Главная / Маданият ва санъат / Хақки устод ва хурмати вай

Хақки устод ва хурмати вай

Хақки устод ва хурмати вай

Овардаанд, ки фоида наёбад таълимгиранда аз илм магар ба таъзими илм ва таъзими устод.

Шоҳи мардон Алӣ бинни Абу Толиб карамаллоҳу ваҷҳа мегӯяд: Ман ғуломи касеам, кӣ маро як харф аз илм омӯхтааст.

Адаби шогирд бо устод он аст, ки ибтидо ба салом кунад ва дар пеши вай сухан камтар гӯяд ва сухан нагӯяд ва масъала напурсад, то аз вай иҷозат нагирад. Ва чун ҷавоб диҳад, нагӯяд, ки фалон кас ба хилофи ин гуфта ва нагӯяд, ки накардани ин кори савоб аст ва ғайра. Дар пеши устод бо ҳеҷ кас роз нагӯяд ва чашм дар пеш дорад, агар устод бо вай сухан гӯяд, чашм бар вай дорад ва ҳар ҷониб нанигарад ва ба ҳурмат нишинад, чунон ки дар намоз менишинад ва чун устод хаста шавад, пурсидан ва хонданро бас кунад ва чун аз ҷояш хезад, суханро бас карда бо ӯ бархезад. Дар роҳ савол накунад, то ба хона нарасад. Ва агар аз вай чизе бинад, ки ӯро некӯ наёад, эътиқоди бад накунад ва бидонад, ки вай беҳтар донад ва низ бояд, ки устодро ба тану мол ҳурмат кунад ва дар маҷлисе, ки вай бошад, яъне дар ҳузури вай ҷавоби масъалае нагӯяд, агар чӣ савоб гӯяд. Пас бояд, ки ҳурмати устод ба воҷибӣ бидорад ва ҳаққи вай нигоҳ дорад.

Ҳикоят. Бузурге мегӯяд, ки дар хизмати устоди худ Мавлоно Ҳисомиддин алайҳи-р-раҳма будам. Рӯзи ҷумъа оби  таҳорат хост, оби таҳорат ба ӯ овардам. Он бузург таҳорат мекард ва ман об бар дасти вай мерехтам. Дар вақте ки пои худ мешӯст, як қабза об аз пасшустаи пои вай бигирифтам ва дар рӯй ва риши худ молидам ва дидам, ки ранги вай барафрохт, яъне хурсанд шуд. Ва лаб ба дуъо ҷунбонид ва хайри дунё ва охират барои ман аз Худованд мехост. Ҳар чӣ ёфтам, аз он ҷо ёфтам, то ин ҳама давлат ва саъодат маро насиб шуд, то бидонӣ, ки хизмати устод ва хушнуд доштани вай сабаби саъодат, яъне некбахтии ду ҷаҳон мегардад.

Илоҳо, моро тавфиқи нигоҳ доштани ҳаққи устодон арзонӣ дор ва бар устодони мо раҳмат фармоӣ, омин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …