Главная / Чамъият / ХИФЗИ ХАВОИ АТМОСФЕРА

ХИФЗИ ХАВОИ АТМОСФЕРА

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ХИФЗИ ХАВОИ АТМОСФЕРА

Конуни мазкур муносибатхои  шахсони вокеи ва хукукиро, новобаста ба шаклхои моликияташон, барои  нигохдори ва баркарорсозии сифати хавои атмосфера ва таъмини амнияти экологи танзим менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ
Моддаи 1. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
– хавои атмосфера – кабати газхое, ки заминро ихота карда, асосан аз нитроген, оксиген, омехтаи газхои инерти, дуоксиди карбон, озон ва дигар газхо иборат мебошад;
– кабати озони – кабати атмосфера, ки байни баландихои 7-8 километр дар кутбхои замин, дар экватор 17-18 километр ва дар руи сайёра бо зичии зиёд дар баландихои 20-22 километр аз сатхи замин вокеъ гардида, шуои ултрабунафши барои мавчудоти зинда халокатовари кайхониро аз худ намегузаронад;
– партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера – ворид шудани  моддахои ифлоскунанда аз манбаъхои партовхо ба хавои атмосфера;
– дастгохи газтозакуни – иншоот ва (ё) тачхизот барои тоза намудани газхо бо усулхои физики, кимиёви, биологи ва дигар усулхои нобудсози ва безараргардонии моддахои ифлоскунанда;
– ифлосшавии хавои атмосфера – ворид шудан ба хавои атмосфера, мавчуд будан ва ё пайдо шудани моддахои ифлоскунандаи мухити зист, ки дар натичаи таъсири зараровари он хосият, мавкеъ ё микдорашон боиси тагйироти манфии сифати  хавои атмосфера, аз он чумла боиси баландшавии меъёрхои сохаи хифзи хавои атмосфера мегардад;
– моддаи ифлоскунанда – моддаи кимиёви ё биологи ва ё омехтаи чунин моддахо, ки ба хавои атмосфера ворид шуда, ба саломатии инсон ва мухити зист таъсири манфи мерасонад;
– манбаъхои партов – тачхизоти технологи ва дигар тачхизот, равандхои технологи, мошину механизмхо, ки моддахои ифлоскунандаро  ба хавои атмосфера партов мекунанд;
– сифати хавои атмосфера – вазъи хавои атмосфера, ки ба он нишондихандахои кимиёви, биологи ва дигар нишондихандахо ё мачмуи онхо хос аст;
– манбаъхои сайёри партов – воситахои наклиёт ва мошинхои худгарди мухаррикдор, ки аз истифодаи онхо хавои атмосфера бо партови моддахои зараровар ифлос  мегардад;
– мониторинги хавои атмосфера – системаи мушохидаи вазъи хавои атмосфера, ифлосшавии он ва зухуроти табиии дар он бавучудоянда, инчунин арзёби ва пешгуии вазъи хавои атмосфера ва ифлосшавии он;
– бехтарин усулхои дастраси техники – равандхои технологи, усулхо, тартиби ташкили истехсоли махсулот ва энергия, ичрои корхо ё хизматрасони, лоихакаши, сохтмон ва истифодабарии иншооту тачхизот, ки камшави ва (ё) пешгирии ворид шудани моддахои ифлоскунандаро ба хавои атмосфера дар мукоиса ба онхое, ки истифода мешаванд ва барои таъмини меъёрхои сифати хавои атмосфера бо шарти аз лихози иктисоди максаднок ва аз чихати техники имконпазир будани истифодаи онхо самаранокии зиёдтар доранд,  таъмин менамоянд;
– шароити номусоиди метеорологи – шароити метеорологии кабати атмосфераи болои манбаъхои партовхо, ки ба бештар ифлос шудани хавои атмосфера мусоидат мекунанд;
– меъёрхои чоизи партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера – меъёрхои макбули ворид шудани моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера, ки хангоми риоя гардиданашон  меъёрхои сифати хавои атмосфера таъмин мешаванд;
– меъёрхои сифати хавои атмосфера – меъёрхои чоизи гилзати моддахои кимиёви, омехтаи онхо, микроорганизмхои хавои атмосфера, ки хангоми риоя шуданашон барои  мухити зист ва саломатии инсон таъсири номатлуб ва  окибати бад надоранд;
– меъёри хадди чоизи таъсири зараровари физики ба хавои атмосфера – меъёре, ки барои хар як манбаи таъсири физики (садо, ларзиш, майдонхои электромагнити) ва дигар таъсирхои физики ба хавои атмосфера хангоми таъсири зараровари физики аз ин ё он манбаъ ва хамаи дигар манбаъхо боиси зиёд шудани хадди чоизи дарачаи таъсири физики намегардад, мукаррар карда  мешавад;
– хифзи хавои атмосфера –  фаъолияти макомоти давлати, ташкилотхои чамъияти, шахрвандон ва субъектхои хочагидоре, ки ба нигохдори ва баркарорсозии сифати хавои атмосфера ба воситаи кохиши ифлосшавии хавои атмосфера ва (ё) пешгирии он равона гардидааст;
– манбаъхои доимии партов – манбаъхои партове, ки аз раванди технологи бармеоянд ва чойивазкуниашон бе зарари азими вобаста ба таъиноташон гайриимкон аст;
– меъёри технологии партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера – хачми чоизи партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера, ки барои хисоб ба вохиди ашёи хом, иктидори истехсоли, махсулоти истехсолшаванда, энергияи хосилшаванда, хачми кору хизматрасонии  ичрошаванда  мукаррар карда мешавад;
– ифлосшавии сархадгузари хавои атмосфера – ифлосшавии хавои атмосфераи худуди як давлат аз манбаъхои ифлоскунандае, ки дар худуди давлати дигар чойгир шудааст;
– таснифи экологии воситахои наклиёти механики – рамзи тахассусие, ки вобаста ба таркиби микдори ва сифатии партовхои моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера ба воситаи наклиёти механики  хос аст.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи хавои атмосфера
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи хавои атмосфера ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Максад ва вазифахои Конуни мазкур
1. Максади Конуни мазкур танзими фаъолияти шахсони вокеи ва хукукии фаъолияташон бо партовхои моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера алокаманд буда, бо рохи кохиш додан ва (ё) пешгири намудани ифлосшавии хавои атмосфера  мебошад.
2. Вазифахои Конуни мазкур аз инхо иборатанд:
– нигохдори, бехтарсози ва баркарорсозии холати хавои атмосфера;
– пешгири ва паст кардани дарачаи таъсири манфии кимиёви, физики, биологи ва дигар таъсиррасони ба хавои атмосфера;
– истифодаи окилонаи хавои атмосфера;
– пурзур намудани тартиботи хукуки ва конуният дар сохаи хифзи хавои атмосфера;
– таъмини амнияти экологи.

Моддаи 4. Принсипхои асосии хифзи хавои атмосфера
1. Хавои атмосфера мувофики принсипхои асосии зерин хифз карда мешавад:
– танзим ва идоракунии давлати дар сохаи хифзи хавои атмосфера;
– хадди чоизи таъсири фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолият ба хавои атмосфера бо назардошти талабот дар сохаи хифзи хавои атмосфера;
– пулаки будани партови моддахои ифлоскунанда  ба  хавои атмосфера хангоми фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолиятхо;
– бамеъёрдарори дар сохаи хифзи хавои атмосфера;
– пешгирии ифлосшавии хавои атмосфера ва зараррасонии он ба мухити зист;
– муносибати илман асоснок, системави ва мачмуи ба хифзи хавои атмосфера;
– дастрасии иттилооти экологи оид ба вазъи хавои атмосфера, таъсир ба он ва тадбирхои хифзи он;
-масъулияти риоя нашудани конунгузори оид ба хифзи хавои атмосфера ва чуброни зарари ифлосшавии хавои атмосфера дар натичаи фаъолияти хочагидори ва дигар фаъолиятхо.
2. Конунгузории Чумхурии Точикистон метавонад принсипхои дигари хифзи хавои атмосфераро мукаррар намояд.

Моддаи 5. Объектхо ва субъектхои муносибатхо дар сохаи хифзи хавои атмосфера
1. Объектхои муносибатхо дар сохаи хифзи хавои атмосфера иборатанд аз:
– партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера;
– манбаъхои доимии партов;
– манбаъхои сайёри партов;
– манбаъхои таъсири зараровари физики;
– меъёрхои сифати хавои атмосфера;
– меъёрхои чоизи партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера;
– меъёрхои хадди чоизи таъсири зараровари физики ба хавои атмосфера.
2. Субъектхои муносибатхо дар сохаи хифзи хавои атмосфера иборатанд аз:
– макомоти давлати (шахсони мансабдор), ки танзим ва идораи давлатии сохаи хифзи хавои атмосфераро ба зимма доранд;
– шахсоне, ки аз воситахои наклиёти механики истифода мебаранд;
– шахсони хукуки, сохибкорони инфироди, ки бо фаъолияти хочагидори ё дигар фаъолияти  бо партовхои моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера алокаманд машгуланд (минбаъд – субъектхои хочагидори фаъолияташон бо партовхои моддахои  ифлоскунанда ба хавои атмосфера алокаманд).

Моддаи 6. Таснифи манбаъхои  партов  ва  моддахои ифлоскунанда
1. Манбаъхои партов аз манбаъхои доими ва сайёр иборатанд.
2. Манбаъхои доимии партов ба манбаъхои доимии муташаккили партов ва манбаъхои доимии номуташаккили партов таксим мешаванд.
3. Ба манбаъхои доимии муташаккили партов манбаъхои партове мансубанд, ки бо дастгоххои кам кардан ё безарар гардонидани  моддахои ифлоскунандаи ба хавои атмосфера воридшаванда мучаххаз гардонида шудаанд.
4. Ба манбаъхои доимии номуташаккили партов манбаъхои партове мансубанд, ки бо дастгоххои кам кардан ё безарар гардонидани  моддахои ифлоскунандаи ба хавои атмосфера воридшаванда мучаххаз гардонида  нашудаанд.
5. Манбаъхои сайёри партовхо иборатанд аз:
– воситахои наклиёти механики (ба истиснои онхое, ки тавассути мухаррикони барки ба харакат дароварда мешаванд);
– воситахои наклиёти рохи охан (ба истиснои онхое, ки тавассути мухаррикони барки ба харакат дароварда мешаванд);
– хавопаймохо;
– наклиёти оби;
– мошинхои худгард.
6. Воситахои наклиёти механики ба дарачахои экологи ва моддахои ифлоскунанда ба дарачахои хатарнок чудо мешаванд.
7. Таснифи экологии воситахои наклиёти механики ва дарачахои хатарнокии моддахои ифлоскунанда бо конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

БОБИ 2. САЛОХИЯТИ МАКОМОТИ ИЧРОИЯИ     ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ ХИФЗИ     ХАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 7. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон  дар сохаи хифзи хавои атмосфера
Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи хавои атмосфера инхо мансубанд:
– тахия ва татбики барномахои экологии давлати ва байнидавлати, барномахои мачмуии байнисохави ва махалли дар сохаи хифзи хавои атмосфера;
– тасдики банакшагирии тадбирхои чумхурияви дар сохаи  хифзи хавои атмосфера, барномахои чумхуриявии мачмуии сохави, маблаггузори ва таъмини моддию техникии онхо;
– муайян намудани макомоти ваколатдори давлати дар сохаи хифзи хавои атмосфера;
– мукаррар намудани меъёрхои хадди чоизи гилзати моддахои ифлоскунандаи хавои атмосфера ва дарачаи таъсири зараровари физики ва дигар таъсирхо ба онхо, тартиби ситонидани пардохт аз партовхои моддахои зараровар ва дигар таъсири зарарнок ба мухити  зист;
– мукаррар намудани тартиби ягонаи бахисобгирии давлатии таъсиррасонии манфи ба хавои атмосфера, мониторинги вазъи хавои атмосфера, ташкили махзани маълумоти чумхурияви ва системаи ягонаи иттилоот дар сохаи хифзи хавои атмосфера;
– хавасмандгардонии тахкикоти илми, аз он чумла татбик ва истифодаи технологияхои каммасрафи энергия ва захирахо, бехтарин усулхои дастраси техники;
– дигар масъалахои танзими муносибатхо дар сохаи хифзи хавои атмосфера.
Моддаи 8. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи хифзи хавои атмосфера
Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи хифзи хавои атмосфера тибки конунгузории  Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 9. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи хифзи хавои атмосфера
1. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати дар сохаи танзими муносибатхо  оид ба хифзи хавои атмосфера иборатанд аз:
– муайян кардани самтхои асосии хифзи хавои атмосфера ва тасдики барномахо оид ба хифзи хавои атмосфера аз таъсири зараровар ба худудхои зертобеъашон;
– бахисобгирии объектхое, ки ба вазъи хавои атмосфера таъсир мерасонанд;
– банакшагири, маблаггузори ва таъмини моддию техникии ичрои барномахо оид ба хифзи хавои  атмосфера;
– хамохангсозии фаъолияти макомоти идоракунии корхонахо, муассисахо, дигар ташкилотхо новобаста ба шаклхои моликият ва тобеъияташон, инчунин хадамоти экологии сохаи хифзи хавои атмосфера;
– баррасии дигар  масъалахои хифзи хавои атмосфера дар доираи салохияташон.
2. Макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар доираи ваколатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ичрои конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва карорхои макоми ваколатдори давлатиро дар сохаи хифзи хавои атмосфера, инчунин ичрои ухдадорихои шахрвандон ва субъектхои хочагидоре, ки фаъолияташон бо партовхои моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера алокаманд аст, таъмин менамоянд.

БОБИ 3. МЕХАНИЗМИ ИКТИСОДИИ
ХИФЗИ ХАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 10. Банакшагири дар сохаи хифзи хавои атмосфера
1. Бо максади хифз ва баркарорсозии сифати хавои атмосфера ва таъмини амнияти экологи барномахои давлати, сохави ва махалли дар сохаи хифзи хавои атмосфера тахия карда мешаванд.
2. Барномахои давлати, сохави ва махалли дар сохаи хифзи хавои атмосфера бояд чунин маълумотро дошта бошанд:
– номгуи чорабинихое, ки ба нигохдори ва баркарорсозии сифати хавои атмосфера равона шудаанд;
– руйхати ичрокунандагони масъул, хачм ва манбаъхои маблаггузории чорабинихои дар барнома пешбинишуда;
-нишондихандахо оид ба кам шудани партовхои моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера, мухлати ноил шудан ба онхо ва дигар натичахои чашмдошти  ичрои барномахо.
3. Лоихаи барномахои сохаи хифзи хавои атмосфера метавонанд ба мухокимаи шахрвандон ва ташкилотхои чамъияти бо максади бахисобгирии таклифхои онхо хангоми лоихакаши ва амалигардонии тадбирхои бехтар кардани сифати хавои атмосфера пешниход гарданд.
4. Маблаггузории барномахо дар сохаи хифзи хавои атмосфера тибки   конунгузории  Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 11. Пардохт  барои партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера
1. Барои партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера аз шахсони вокеи ва хукуки, новобаста ба шакли моликияташон, ки манбаъхои партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера доранд, пардохт ситонида мешавад.
2. Пардохтхо барои партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера аз инхо иборатанд:
– пардохт барои партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера дар худуди меъёрхои мукарраргардидаи хадди чоиз ё партовхои муваккатан мувофикашуда;
– пардохт барои партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера зиёда аз меъёрхои мукарраршуда;
– пардохт барои партовхои садамави ба хавои атмосфера.
3. Андозаи пардохти партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера, тартиби муайянкуни ва ситонидани он аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон бо назардошти дарачаи хатарнокии моддахои ифлоскунанда барои саломатии инсон ва мухити зист мукаррар карда мешавад.

Моддаи 12. Хавасмандгардонии иктисоди дар сохаи хифзи хавои атмосфера
1. Хавасмандгардонии иктисоди дар сохаи хифзи хавои атмосфера барои таъмини максадхои зерин амали карда мешавад:
– сохтмон ё тачдиди дастгоххои газтозакуни;
– созмони системахои автоматикунонидашудаи назорат ба партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера;
– фаъолияти инноватсиони дар сохаи хифзи хавои атмосфера, аз чумла татбик ва истифодаи технологияхои каммасрафи энергия ва (ё) технологияхои сарфакунандаи захира, бехтарин усулхои дастраси техники;
– истифодаи энергияи офтоб, шамол, гармии замин, харакати табиии чараёни об, сузишвори аз чуб ва дигар намудхои биомасса, гази биологи ва манбаъхои дигари энергия, ки ба хавои атмосфера таъсири кам доранд;
– татбики дигар тадбирхо оид ба хифзи хавои атмосфера.
2. Тартиб ва шартхои чори кардани хавасмандгардонии иктисоди дар сохаи хифзи хавои атмосфера тибки конунгузории  Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

БОБИ 4. БАМЕЪЁРДАРОРИ ДАР СОХАИ ХИФЗИ ХАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 13. Меъёрхои сохаи хифзи хавои атмосфера
1. Меъёрхои сохаи хифзи хавои атмосфера иборатанд аз:
– меъёрхои сифати хавои атмосфера;
– меъёрхои партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера;
– меъёрхои таъсири зараровари физики ба хавои атмосфера.
2. Конунгузории  Чумхурии Точикистон метавонад дигар намудхои меъёрхои сохаи хифзи хавои атмосфераро  мукаррар намояд.
Моддаи 14. Меъёрхои сифати хавои атмосфера
1. Бамеъёрдарории сифати хавои атмосфера бо максади мукаррар намудани меъёри хадди чоизи таъсир ба хавои атмосфера, ки бехатарии экологии ахоли ва мухити зисти табииро дар натичаи фаъолияти хочагидори ва дигар намуди фаъолият таъмин мекунад, амали карда мешавад.
2. Меъёрхои сифати хавои атмосфера  иборатанд аз:
– меъёрхои хадди чоизи гилзати моддахои ифлоскунандаи хавои атмосфера ва дарачахои тахминии бехатари таъсири моддахои ифлоскунандаи хавои атмосфераи махалхои ахолинишин ва истирохатгоххои умумии ахоли;
– меъёрхои гилзати бехатари экологии моддахои ифлоскунандаи хавои атмосфераи худудхои табиии махсус мухофизатшаванда ва объектхои худудхои табиии махсус мухофизатшаванда, инчунин худудхои табиие, ки ба хифзи махсус  зарурат доранд.
3. Меъёрхои сифати хавои атмосфера аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи бехдошти холати санитарию эпидемиологии ахоли мукаррар карда мешаванд, ба шарте ки конунгузории  Чумхурии Точикистон тартиби дигареро мукаррар накарда бошад.
Моддаи 15. Меъёрхои партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера
1. Меъёрхои партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера инхоянд:
– меъёрхои технологии партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера;
– меъёрхои чоизи партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера;
– меъёрхои моддахои ифлоскунанда дар таркиби газхои коркардшудаи манбаъхои сайёри  партовхо.
2. Ба меъёрхои технологии партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера  инхо дохиланд:
– меъёрхои технологии сохавии партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера;
– меъёрхои технологии инфиродии партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера.
3 . Меъёрхои технологии партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера барои манбаъхои партовхо аз руи бехтарин усулхои дастраси техники ва ухдадорихои Чумхурии Точикистон, ки аз шартномахои байналмилали бармеоянд,  мукаррар карда мешаванд.
4. Меъёрхои технологии сохавии партовхои моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера аз чониби макомоти дахлдори давлати дар мувофика бо макоми ваколатдори давлатии сохаи хифзи мухити зист тахия ва тасдик карда мешаванд.
5. Меъёрхои технологии инфиродии партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера аз чониби субъектхои хочагидоре, ки фаъолияташон бо партовхои моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера алокаманд аст, тахия ва тасдик карда мешаванд.
6. Меъёрхои чоизи партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера барои манбаъхои доимии партов аз тарафи макоми ваколатдори давлатии сохаи хифзи мухити зист дар ичозат барои партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера, ки ба субъекти хочагидори фаъолияташ бо партовхои моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера алокаманд дода шудааст, мукаррар карда мешаванд.
7. Дар холати меъёрхои чоизи партовро риоя накардани субъектхои хочагидор, ки фаъолияташон бо  партовхои моддахои ифлоскунанда бо хавои атмосфера алокаманд аст, макоми ваколатдори давлатии сохаи хифзи мухити зист метавонад барои чунин субъектхо меъёрхои муваккатии партови моддахои ифлоскунандаро ба хавои атмосфера мукаррар намояд.
8. Меъёрхои моддахои ифлоскунанда дар таркиби газхои коркардшудаи манбаъхои сайёри  партов дар санадхои меъёрии техники мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 16. Меъёрхои таъсири зараровари физики ба хавои атмосфера
1. Бо максади танзими давлатии таъсири зараровари физики ба хавои атмосфера меъёрхои хадди чоизи таъсири зараровари физики ба хавои атмосфера мукаррар карда мешаванд.
2. Меъёрхои хадди чоизи таъсири зараровари физики ба хавои атмосфера бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон тахия ва тасдик карда мешаванд.

БОБИ 5. ТАЛАБОТ ДАР СОХАИ ХИФЗИ
ХАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 17. Ухдадорихои шахрвандон ва субъектхои хочагидори фаъолияташон бо партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера алокаманд
1. Шахсоне, ки аз воситахои наклиёти механики истифода мебаранд, ухдадоранд меъёрхои моддахои ифлоскунандаро дар таркиби газхои коркардшудаи манбаъхои сайёри партовхо риоя намоянд.
2. Субъектхои хочагидоре, ки фаъолияташон бо  партовхои моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера алокаманд аст, ухдадоранд ки:
– тадбирхоеро тахия ва амали созанд, ки ифлосшавии хавои атмосфераро  пешгири намоянд;
– дар сурати имконнопазир будани таъмини риояи меъёрхои чоизи партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера ва (ё) меъёрхои технологии партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера бо назардошти истифодаи бехтарин усулхои дастраси техники манбаъхои партови доимии номуташаккилро бо дастгоххои газтозакуни мучаххаз гардонанд;
– ба зиёдшавии меъёрхои мукарраргардидаи сохаи хифзи хавои атмосфера рох надиханд, дар холати зиёдшавии ин меъёрхо барои рафъи сабабу окибати партовхои аз меъёр зиёди моддахои ифлоскунандаи хавои атмосфера тадбирхо андешанд ва дар сурати чой доштани чунин далелхо макоми ваколатдори давлатии сохаи хифзи мухити зистро фавран огох намоянд;
– хангоми имконнопазир будани риояи меъёрхои сохаи хифзи хавои атмосфера истифодаи манбаъхои партовро то рафъи камбудихои ошкоршуда боздоранд ё пурра катъ намоянд;
– оид ба кам кардани партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера дар давраи шароити номусоиди метеорологи ва таъмини ичрои онхо чорахо андешанд;
– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон иттилооти экологи пешниход намоянд;
– таълим (омузиш), дастурдихи, санчиши дониш, такмили ихтисоси кормандонеро, ки ба хифзи хавои атмосфера  машгуланд, таъмин намоянд;
– ухдадорихои дигари дар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон мукарраргардидаро  ичро намоянд.
Моддаи 18. Талабот дар сохаи хифзи хавои атмосфера хангоми лоихакаши, чойгирони, сохтмон ва тачдиди объектхои фаъолияти хочагидори ва дигар намуди фаъолият
1. Лоихаи объекти фаъолияти хочагидори ва дигар намуди фаъолияти бо партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера алокаманд  бо назардошти талаботи зерин тархсози карда мешавад:
– иттилоот оид ба бехтарин усулхои дастраси техники, ки аз тарафи макоми ваколатдори давлатии сохаи хифзи мухити зист бо тартиби аз тарафи он мукарраргардида пешниход карда мешавад;
– меъёрхои сохаи хифзи хавои атмосфера;
– маълумот дар бораи гилзати заминаи моддахои ифлоскунандаи хавои атмосфера;
– нишондихандахо оид ба камкунии партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера, ки дар барномахои давлати, сохави ва махаллии сохаи хифзи хавои атмосфера  пешбини шудаанд.
2. Лоихакаши, чойгирони ва сохтмони объектхои фаъолияти хочагидори ва дигар намуди фаъолият, ки истифодаашон  метавонад ба тагйирёбии иклим ва кабати озон таъсири номусоид расонад, саломатии инсонро бад кунад, хаёти инсон ва мухити зистро зери хатар гузорад, манъ карда мешаванд.
3. Дар атрофи объектхои фаъолияти хочагидори ва дигар намуди фаъолият, ки бо партовхои моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера алокаманд мебошанд, минтакаи санитарию мухофизати мукаррар карда мешавад. Андоза ва худуди чунин минтакахои санитарию мухофизати дар асоси хисоби пахншавии моддахои ифлоскунандаи хавои атмосфера бо назардошти гилзати заминаи моддахои ифлоскунандаи  хавои атмосфера ва оне, ки берун аз худуди ин минтакахо  микдори моддахои ифлоскунандаи хавои атмосфера аз меъёрхои сифати хавои атмосфера зиёд нестанд, муайян карда мешаванд.
4. Ба истифода додани объектхои фаъолияти хочагидори ва дигар намуди фаъолияти бо партовхои моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера алокаманд, ки ба талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон  дар сохаи хифзи хавои атмосфера, аз он чумла талаботи санадхои меъёрии техникии риояашон хатми чавобгу нест, манъ мебошад.

Моддаи 19. Талабот дар сохаи хифзи хавои атмосфера хангоми партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера аз манбаъхои доимии партов
1. Манбаъхои муташаккили доимии партов:
– бо нуктахои намунагири ва гузаронидани санчиши партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера  мувофики талаботи санадхои меъёрии техникии риояашон хатми ва хуччатхои лоихави барои сохтмон тачхизонида мешаванд;
– бо системахои автоматикунонидашудаи назорати партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера дар холатхои пешбининамудаи санадхои меъёрии техникии риояашон хатми тачхизонида мешаванд.
2. Партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера аз манбаъхои доимии партов факат хангоми доштани ичозат барои партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера, ки мувофики  меъёрхои чоизи партови  моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера ва шартхои дар чунин ичозат мукарраргардида,  имконпазир  мебошад.

Моддаи 20. Талабот дар сохаи хифзи хавои атмосфера хангоми партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера аз манбаъхои сайёри партов
1. Партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера аз манбаъхои сайёри партов бояд дар холатхои зайл зери санчиши субъектхои хочагидоре карор гиранд, ки истехсол, истифода, хизматрасонии техники ва таъмири манбаъхои сайёри партовро бо истифодаи усулхои инструментали доир ба мувофикати мавчудияти вокеъияти моддахои ифлоскунанда ба меъёрхои мавчудияти моддахои ифлоскунандаи таркиби газхои манбаъхои сайёри партов ба ухда доранд:
– хангоми истехсоли манбаъхои сайёри партовхо;
– хангоми додани ичозат ба воситахои механикии наклиёт барои харакат дар роххо;
– баъди хизматрасонии техники ва таъмири чузъхо ва агрегатхои манбаъхои сайёри партове, ки ба  партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера таъсир мерасонанд.
2. Партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера аз манбаъхои сайёри партов аз меъёрхои моддахои ифлоскунандаи таркиби газхои коркардшудаи манбаъхои сайёри партовхо, ки аз тарафи макоми ваколатдори давлатии сохаи хифзи мухити зист мукаррар карда шудааст, набояд зиёд бошанд.
3. Истифодаи манбаъхои сайёри партове, ки моддахои ифлоскунандаи таркиби газхои коркардшудаи онхо аз меъёрхои манбаъхои сайёри партов зиёданд, ичозат дода намешавад.

Моддаи 21. Талабот дар сохаи хифзи хавои атмосфера хангоми сузондани сузишвори, моддахо, омехтаи моддахо, маводу партовхо
1. Сузонидани сузишвори, моддахои карбогидратдор, омехтаи моддахо, маводу партовхо  (минбаъд дар хамин модда – моддахои хамчун сузишвори истифодашаванда) дар холатхои зерин ичозат дода мешавад:
– мутобикати сузишвори, моддахои хамчун сузишвори истифодашаванда ба санадхои меъёрию техникии риояашон хатми;
– мутобикати тачхизоти технологи ва дигар тачхизоте, ки барои сузонидани намуди муайяни сузишвори, моддахои хамчун сузишвори истифодашаванда таъингардида ба талаботи конунгузории  Чумхурии Точикистон  дар бораи хифзи хавои атмосфера, дар бораи хифзи мухити зист, аз он чумла дар бораи муносибат бо партовхо.
2. Сузонидани сузишвори ва моддахои хамчун сузишвори истифодашаванда дар чойхо ва (ё) дастгоххои барои сузонидани сузишвори пешбининашуда манъ аст.
3. Сузонидани моддахо ва омехтаи моддахо, маводу партове, ки  сузишвори ба хисоб намераванд манъ аст, ба истиснои холатхое, ки мавод бо истифодаи дастгоххои махсус ва риояи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хифзи мухити зист, аз он чумла дар бораи муносибат бо партовхо сузонида мешавад.

Моддаи 22. Талабот дар сохаи хифзи хавои атмосфера хангоми пеш омадани шароити номусоиди метеорологи
1. Партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера дар холате танзим карда мешавад, ки шароити номусоиди метеорологи пеш ояд ва тибки маълумоти нуктахои мушохидавии мониторинги хавои атмосфера гилзати баландтарини моддахои ифлоскунандаи хавои атмосфера аз меъёри сифати хавои атмосфера  зиёд бошад.
2. Тадбирхо оид ба кам кардани партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера дар давраи шароити номусоиди метеорологи дар шартхои ичозатномаи партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера  дохил мешаванд.
3. Хангоми тагйирёбии вазъи хавои атмосфера, ки сабаби руй доданаш партови садамавии  моддахои ифлоскунандаи хавои атмосфера мебошад ва хатари он ба хаёт ва саломатии инсон тахдид менамояд, оид ба хифзи ахоли тибки конунгузории Чумхурии Точикистон чорахои фаври андешида мешаванд.

Моддаи 23. Талабот дар сохаи хифзи хавои атмосфера хангоми  таъсири зараровари физики ба атмосфера
1. Хама гуна таъсири зараровари физики ба хавои атмосфера дар сурати риоя кардани меъёрхои хадди чоиз дар мавриде, ки барои он макомоти ваколатдори давлати ичозат дода бошанд,  хамчунин дар сурати риоя кардани дигар талаботи пешбининамудаи ин ичозатнома раво мебошад.
2. Хангоми риоя накардани талаботи мазкур фаъолияти дахлдори корхонахои саноати, муассисахо, консернхо, ширкату ассотсиатсияхо,  иттиходияву кооперативхо, корхонахои хурд, cеххо ва дастгоххои дигар ташкилотхоро бо карори макоме, ки  назорати давлатии хифзи хавои атмосфераро ба зимма дорад, то вакти бартараф кардани сабабу шароити ин конуншикани боздоштан, махдуд ё манъ кардан мумкин аст.
3. Барои  мубориза бо садохои истехсолот ва дигар садохо бояд корхои зайл ба анчом расонида шаванд:
– равандхои технологии пастсадо татбик карда шаванд;
– конструкcияи воситахои наклиёт ва истифодаи онхо, инчунин нигохубини  роххои охан ва автомобилгард, кучахо, чойгиронии  фурудгоххо, иншооту тачхизоти саноати ва дигар иншооту тачхизоте, ки манбаи садо мебошанд, бехтар карда, аз махалхои ахолинишин ва нохияхои серахоли дар масофаи зарури чойгир карда шаванд;
– банакшагири ва сохтмони шахрхо ва дигар махалхои ахолинишин бехтар карда шаванд;
– оид ба пешгири ва кам кардани садохои маиши тадбирхои ташкили андешида шаванд;
4. Шахрвандон вазифадоранд, ки талаботи мубориза бурдан бо садохои маиши дар манзили  истикомати, дар кучахо, чойхои истирохат ва дигар чойхои чамъияти мукарраршударо риоя намоянд.
5. Шахсони вокеи ва хукуки вазифадоранд, ки барои пешгири кардани таъсири зараровари садо, ларзиш, майдонхои электромагнити, афканишот ва дигар манбаъхо ба мухити зист ва саломатии инсон тадбирхои зарури андешанд.
Моддаи 24. Хифзи иклим ва кабати озони Замин
Хифзи иклим ва кабати озони Замин аз таъсири фаъолияти хочагидори ва дигар намуди фаъолият бо роххои зайл таъмин карда мешаванд:
– риояи меъёрхои хадди чоизи партови моддахои ифлоскунандае, ки ба тагйирёбии иклим ва кабати озони Замин таъсир мерасонанд;
– кам кардани партови моддахои зарарноке, ки самараи гарми меоранд, танзими истехсол ва дар рузгор истифода бурдани моддахои химиявие, ки кабати озонро вайрон мекунанд;
– татбики чорахои масъулият барои риоя накардани талаботи мазкур;
– ичро кардани дигар тадбирхои пешбининамудаи Конуни Чумхурии Тоxикистон “Дар бораи хифзи мухити зист”.

Моддаи 25. Додани ичозат барои партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера
1. Ба партови моддахои зараровари ифлоскунандаи хавои атмосфера аз манбаъхои доимии партов макоми ваколатдори давлатии сохаи хифзи мухити зист бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ичозат медихад.
2. Дар ичозати партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера меъёрхои чоизи партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера ва шартхои амалигардонии партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера  мукаррар карда  мешаванд.
3. Партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфераи аз меъёрхои чоизи партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера зиёд, ки дар ичозати партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера мукаррар гардидааст ё риоя накардани шартхои он манъ аст.

Моддаи 26. Ифлосшавии  сархадгузари хавои атмосфера
Чумхурии Точикистон мутобики санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудааш дар сохаи хифзи хавои атмосфера барои кам кардани партовхое, ки боиси  ифлосшавии сархадгузари хавои атмосфера мегардад, тадбирхо меандешад.

БОБИ 6. БАХИСОБГИРИ ДАР СОХАИ ХИФЗИ ХАВОИ АТМОСФЕРА. БАРУЙХАТГИРИИ  (ИНВЕНТАРИЗАТСИЯИ) ПАРТОВИ МОДДАХОИ ИФЛОСКУНАНДА БА ХАВОИ АТМОСФЕРА.  МОНИТОРИНГИ ХАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 27. Бахисобгири дар сохаи хифзи хавои атмосфера
1. Бахисобгири дар сохаи хифзи хавои атмосфера аз тарафи субъектхои хочагидоре, ки фаъолияташон бо партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера аз манбаъхои гайрисайёри партовхо алокаманданд, бо рохи дар хуччатхои ибтидоии бахисобгири бо далел инъикос намудани иттилооти экологи оид ба партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера,  ифлосшавии хавои атмосфера ва тадбирхо барои хифзи он бо тартиби мукарраргардидаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
2. Бахисобгирии давлати дар сохаи хифзи хавои атмосфера ба инхо дахл доранд:
– субъектхои хочагидоре, ки фаъолияташон бо партовхои моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера  алокаманд аст;
– манбаъхои доимии партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера;
– партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера.
3. Бахисобгирии давлатиро макоми ваколатдори давлати    дар сохаи хифзи мухити зист бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба рох мемонад.

Моддаи 28. Баруйхатгирии  (инвентаризатсияи) партовхои моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера
1. Субъектхои хочагидоре, ки фаъолияташон бо партови моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера алокаманд аст, ухдадоранд партови моддахои ифлоскунандаро ба хавои атмосфера мавриди баруйхатгири  карор диханд.
2. Тартиби баруйхатгирии (инвентаризатсияи) партовхои моддахои ифлоскунанда ба хавои атмосфера мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Моддаи 29. Мониторинги хавои атмосфера
1. Мониторинги хавои атмосфера  кисми таркибии Системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Чумхурии Точикистон мебошад.
2. Мониторинги хавои атмосфера мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

Моддаи 30. Хамкории  байналмилали дар сохаи хифзи хавои атмосфера
Хамкории байналмилали дар сохаи хифзи хавои атмосфера дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, амали карда мешавад.

БОБИ 7.  МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ
Моддаи 31. Назорат дар сохаи хифзи хавои атмосфера
1. Назорат дар сохаи хифзи хавои атмосфера бо максади риояи конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи хавои атмосфера, аз чумла, риояи хатмии санадхои меъёрии техники амали карда  мешавад.
2. Назорат дар сохаи хифзи хавои атмосфера кисми таркибии назорати сохаи хифзи мухити зист мебошад ва тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист амали карда мешавад.
3. Назорати давлатии санитариро дар сохаи хифзи хавои атмосфера макомоти давлати ва ташкилотхое, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист ва бехдошти холати санитарию эпидемиологи ваколатдор мебошанд, амали менамоянд.

Моддаи 32. Халли бахсхо дар сохаи хифзи хавои атмосфера
Бахсхо дар сохаи хифзи хавои атмосфера тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хал карда мешаванд.
Моддаи 33. Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур
Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 34. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи хифзи  хавои атмосфера”
Конуни Чумхурии Точикистон аз 1 феврали соли 1996 “Дар бораи хифзи хавои атмосфера” (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1996, №3, мод.53; с. 1997, № 23-24, мод. 333, фасли XXVI; с.  2007, №5, мод. 370; с. 2009, № 9-10, мод.550; с. 2010, №7, мод. 564) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 35. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти
Чумхурии Точикистон                                                                           Эмомали РАХМОН
ш. Душанбе, 28 декабри соли 2012,

№ 915

 

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

perepis

Аз 1-уми октябр дар Точикистон баруйхатгирии ахоли огоз мегардад

Аз 01.10.2020 дар Точикистон фаъолияти баруйхатгири – баруйхатгирии ахоли огоз мегардад. Дар ин бора дар …