвареро дид.

Вокеан, он чанорхо чи шуданд
Солхурда чанорхои баланд?
Чи шуд он корвонсарои Хасан,
Аспхову аробахо чи шуданд?

Шоххои чанорхои баланд
Бо дарахтони сабз хамранганд,
Аз губори хазон халос шуда,
Дур аз рузгори пурнанганд.

Метавонанд, ки факат бошанд
Шохиди рузхои тираву тор,
Метавонанд, ки хикоя кунанд
Саргузашти ману туро бисёр.

Монда як аспу як ароба хануз
Дар таги ин чанорхо боки,
Менамояд ба чашми мардуми шахр
Чун нишон аз хаёти кашшоки.

Буд боизтироб аз куча
Дар гузар ин замон Иван Кузмич,
Мегузашт аз таги чанори пир
Доктори мехрубон Иван Кузмич.

Хасан онро чу дид, шуд хурсанд,
Аз кафояш давиду кард садо,
Мезад он вакти тохтан бо кифт,
Эътиное накарда мардумро.

— Ман шуморо шинохтам, доктор,
Рохи Тирмизро ба ёд оред.

Ман надорам дарег хизмати худ
Аз шумо, дуст, майл агар доред.

— Сарфарозам ба илтифотат, лек…
Бо ароба пас аз сафар кардан
Дар дилам борхо касам хурда
Гуши худро кашида будам ман.

Додарам, давраи ароба гузашт,
Кадами сангпушт лозим нест.
Чуз машина, азизи ман, худ гуй,
Кор-осонкунанда дигар чист?

Ба Хасан ин чавоб сангин буд,
Шуд ба болои сухта намакоб!
Ба кафо гашт сархаму музтар,
Гами онро набуд хадду хисоб.

Рафт дар кунчи чойхона нишаст,
Ба замин хат кашид бо чубе,
Хамдаме ку, ки дарди дил гуяд,
Ку ягон маслихатгари хубе?

Хасан аз аспу аз ароба магар
Метавонад, ки дасту дил шуяд,
Метавонад, ки аз аробакаши
Дил канад, касби дигаре чуяд?

Балки ин фикрхо хануз ба у
Менамоянд аз хакикат дур,
Балки дорад вай аз аробакаши
Дар сари худ хануз кибру гурур.

Хешро борхо тасалли дод,
Ки: басе халкро ба кор оям,
Ба махалхои дуртар рафта
Бор бардораму савор оям.

Ба ароба хануз мухточанд
Мардумони вилояти Кулоб,
Мисли ман, аспи ман, аробаи ман
Дар чунин чойхо бувад камёб.

Монеи рохи ман шудаст аммо
Духтари шухчашми беинсоф
Ваъдаи туй медихад ба забон,
Дар амал мекунад ба ваъда хилоф.

Кардаам гум сари калобаи худ…
Кошки чанд сол пеш аз ин
Ман намекардам иштирок ба туй,
То намедидам он ситорачабин.

Балки у дустам намедорад,
Ба ман аммо намекунад маълум,
Балки ин сайру гаштхои маро
Дар дили хеш мекунад махкум.

Аз Садаф шиква кард гарчи Хасан,
Бехабар буд аз гунохи худ.

Ба Садаф охир у ягон боре
Мисли ошик забони хуш накушуд.

у нагуфтаст то кунун ба Садаф
Ошкоро, ки “дустдори туам,
Гарчи дил кард саркаши, лекин
Сайди деринаи шикори туам”.

Хасан аз чойхона берун шуд,
Бо умеде ба суи ёр омад.
Баста зангулахо ба гардани асп
Ба суроги Садаф савор омад.

Омаду истод дар паси дар,
Бо ду по рост шуд ба руи зин.
Чашм андохт аз сари девор
у ба хавлии дилбари ширин.

Буд сархам Садаф ба руи китоб
Бехабар аз нигоххои Хасан.
Дар таги ток дарси худ мехонд,
Гофил аз хуштаку имои Хасан.

Дасти ларзони ошики шайдо
Халка бе интизом бар дар зад,
Дили махбубаи паридахаёл
Ба тапиш чун дили кабутар зад.

Дари пушида зуд во гардид,
Ошикон ру ба ру ба хам буданд,
Чашми бар чашми хамдигар нигарон
Толиби шафкату карам буданд.

— Мархамат! Аз кадом су пурсем?
Ту ба монанди боди сахрои,
На макон дорию на чои карор
Дер боз аст, ки намеои?

Сангдил будаи ту, донистам
На худат мекуни сурог аз ман,
Хабареро намефиристони
Магар ин аст лофи ишк задан?

Садаф аз шодияш намедонист
Ки чи гуяд дигар, чи кор кунад,
Боз пайдо кунад чи сон гапхо
Ки хама арзро ба ёр кунад.

Медамиданд дар ду руи Садаф
Дам ба дам рангхои гуногун,
Орзую умедхои дилаш
Мешукуфтанду мешуданд афзун.

Садафи чашмдухта ба Хасан
Буд мухточи харфи ширине,
Як нигохе, табассуми гарме,
Ба дили бекарор таскине.

