Главная / Маданият ва санъат / Хакки устод ва хурмати вай

Хакки устод ва хурмати вай

Хакки устод ва хурмати вай

Овардаанд, ки фоида наёбад таълимгиранда аз илм магар ба таъзими илм ва таъзими устод.

Шохи мардон Али бинни Абу Толиб карамаллоху вачха мегуяд: Ман гуломи касеам, ки маро як харф аз илм омухтааст.

Адаби шогирд бо устод он аст, ки ибтидо ба салом кунад ва дар пеши вай сухан камтар гуяд ва сухан нагуяд ва масъала напурсад, то аз вай ичозат нагирад. Ва чун чавоб дихад, нагуяд, ки фалон кас ба хилофи ин гуфта ва нагуяд, ки накардани ин кори савоб аст ва гайра. Дар пеши устод бо хеч кас роз нагуяд ва чашм дар пеш дорад, агар устод бо вай сухан гуяд, чашм бар вай дорад ва хар чониб нанигарад ва ба хурмат нишинад, чунон ки дар намоз менишинад ва чун устод хаста шавад, пурсидан ва хонданро бас кунад ва чун аз чояш хезад, суханро бас карда бо у бархезад. Дар рох савол накунад, то ба хона нарасад. Ва агар аз вай чизе бинад, ки уро неку наёад, эътикоди бад накунад ва бидонад, ки вай бехтар донад ва низ бояд, ки устодро ба тану мол хурмат кунад ва дар мачлисе, ки вай бошад, яъне дар хузури вай чавоби масъалае нагуяд, агар чи савоб гуяд. Пас бояд, ки хурмати устод ба вочиби бидорад ва хакки вай нигох дорад.

Хикоят. Бузурге мегуяд, ки дар хизмати устоди худ Мавлоно Хисомиддин алайхи-р-рахма будам. Рузи чумъа оби  тахорат хост, оби тахорат ба у овардам. Он бузург тахорат мекард ва ман об бар дасти вай мерехтам. Дар вакте ки пои худ мешуст, як кабза об аз пасшустаи пои вай бигирифтам ва дар руй ва риши худ молидам ва дидам, ки ранги вай барафрохт, яъне хурсанд шуд. Ва лаб ба дуъо чунбонид ва хайри дунё ва охират барои ман аз Худованд мехост. Хар чи ёфтам, аз он чо ёфтам, то ин хама давлат ва саъодат маро насиб шуд, то бидони, ки хизмати устод ва хушнуд доштани вай сабаби саъодат, яъне некбахтии ду чахон мегардад.

Илохо, моро тавфики нигох доштани хакки устодон арзони дор ва бар устодони мо рахмат фармои, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …