ҲАСАНИ АРОБАКАШ
Достони «Ҳасани аробакаш» аз амалиёти қаҳрамони асосӣ оғоз меёбад:
Пӯшт машкоб!
Бохабар, мардум!
Ба қафоят нигаҳ кун, нонвой!
Ҳой, ҳезумфурӯши варзобӣ,
Хари худро каш аз даруни лой!
Бо чунин дӯғу валвала омад
Ҳасани ошно аробасавор.
Одамонро ба ду тараф ронда,
Мегузашт аз миёнаи бозор.
Дар чор боби достон тақдири таърихии табақаи меҳнатии аҳолӣ солҳои дар 20 –30 садаи ХХ ба тасвир омадааст. Образи асосӣ—Ҳасан ва образҳои дигари асар чун Садаф, Иван Кузмич, раиси колхоз, Турсунзодаи донишҷӯ, хаткашон, савдогари саройкамарӣ дар ҳалли мавзӯъ ва мундариҷаи асар саҳми муносиб доранд.
Ҳасан аробакаш мебошад ва ба аспу аробаи худ муҳаббати бепоён дорад. Ӯ ҳангоми сафарҳои пай дар пай аз манзараҳои табиати диёраш, аз тамошои қаторкӯҳу дарахтони Қаратоғ ва водии Ҳисор нашъаю лаззат мебарад. Ӯ ҷавони боғуруру сарбаланд аст, иззати нафс дорад ва меҳнатро асоси зиндагӣ медонад. Дар боби аввал давраи ҷавонӣ ва ривоҷи фаъолияти аробакашии Ҳасан тасвир ёфтааст. Ҳасани ҷавону камтаҷриба аспи худро нишонаи охирини Рахши Рустам дониста, онро муболиғаомез васф мекунад:
Дорад он дӯст яккаву танҳо
Бол афшонда по ниҳоданро,
Аз сари кӯҳу синаи дашт
Паҳлавонвор роҳ гаштанро.
Вале ҷараёни зиндагӣ, тағйироти иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон Ҳасанро водор мекунад, ки аз хислатҳои худписандӣ ва одамгурезӣ даст кашад ва ба ҷамъияти нав бошуурона мувофиқат кунад. Хислатҳои ватандӯстӣ ва озодандешии Ҳасан ҳангоми ӯро барои зиндагӣ дар Афғонистон даъват кардани савдогари саройкамарӣ барҷаста ба назар мерасад:
Ҳасани мо аробаи худро
Аз алам саҳнаи мубориза сохт.
Бойро бо ду даст боло кард,
Бо ҳама қувва бар замин андохт.
Ҳамин тариқ, Ҳасан мувофиқи тағйироти иҷтимоии давр фаъолият карданро дуруст дарк мекунад ва бо мурури замон аз аспу ароба даст кашида, ронандаи мошин мегардад.
Хислату табиати Ҳасан дар алоқа ба дигар образҳо, махсусан ба образи Садаф, боз ҳам равшантар намоён мешавад. Садаф яке аз аввалин духтарҳои тоҷик аст, ки дар солҳои 30 дар муассисаи муаллимтайёркунии Душанбе мехонад ва ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мешавад. Садаф дар асар чун духтари покдоман, бофаросат ва вафодор тасвир ёфтааст. Ӯ ба Ҳасан дил мебандад ва суботкорона барои бахти худ мубориза мебарад. Cадаф ошиқи худро аз суханҳои ноҷои дугонаҳояш муҳофизат мекунад:
Ору номусдор як мардест,
Тамае аз касе надорад он.
Ба умеди Садаф — умеди висол
Ҳеҷ гоҳе нагашт аз паймон.
Образи Иван Кузмичи табиб таҷассумгари масъалаи дӯстии халқҳои тоҷику рус мебошад. Иван Кузмич образи лаҳзавӣ мебошад, вале таҷрибаи зиёд, зиндадилӣ ва ҳазлу шӯхиҳои софдилона мавқеи ӯро дар асар меафзояд. Ҳасан низ маҳз баъди суханҳои ҳикматноки ӯ («додарам, давраи ароба гузашт, қадами сангпушт лозим нест») дар фикри ба мошин иваз намудани ароба меафтад.
Мирзо Турсунзода дар достони «Ҳасани аробакаш» аз анъанаи назми тоҷик, ва таҷрибаи назми рус истифода кардааст ва дар мазмуну шакли асар навпардозиҳо намудааст. Достон рӯҳияи аспбозону аробакашони даврро равшан ифода мекунад. Суханҳои ҳикматнок, мақолу зарбулмасалҳои халқӣ ба тору пуди асар дохил шуда, дар он рӯҳи забони гуфтугӯиро қувват додаанд. Шоир дар як банд мазмуни зарбулмасали «Хурӯси ҳама ҷо як хел садо медиҳад» ва мақоли «Ба гузашта салавот»-ро чунин ифода кардааст:
Дар ҳама ҷо ба гӯши кас якхел
Мерасад, дӯстам, садои хурӯс,
Фикри ояндаро намо минбаъд,
Ба гузашта махӯр ҳеҷ афсӯс.
Умуман, Турсунзода бо таълифи «Ҳасани аробакаш» дар назми тоҷик шакли нави достони реалистиро ба вуҷуд овард.
Ин асари худро ба иди бошарафи 25-солагии Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон мебахшам.
Муаллиф
I
Пӯшт, машкоб!
Бохабар, мардум!
Ба қафоят нигоҳ кун, нонвой!
Ҳой, ҳезумфурӯши варзобӣ,
Хари худро каш аз даруни лой!
Бо чудин дӯғу валвала омад
Ҳасани ошно аробасавор.
Одамонро ба ду тараф ронда
Мегузашт аз миёнаи бозор.
Мегузашт аз даруни обу гил,
Аз бари чойхонаю дӯкон,
Аз таги бомгӯшаҳои паст,
Аз раҳи танг — кӯчаи вайрон.
Мекашонид санги дарёро
Аз барои кадом деворе,
Хонае, кӯчае, сарои наве,
Ё барои дигар ягон коре.
Асп — зотӣ, ароба — қӯқандӣ
Баста зангӯлаҳо ба гардани асп…
Шӯру ҳангомаро Ҳасан доим
Дӯст медошт аз паси ин касб.
Дар ҳамон солҳо
Душанбеи мо
Деҳи хурди камаҳолӣ буд.
Аз тамоми нишонаҳои ҳаёт
Солҳои зиёд холӣ буд.
Деҳаи ҷабру зулмдидаи халқ
Дашти беоб, чӯли бирён дошт.
Ба сараш фаслҳои тобистон
Шӯълаи офтоби сӯзон дошт.
Тоқа-тоқа чанорҳои сабз
Хизмати одилона мекарданд, —
Ҷониби мо насими форамро
Гоҳ-гоҳе равона мекарданд.
Кас дар он солҳои пурташвиш
Дами оромро намедонист,
Рафтани рӯзрову омадани
Пурхатар шомро намедонист.
Менамуданд душманони шадид
Давлати навасосро таҳдид,
Халқи моро фиреб медоданд
Шайхҳо дар мазор,
дар масҷид.
Коммунистон яроқу хома ба даст
Мамлакатро идора мекарданд,
Ба ҳама корҳои камбағалон
Бо муҳаббат назора мекарданд.
Фикрашон буд, ки кунанд аз нав
Сарзамини харобро обод,
Аз асирии ҷаҳлу нодонӣ
Халқи тоҷикро кунанд озод.
Мо ҳам он вақтҳо дар интернат
Тарбиятгир баччагон будем,
Аввалин отряди пионерӣ
Аз ятимони тоҷикон будем.
Дафъаи аввалин дар интернат
Мо китоби саводро дидем.
Аввалин бор номи Ленинро
Аз алифбои хеш бишнидем.
Аввалин бор аз нақораи мо
Савти марши қадам ба гӯш омад.
Аввалин бор аз таронаи мо
Дили шогирдҳо ба ҷӯш омад.
Галстуки сурх аввалин дафъа
Зинату зеби гардани мо шуд.
Қасаму ваъдаи пионерӣ
Шарафи мо, бараҳнапоҳо шуд.
Маркази нав — Душанбеи худро
Дӯстдоранда наврасон будем.
Ба ҳама корҳои ин марказ
Ҳамаи мо мададрасон будем.
Аз гилу хок тоза мекардем
Кӯчаҳои баланду пасташро,
Мо ба тартиб медаровардем
Ҳар яке ҳавлии нишасташро.
Аз дилу ҷон ба ҳар иморати нав
Аввалин хиштро гузоштаем.
Бо нишондоди коммунист — падарон
Халқи худро азиз доштаем.
Деҳаи аз қадим бе унвон
Қомат аз рӯи хок мебардошт.
Аввалин донаҳои матлабро
Ба замини хароби худ мекошт.
* * *
Омад аз тангкӯчаи қишлоқ
Тақ-тақи пову шеҳаи аспон,
Дар дами шом рӯи саҳни сарой
Пур шуд аз асп, аз аробакашон.
Охирин рӯзҳои сармо буд,
Рехт сел аз ҳаво ба сар имрӯз.
Дару деворҳои лоинро
Шуст борону барфи тар имрӯз.
То миён, то ба гӯш дар кӯча
Хару аспон ба лой ғӯтиданд,
Одамони пиёда пушт ба пушт
Дар сари роҳу ҷӯй ғелиданд.
Чархҳои аробаҳои калон
Мепаронданд лойро ба ҳаво,
Лойҳои парида мехӯрданд
Ба сару рӯю кифти одамҳо.
Ҳасан омад аробаро ронда
Ба сарои аробаҳо пурхашм,
— Зуд во кун, саройбон, дарро,
Ком шуд асп,
ҷав биёр! — Ба чашм.
— Чӣ бало рӯзи наҳс шуд имрӯз,
Ки ягон кори кас барор накард,
Аз саҳаргоҳ то намози шом
Барфу борон дигар қарор накард.
Сӯҳбату чақ-чақи аробакашон
Гарм дар гирди тоза гулхан буд,
Гирду атрофи хонаву айвон
Аз шуоъ, аз шарора равшан буд.
Ҳасан ин дам ба пеши гулхан рафт,
То кунад гарм дасту пояшро,
То ки нӯшида чои талхи кабуд,
Хушк созад либосҳояшро.
Чойҷӯши сияҳ ба назди алав
Буд акнун балақ-балақ дар ҷӯш,
Сӯҳбати гармро аробакашон
Менамуданд бо муҳаббат гӯш.
Пеши чашмони аҳли сӯҳбатро
Хира мекард дуди ғафси чилим,
Чойкаш менамуд бо навбат
Ба каси нав пиёларо тақдим.
Чойро дода чойкаш ба Ҳасан
Гуфт, ки: — Нӯш кун ба ҷони ғариб,
Дур гаштӣ аз одаму олам
Ту, ҷавонмарди яккагард, қариб.
Душману дӯстро шинос, писар!
Дур парто ҳавобаландиро,
Каси одамгурез одам нест,
Кун фаромӯш худписандиро.
Мо ҳам одам, аробакаш ҳастем,
Дӯстӣ дар миёни худ дорем.
Гар ягон рӯзи бад ба сар ояд,
Ҳамдигарро ҳамеша даркорем.