Зада камчин ба соки муза Хасан
Гапи худро дагал-дагал сар кард,

Духтари чун бахор хандонро
Дар хичолат гузошт, музтар кард.

— Ба сари ман худи ту — маймунбоз,
Бор карда азоби дунёро,
Ба дили ман худи ту чо карди
Мисли “махбуба”, “ишк” гапхоро.

Аклу хуши маро ту дуздиди,
Дар сари рохи ман дучор шуда,
Бой додам ба рохи ту ман хам
Хамаро марди бадкимор шуда.

Карда буди ту масхарабози
Ин кадар вакт боз бо мани гул,
Дар дами гуши ман нахон дигар
Достони фирок чун булбул.

Гар дилат бо ман аст, бо ман бош,
Ваъдаи дур ё кариб мадех.
Карда аз руи дил карашмаву ноз
Бо гапи хуш маро фиреб мадех!

Рафтаниам ба чойхои дур,
Ман дар ин чо дигар намемонам.
Хасанам ман, Хасанаробакашам,
Хеч аз ин касб ру нагардонам.

Омадам, ки ту хам рави бо ман
Хона бошад, ароба хонаи мост,
Ба кучое, ки мисли мург парем,
Кух ё дашт ошёнаи мост.

Рехт аз тор-тори муи Садаф
Дона-дона арак ба ду рухсор,
Гуфт: эй марди бехабар аз худ,
Ба гапам гуш дор, шав хушёр!

— Чанд сол ин тараф ба ёди ту
Хонапо духтари калон будам.
Сузанидуз, бахязан дар руз,
Шом дар гирди ошдон будам.

Токию руймоли шохии ту
Шохиди захмхои дасти мананд,
Сузанихои туйхои калон
Хосили дасти гулпарасти мананд.

Хонашини дили маро хун кард,
Зард шуд ранги руи ман торафт,
Гашт кутах, гирех-гирех печид
Нафасам дар гулуи ман торафт.

Баъд аз он чун дугонахои худ
Дар дилам чой мехри хондан шуд.
Фурсати илмёдгирию
Зехнро бар китоб мондан шуд.

Мактабам, хонданам тамом ки шуд,
Сониян ихтиёри шуй кунам,

Хозир аммо саодати худро
Дар рахи илм чустучуй кунам.

Метавони, ки дар ба дар гарди
Боз чун лулиёни харчои,
Метавони, ки боз, эй, дайду,
Сафаратро давом бинмои!

Садкаи гап шавад каси якрав!
Ба ту харгиз намекунам зори!
Ба ман ин дард гарчи вазнин аст
Мекунам ноилоч худдори.

Ба дили ошик охирин суханон
Захм чун тир монда бигзаштанд!
Харду бар чашми хамдигар дере
Нигаристанду баъд пас гаштанд.

Аз кафои Хасан Садаф аммо
Чун шароре чахида берун шуд,
Хост, ки боз гуядаш чизе,
Нафасаш лек дар гулу гун шуд.

Боз гаштан ба асп мушкил буд,
Чунки бардошт бори вазнинро, —
Хасани мисли санг шахшудаю
Марди сар то ба пой гамгинро.

Сахари шахри нозанини мо,
Хеле хуб аст, хеле дилчуй аст
Худи онро, табиати онро,
Ба гумонат, ки муждаи туй аст.

Руйро шустаанд бо шабнам
Баргхои чанор, акатсияхо,
Дар фазои кабуди дарёи
Хама паррандахо кунанд шино.

Гирди фавворахо ба зебои
Базмгохи тамоми гулхоянд,
Рудхои зулоли кухистон
Камари шахри богсимоянд.

Шахр хомуш, кучахо хомуш,
Факат ояд гудок аз фабрик,
Аз завод, корхонахои катор
Чун нидои саноати точик.

Балки имшаб ба хоби ширин рафт
Олиме баъди кори пурсамара,
Балки шоир гузошт чанде пеш
Нукта дар интихои шеъри сара.

Факат аз кучаи васеъ Хасан
Дар ароба савор мегузарад,
Баста зангулахо ба гардани асп
Аз сари куи ёр мегузарад.

Суи Кулоб рох паймуда
Мебарад ёди ёри чононро,

Кай дигар мешавад, ки у бинад
Чашми шуху лабони хандонро.

Хасан аз шахр чандсола бирафт,
Ба кариби дигар намеояд.
Рахм агар дар дили Садаф афтад,
Шояд онро сурог бинмояд.

III
Асп — зоти, ароба — куканди,
Кордида аробакаш машхур
Дар таги пои асп мехобид
Рохи Кулоб — кухсори дур.

Хеч кас аз Хасан намепурсид,
Ки чаро дар сафар шитоб куни,
Дар кучо хоб рафтаву хези,
Аз чи бар чони худ азоб куни.

у намегуфт, ки рахам сахт аст,
Дар кучо сою дар кучо руд аст,
Дар кучо куху тал дучор ояд,
Дар кучо рохи тахт мавчуд аст.

Дар сари худ Хасан гуруре дошт,
Ки рахи нобалад ба у хеч аст,
Гарчи манзил хануз нопайдост
Гарчи кораш хануз сарпеч аст.

Соли аввал агарчи рохи нав
Ба Хасан рохи беазоб намуд,
Рафта-рафта вале рахи Кулоб
Аспи чавмастро хароб намуд.

Дар рахи сахти кухсори дур
Чорпахлу йигит шалпар шуд,
Аз равуой аспи таърифи
Наълафсурда, ланг, логар шуд.

Гох дар нисфи кух дармемонд
Бо самандаш,
гахе дар обу гил,
Гох мехуфт дар сари рохе
Нарасида ба хеч як манзил.

Руз то руз бо риёзати рох
Хасани сарбаланд сархам шуд,
Лофи бемавриди аробакаши
Дар забони Хасан дигар кам шуд.

Дар рахи худ аробакаш медид
Кухсори баландкоматро,
Рудхои ба кух ларзафикан
Пиряххои бошахоматро.

Мешунид аз сари баландихо
Савти мургони дилкушо дараро,

Аз камархои маргзори кух
Задани обхои шаршараро.

Дар фазо абрпорахои сафед
Сояандози куххо буданд,
Осмону замини кухистон
Чун бахорони пурсафо буданд.

Дами мургакравии майсаи кух
Мавчи дарё ба ёд меомад,
Дам ба дам аз гузаштани оху
Хабари бомдод меомад.

Ин хамон кухсори дерин аст,
Ки дар он марг хукмфармо буд,
Пайраха овринги танги он
Душмани чони мардуми мо буд.

Дар багалхои кух халки мо
Зиндаги кард мисли зиндони,
Ба чахон духт дидахояшро
Бо дили пурумед пинхони.

Гох монанди оташе афрухт,
Ба хуруч омаду киём намуд,
Тан ба мурдан надода чандин аср
Хастии хешро давом намуд.

Осмону замини кухистон
Хама акнун дар ихтиёри ваянд,
Самолёту машинахо шабу руз
Мушкилосонкунанда ёри ваянд.

Гох аз осмони нилуфар
Мисли паррандахо фуруд ояд,
Гох аз пойтахти кишвари худ
Дар машина савор зуд ояд.

Хамрахи у ба кухсори дур
Даста-даста газет, китоб омад,
Маданият ба кунчхои дара
Шуълаафкан чу офтоб омад.

Дафъаи аввалин ба кухистон
Хасан омад, — ароба пайдо шуд,
Бар чавонони шух “дучарха”
Боиси хандаю тамошо шуд.

Аз барои ароба танги кард
Дараи кухсори камводи,
Асп мегуфт, ки маро андоз
Ба рахи дашт, то кунам шоди.

Тарки Кулоб кардаву гардонд
Чилави аспро Хасан ба Чануб,
Ёди дарёи Панчро мекард —
Ёди сахрои хурраму маргуб,

То кунад бо насими форами Панч,
Нафаси аспи хастаро озод,

Чарххои ароба то гарданд
Бе халал дар рахи замини кушод.

Лаб-лаби Панч то кашонад он
Мунтазам борхои гуногун,
Шаъни худ, шухрати саманди худ
То кунад баркарор рузафзун.

Суи Фархор, суи Вахш равад
Мисли хочатбарор марди нек,
Бештар бо аробааш гардад
Аз дилу чон ба кори халк шарик.

Дар дехоти фарохи ин води
Кор аз муи сар зиёдтар аст.
Аспи он бо ароба дар ин чо
Лозим асту хануз коргар аст.

Халк машгул дар каналкобист,
Дар гами обшор кардани кишт,
Хамаи совхозу колхозхо
Аз паи бештар намудани кишт.

Хар кучо сохтмони мактаби нав,
Хар кучо молхонаандози,
Хар кучо саф ба саф баланд шаванд
Хонахои нишасти колхози.

Ба кафояш нигох нокарда
Роххоро аробакаш тай кард,
Ба чануб аз шимолу аз машрик
Ранч бурда аробаро хай кард.

Куххо дар кафои сар монданд,
Сохили руди Панч пеш омад.
Сархади давлати Советиро
Дида сайёхи мо ба хеш омад.

Дар “Сарои Камар” таваккуф кард
Кучае диду хурд бозоре,
Дид дар пешгохи ин бозор
Сафи дукончахои бисёре.

Муйлаб зард ордчаллобе
Ба Хасан борхо назора намуд,
Сони онро вай аз таги каппон
Бо сарангушти худ ишора намуд.

Хасан омад ба пеш сархорон,
Гуфт чаллоб, ки: “зи хонаи ман
Каш ба бозор ордхои маро.
Кимати як ман орд шуд дах ман!

Зудтар меравем, ки имруз
Орд камчину ордхар бисёр.
Ха нагуфта ба чеби ман ояд,
Дахлу харчи тамоми ин бозор”.

Соли си, сию як барои Ватан
Солхои пур аз хатар буданд,

Душманон ошкору пинхони
Аз паи зарбаю зарар буданд.

Тудаи муфтхор — чаллобон,
Галлаю донаро нихон карданд,
Кахатиро намуда олати хеш,
Чанг бо давлати чавон карданд.

Ба чунин судхори ин бозор
Хасани ломакон карори шуд.
Ордро бор карда болояш
Худи чаллоб хам савори шуд.