Ба ҳама кор ёфт мешаваду
Дӯстро ёфтан бувад мушкил.
То тавонӣ,
диле ба дастат ор,
Машав аз дӯстони худ баддил.
Наякӣ карда як аробакаше
Нашъаро, менишаст чашмхумор,
Гуфт: — Беҳуда хун макун дилро,
Гапи бисёр ҳаст як хара бор.
Як мақолест, ки чу ин гӯянд:
“Дави гӯсола аст то каҳдон”
Худписандӣ натиҷаи хомист,
Адаби хешро нахӯрдаст он.
ӯ гумон мекунад, ки якка худаш
Борбардори мамлакат бошад.
Пеши чашми ҳама калону хурд
Гули сурхи сари сабад бошад.
Хом тушбераро, писар, машумор,
Гир ин пилтаро зи гӯши худ,
Чун пушаймон шавӣ, пушаймонӣ
Додари ман, дигар надорад суд!
— Нестам аз ту ман забонкӯтоҳ,
Пӯш барвақттар даҳонатро!
Ҳасан оё саги туро “тур” гуфт,
Ё кӣ кардаст нима нонатро?
Ман ба роҳи худам, ту ба роҳи худ,
Машав аз ман йигит, домангир.
Аспи олампаноҳро кардаст
Ба мани камбағал худо тақдир.
Девкор аст аспи зотии ман.
Заррае ҳам ба нӯги нохуни он
Аспҳои дигар намеарзанд.
Рашкат ояд агар, қаламфур мон.
Чакманашро Ҳасан гирифта ба кифт
Гуфт, ки: — Вақт рафт, субҳ дамид,
Сӯҳбати мо кашол ёбад агар
Бештар мешавем сурху сафед.
* * *
Дар сарои нави аробакашон,
Дар таги сершоху барг чанор
Рафтуо доштанд беором
Тӯда-тӯда аробаҳои қатор.
Мардуми мо аробаро он вақт,
Беҳтарин нақлиёт медонист.
ӯ гумон менамуд, ки ҳаргиз
Бе ароба наметавонад зист.
Дар миёни аҳолии кишвар
Буд номи аробакаш машҳур,
З-ин сабаб ҳам нагаштааст ҳанӯз
Ҳасан аз лавҳи хотири мо дур.
Мардуми водии Ҳисор онро
Ҳасани аспбоз, мегуфтанд.
Аҷали роҳҳои пурхатару
Ҳар нишебу фароз мегуфтанд.
Аз паи корҳои боркашӣ
Ҳафтаву моҳ бедарак мерафт.
Гаҳ барои керосину гӯгирд,
Гаҳ ба овардани намак мерафт.
Ҳеҷ гоҳе надошт тарсу ҳарос
Ҳасан аз гармселу боди сард,
Дар ҳама ҳол худ ба худ мегуфт:
“Мард бояд мудом бошад мард”.
Ба сараш монда лабшикан тоқӣ
Ҳасани мо ғами зиёд надошт,
Набароварда мӯи лаб, худро
Дар сафи мардҳо ҳамепиндошт.
Дошт дар дил Ҳасан таманное,
Ки чунин аспи бодпо дорад,
Ҷуфт карда аробаро ба саманд
Ин қадар сайру гаштҳо дорад.
Ба гумонаш,
ки ҳеҷ маҳлуқе
Нест аълотар аз саманди ӯ.
Гар бихоҳад аз осмон ояд
Тезпар боз ҳам ба банди ӯ.
Гар нишинад ба асп дар наздаш
Бодро, раъдро мутеъ кунад,
Бағали танги кӯҳсоронро
Аз қадамҳои худ васеъ кунад.
Гар ба сағрии аспи оламгард
Аз сари шавқ тозиёна занад,
Ба рухи моҳу офтоб Ҳасан,
Даст гӯё ки ғолибона занад.
Асп — зотӣ, ароба — қӯқандӣ,
Дар бадан дошт чакмани моҳут,
Шахси танҳову як сару ду гӯш
Ҳамаи давлати Ҳасан ин буд.
Менамуд ӯ гумон, ки танҳоӣ
Ба кас аз ҳар чӣ ҳаст афзалтар,
Сари танҳо ҳамеша озод аст
Аз ғами рӯзгору хонаву дар.
Ба куҷое, ки ихтиёр кунад,
Меравад бемалол, бепурсиш,
Дар куҷое, ки афтаду хезад,
Касе онро намедиҳад ташвиш.
Гарчи худ як каси муҷаррад буд,
Дӯст медошт тӯй хӯрданро,
Дар ароба савор карда ба тӯй,
Қӯша-қӯша арӯс бурданро,
“Нақшҳои калон”-и мардонро,
Рақси мавзуни наварӯсонро,
Пойандоз паҳн карданро,
Чашмакӣ кардани ҷавононро.
Гирдгардии гирди гулханро,
Ғазал аз духтарон шуниданро,
Аз таги пои келину домод
Тангаву қандалот чиданро.
Хабарӣ буд ба тӯй як бегоҳ
Ҳасани тӯйхоҳи базмталаб,
Карда бар тан лабоси идиро
Рафту аз тӯй пас наёмад шаб.
Ҳасан имшаб арӯси нав овард,
Ҷилави аспро гирифта ба тӯй,
ӯ ба домод ҳар замон мегуфт,
Ки “ман овардам ин арӯси накӯй!”
Чун даромад ба тӯйхона Ҳасан
Тӯй ҷӯшиду шӯъла зад гулхан.
Кард рухсораҳои аҳли тӯй
Гулхани осмонбаро равшан.
Хизмати тӯи наварӯсонро
Ҳасан аз ҷону дил адо мекард,
Меҳри худро ҷавони дидадаро
Дар дили аҳли тӯй ҷо мекард.
Чӣ шабе буд, ки дар он манзил
То саҳар базми осмонкаф шуд.
То саҳар гӯши мардуми қишлоқ,
Ба садои нақораву даф шуд.
Писарон чобукона рақсиданд,
Духтарону занон латифу ҳалим,
Дар чунин шаб чӣ гуна кас накунад
Дилу ҷонро ба дилбарон тақдим.
Балки имшаб аробакашро ҳам
Кард мафтун суруди маҳбубе,
Қади ларзону рақси мавзуне,
Чашми ҷодугаре, дилошӯбе.
Ба Ҳасан дам ба дам нигаҳ мекард
Духтаре аз канор дуздида,
Ноз мекарду рӯйро метофт
Зери лаб нозукона хандида.
Ҷониби наварӯсҳо то субҳ
Бо ҳасад балки менамуд нигоҳ,
Борҳо балки аз дилаш гузаронд:
Ҳама ҷуфтанд, ӯ чаро танҳо?
Балки мехост сурати ёре
Абадӣ нақш дар дилаш бандад.
Балки мехост бо дилороме
Баъд аз ин умрбод пайвандад.
Ҳасани тӯйрав парешонҳол
Омад аз тӯйхона вақти саҳар,
Омад, оре, аробакаш ба сарой
Буд авзои он вале дигар.
* * *
Илм омӯхтан ба кас торафт
Мисли обу ҳаво зарур афтод.
Давлати мо ба рӯи фарзандон
Дари донишкада васеъ кушод.
Рӯзе аз рӯзҳо ба дасти мо
Аз ҳукумат расид ҳуҷҷати роҳ.
Ҷониби Тошканд мерафтем
Илмҷӯ, фанталаб, саодатхоҳ.
Ба Ҳасан мо муроҷиат кардем,
То ба Тирмиз бо ароба барад,
Бурда мора сиҳат-саломат ӯ
То ба кондуктори вагон супарад.
Ҳасан аз нисфи рӯз то бегоҳ
Гашт бо аспи хеш овора, —
Шуст, ҷорӯб кард,
нағз хӯронд
Бедаву коҳу ҷав — ду-себора.
Ҳасан аз нисфи рӯз то бегоҳ
Кард аз меҳр аспро зилу бом,
Корҳои зарурии худро
То дами гашти рӯз дод анҷом.
Се нафар дар ароба биншаста
Сафари дурро нишон кардем,
Аспи овозадорро акнун
Дар раҳи дур имтиҳон кардем.
Буд ҳамроҳ дар сафар бо мо
Доктори меҳрубон Иван Кузмич,
Якта портфел, кампали мӯин
Дошт дар дасти хеш, дигар ҳеҷ.
Нарм кардем мо таги онро
Бо хасу бо пахол, бо кампал,
Ҷой додем дар аробаи худ
Ба куҳансол доктор аввал.
Мегузашт аз миёни кӯчаи танг
Зада зангӯларо аробаи мо,
Дар сари бомҳои Душанбе
Шуд тамошои одамон барпо.
Аз лаби бомгӯшае мекард
Ба Ҳасан духтаре ҳамеша нигоҳ.
Ба ҷавони аробакаш медод
Гӯиё аз нигоҳ тӯшаи роҳ.
Лаб-лаби бом омад он тозон
Гул ба тори сари Ҳасан афшонд,
Пайкари мисли кӯҳ сангинро
Гули нозук бубин
чӣ сон ларзонд.
Як нигаҳ кард сӯи бом Ҳасан,
Гуфт: – Ин ҳосили шаби тӯй аст,
Ин ҳамон шӯхчашми ширинкор,
Ин ҳамон дӯстрӯю дилҷӯй аст.
Ҳама шабҳои фасли тобистон
Ба сафаркардагон фараҳноканд,
Аспҳо, одамон дар ин сон шаб
Нафасозоду чусту чолоканд.
Ба сари кас насими форами шаб
Гули саҳрову кӯҳро резад,
Аз набототи дашту домани кӯҳ
Нолаи чирчирак ба по хезад.
Дар чунин шаб дарахтҳо гиранд
Нафаси тоза аз ҳаво ором.
Пой мемонд мунтазам дар роҳ
Асп бо ғиҷҷаси ароба мудом.
Мегузаштем аз даруни дара,
Аз миёни васеъ найзоре,
Аз сари оби рӯдҳои шӯх
Аз ҷару санглохи бисёре.
Кӯҳ аз пушти кӯҳ меомад,
Рӯд аз пушти рӯд пай дар ҳам,
Теппа аз пушти теппа саф дар саф,
Роҳ аз пушти роҳ хам дар хам.
Рӯди Варзоб дур шуд аз мо,
Ғоиб аз чашмҳо Харангон шуд,
Қалъаи зулм дар Ҳисори қадим
Бо сафедии маҳ намоён шуд.
Ёд дорем, ки ба наздикӣ
Пеш карданд ҳокими онро,
Халқ афрохт бар сари қалъа
Байрақи сурхи шӯълаафшонро.
Ёд дорам, ки ман ба наздикӣ
Дар ҳамин раҳ фитода мерафтам,
Аз Қаротоғ то ба Душанбе
Побараҳна, пиёда мерафтам.
Пинакӣ рафта буд Иван Кузмич
Хӯрд чархи чапи ароба ба санг,
Кард як қад парида мӯйсафед,
Бо насиҳат аробакашро ҷанг.
— Ин Ҳисор аст, — гуфт Иван Кузмич
Манбаи ботлоқ, ҷои таб аст,
Солҳо боз мардум аз ин дард
Муттасил дар азобу ҷон ба лаб аст.
Ғайри таб дардҳои дигар ҳам
Бешуморанд дар миёни халқ,
Бояд акнун раҳо кунем аз дард
Тезтар чора ҷуста ҷони халқ.
Рафта дар Москва ҳикоя кунам
Ҳамаи дардрову дармонро,
То ки таъмин кунанд аз доктор,
Аз шифохона Тоҷикистонро.
Гарчи кам мондааст умри ман
Умри табларза камтар аст аз он.
Ману таб ҳарду дар муборизаем,
Ҳарду дар ҷабҳаем, дар майдон.
Ҳасан аз нос карда пур кафро
Ба даҳон рехт, аспро “чу!” гуфт,
Чашм ноканда аз раҳи вазнин
Аспро ронду хеш ҳеҷ нахуфт.
Гоҳ мекард аспро таъриф,
Гоҳ мегуфт қиссаҳои латиф,
Гоҳ шӯрида месуруд баланд,
Гоҳ оҳиста бо садои хафиф.
Гуфт, ки: “— Ин саманди зотии ман
Ҷонвари меҳрубон, вафодор аст,
Ба сарат гар мусибате ояд,
Беҳтарин мӯнису мададгор аст.
Аспи зебои ман, саманди ман
Дар ҷаҳон яккаву ягона бувад,
Аз ҳамон Рахши паҳлавон Рустам
Охирин нусхаву нишона бувад.
Хизмати бойро, ки мекардам,
Аспам он вақт хурд тойча буд,
Парваридам ба дасти худ онро
То замоне, ки аспи тозӣ шуд.
Ҳар як аз номдор човандоз
Ҳаваси ин самандро мекард,
То дарорад ба дасти худ онро
Чораҳо ҷуста ҳилаҳо мекард.
Бой мехост, ки ба босмачӣ
Аспро пешкаш кунад рӯзе,
Дар дилам аз шунидани ин гап
Даргирифт оташи ҷигарсӯзе.
Рафтам оҳиста шаб ба пеши асп
Бо таваккал ба он савор шудам,
Зада қамчин, лаҷом сар дода
То саҳар вориди Ҳисор шудам.
Музди якчандсола хизмати ман
Аз ҳамон судхур ҳамин асп аст.
Чор сол аст, ки аробакашӣ
Ба худи ман, ба аспи ман касб аст”.
Пешпо хӯрд асп, “Чу, ҷонвар!”
Гуфту бубрид нақли хеш Ҳасан.
Шафақи лоларанги вақти саҳар
Мебаромад ба рӯи дашту даман.
Ба сари қуллаҳои кӯҳи Ҳисор
Оташи нури офтоб дамид,
Аз дару бомҳои деҳқонон
Дуди борик дар ҳаво печид.
Менишастанд мурғҳо ба замин
Аз дарахтон ба фикри донаву об,
Мекушоданд баччаҳои шӯх
Чашми зебои соддаро аз хоб.
Динакак Давлати Советии мо
Аз замин ронд муфтхӯронро,
Бо хату мӯҳри одилонаи худ
Кард хушбахт ҷумла деҳқонро.
Ба раҳогашта батракони диёр
Аввалин бор фасли деҳқонист,
Арақи соф дар замини худ
Мавсими рехтан зи пешонист.
Парча-парча замини сабз ба чашм
Буд мисли палоси серямоқ,
Дар китоби саодати халқӣ
Бувад аммо чу хатти заравроқ.
Дараи танг рӯ ба рӯ омад, —
Дараи хушҳавои ман — Қаратоғ,
Ин дара дошт солҳои сол
Дар дилаш кӯҳ-кӯҳ дарду доғ.
Ин дара дорад аз замони қадим
Дар бағал меваҳои хушбӯе,
Ноку ангуру пиставу гелос,
Ҷангали арчаҳои худрӯе.
Чашмаҳои зулоли пурҷӯшаш
Мисли оинаи булӯр буванд,
Дар тамошогаҳи табиати он
Кабкҳо масту пурсурур буванд.
Дар ҳамин ҷо бувад таваллуди ман, —
Дар лаби рӯди осмониранг,
Дар таги бомгӯшаи бедар,
Дар паси остонаи аз санг.
Дар ҳамин тангно шинохтаам
Аввалии бор ман бародари рус.
Аввалии бор дидаам бо чашм
Лашкари сурху солдати дилсӯз.
Аввалин бор ҳарфи русиро
Ман навиштам ба рӯи хатбаракам,
Сухани “адл”-ро ба гӯши худ
Аввалин бор доштам маҳкам.
Дар лаби ҷӯй чойхонае буд
Аз барои мусофирони роҳ,
Дар ҳамин ҷо аробаи худро
Ҳасани аспбоз дошт нигоҳ.
Дар лаби оби ҷӯи роҳатбахш
Дам гирифтем, хоб ҳам кардем,
То ба салқинии шаб осуда
Аспро пеш ронда раҳ гардем.
Ногаҳон чанг хест аз мағриб,
Гирдбоде ба осмон печид,
Аз қафо дуди ғафс сар дода
Гашт як хонаи раванда падид.
Мӯъҷизи тезгарди ҳайратбахш
Чун шамол омаду қарор гирифт,
Баҳри хӯрдан на каҳ, на ҷав, балки
Бензину оби ҷӯйбор гирифт.
Аҳли қишлоқ аз калон то хурд
Ба тамошои он шитобиданд,
Лаби ҳайрат газида дар гирдаш
Мисли парвона гирд гардиданд.
Аввалин боркаш-машинаи нав,
Аввалин нақлиёти резинпо
Омад аз Москва зи роҳи дур
Ҳамчу мушкилкушои халқи мо.
Ҳасани ақлмотгардида
Ҳеҷ наншаст аз ҳасад ба замин,
Рафтуо кард мисли мокуе
Байни аспу аробаву мошин.
Монда айнак ба чашми худ Кузмич
Гуфт, ки: — Ибтидои кор аст ин,
Баъд аз ин техника зиёд ояд
Ба тарафҳои кӯҳсорзамин,
Кӯр шуд чашми рӯзу шом омад
Соя афканд шаб ба гирду пеш.
Вақт омад, ки ман видоъ кунам
Бо ҳама дӯстону деҳаи хеш.
Бо ҳама баччагони ин қишлоқ,
Ки ба синну ба сол ҷуфти мананд,
Ҳама дар сохтмони оянда
Чашми уммеди меҳрубон Ватананд.
Чанд соли дигар видоъ кунам
Бо дару боми хонаи падарӣ,
Доим аммо ба ёди худ орам
Қарзҳои муқаддаси писарӣ.
Рӯди қишлоқро видоъ кунам,
Ки маро ӯ шиноварӣ омӯхт,
Бадани ман дар оби шӯхи он
Сахт гардиду устухонам пухт.
Чун маҳи шомхӯрда тобон шуд,
Дараву даштро мунаввар сохт,
Шӯълаи моҳ сояи шабро
Ба камарҳои кӯҳсор андохт.
Чархҳои ароба мегаштанд
Дар раҳи серсанги пасту баланд.
Аспи дамҳоткардаи ҷавмаст
Мушкилиро наменамуд писанд.
Менамуданд рудҳои соф
Дар шаби моҳтоб мисли шир,
Дили кас хоҳад ин ки онҳоро
Бо қалам нағзтар кунад тасвир.
Охир онҳо ба дашту водиҳо
Самари пурбаҳо нисор кунанд,
Дӯстдорандагони меҳнатро
Сол то сол бахтёр кунанд.
Ҳасан имшаб хамӯшу сархам буд,
Ба қафо, сӯи мо наменигарист,
Кас надонист, ки пас аз Қаратоғ
Боиси ин хамӯшии ӯ чист.
Аз машина магар димоғаш сӯхт? —
Ё шаби тӯйро ба ёд овард? —
Ёди рӯи сиёҳчашмакро
Бо худ аз даргаҳи мурод овард?
Балки бӯи гули фикандаи он
Аз димоғаш нарафтааст ҳанӯз,
Балки шоми фироқро хоҳад
Нарасонад халал Ҳасан то рӯз.
То дарояд аробакаш ба сухан
Мо суруде зи ишқ сар кардем,
Ба дили мард бо суруди худ
Шӯр андохта асар кардем.
Гуфт: — Додар, агарчи танҳоӣ
Ба ҷавонмард кори осон нест,
Дар ҷаҳон лаззати муҷаррадӣ ҳам
Камтар аз айши хонадорон нест.
Гарчи дар осмон кабӯтари ҷуфт
Менамояд баландтар парвоз,
Вақти парвоз бози танҳогард
Кай шавад бо кабӯтарон дамсоз.
Одамӣ шири хомхӯрда бувад,
Ногаҳонӣ ба дом меафтад,
Дода аз даст ақлу ҳуш ба гапи
Ёри ширинкалом меафтад.
Аз ягон гӯшаи гузаргоҳе
Шӯхчашме туро шикор кунад,
Дили кас берун аз иродаи кас
Сӯи ҷонона ихтиёр кунад.
Ҳар чӣ бошад, замона нотинҷ аст,
Нест вақти ин орзую ҳавас.
Ҳоли ҳозир барои ман, додар,
Асп бошад, ароба бошад, бас.
Мебароям даме ки ман ба сафар
Ҷони худро ба рӯи каф гирам.
Вой бар ҷони бекасу кӯям,
Ки агар дар ҷавониам мирам.
Рӯзе чою шакар ман аз Тирмиз
Бор бинмуда раҳсипор шудам,
Дар сари роҳи Деҳнаву Регар
Ман ба ғоратгарон дучор шудам.
Гӯшро ҷуфт карда аспи ман
Монд аз раҳравию шеҳа кашид,
Ба гумонам расид, ки шояд
Аспи зирак савораеро дид.
Дар ҳақиқат пас аз каме фурсат
Барқвор омаданд босмачиён,
Ба сару рӯву гардану пуштам
Бетараҳҳум заданд теғкашон.
Ғарқ дар хун ба хок афтодам,
Баъд аз он бехабар шудам аз худ,
Чӣ гузашт аз сарам, надонистам
Чун ба ҳуш омадам, касе нанамуд.
Буд танҳо аробаи холӣ,
Дастҳои ба пушт бастаи ман,
Рафта буданд аспу чою қанд
Муфт дар коми душмани раҳзан.
Аз қафо омаданд вақти субҳ,
Дӯстон дар аробаҳои дигар,
Ба Душанбе маро расониданд
Мисли мурғи шикастаболупар.
Чун ба ин ҷо расид риштаи гап,
Қасдан онро бурида пурсидам:
Пас чаро боз якка мегардед
Баъд аз ин ҳодиса, нафаҳмидам?
Гуфт, ки: — Баччаи гаранг будӣ,
Ман чаро гардам аз паси дигарон?
Аспи ман, аспи бодпои ман
Нест аз зоти аспҳои касон.
Дорад он дӯст яккаву танҳо
Бол афшонда по ниҳоданро,
Аз сари кӯҳу синаҳои дашт
Паҳлавонвор раҳ кушоданро.
Аспи бегона гар дучор ояд
Мезанад ӯ ба осмонҳо хез,
Мана, аз ин сабаб аробакашон
Мекунанд аз саманди ман парҳез.
Баъд аз оне, ки аспро бурданд
Дуздҳои палиди ғоратгар
То ки онро кунанд ром ба худ,
Равшан ин ки шуданд хуни ҷигар.
Қашқаи ман пас аз ду-се рӯзе
Ба сарои аробаҳо омад,
Ғарқ гардида зери обу арақ,
Чорхезу гурезпо омад.
Қашқа дар лаҳзаҳои сахтӣ ҳам
Наравад дур як қадам аз ман,
Гар ба болои зин савор шавам,
Ҳеҷ парво надорам аз мурдан.
Дар ҳамин нуқта шуд ҳикоя тамом,
Аз қафо ғул-ғули мотор омад.
Боз он хонаи равандаи мо
Бо ду чашмони шӯълабор омад.
Аз Душанбе ба дӯши худ овард
Бори бисёру одамони зиёд,
Ба гумонам, ки метавонад он
Кӯҳро ҳам барад ба пушт озод.
Кард пинҳон сутуни ғафси чанг
Худи моро, аробаи моро.
Ҳасан аз шиддати алам мезад
Аспи бечораро, накарда ибо.
Нангаш омад, ки аспи номии ӯ
Хешро аз машина оҷиз сохт,
Аспро сигнали баланди машин
Сахт тарсонду дар қафо андохт.
Баъди чандин дақиқа дар сари роҳ
Ким-куҷои машина вайрон шуд.
Ҳасани ноумедгардида
Зинда шуд, завқ кард, хандон шуд.
Ронда чархи аробаро пуршаст
Аз машина гузашт аспи Ҳасан,
Фикр мекард, ки ҷаҳон хонад
Ба чунин ғайрати Ҳасан аҳсан.
Ба паси худ нигоҳ нокарда
Ронд махлуқи безабонро ӯ,
Кард омехта дилу ҷигари
Дар ароба нишастагонро ӯ.
Пора шуд айнаки Иван Кузмич
Кайфи доктор парид, шуд маъюс,
— Зистан мушкил аст бе айнак,
Айнаки хуб буд, эй афсӯс.
Шуданӣ шуд, шикаст айнаки ман…
Гар чунин ин ароба мегардад,
Чун Ҳасан гар аробакаш бошад,
Хавф дарам, ки устухон шиканад.
Ҳеҷ гапро намешунид Ҳасан,
Фақат аспу аробаро меронд,
Ҳамаи узвҳои моро чун
Навдаи чормағз меафшонд.
Шодии ӯ накард дер давом,
Боз омад машинаву бигзашт,
Боз мондем бо аробаи худ
Дар миёни ғуборҳои дашт.
Ҳафт шаб бо аробакаш ҳамроҳ
Сахтии роҳро ба сар бурдем,
Хешро то ба истгоҳи вагон
Некбахтона бехатар бурдем.
Дафъаи аввалин расид ба гӯш
Ҳуштаку фишшаси буғи паровоз,
Охирин бор сӯи мо бинмуд
Хайрхушикунон Ҳасан оғоз:
— Мана, ин шаҳр шаҳри Тирмиз аст,
Нуқтаи охирини роҳи мост,
Охирин манзили аробакашон,
Охирин ҳадди сайргоҳи мост.
Хонда аз Тошканд баргаштед,
Банда дар хизмати шумо бошад,
Мана дидед худ ки то Тирмиз
Роҳ дар ихтиёри мо бошад.
Доктори мо чу тифл шодӣ кард
Гуфт, ки: — Хайрият халос шудем
Аз азоби раҳ, аз аробаи ту,
Варна наздик буд мурда будем.
То худи Москва пас аз ин шаҳр
Ҳукми поезд ба роҳ гардон аст,
Баъди ин шаҳр мамлакатгардӣ
Бо раҳи тахти оҳан осон аст.
II
Моҳҳо, солҳо шуданд охир
Дар раҳи ҷустуҷӯи илму фан,
Вақт омад, ки мо камар бандем
Дар адои вазифаҳои Ватан.
Бо дили пур аз орзуву умед
Сӯи республика сафар кардем.
Ба ҳама рӯзҳои минбаъда
Хубтар, дуртар назар кардем.
Мегузаштем зуд бо поезд
Ҳам Самарқанду ҳам Бухороро,
Аз ақиби тиреза медидем
Қадди Ому — васеъ дарёро.
Регҳои равони бодпараст
Мепариданд дар сари Омӯ,
Дам ба дам кӯч-кӯч мекарданд
Бетафовут ба ҳарду соҳили ӯ.
Умри ин регҳои резанда,
Нағз бовар намо, ки кӯтоҳ аст,
Халқи мо, Давлати Советии мо
Аз зарарҳои рег огоҳ аст.
Балки ин регзор бехабар аст,
Ки дигар шуд ҳавои соҳили мо,
Рӯдҳо роҳи худ иваз карданд
Ба суроғи замину ҳосили мо.
Рафт аз ёди мо манораи марг,
Чоҳи зиндону кундаву занҷир,
Револютсия бо шамоли худ
Рӯфт монанди рег тахти амир.
Менамудам нигоҳ роҳравон
Бо муҳаббат ба кишвари ӯзбек,
Дӯстиро тарона мекардам
Аз забони қаламкаши тоҷик.
Тай намудем ӯзбекистонро, —
Хоки ҳамсояи киромиро,
Тай намудем гирди силсилаи
Кӯҳсори дарози номиро.
Боз дар рӯ ба рӯи мо Тирмиз,
Истгоҳи аробаҳо омад;
Боз ҳам ошнои дерина
Ҳасан аз нав ба ёди мо омад.
Лек дар шаҳри кӯҳнаи Тирмиз
На Ҳасан буду на таронаи ӯ,
На садои аробакашҳо буд,
На самандею на нишонаи ӯ.
Халқ бурдаст роҳи оҳанро
То ба шаҳри Душанбе — Навобод,
Кишварамро ҳамеша пайвастаст
Ба Россия — замини бахту наҷот.
Бо замине, ки дар дили гармаш
Халқҳо ҷо гирифта чун фарзанд,
Бо замине, ки аз навозиши худ
Сари тоҷикро намуд баланд.
Бо замине, ки то ҷаҳон боқист,
Ба ҳама шаъну эътибор диҳад,
Ба ҳама халқҳои гуногун
Фатҳу иқболи бешумор диҳад.
Ҷониби пойтахти тоҷикон
Бо ҳамин роҳ ман сафар кардам,
Дар вагон аз диёри нав-обод
Чун насими саҳар гузар кардам.
Шуд кушода ба пешвози мо
Бағали водии васеи Ҳисор,
Баҳри кас во шуд аз назорати он
Дида бигрифт лаззати бисёр.
Ҷои найзорҳои пешина
Киштҳои васеъ дар авҷанд,
Пахтаву ғаллаҳои навраста
Мисли дарё кабуду пурмавҷанд.
Реза-реза аз осмон борон
Ба сари сабзаҳои тар мерехт,
Менамудам гумон, ки фасли баҳор
Ба замин донаи гуҳар мерехт.
Гӯсфандони думбаовезон
Мечариданд дар чарогоҳон,
Аз қафои рама қадам мезад
Наи худро навохта чӯпон.
Бо трактор ҷавони гандумгун
Дар паси киштҳо замин меронд.
Сатрҳои кадом шоирро
Созу носоз аз дигар мехонд.
Болу пар боз карда буд уқоб
Ба сари ин замини хоксиёҳ
Менамуд он ба рангҳои замин
Вақти парвоз бо виқор нигоҳ.
Ҳафтрӯза раҳи аробакашӣ
Роҳи шашсоатии поезд шуд,
Дар хаёлам дигар намеомад
Ки дар ин раҳ ароба буд, набуд.
Мегузаштем мисли бод сабук
Дар вагон аз деҳот, аз боғот,
Гашт дар пешгоҳи водии сабз
Ҷилвагар шаҳри хурраму обод!…
* * *
Шаҳр, — шаҳри азиз, шаҳри нав аст,
“Чашм аз диданаш нагардад сер”:
Қалам онро накардааст ҳанӯз
Дар роман, дар сурудҳо тасвир.
Ҳамчу фарзанд баъди чандин сол
Ман ба ин шаҳри сабз омадаам,
Рӯзи якум аз остонаи он
Умр бахшидаву даромадаам…
Гирадам пойтахти кишвари ман
Ба канори пур аз ҳарорати худ,
Дур ҳаргиз маро наандозад
Аз нигоҳи худ, аз назорати худ.
Хизматеро ба ман супорад он,
Қаламу қоғазу китоб диҳад,
Истиқоматкунандаи худро
Хонаи пур аз офтоб диҳад.
Бо ҳамин орзу чу соҳиби шаҳр
Ба биноҳои нав назар кардам,
Аз ҳама гӯшаву канораи он
Сарбаландона ман гузар кардам.
Кӯчаҳо аз машина пур шудаанд,
Маркаҳои завод гуногун.
Вақти раҳ гаштанат ту бояд ки
Наниҳӣ по зи қоида берун.
Маркази илму фан шудаст ин шаҳр,
Маркази корхонаҳои зиёд,
Маркази корҳои ҷорию
Хонаи халқи соҳибистеъдод.
Нав ба нав серошёна бино
Сӯи майдон тиреза во кардаст,
Хурраму сабз боғи дамгирӣ
Мардум аз баҳри худ бино кардаст.
Мешунидам, ки аз театри нав
Ояд овози духтари тоҷик,
Бо гудоки баланди худ фабрик
Шарафи халқро кунад табрик.
Чашм ҳар ҷо, ки мухтасар, афтод,
Зиндагонии дигареро дид,
Дар қадамҳои мардуми ин шаҳр
Зиндагардида кишвареро дид.
Воқеан, он чанорҳо чӣ шуданд
Солхӯрда чанорҳои баланд?
Чӣ шуд он корвонсарои Ҳасан,
Аспҳову аробаҳо чӣ шуданд?
Шохҳои чанорҳои баланд
Бо дарахтони сабз ҳамранганд,
Аз ғубори хазон халос шуда,
Дур аз рӯзгори пурнанганд.
Метавонанд, ки фақат бошанд
Шоҳиди рӯзҳои тираву тор,
Метавонанд, ки ҳикоя кунанд
Саргузашти ману туро бисёр.
Монда як аспу як ароба ҳанӯз
Дар таги ин чанорҳо боқӣ,
Менамояд ба чашми мардуми шаҳр
Чун нишон аз ҳаёти қашшоқӣ.
Буд боизтироб аз кӯча
Дар гузар ин замон Иван Кузмич,
Мегузашт аз таги чанори пир
Доктори меҳрубон Иван Кузмич.
Ҳасан онро чу дид, шуд хурсанд,
Аз қафояш давиду кард садо,
Мезад он вақти тохтан бо кифт,
Эътиное накарда мардумро.
— Ман шуморо шинохтам, доктор,
Роҳи Тирмизро ба ёд оред.
Ман надорам дареғ хизмати худ
Аз шумо, дӯст, майл агар доред.
— Сарфарозам ба илтифотат, лек…
Бо ароба пас аз сафар кардан
Дар дилам борҳо қасам хӯрда
Гӯши худро кашида будам ман.
Додарам, давраи ароба гузашт,
Қадами сангпушт лозим нест.
Ҷуз машина, азизи ман, худ гӯй,
Кор-осонкунанда дигар чист?
Ба Ҳасан ин ҷавоб сангин буд,
Шуд ба болои сӯхта намакоб!
Ба қафо гашт сархаму музтар,
Ғами онро набуд ҳадду ҳисоб.
Рафт дар кунҷи чойхона нишаст,
Ба замин хат кашид бо чӯбе,
Ҳамдаме ку, ки дарди дил гӯяд,
Ку ягон маслиҳатгари хубе?
Ҳасан аз аспу аз ароба магар
Метавонад, ки дасту дил шӯяд,
Метавонад, ки аз аробакашӣ
Дил канад, касби дигаре ҷӯяд?
Балки ин фикрҳо ҳанӯз ба ӯ
Менамоянд аз ҳақиқат дур,
Балки дорад вай аз аробакашӣ
Дар сари худ ҳанӯз кибру ғурур.
Хешро борҳо тасаллӣ дод,
Ки: басе халқро ба кор оям,
Ба маҳалҳои дуртар рафта
Бор бардораму савор оям.
Ба ароба ҳанӯз мӯҳтоҷанд
Мардумони вилояти Кӯлоб,
Мисли ман, аспи ман, аробаи ман
Дар чунин ҷойҳо бувад камёб.
Монеи роҳи ман шудаст аммо
Духтари шӯхчашми беинсоф
Ваъдаи тӯй медиҳад ба забон,
Дар амал мекунад ба ваъда хилоф.
Кардаам гум сари калобаи худ…
Кошкӣ чанд сол пеш аз ин
Ман намекардам иштирок ба тӯй,
То намедидам он ситораҷабин.
Балки ӯ дӯстам намедорад,
Ба ман аммо намекунад маълум,
Балки ин сайру гаштҳои маро
Дар дили хеш мекунад маҳкум.
Аз Садаф шиква кард гарчи Ҳасан,
Бехабар буд аз гуноҳи худ.
Ба Садаф охир ӯ ягон боре
Мисли ошиқ забони хуш накушуд.
ӯ нагуфтаст то кунун ба Садаф
Ошкоро, ки “дӯстдори туам,
Гарчи дил кард саркашӣ, лекин
Сайди деринаи шикори туам”.
Ҳасан аз чойхона берун шуд,
Бо умеде ба сӯи ёр омад.
Баста зангӯлаҳо ба гардани асп
Ба суроғи Садаф савор омад.
Омаду истод дар паси дар,
Бо ду по рост шуд ба рӯи зин.
Чашм андохт аз сари девор
ӯ ба ҳавлии дилбари ширин.
Буд сархам Садаф ба рӯи китоб
Бехабар аз нигоҳҳои Ҳасан.
Дар таги ток дарси худ мехонд,
Ғофил аз ҳуштаку имои Ҳасан.
Дасти ларзони ошиқи шайдо
Ҳалқа бе интизом бар дар зад,
Дили маҳбубаи паридахаёл
Ба тапиш чун дили кабӯтар зад.
Дари пӯшида зуд во гардид,
Ошиқон рӯ ба рӯ ба ҳам буданд,
Чашми бар чашми ҳамдигар нигарон
Толиби шафқату карам буданд.
— Марҳамат! Аз кадом сӯ пурсем?
Ту ба монанди боди саҳроӣ,
На макон дорию на ҷои қарор
Дер боз аст, ки намеоӣ?
Сангдил будаӣ ту, донистам
На худат мекунӣ суроғ аз ман,
Хабареро намефиристонӣ
Магар ин аст лофи ишқ задан?
Садаф аз шодияш намедонист
Ки чӣ гӯяд дигар, чӣ кор кунад,
Боз пайдо кунад чӣ сон гапҳо
Ки ҳама арзро ба ёр кунад.
Медамиданд дар ду рӯи Садаф
Дам ба дам рангҳои гуногун,
Орзую умедҳои дилаш
Мешукуфтанду мешуданд афзун.
Садафи чашмдӯхта ба Ҳасан
Буд муҳтоҷи ҳарфи ширине,
Як нигоҳе, табассуми гарме,
Ба дили беқарор таскине.
Зада қамчин ба соқи мӯза Ҳасан
Гапи худро дағал-дағал сар кард,
Духтари чун баҳор хандонро
Дар хиҷолат гузошт, музтар кард.
— Ба сари ман худи ту — маймунбоз,
Бор карда азоби дунёро,
Ба дили ман худи ту ҷо кардӣ
Мисли “маҳбуба”, “ишқ” гапҳоро.
Ақлу ҳуши маро ту дуздидӣ,
Дар сари роҳи ман дучор шуда,
Бой додам ба роҳи ту ман ҳам
Ҳамаро марди бадқимор шуда.
Карда будӣ ту масхарабозӣ
Ин қадар вақт боз бо мани гӯл,
Дар дами гӯши ман нахон дигар
Достони фироқ чун булбул.
Гар дилат бо ман аст, бо ман бош,
Ваъдаи дур ё қариб мадеҳ.
Карда аз рӯи дил карашмаву ноз
Бо гапи хуш маро фиреб мадеҳ!
Рафтаниам ба ҷойҳои дур,
Ман дар ин ҷо дигар намемонам.
Ҳасанам ман, Ҳасанаробакашам,
Ҳеҷ аз ин касб рӯ нагардонам.
Омадам, ки ту ҳам равӣ бо ман
Хона бошад, ароба хонаи мост,
Ба куҷое, ки мисли мурғ парем,
Кӯҳ ё дашт ошёнаи мост.
Рехт аз тор-тори мӯи Садаф
Дона-дона арақ ба ду рухсор,
Гуфт: эй марди бехабар аз худ,
Ба гапам гӯш дор, шав ҳушёр!
— Чанд сол ин тараф ба ёди ту
Хонапо духтари калон будам.
Сӯзанидӯз, бахязан дар рӯз,
Шом дар гирди ошдон будам.
Тоқию рӯймоли шоҳии ту
Шоҳиди захмҳои дасти мананд,
Сӯзаниҳои тӯйҳои калон
Ҳосили дасти гулпарасти мананд.
Хонашинӣ дили маро хун кард,
Зард шуд ранги рӯи ман торафт,
Гашт кӯтаҳ, гиреҳ-гиреҳ печид
Нафасам дар гулӯи ман торафт.
Баъд аз он чун дугонаҳои худ
Дар дилам ҷой меҳри хондан шуд.
Фурсати илмёдгирию
Зеҳнро бар китоб мондан шуд.
Мактабам, хонданам тамом ки шуд,
Сониян ихтиёри шӯй кунам,
Ҳозир аммо саодати худро
Дар раҳи илм ҷустуҷӯй кунам.
Метавонӣ, ки дар ба дар гардӣ
Боз чун лӯлиёни ҳарҷоӣ,
Метавонӣ, ки боз, эй, дайду,
Сафаратро давом бинмоӣ!
Садқаи гап шавад каси якрав!
Ба ту ҳаргиз намекунам зорӣ!
Ба ман ин дард гарчи вазнин аст
Мекунам ноилоҷ худдорӣ.
Ба дили ошиқ охирин суханон
Захм чун тир монда бигзаштанд!
Ҳарду бар чашми ҳамдигар дере
Нигаристанду баъд пас гаштанд.
Аз қафои Ҳасан Садаф аммо
Чун шароре ҷаҳида берун шуд,
Хост, ки боз гӯядаш чизе,
Нафасаш лек дар гулӯ ғун шуд.
Боз гаштан ба асп мушкил буд,
Чунки бардошт бори вазнинро, —
Ҳасани мисли санг шахшудаю
Марди сар то ба пой ғамгинро.
Саҳари шаҳри нозанини мо,
Хеле хуб аст, хеле дилҷӯй аст
Худи онро, табиати онро,
Ба гумонат, ки муждаи тӯй аст.
Рӯйро шустаанд бо шабнам
Баргҳои чанор, акатсияҳо,
Дар фазои кабуди дарёӣ
Ҳама паррандаҳо кунанд шино.
Гирди фаввораҳо ба зебоӣ
Базмгоҳи тамоми гулҳоянд,
Рӯдҳои зулоли кӯҳистон
Камари шаҳри боғсимоянд.
Шаҳр хомӯш, кӯчаҳо хомӯш,
Фақат ояд гудок аз фабрик,
Аз завод, корхонаҳои қатор
Чун нидои саноати тоҷик.
Балки имшаб ба хоби ширин рафт
Олиме баъди кори пурсамара,
Балки шоир гузошт чанде пеш
Нуқта дар интиҳои шеъри сара.
Фақат аз кӯчаи васеъ Ҳасан
Дар ароба савор мегузарад,
Баста зангӯлаҳо ба гардани асп
Аз сари кӯи ёр мегузарад.
Сӯи Кӯлоб роҳ паймуда
Мебарад ёди ёри ҷононро,
Кай дигар мешавад, ки ӯ бинад
Чашми шӯху лабони хандонро.
Ҳасан аз шаҳр чандсола бирафт,
Ба қарибӣ дигар намеояд.
Раҳм агар дар дили Садаф афтад,
Шояд онро суроғ бинмояд.
III
Асп — зотӣ, ароба — қӯқандӣ,
Кордида аробакаш машҳур
Дар таги пои асп мехобид
Роҳи Кулоб — кӯҳсори дур.
Ҳеч кас аз Ҳасан намепурсид,
Ки чаро дар сафар шитоб кунӣ,
Дар куҷо хоб рафтаву хезӣ,
Аз чӣ бар ҷони худ азоб кунӣ.
ӯ намегуфт, ки раҳам сахт аст,
Дар куҷо сою дар куҷо рӯд аст,
Дар куҷо кӯҳу тал дучор ояд,
Дар куҷо роҳи тахт мавҷуд аст.
Дар сари худ Ҳасан ғуруре дошт,
Ки раҳи нобалад ба ӯ ҳеҷ аст,
Гарчи манзил ҳанӯз нопайдост
Гарчи кораш ҳанӯз сарпеч аст.
Соли аввал агарчи роҳи нав
Ба Ҳасан роҳи беазоб намуд,
Рафта-рафта вале раҳи Кӯлоб
Аспи ҷавмастро хароб намуд.
Дар раҳи сахти кӯҳсори дур
Чорпаҳлу йигит шалпар шуд,
Аз равуой аспи таърифӣ
Наълафсурда, ланг, лоғар шуд.
Гоҳ дар нисфи кӯҳ дармемонд
Бо самандаш,
гаҳе дар обу гил,
Гоҳ мехуфт дар сари роҳе
Нарасида ба ҳеҷ як манзил.
Рӯз то рӯз бо риёзати роҳ
Ҳасани сарбаланд сархам шуд,
Лофи бемавриди аробакашӣ
Дар забони Ҳасан дигар кам шуд.
Дар раҳи худ аробакаш медид
Кӯҳсори баландқоматро,
Рудҳои ба кӯҳ ларзафикан
Пиряхҳои бошаҳоматро.
Мешунид аз сари баландиҳо
Савти мурғони дилкушо дараро,
Аз камарҳои марғзори кӯҳ
Задани обҳои шаршараро.
Дар фазо абрпораҳои сафед
Сояандози кӯҳҳо буданд,
Осмону замини кӯҳистон
Чун баҳорони пурсафо буданд.
Дами мурғакравии майсаи кӯҳ
Мавҷи дарё ба ёд меомад,
Дам ба дам аз гузаштани оҳу
Хабари бомдод меомад.
Ин ҳамон кӯҳсори дерин аст,
Ки дар он марг ҳукмфармо буд,
Пайраҳа овринги танги он
Душмани ҷони мардуми мо буд.
Дар бағалҳои кӯҳ халқи мо
Зиндагӣ кард мисли зиндонӣ,
Ба ҷаҳон дӯхт дидаҳояшро
Бо дили пурумед пинҳонӣ.
Гоҳ монанди оташе афрӯхт,
Ба хурӯҷ омаду қиём намуд,
Тан ба мурдан надода чандин аср
Ҳастии хешро давом намуд.
Осмону замини кӯҳистон
Ҳама акнун дар ихтиёри ваянд,
Самолёту машинаҳо шабу рӯз
Мушкилосонкунанда ёри ваянд.
Гоҳ аз осмони нилуфар
Мисли паррандаҳо фуруд ояд,
Гоҳ аз пойтахти кишвари худ
Дар машина савор зуд ояд.
Ҳамраҳи ӯ ба кӯҳсори дур
Даста-даста газет, китоб омад,
Маданият ба кунҷҳои дара
Шӯълаафкан чу офтоб омад.
Дафъаи аввалин ба кӯҳистон
Ҳасан омад, — ароба пайдо шуд,
Бар ҷавонони шӯх “дучарха”
Боиси хандаю тамошо шуд.
Аз барои ароба тангӣ кард
Дараи кӯҳсори камводӣ,
Асп мегуфт, ки маро андоз
Ба раҳи дашт, то кунам шодӣ.
Тарки Кӯлоб кардаву гардонд
Ҷилави аспро Ҳасан ба Ҷануб,
Ёди дарёи Панҷро мекард —
Ёди саҳрои хурраму марғуб,
То кунад бо насими форами Панҷ,
Нафаси аспи хастаро озод,
Чархҳои ароба то гарданд
Бе халал дар раҳи замини кушод.
Лаб-лаби Панҷ то кашонад он
Мунтазам борҳои гуногун,
Шаъни худ, шӯҳрати саманди худ
То кунад барқарор рӯзафзун.
Сӯи Фархор, сӯи Вахш равад
Мисли ҳоҷатбарор марди нек,
Бештар бо аробааш гардад
Аз дилу ҷон ба кори халқ шарик.
Дар деҳоти фарохи ин водӣ
Кор аз мӯи сар зиёдтар аст.
Аспи он бо ароба дар ин ҷо
Лозим асту ҳанӯз коргар аст.
Халқ машғул дар каналкобист,
Дар ғами обшор кардани кишт,
Ҳамаи совхозу колхозҳо
Аз паи бештар намудани кишт.
Ҳар куҷо сохтмони мактаби нав,
Ҳар куҷо молхонаандозӣ,
Ҳар куҷо саф ба саф баланд шаванд
Хонаҳои нишасти колхозӣ.
Ба қафояш нигоҳ нокарда
Роҳҳоро аробакаш тай кард,
Ба ҷануб аз шимолу аз машриқ
Ранҷ бурда аробаро ҳай кард.
Кӯҳҳо дар қафои сар монданд,
Соҳили рӯди Панҷ пеш омад.
Сарҳади давлати Советиро
Дида сайёҳи мо ба хеш омад.
Дар “Сарои Камар” таваққуф кард
Кӯчае диду хурд бозоре,
Дид дар пешгоҳи ин бозор
Сафи дӯкончаҳои бисёре.
Мӯйлаб зард ордҷаллобе
Ба Ҳасан борҳо назора намуд,
Сонӣ онро вай аз таги каппон
Бо сарангушти худ ишора намуд.
Ҳасан омад ба пеш сархорон,
Гуфт ҷаллоб, ки: “зи хонаи ман
Каш ба бозор ордҳои маро.
Қимати як ман орд шуд даҳ ман!
Зудтар меравем, ки имрӯз
Орд камчину ордхар бисёр.
Ҳа нагуфта ба ҷеби ман ояд,
Дахлу харҷи тамоми ин бозор”.
Соли сӣ, сию як барои Ватан
Солҳои пур аз хатар буданд,
Душманон ошкору пинҳонӣ
Аз паи зарбаю зарар буданд.
Тӯдаи муфтхор — ҷаллобон,
Ғаллаю донаро ниҳон карданд,
Қаҳатиро намуда олати хеш,
Ҷанг бо давлати ҷавон карданд.
Ба чунин судхори ин бозор
Ҳасани ломакон қарорӣ шуд.
Ордро бор карда болояш
Худи ҷаллоб ҳам саворӣ шуд.
Дузди бозор дар ароба савор
Зери лаб мешумурд суду зиён,
Сӯзад имрӯз ин хиёнаткор
Боз якчанд хонаи деҳқон.
— Писарам, айб нест пурсидан,
Аз куҷо омадӣ, куҷост сафар?
— Аз Ҳисор омадам — ҷавоб гирифт
Ҳилагар, кунҷков савдогар.
— Ба гумонам, ки дар Ҳисор писар
Кори ту онқадар ривоҷ наёфт…
Дод аз дасти ин замонаи шум,
Бахт аз мою ту кунун рӯ тофт.
Дар ҳама ҷо ба гӯши кас як хел
Мерасад, — дӯстам, — садои хурӯс.
Фикри ояндаро намо минбаъд,
Ба гузашта махур ту ҳеҷ афсӯс!
Мешудӣ гар асо ба дасти ягон
Марди хуби савобҷӯй чу ман,
Ба худо, ки насибаат мегашт
Шоҳворона зиндагӣ кардан.
Мана дарё… дар он канори он,
Расму оини зиндагӣ дигар аст.
Бой-бою гадо-гадо монда,
Шоҳ чун сояи худо ба сар аст.
Хостам пурсамат дар омади гап,
Метавонӣ шино кунӣ ин рӯд?…
Аз ғазаб шуд сиёҳ рӯи Ҳасан,
Ларза бигрифт, печ зад бар худ.
Ғами дирӯзаро ба ёд овард,
Падару модари ситамкашро.
Ситаму ҷабри бои қишлоқу
Дуди оҳи дили пуроташро.
Давраи нав агар намеомад,
На ароба, на асп дошт Ҳасан,
Дар ғуломию бандагӣ мемурд,
Мурдаи камбағал надошт кафан.
Ҳасани мо аробаи худро
Аз алам саҳнаи мубориза сохт,
Бойро бо ду даст боло кард,
Бо ҳама қувва бар замин андохт.
Дар ароба ҷуволи орд намонд,
Ҳамаро ӯ ба хоки раҳ афканд.
Пуштро карда бар “Сарои Камар”
Ба раҳи дигаре нигоҳ афканд.
* * *
Бо ароба, — дучархаи кӯҳна
Мегузашт, аз миёни тафсончӯл,
Бо сари хам ба рӯи асп мудом
Буд бо фикри хештан машғул.
Роҳи қишлоқу шаҳрҳои Вахш
Сер шуд аз таронаҳои Ҳасан,
Менишастанд баччаҳо дар роҳ
Ба тамошои рафтуои Ҳасан.
Ҳар саҳар пеш аз садои хурӯс
Занги аспи ароба меомад.
Қад-қади кӯчабоғҳои деҳот
Ҳасани босалоба меомад.
Дар миёни машинаҳои зиёд
Рафтуои ароба буд аҷиб,
Менамуданд баччаҳои шӯх
Дар сари раҳ аробаро таъқиб.
Ба қафои ароба часпида
Раҳравон мешуданд овезон,
Медавиданд тӯда-тӯда шуда
Пеш-пеши ароба хандакунон.
Ҳасан аз кори баччагон баъзан
Пурғазаб гашта сахт меранҷид,
Худ ба худ гоҳ завқҳо карда
Мисли кӯдак баланд механдид.
Кайф мекард, ки дар атрофаш
Қад-қади роҳ боғу майдонанд,
Сари ангурҳо чу марворид
Дар таги баргҳо авезонанд.
Баргҳои дарахтҳои тут
Нахи абрешимин нисор кунанд,
Давлати колхозчӣ-деҳқонро
Яке бар даҳ дусад ҳазор кунанд.
Дар бригадаҳои колхозӣ,
Дар заминҳои беканорҳудуд
Пахтаи нахдарози ин водӣ
Кӯҳ-кӯҳу ғарам-ғарам пур буд.
Ҳасан ин сарвати фаровонро
Як-як аз пеши чашм мегузаронд,
Сӯи қишлоқҳои хушманзар
Чархҳои аробаро меронд.
Омад овоз аз қафои сараш:
— Ист як дам,
аробакаш, машитоб!
Пурсам аз ту гапи муҳиммеро,
Мондам аз пой аз барои савоб.
Дошт як сумкаи калон дар кифт
Мардаки хаткашони колхозӣ.
Хатрасонӣ барои почталион
Нест як кори шӯхию бозӣ.
Медавид аз пагоҳ, то бегоҳ
Бо хату бо газет ба ҳар дару кӯй,
Мекунад одамони гумшударо
Гашта-гашта суроғ, пурсуҷӯй.
— Ту магар нестӣ Ҳасан? — Ҳа ман
Марҳамат кун, ба ман чӣ гап дорӣ?
— Ба ту аз шаҳр нома омадааст,
Кардамат ҷустуҷӯи бисёре.
На макони муайяне дорӣ,
На қароре ту дар ягон манзил,
Ман ба як деҳ равам, ту бар дигар,
Сад мазаммат намудамат дар дил.
Дидам ин, ки аробаи шалақе
Хӯрда алвонҷ меравад лиқ-лиқ
Гуфтам: “албатта ин туӣ, чунки
Кист ҷуз ту аробаро ошиқ”.
Ҳасан аз хат, кинояи хаткаш
Сурх шуд, даргирифт мисли алав
Гуфт: — Бас кун!
Кӣ хат фиристодаст!
Дар даруни хат аст чӣ гапи нав?
— Нома аз духтаре, Садаф номе,
Гир онро ба ҳар ду чашмат мол
Шукр кун, шукр — ношукур банда!
Макун ин қадр дур фикру хаёл.
Раҳравон буд фикру зикри Ҳасан
Ҳам ба мазмуни нома, ҳам ба Садаф,
Сар намедод чун васиқаи умр
Номаи ёри хешро аз каф.
Ҳиҷҷа мекард ҳарфҳояшро
Матни онро вале намефаҳмид,
Бе тараҳҳум ба камсаводии худ
Таъна мекарду сахт меранҷид.
Ба кӣ хонондаву чӣ сон пурсад
Ки чӣ гуфтаст ёри ӯ дар хат,
Балки дар номааш ба ҷои салом
Ишқро мекунад Садаф лаънат.
Ба Садафмоҳ, узрхоҳона
Ҳар чӣ бошад, ҷавоб хоҳад дод,
Аз раҳи мардию вафодорӣ
Мекунад ёри қадрдонро ёд.
Аз паи ҳам ду “М-ка”-и хушранг
Рӯ ба рӯ омаданд дар ин вақт
Дар яке менишаст болида
Шармолуд — келини хушбахт.
Духтарони дигар ба паҳлуяш
Шодмон “ёр-ёр” мегуфтанд,
Ба арӯсон ҳамешагӣ бодо
Толеу бахт ёр-мегуфтанд.
Бе танаффус машина сигнал дод,
То барорад аробаро ба канор,
Пешпо хӯрд асп тӯрида
Сарнагун пас фитод дар ҷӯбор.
Сӯхт бисёр аз ин димоғи Ҳасан,
Аспро дод аз ғазаб дашном
Гуфт: — Коҳу ҷаве,
rи медиҳамат,
Ба ту гардад ҳазор бор ҳаром!…
Гуфт: — Ҳар як арӯси инвақта
Аз ароба кунун ҳазар дорад.
Ҳаваси бо машина рафтанро
Дар деҳу шаҳрҳо ба сар дорад.
Хулласи гап, ки обрӯи Ҳасан
Шуд мубаддал ба як пули пуччак.
То кай аспу аробаро созам
Мани гумроҳ дар ҷаҳон дастак.
Мегузаштанд дар ҳамин лаҳза
“Зис”-ҳо мисли кӯҳи силсиладор,
Мекашиданд пахтаро ба завод
Чида болои ҳам қанор-қанор.
Аз паси корвон Ҳасан дере,
Дар хаёли кадом коре шуд.
Ашк аз дидаҳои ҳайронаш
Дона-дона ба рӯш ҷорӣ шуд.
Бо Ҳасан дошт солҳои сол
Ошноӣ раиси як колхоз,
Аз раҳи дӯстӣ, шиносоӣ
Мешуд онро ҳамеша
маҳрами роз.
Рафт рӯзе Ҳасан ба пеши дӯст
То ба ӯ арзи ҳол бинмояд, —
“Паи ҳар кор маслиҳат бояд
Кори бемаслиҳат накӯ н-ояд”.
* * *
Рӯи саҳни идораи колхоз
Пур буд аз фавҷи одаму овоз.
Бо тақотуқ механик Искандар
Менамояд машинаҳоро соз.
Сару рӯ Васяи тракторчӣ
Нафтолуд ояд аз саҳро.
Дар тарозу кашанд бо навбат
Хирмани пахтаҳои аълоро.
Баччагон мисли селаи гунҷишк
Мебароянд аз дари мактаб.
Гуфтугӯ мекунад раис бо халқ,
Сифати корро намуда талаб.
Ба Ҳасан чун фитод чашми раис,
Гуфт, ки: — Пеш о, машав ҳайрон!
Дӯсташро Ҳасан намуд оғӯш,
— Омадам, гуфт пеши ту меҳмон.
Марҳамат кун, биё, ки омаданат,
Ҷӯраҷон, айни муддаои мост,
Дӯст болои дида, нури чашм
Сафарат аз куҷост то ба куҷост?
— Сафарамро мапурс, агар гӯям,
То саҳаргаҳ намешавад охир,
Дуксиёҳию нобарориҳо
Ҳама аз қисматанд, аз тақдир.
Дӯстам, ту раиси колхозӣ,
Шукр, колхози бой дорӣ ту,
Миллионерӣ ту, миллионерӣ ту,
Дасти мушкилкушой дорӣ ту.
Хостам аз ту маслиҳат пурсам:
Пешрав нест кори ман ҳаргиз,
Ҳар куҷо ки равам, намебинам
Ҷуз уқубат, азоб дигар чиз.
— Ба азобат худат гунаҳкорӣ!
Гар нагарданд ҷӯйҳо дарё,
Дар дили дашт мешаванд адо
Мисли ҷӯй аст одами танҳо!
Бахту давлат ба дастҷамъии мост,
Ту нафаҳмидаӣ ҳанӯз инро,
Аз қафои ароба мегардӣ
Ҷустуҷӯ карда кайфи деринро.
— Қасд кардам, ки баъд аз ин бояд
Бо ту бошам, машинарон бошам,
То ту бинӣ,
ки ман дар андак вақт
Дар сафи пеши шофирон бошам.
Зери лаб ханда карду гуфт раис:
— Ман ба фикри ту розиам сад бор,
Лекин аввал машинаро омӯз,
Илми ин касбро ба дастат ор.
Аз ароба машинаро кун фарқ,
Техника андакест мушкилтар.
Майл дорӣ агар ба касби нав,
Корро рафта сар намо аз сар.
Гар ба ин маслиҳат ту не гӯӣ,
Гир бар зимма хизмати колхоз.
Вохӯрад кори хоксорона
Нанамоӣ ба шарти он ки ноз.
Асп хоҳӣ ту, асп ҳам дорем, —
Лақайаспи зотӣ ҳам бисёр
Гар ту хоҳӣ аробакаш монӣ,
Хоҷагиро ароба ҳам даркор.
Тоқиашро ба сар ниҳода Ҳасан
Хест аз ҷову по ниҳод хамӯш,
Рафт андешаманд сӯи сарой
Гардани аспро намуд оғӯш.
Гуфт: — Эй аспи ман,
саманди ман,
Дӯсти бегумони ман ҳастӣ,
Солҳои дароз аз хурдӣ
Мисли ҷон дар амони ман ҳастӣ.
Ҳарду дидем гармию сардӣ,
Рӯзҳои азобу роҳатро,
Ҳарду гаштем гар дучори хатар
Пеша кардем сабру тоқатро.
Бесару нӯг роҳи кишвари мо
Хӯрда аз рафтуои мо гардид,
Бағали кӯҳсори мулки Ҳисор
Манзили нақши пои мо гардид.
Монда ҳарду ба зери обу арақ
Мегузаштем чӯли бирёнро,
То саҳаргаҳ гусел мекардем
Шӯълаи моҳтоби тобонро.
Шаба шаб, рӯза рӯз ногуфта
Ҳар ду машҳур боркаш будем,
Дар сари корвон ба каф байрақ
Ҳарду як ҷо қаторкаш будем.
Хишту чӯби кашондаи моро
Сарфи шаҳри азизи мо карданд,
Намаку чою нону шаккарро
Дастгири гуруснаҳо карданд.
Ҳама донанд, ки дар он айём
Бори республика ба дӯшат буд,
Чунки дар солҳои қашшоқӣ
Давраи ҷӯшишу хурӯшат буд.
Давлати одамони имрӯза
Дар вагонҳо дигар намеғунҷад,
Ту кунун дар кашондани ин бор
Дасткӯтоҳию надорӣ ҳад.
Дар чарогоҳҳои колхозӣ
Дӯстам, рафта сайру бозӣ кун,
Бо ягон кори хоксорона
Назди мардум забондарозӣ кун.
Метавонӣ, ки дар миёни гала
Пираспи баландсар бошӣ.
Монда ному нишонае аз худ
Рахши навзодро падар бошӣ.
Ман ҳам имшаб ҷудо шуда аз ту
Меравам аз қафои кори дигар.
Гар ба ту қадрношиносӣ шуд,
Авф кун, аз гуноҳи ман бигзар…
IV
Ҳасан аз раҳи дур меомад
Қад-қади рӯди шӯхоби Вахш,
Рӯйро карда мисли лахча сиёҳ,
Аз шамолу аз офтоби Вахш.
Монда аспу аробаи худро
Дастхолӣ, пиёда меомад,
Ба дами тафтбоди кӯҳу даман
Синаашро кушода меомад.
Бехабар буд аз гузаштани вақт,
Аз равуои одамони савор,
Худписандона гоҳ менигарист
Ба шитоби машинаҳо ночор.
Май нанӯшида мениҳод қадам
Дар раҳи хештан ба сармастӣ,
Ба хаёлаш намерасид, ки он
Луқмаеро хӯрад ба сардастӣ.
Ташналаб буду майли об надошт,
Хоболуду фикри хоб надошт.
Ҷуз ниҳодан қадам ба сӯи шаҳр
Дар дил он дигар интихоб надошт.
Мепариданд аз замин ба ҳаво
Гоҳ хӯсида мурғҳои ҳилол,
Менамуданд марди танҳоро
Гоҳ сагҳои подабон дунбол.
Галаи аспҳои колхозӣ
Аз бараш беадад гузар карданд,
Мисли най рост гардани онҳо
Аламашро зиёдтар карданд.
Аз назаргоҳи он намерафтанд
Ҷилваи шаҳри нав ба зебоӣ,
Дару деворҳои пурҳашамат
Сояҳои чанори бобоӣ.
Манзари кӯчаҳои пурҳаракат,
Қасрҳои аҷоиби дилкаш,
Хонаву остонаи маҳбуб,
Рӯи зебову чашми чун оташ…
Ҳамаи ин хаёлҳо ба Ҳасан
Дар сафар ғайрате ато карданд,
Бағали пойтахти наврасро
Гарму ҷӯшон ба рӯш во карданд.
* * *
Рӯзе аз рӯзҳо ба зери чанор
Шуд Ҳасан мисли сояе пайдо,
Бар танаш буд бори вазнине
Сари пур бо ҳазорҳо ғавғо.
На дигар ҷуръате ки дар кӯча
Мисли дерина сар баланд кунад,
Аз сари асп харсаворонро
Дар сари роҳ нописанд кунад.
Роҳҳоро ба ҳукми худ гирад,
Одамонро бароварад ба канор.
Гузарад аз миёни мардуми шаҳр
Бо ғуруру такаббури бисёр.
Худ кунун мегурехт аз ҳама кас,
Аз нигоҳи тамоми раҳгузарон,
Аз салому алек, аз одоб,
Аз мулоқоти қадрдон ёрон.
ӯ нишони сарои деринро
Дар қади кӯча ҷустуҷӯ мекард,
Шиштухези аробакашҳоро
Раҳравон дар дил орзӯ мекард.
Саргарангона борҳо пасу пеш
Рафта меомаду намедонист,
Ки ба зери чанор кайҳо боз
Ҳеҷ осор аз сарое нест.
Дид дар ҷои он бинои наве,
Лавҳаеро ба рӯи дарвоза.
Канда-канда ҳуруфҳоро хонд
“Ав-то-школ-ла”, — мактаби тоза.
Берун омад машинае аз дар.
Сар бароварда як ҷавон аз он
Ба Ҳасан гуфт: “Омадӣ охир,
Эй ту оворагаштаи ду ҷаҳон!
Зад ба девор гарчи пешонет,
Тавба аммо наменамоӣ ту,
Гар фароӣ зи асп, аз узангу
Ба гумонам намефароӣ ту!”
Чашму рӯи Ҳасан сиёҳӣ зад,
Ларза дар узвҳои он афтод.
Ҷуз ғазабнок як нигаҳ кардан
Беадабро дигар ҷавоб надод.
Рафт аз сояи дарахти чанор
Ёди маҳбуб кард, ёди Садаф
Бе Садаф зистан бувад мушкил,
Гар Садаф нест, нест шаъну шараф.
Ғам агар ҳаст ғамгусор куҷост?
Дӯст шарт аст, дӯстдор куҷост?
Майли ёре агар ба сар дорӣ
Меҳрубону азиз ёр куҷост?
Ҳасан омад ба кӯчаи дигаре
Дилкашолона бо баҳонаи дӯст,
Дару боми шиносро чун дид,
Хост меҳмон шавад ба хонаи дӯст.
Гашт дар гирди хонаву аммо
Надаромад Ҳасан ба он хона.
Ба Садаф бо кадом рӯи сурх
Менамояд нигоҳ мардона.
Дар ҳамин лаҳза балки машғул аст
Ёр дар хондани ҷавоби хат,
Балки ҳаргиз намеравад сарфаҳм
Хонда-хонда ба сарҳисоби хат.
Балки машғули хатнависӣ аст,
Сарзаниш мекунад маро дар хат
Кай шавад, ки ба дасти ман бирасад
Қосиди ишқ, муждаовар хат?
Ин тараф-он тараф парешонҳол
Чарх зад, бемадор шуд, калавид
Соате хост, ки биёсояд
Пастдевори пахсагиро дид.
Омаду кард такя бар девор,
Чашм пӯшиду монд беҳаракат,
Гуфт, ки: “Ранҷ агар, Ҳасан, набарӣ,
Нест дар корҳои ту баракат”.
Меравам, меравам ба зери чанор
То кунам имтиҳон саодати хеш.
Бигузоред, ки маро бошад
Кулфати нав, азоби нав дар пеш!
* * *
Хушкаломанд, шӯх, густоханд
Ҳамдигарро дугонаҳои Садаф,
Ҳалқа биншастаанд дар таги ток
Гирди дастурхони бои Садаф.
Сӯҳбати духтарони ҳаммактаб
Дилфиребу мароқовар буд,
Гоҳ ҷиддию гоҳ ҳазломез,
Диққатангезу хандаовар буд.
Аксари ин дугонаҳо кайҳо
Духтарони ба қад расида буданд.
Баъзе дар зиндагӣ ба мисли Садаф
Рӯзҳои фироқдида буданд.
Духтаре гуфт, ки — Ба хурсандӣ
Оқибат шуд тамом мактаби мо,
Бо машаққат кунун ба даст омад
Чандсола умеду матлаби мо.
Барзада дасту остин фардо
Ба маҳалҳо барои кор равем,
Монда дур аз дугонаҳои азиз
Ҳар кадоме ба як канор равем.
Дигаре гуфт, ки — илоҷе нест,
Мефиристем зуд-зуд хабар
Дӯстонро кунанд чунки қарин
Почтаву телграф ба ҳамдигар.
Менависем, ки чӣ гуна бувад
Қилиқу сӯҳбати дугонаи нав
Кори нав, ҷои нав, шароити нав,
Ҳастию нестии хонаи нав.
Менависем, ки пас аз рафтан
Аз ҳама пештар кӣ шавҳар кард,
Кӣ киро дод дил, дил аз кӣ бурд,
Ки чӣ сон бо кӣ хонаву дар кард.
Саввумӣ гуфт, ки
— Дар ин бора
Садафи мо намекунад парво.
Чунки ишқи аробакаш кардаст
Дили онро асири худ кайҳо.
Ин кас акнун ба пеши ӯ рафта
Дар ароба савор мегардад,
Аз паси дӯстдори хонабадӯш
Ҳамадам соявор мегардад.
Садаф андак ба қаҳр омаду гуфт:
— Ҷон дугона, кинояро бас кун.
Бадзабонӣ туро намезебад,
Ҳурмати нафсу иззати кас кун.
Ҳайф, ки меҳмони ман ҳастӣ
Варна беобрӯй мекардам,
Бо ту дар лаҳзаи забонхорӣ
Нағзакак гуфтугӯй мекардам.
Солҳо боз аз ҳама беҳтар
Мешиносам аробакашро ман.
ӯ сазовор нест, бовар кун,
Ба чунин таънаҳои сахт задан.
Ору номусдор як мардест,
Тамае аз касе надорад он.
Ба умеди Садаф — умеди висол
Ҳеҷ гоҳе нагашт аз паймон.
Ман гумон мекунам, ки нияти ӯ
Аз ақик, аз булӯр софтар аст,
Ҳамаи мардҳо ба чашми ман
Дигаранду аробакаш дигар аст.
Дар ҳамин дам Ҳасан агар мешуд,
Месупурдам ба дасташ изнамро.
Бо табассум, такаллуми ширин
Мебаровардам аз дилаш ғамро.
* * *
Охири навбаҳор омада буд,
Мешуданд об барфҳои кӯҳ.
Пой мемонд фасли тобистон
Ба сари сарзамини азму шукӯҳ.
Раста буданд донаҳо аз хок
Хабар оварда аз фаровонӣ,
Киштҳо гӯиё ки мегуфтанд
Хуб шуд хуб кори деҳқонӣ.
Дар бари домани адир комбайн
Ҷави навпухтаро дарав мекард,
Ба сари теппаи баланд касе
Бош-боше ба ҷуфти гав мекард.
Дар нишемангаҳи баландиҳо
Деҳаи сабзи обшоре ҳаст.
Дар ҳама кӯчабоғҳои он
Соф чун нуқра чашмасоре ҳаст.
Дар шаби моҳтоб, дар шаби тор
З-осмонаш ситора меборад,
Аз чароғи электрӣ ба сараш
Хирмани пуршарора меборад.
Мактаби хушҳавои даҳсола
Сап-сафед аст
дар миёни деҳ,
Ҳадя созад ҷаҳон-ҷаҳон шодӣ
Ба хушиқбол баччагони деҳ.
Буд омӯзгори ин мактаб
Қаҳрамондухтари ҳикояи мо,
Мисли ҷон дӯст дошт аҳли деҳ,
Боташаббус муаллими худро.
Аввалин рӯзҳои омаданаш
Ошное надошт дар қишлоқ,
Хуб санҷида аз паи ҳар кор
Пойро мегузошт дар қишлоқ.
Ҳар чӣ бошад ҳанӯз нобалад аст
Бо русумоту бо таомули деҳ,
Ҳар чӣ бошад муфассал огаҳ нест
Аз дигаргунию такомули деҳ.
Рӯзи аввал Садаф намедонист,
Ки чӣ сон дарсро шурӯъ кунад,
Аз паси кӯҳи илм чун хуршед
Ба сари деҳ чӣ сон тулӯъ кунад.
Деҳаро мисли панҷ ангушташ
Садаф акнун намуда буд аз худ,
Ҳеҷ камбудие ба чашми ӯ
Ноаён,
ношиносмонда набуд.
Ба ягон хона медаромад агар
Садафи дӯстрӯи ҷингиламӯй,
Мешуданд аз камоли хурсандӣ
Ҳама дар пеши ӯ ҳикоятгӯй.
Баччае гар ба дарс дер ояд,
Сабабашро Садаф дарак мекард,
Кори мактаб, ҳаёти оиларо
Зич пайваста муштарак мекард.
Маслиҳатро ба модарон медод,
Илму одобро ба шогирдон.
Ҳушу ёдаш ба кори мактаб буд,
Ба ривоҷи фазилату ирфон.
Буд дар гирду пеши ин мактаб
Саҳни пур аз гиёҳу пурхоре,
Дасти хонандагон иваз бинмуд
Он заминро ба боғу гулзоре.
Бомдодон ба рӯи гул шабнам
Медурахшид мисли лӯълӯе,
Мефишонд аз тирезаҳои яла
Ба ҳама синф анбарин бӯе.
Ҳар саҳар омадан ба боғи гул
Ба Садаф шуғли беҳтарин гардид,
Духтари табънозуки гулбоз
Бо гули боғ ҳамнишин гардид.
Чида гулдаста
аз гули садбарг
Ёд мекард як ҷавонеро,
Аз лаби бомҳои Душанбе
Ба сари ёр гулфишониро…
Дар чунин субҳ сӯи ин қишлоқ
Як сабукрав машинае метохт,
Ба гумонат,
ки аз замин ба ҳаво
Роҳи ҳамвор тир меандохт.
Бохабар шуд аҳолии қишлоқ
Ки шитобон сабукраве ояд.
Ҳама гуфтанд, ки: “ба пеши мо
Ояд аз шаҳр раҳбаре шояд.
Балки ояд раиси Совнарком,
Ё чу ҳаррӯза котиби райком,
Балки мо корҳои колхозро
То ҳамин дам надодаем анҷом?”
Чун сабукрав ба деҳ қарин гардид
Дод ронанда сигнали бисёр.
Ба шигифт омаданд аҳли деҳ
Ки чӣ сон одам аст, ин чӣ виқор?
Ҷамъ гаштанд аз калон то хурд
Гирди онро чу ҳалқа печонданд,
Дида як марди ношиносеро
Ҳама хомӯшу бетараф монданд.
Ҳама буданд бетараф, оре,
Садаф аммо дар изтироб афтод,
Мисли борон ба сатҳи дарёи
Сермавҷу пур аз ҳубоб афтод.
Аз тараб курта-курта гӯшт гирифт,
Кард лабхандҳои ширине.
Лаб зад аз нав чу гул ба рухсораш
Орзуву умеди дерине…
* * *
Роҳ дар пешу ёр дар паҳлу,
Дастҳои Ҳасан ба рули машин,
Чархҳои машина мегаштанд,
Манзили дурро намуда қарин.
Дар бараш менишаст ёри азиз,
Буд аз хуррамӣ дилаш чун кӯҳ,
Ба гумонаш, ки зиндагӣ ин хел
Ҳеҷ гоҳе надошт шаъну шукӯҳ.
Дид он ин шукӯҳро дар хеш,
Дар Садаф, дар нигоҳи чашми сиёҳ,
Дар суруде, ки мешунид аз дил,
Дар насиме, ки мевазид аз роҳ.
Дар уфуқи баланди ҳалқаи кӯҳ,
Дар ҳудуди васеи мулки азиз,
Дар сафедии рӯдҳои шӯх,
Дар кабудии сабзаи навхез.
Чӯбу семент мекашонид он
Ба бинокори сохтмони Вахш,
То канал сохта равон созанд
Обро сӯи ташнагони Вахш.
Шаҳр гӯё, ки аз қафои сараш
Даст афшонда менамуд гусел,
Ошиқонро салом медоданд
Дар сафар манзил аз паи манзил.
Мешуд аз қуллаи баландиҳо
Бо шуои чароғҳо ҳамсар,
Дар бари киштҳои водиҳо
Медамид аз замин чу гандуми тар.
Ба Садаф гуфт:
— Ҷонакам, дидӣ
Чӣ қадар ин машина тездав аст,
Беқанат мепарад ба рӯи замин,
Зеби ин роҳҳои хубу нав аст.
Дар ҳама ҷои мамлакат дигар
Нест аз нусхаи машинаи ман,
Ҳама гӯянд аз калон то хурд
З-ин сабаб ҳам ба ман,
ки “қандата зан!”
— Ман надидам,
ки бе муболиғае
Зада бошӣ ту гап ягон боре.
— Дар гапам заррае муболиға нест
Ҷони ширин, макун маро хорӣ!
Росташро, Садаф, агар гӯям,
Ту ҳам аз духтарони ноёбӣ,
Кас надидам,
ки мисли ту бошад
Дар чунин дилбарию дилёбӣ.
Ба сари теппаҳои Оби Киик
Мошини ӯ даме ки боло шуд,
Дар ду паҳлӯи кӯҳи Боботоғ
Сабз ду манзара ҳувайдо шуд.
Як тараф водии васеи Ҳисор
Ҷанг бо ранги осмон мекард,
Як тараф рӯди сероби Вахш
Водии хешро ҷавон мекард.
Ҳасани мо машинаи худро
Ҷониби Вахши дилкушо меронд,
Аз қафои машинааш танҳо
Чанги ғафсе дар осмон мемонд.
1952-1954