Дузди бозор дар ароба савор
Зери лаб мешумурд суду зиён,
Сузад имруз ин хиёнаткор
Боз якчанд хонаи дехкон.

— Писарам, айб нест пурсидан,
Аз кучо омади, кучост сафар?
— Аз Хисор омадам — чавоб гирифт
Хилагар, кунчков савдогар.

— Ба гумонам, ки дар Хисор писар
Кори ту онкадар ривоч наёфт…
Дод аз дасти ин замонаи шум,
Бахт аз мою ту кунун ру тофт.

Дар хама чо ба гуши кас як хел
Мерасад, — дустам, — садои хурус.
Фикри ояндаро намо минбаъд,
Ба гузашта махур ту хеч афсус!

Мешуди гар асо ба дасти ягон
Марди хуби савобчуй чу ман,
Ба худо, ки насибаат мегашт
Шохворона зиндаги кардан.

Мана дарё… дар он канори он,
Расму оини зиндаги дигар аст.
Бой-бою гадо-гадо монда,
Шох чун сояи худо ба сар аст.

Хостам пурсамат дар омади гап,
Метавони шино куни ин руд?…
Аз газаб шуд сиёх руи Хасан,
Ларза бигрифт, печ зад бар худ.

Гами дирузаро ба ёд овард,
Падару модари ситамкашро.
Ситаму чабри бои кишлоку
Дуди охи дили пуроташро.

Давраи нав агар намеомад,
На ароба, на асп дошт Хасан,
Дар гуломию бандаги мемурд,
Мурдаи камбагал надошт кафан.

Хасани мо аробаи худро
Аз алам сахнаи мубориза сохт,

Бойро бо ду даст боло кард,
Бо хама кувва бар замин андохт.

Дар ароба чуволи орд намонд,
Хамаро у ба хоки рах афканд.
Пуштро карда бар “Сарои Камар”
Ба рахи дигаре нигох афканд.
* * *
Бо ароба, — дучархаи кухна
Мегузашт, аз миёни тафсончул,
Бо сари хам ба руи асп мудом
Буд бо фикри хештан машгул.

Рохи кишлоку шахрхои Вахш
Сер шуд аз таронахои Хасан,
Менишастанд баччахо дар рох
Ба тамошои рафтуои Хасан.

Хар сахар пеш аз садои хурус
Занги аспи ароба меомад.
Кад-кади кучабогхои дехот
Хасани босалоба меомад.

Дар миёни машинахои зиёд
Рафтуои ароба буд ачиб,
Менамуданд баччахои шух
Дар сари рах аробаро таъкиб.

Ба кафои ароба часпида
Рахравон мешуданд овезон,
Медавиданд туда-туда шуда
Пеш-пеши ароба хандакунон.

Хасан аз кори баччагон баъзан
Пургазаб гашта сахт меранчид,
Худ ба худ гох завкхо карда
Мисли кудак баланд механдид.

Кайф мекард, ки дар атрофаш
Кад-кади рох богу майдонанд,
Сари ангурхо чу марворид
Дар таги баргхо авезонанд.

Баргхои дарахтхои тут
Нахи абрешимин нисор кунанд,
Давлати колхозчи-дехконро
Яке бар дах дусад хазор кунанд.

Дар бригадахои колхози,
Дар заминхои беканорхудуд
Пахтаи нахдарози ин води
Кух-куху гарам-гарам пур буд.

Хасан ин сарвати фаровонро
Як-як аз пеши чашм мегузаронд,
Суи кишлокхои хушманзар
Чарххои аробаро меронд.

Омад овоз аз кафои сараш:
— Ист як дам,
аробакаш, машитоб!
Пурсам аз ту гапи мухиммеро,
Мондам аз пой аз барои савоб.

Дошт як сумкаи калон дар кифт
Мардаки хаткашони колхози.
Хатрасони барои почталион
Нест як кори шухию бози.

Медавид аз пагох, то бегох
Бо хату бо газет ба хар дару куй,
Мекунад одамони гумшударо
Гашта-гашта сурог, пурсучуй.

— Ту магар нести Хасан? — Ха ман
Мархамат кун, ба ман чи гап дори?
— Ба ту аз шахр нома омадааст,
Кардамат чустучуи бисёре.

На макони муайяне дори,
На кароре ту дар ягон манзил,
Ман ба як дех равам, ту бар дигар,
Сад мазаммат намудамат дар дил.

Дидам ин, ки аробаи шалаке
Хурда алвонч меравад лик-лик
Гуфтам: “албатта ин туи, чунки
Кист чуз ту аробаро ошик”.

Хасан аз хат, кинояи хаткаш
Сурх шуд, даргирифт мисли алав
Гуфт: — Бас кун!
Ки хат фиристодаст!
Дар даруни хат аст чи гапи нав?

— Нома аз духтаре, Садаф номе,
Гир онро ба хар ду чашмат мол
Шукр кун, шукр — ношукур банда!
Макун ин кадр дур фикру хаёл.

Рахравон буд фикру зикри Хасан
Хам ба мазмуни нома, хам ба Садаф,
Сар намедод чун васикаи умр
Номаи ёри хешро аз каф.

Хичча мекард харфхояшро
Матни онро вале намефахмид,
Бе тараххум ба камсаводии худ
Таъна мекарду сахт меранчид.

Ба ки хонондаву чи сон пурсад
Ки чи гуфтаст ёри у дар хат,
Балки дар номааш ба чои салом
Ишкро мекунад Садаф лаънат.

Ба Садафмох, узрхохона
Хар чи бошад, чавоб хохад дод,
Аз рахи мардию вафодори
Мекунад ёри кадрдонро ёд.

Аз паи хам ду “М-ка”-и хушранг
Ру ба ру омаданд дар ин вакт
Дар яке менишаст болида
Шармолуд — келини хушбахт.

Духтарони дигар ба пахлуяш
Шодмон “ёр-ёр” мегуфтанд,
Ба арусон хамешаги бодо
Толеу бахт ёр-мегуфтанд.

Бе танаффус машина сигнал дод,
То барорад аробаро ба канор,
Пешпо хурд асп турида
Сарнагун пас фитод дар чубор.

Сухт бисёр аз ин димоги Хасан,
Аспро дод аз газаб дашном
Гуфт: — Коху чаве,
rи медихамат,
Ба ту гардад хазор бор харом!…

Гуфт: — Хар як аруси инвакта
Аз ароба кунун хазар дорад.
Хаваси бо машина рафтанро
Дар деху шахрхо ба сар дорад.

Хулласи гап, ки обруи Хасан
Шуд мубаддал ба як пули пуччак.
То кай аспу аробаро созам
Мани гумрох дар чахон дастак.

Мегузаштанд дар хамин лахза
“Зис”-хо мисли кухи силсиладор,
Мекашиданд пахтаро ба завод
Чида болои хам канор-канор.

Аз паси корвон Хасан дере,
Дар хаёли кадом коре шуд.
Ашк аз дидахои хайронаш
Дона-дона ба руш чори шуд.

Бо Хасан дошт солхои сол
Ошнои раиси як колхоз,
Аз рахи дусти, шиносои
Мешуд онро хамеша
махрами роз.

Рафт рузе Хасан ба пеши дуст
То ба у арзи хол бинмояд, —
“Паи хар кор маслихат бояд
Кори бемаслихат наку н-ояд”.
* * *
Руи сахни идораи колхоз
Пур буд аз фавчи одаму овоз.
Бо такотук механик Искандар
Менамояд машинахоро соз.

Сару ру Васяи тракторчи
Нафтолуд ояд аз сахро.
Дар тарозу кашанд бо навбат
Хирмани пахтахои аълоро.

Баччагон мисли селаи гунчишк
Мебароянд аз дари мактаб.
Гуфтугу мекунад раис бо халк,
Сифати корро намуда талаб.

Ба Хасан чун фитод чашми раис,
Гуфт, ки: — Пеш о, машав хайрон!
Дусташро Хасан намуд огуш,
— Омадам, гуфт пеши ту мехмон.

Мархамат кун, биё, ки омаданат,
Чурачон, айни муддаои мост,
Дуст болои дида, нури чашм
Сафарат аз кучост то ба кучост?

— Сафарамро мапурс, агар гуям,
То сахаргах намешавад охир,
Дуксиёхию нобарорихо
Хама аз кисматанд, аз такдир.

Дустам, ту раиси колхози,
Шукр, колхози бой дори ту,
Миллионери ту, миллионери ту,
Дасти мушкилкушой дори ту.

Хостам аз ту маслихат пурсам:
Пешрав нест кори ман харгиз,
Хар кучо ки равам, намебинам
Чуз укубат, азоб дигар чиз.

— Ба азобат худат гунахкори!
Гар нагарданд чуйхо дарё,
Дар дили дашт мешаванд адо
Мисли чуй аст одами танхо!

Бахту давлат ба дастчамъии мост,
Ту нафахмидаи хануз инро,
Аз кафои ароба мегарди
Чустучу карда кайфи деринро.

— Касд кардам, ки баъд аз ин бояд
Бо ту бошам, машинарон бошам,
То ту бини,
ки ман дар андак вакт
Дар сафи пеши шофирон бошам.

Зери лаб ханда карду гуфт раис:
— Ман ба фикри ту розиам сад бор,
Лекин аввал машинаро омуз,
Илми ин касбро ба дастат ор.

Аз ароба машинаро кун фарк,
Техника андакест мушкилтар.
Майл дори агар ба касби нав,
Корро рафта сар намо аз сар.

Гар ба ин маслихат ту не гуи,
Гир бар зимма хизмати колхоз.
Вохурад кори хоксорона
Нанамои ба шарти он ки ноз.

Асп хохи ту, асп хам дорем, —
Лакайаспи зоти хам бисёр
Гар ту хохи аробакаш мони,
Хочагиро ароба хам даркор.

Токиашро ба сар нихода Хасан
Хест аз чову по ниход хамуш,
Рафт андешаманд суи сарой
Гардани аспро намуд огуш.

Гуфт: — Эй аспи ман,
саманди ман,
Дусти бегумони ман хасти,
Солхои дароз аз хурди
Мисли чон дар амони ман хасти.

Харду дидем гармию сарди,
Рузхои азобу рохатро,
Харду гаштем гар дучори хатар
Пеша кардем сабру токатро.

Бесару нуг рохи кишвари мо
Хурда аз рафтуои мо гардид,
Багали кухсори мулки Хисор
Манзили накши пои мо гардид.

Монда харду ба зери обу арак
Мегузаштем чули бирёнро,
То сахаргах гусел мекардем
Шуълаи мохтоби тобонро.

Шаба шаб, руза руз ногуфта
Хар ду машхур боркаш будем,
Дар сари корвон ба каф байрак
Харду як чо каторкаш будем.

Хишту чуби кашондаи моро
Сарфи шахри азизи мо карданд,
Намаку чою нону шаккарро
Дастгири гуруснахо карданд.

Хама донанд, ки дар он айём
Бори республика ба душат буд,

Чунки дар солхои кашшоки
Давраи чушишу хурушат буд.

Давлати одамони имруза
Дар вагонхо дигар намегунчад,
Ту кунун дар кашондани ин бор
Дасткутохию надори хад.

Дар чарогоххои колхози
Дустам, рафта сайру бози кун,
Бо ягон кори хоксорона
Назди мардум забондарози кун.

Метавони, ки дар миёни гала
Пираспи баландсар боши.
Монда ному нишонае аз худ
Рахши навзодро падар боши.

Ман хам имшаб чудо шуда аз ту
Меравам аз кафои кори дигар.
Гар ба ту кадрношиноси шуд,
Авф кун, аз гунохи ман бигзар…
IV
Хасан аз рахи дур меомад
Кад-кади руди шухоби Вахш,
Руйро карда мисли лахча сиёх,
Аз шамолу аз офтоби Вахш.

Монда аспу аробаи худро
Дастхоли, пиёда меомад,
Ба дами тафтбоди куху даман
Синаашро кушода меомад.

Бехабар буд аз гузаштани вакт,
Аз равуои одамони савор,
Худписандона гох менигарист
Ба шитоби машинахо ночор.

Май нанушида мениход кадам
Дар рахи хештан ба сармасти,
Ба хаёлаш намерасид, ки он
Лукмаеро хурад ба сардасти.

Ташналаб буду майли об надошт,
Хоболуду фикри хоб надошт.
Чуз ниходан кадам ба суи шахр
Дар дил он дигар интихоб надошт.

Мепариданд аз замин ба хаво
Гох хусида мургхои хилол,
Менамуданд марди танхоро
Гох сагхои подабон дунбол.

Галаи аспхои колхози
Аз бараш беадад гузар карданд,
Мисли най рост гардани онхо
Аламашро зиёдтар карданд.

Аз назаргохи он намерафтанд
Чилваи шахри нав ба зебои,
Дару деворхои пурхашамат
Сояхои чанори бобои.

Манзари кучахои пурхаракат,
Касрхои ачоиби дилкаш,
Хонаву остонаи махбуб,
Руи зебову чашми чун оташ…

Хамаи ин хаёлхо ба Хасан
Дар сафар гайрате ато карданд,
Багали пойтахти наврасро
Гарму чушон ба руш во карданд.
* * *
Рузе аз рузхо ба зери чанор
Шуд Хасан мисли сояе пайдо,
Бар танаш буд бори вазнине
Сари пур бо хазорхо гавго.

На дигар чуръате ки дар куча
Мисли дерина сар баланд кунад,
Аз сари асп харсаворонро
Дар сари рох нописанд кунад.

Роххоро ба хукми худ гирад,
Одамонро бароварад ба канор.
Гузарад аз миёни мардуми шахр
Бо гуруру такаббури бисёр.

Худ кунун мегурехт аз хама кас,
Аз нигохи тамоми рахгузарон,
Аз салому алек, аз одоб,
Аз мулокоти кадрдон ёрон.

у нишони сарои деринро
Дар кади куча чустучу мекард,
Шиштухези аробакашхоро
Рахравон дар дил орзу мекард.

Саргарангона борхо пасу пеш
Рафта меомаду намедонист,
Ки ба зери чанор кайхо боз
Хеч осор аз сарое нест.

Дид дар чои он бинои наве,
Лавхаеро ба руи дарвоза.
Канда-канда хуруфхоро хонд
“Ав-то-школ-ла”, — мактаби тоза.

Берун омад машинае аз дар.
Сар бароварда як чавон аз он
Ба Хасан гуфт: “Омади охир,
Эй ту оворагаштаи ду чахон!

Зад ба девор гарчи пешонет,
Тавба аммо наменамои ту,
Гар фарои зи асп, аз узангу
Ба гумонам намефарои ту!”

Чашму руи Хасан сиёхи зад,
Ларза дар узвхои он афтод.
Чуз газабнок як нигах кардан
Беадабро дигар чавоб надод.

Рафт аз сояи дарахти чанор
Ёди махбуб кард, ёди Садаф
Бе Садаф зистан бувад мушкил,
Гар Садаф нест, нест шаъну шараф.

Гам агар хаст гамгусор кучост?
Дуст шарт аст, дустдор кучост?
Майли ёре агар ба сар дори
Мехрубону азиз ёр кучост?

Хасан омад ба кучаи дигаре
Дилкашолона бо бахонаи дуст,
Дару боми шиносро чун дид,
Хост мехмон шавад ба хонаи дуст.

Гашт дар гирди хонаву аммо
Надаромад Хасан ба он хона.
Ба Садаф бо кадом руи сурх
Менамояд нигох мардона.

Дар хамин лахза балки машгул аст
Ёр дар хондани чавоби хат,
Балки харгиз намеравад сарфахм
Хонда-хонда ба сархисоби хат.

Балки машгули хатнависи аст,
Сарзаниш мекунад маро дар хат
Кай шавад, ки ба дасти ман бирасад
Косиди ишк, муждаовар хат?

Ин тараф-он тараф парешонхол
Чарх зад, бемадор шуд, калавид
Соате хост, ки биёсояд
Пастдевори пахсагиро дид.

Омаду кард такя бар девор,
Чашм пушиду монд бехаракат,
Гуфт, ки: “Ранч агар, Хасан, набари,
Нест дар корхои ту баракат”.

Меравам, меравам ба зери чанор
То кунам имтихон саодати хеш.
Бигузоред, ки маро бошад
Кулфати нав, азоби нав дар пеш!
* * *
Хушкаломанд, шух, густоханд
Хамдигарро дугонахои Садаф,
Халка биншастаанд дар таги ток
Гирди дастурхони бои Садаф.

Сухбати духтарони хаммактаб
Дилфиребу мароковар буд,

Гох чиддию гох хазломез,
Диккатангезу хандаовар буд.

Аксари ин дугонахо кайхо
Духтарони ба кад расида буданд.
Баъзе дар зиндаги ба мисли Садаф
Рузхои фирокдида буданд.

Духтаре гуфт, ки — Ба хурсанди
Окибат шуд тамом мактаби мо,
Бо машаккат кунун ба даст омад
Чандсола умеду матлаби мо.

Барзада дасту остин фардо
Ба махалхо барои кор равем,
Монда дур аз дугонахои азиз
Хар кадоме ба як канор равем.

Дигаре гуфт, ки — илоче нест,
Мефиристем зуд-зуд хабар
Дустонро кунанд чунки карин
Почтаву телграф ба хамдигар.

Менависем, ки чи гуна бувад
Килику сухбати дугонаи нав
Кори нав, чои нав, шароити нав,
Хастию нестии хонаи нав.

Менависем, ки пас аз рафтан
Аз хама пештар ки шавхар кард,
Ки киро дод дил, дил аз ки бурд,
Ки чи сон бо ки хонаву дар кард.

Саввуми гуфт, ки
— Дар ин бора
Садафи мо намекунад парво.
Чунки ишки аробакаш кардаст
Дили онро асири худ кайхо.

Ин кас акнун ба пеши у рафта
Дар ароба савор мегардад,
Аз паси дустдори хонабадуш
Хамадам соявор мегардад.

Садаф андак ба кахр омаду гуфт:
— Чон дугона, кинояро бас кун.
Бадзабони туро намезебад,
Хурмати нафсу иззати кас кун.

Хайф, ки мехмони ман хасти
Варна беобруй мекардам,
Бо ту дар лахзаи забонхори
Нагзакак гуфтугуй мекардам.

Солхо боз аз хама бехтар
Мешиносам аробакашро ман.
у сазовор нест, бовар кун,
Ба чунин таънахои сахт задан.

Ору номусдор як мардест,
Тамае аз касе надорад он.
Ба умеди Садаф — умеди висол
Хеч гохе нагашт аз паймон.

Ман гумон мекунам, ки нияти у
Аз акик, аз булур софтар аст,
Хамаи мардхо ба чашми ман
Дигаранду аробакаш дигар аст.

Дар хамин дам Хасан агар мешуд,
Месупурдам ба дасташ изнамро.
Бо табассум, такаллуми ширин
Мебаровардам аз дилаш гамро.
* * *
Охири навбахор омада буд,
Мешуданд об барфхои кух.
Пой мемонд фасли тобистон
Ба сари сарзамини азму шукух.

Раста буданд донахо аз хок
Хабар оварда аз фаровони,
Киштхо гуиё ки мегуфтанд
Хуб шуд хуб кори дехкони.

Дар бари домани адир комбайн
Чави навпухтаро дарав мекард,
Ба сари теппаи баланд касе
Бош-боше ба чуфти гав мекард.

Дар нишемангахи баландихо
Дехаи сабзи обшоре хаст.
Дар хама кучабогхои он
Соф чун нукра чашмасоре хаст.

Дар шаби мохтоб, дар шаби тор
З-осмонаш ситора меборад,
Аз чароги электри ба сараш
Хирмани пуршарора меборад.

Мактаби хушхавои дахсола
Сап-сафед аст
дар миёни дех,
Хадя созад чахон-чахон шоди
Ба хушикбол баччагони дех.

Буд омузгори ин мактаб
Кахрамондухтари хикояи мо,
Мисли чон дуст дошт ахли дех,
Боташаббус муаллими худро.

Аввалин рузхои омаданаш
Ошное надошт дар кишлок,
Хуб санчида аз паи хар кор
Пойро мегузошт дар кишлок.

Хар чи бошад хануз нобалад аст
Бо русумоту бо таомули дех,

Хар чи бошад муфассал огах нест
Аз дигаргунию такомули дех.

Рузи аввал Садаф намедонист,
Ки чи сон дарсро шуруъ кунад,
Аз паси кухи илм чун хуршед
Ба сари дех чи сон тулуъ кунад.

Дехаро мисли панч ангушташ
Садаф акнун намуда буд аз худ,
Хеч камбудие ба чашми у
Ноаён,
ношиносмонда набуд.

Ба ягон хона медаромад агар
Садафи дуструи чингиламуй,
Мешуданд аз камоли хурсанди
Хама дар пеши у хикоятгуй.

Баччае гар ба дарс дер ояд,
Сабабашро Садаф дарак мекард,
Кори мактаб, хаёти оиларо
Зич пайваста муштарак мекард.

Маслихатро ба модарон медод,
Илму одобро ба шогирдон.
Хушу ёдаш ба кори мактаб буд,
Ба ривочи фазилату ирфон.

Буд дар гирду пеши ин мактаб
Сахни пур аз гиёху пурхоре,
Дасти хонандагон иваз бинмуд
Он заминро ба богу гулзоре.

Бомдодон ба руи гул шабнам
Медурахшид мисли луълуе,
Мефишонд аз тирезахои яла
Ба хама синф анбарин буе.

Хар сахар омадан ба боги гул
Ба Садаф шугли бехтарин гардид,
Духтари табънозуки гулбоз
Бо гули бог хамнишин гардид.

Чида гулдаста
аз гули садбарг
Ёд мекард як чавонеро,
Аз лаби бомхои Душанбе
Ба сари ёр гулфишониро…

Дар чунин субх суи ин кишлок
Як сабукрав машинае метохт,
Ба гумонат,
ки аз замин ба хаво
Рохи хамвор тир меандохт.

Бохабар шуд ахолии кишлок
Ки шитобон сабукраве ояд.

Хама гуфтанд, ки: “ба пеши мо
Ояд аз шахр рахбаре шояд.

Балки ояд раиси Совнарком,
Ё чу харруза котиби райком,
Балки мо корхои колхозро
То хамин дам надодаем анчом?”

Чун сабукрав ба дех карин гардид
Дод ронанда сигнали бисёр.
Ба шигифт омаданд ахли дех
Ки чи сон одам аст, ин чи викор?

Чамъ гаштанд аз калон то хурд
Гирди онро чу халка печонданд,
Дида як марди ношиносеро
Хама хомушу бетараф монданд.

Хама буданд бетараф, оре,
Садаф аммо дар изтироб афтод,
Мисли борон ба сатхи дарёи
Сермавчу пур аз хубоб афтод.

Аз тараб курта-курта гушт гирифт,
Кард лабхандхои ширине.
Лаб зад аз нав чу гул ба рухсораш
Орзуву умеди дерине…
* * *
Рох дар пешу ёр дар пахлу,
Дастхои Хасан ба рули машин,
Чарххои машина мегаштанд,
Манзили дурро намуда карин.

Дар бараш менишаст ёри азиз,
Буд аз хуррами дилаш чун кух,
Ба гумонаш, ки зиндаги ин хел
Хеч гохе надошт шаъну шукух.

Дид он ин шукухро дар хеш,
Дар Садаф, дар нигохи чашми сиёх,
Дар суруде, ки мешунид аз дил,
Дар насиме, ки мевазид аз рох.

Дар уфуки баланди халкаи кух,
Дар худуди васеи мулки азиз,
Дар сафедии рудхои шух,
Дар кабудии сабзаи навхез.

Чубу семент мекашонид он
Ба бинокори сохтмони Вахш,
То канал сохта равон созанд
Обро суи ташнагони Вахш.

Шахр гуё, ки аз кафои сараш
Даст афшонда менамуд гусел,

Ошиконро салом медоданд
Дар сафар манзил аз паи манзил.

Мешуд аз куллаи баландихо
Бо шуои чарогхо хамсар,
Дар бари киштхои водихо
Медамид аз замин чу гандуми тар.

Ба Садаф гуфт:
— Чонакам, диди
Чи кадар ин машина тездав аст,
Беканат мепарад ба руи замин,
Зеби ин роххои хубу нав аст.

Дар хама чои мамлакат дигар
Нест аз нусхаи машинаи ман,
Хама гуянд аз калон то хурд
З-ин сабаб хам ба ман,
ки “кандата зан!”

— Ман надидам,
ки бе муболигае
Зада боши ту гап ягон боре.
— Дар гапам заррае муболига нест
Чони ширин, макун маро хори!

Росташро, Садаф, агар гуям,
Ту хам аз духтарони ноёби,
Кас надидам,
ки мисли ту бошад
Дар чунин дилбарию дилёби.

Ба сари теппахои Оби Киик
Мошини у даме ки боло шуд,
Дар ду пахлуи кухи Боботог
Сабз ду манзара хувайдо шуд.

Як тараф водии васеи Хисор
Чанг бо ранги осмон мекард,
Як тараф руди сероби Вахш
Водии хешро чавон мекард.

Хасани мо машинаи худро
Чониби Вахши дилкушо меронд,
Аз кафои машинааш танхо
Чанги гафсе дар осмон мемонд.

1952-1954

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …