Главная / Чугрофия / ХАРАКАТИ ОБИ УКЁНУС

ХАРАКАТИ ОБИ УКЁНУС

Мавчхо. Оби Укёнуси Олам мунтазам дар харакат мебошад. Сабаби он гуногун аст. Яке аз сабабхон маълум ва асосии харакати оби укёнус бодхои сахти сатхи бахру укёнус мебошанд. Хангоми харакати бод дар байни бод ва оби сатхи бахр соиш ба амал мсояд. Дар натичаи соиш дар сатхи оби бахр ва укёнус мавчхо хосил мешаванд. Андоза ва баландии мавчхо гуногунанд, Он ба шиддат ба даоомпокии бод нобаста аст. Хар Кадар бод пуршиддат ва давомнок вазад, хамон кадар андозаи мавчхо меафзояд. тегаи онхо баланд мешавад.

Баландии тегаи мавчхо одатан дар укёнус аз 6-8 метр зиёд намешавад. Аз хама зиёдтар мавчхо дар Нимкураи чануби мушохида мегарданд. Барои он ки дар нимкураи чануби оби укёнусхо бефосила ба хам пайваст буда. фазои васеъро ташкил медихад ва боди гарби, пассатхои шимоли гарби мунтазам ва босуръат мевазанд. Дар натича дар ин чо мавчхое хосил мешаванд, ки баландии тегаи онхо  13 метрро ташкил медихад. Дарозии он 400 метр буда, суръаташ ба 20 метр дар як сония баробар аст.

Сунами дар Тайланд (соли 2004)
Сунами дар Тайланд (соли 2004)

Баъзан баландии тегаи мавчхо аз ин хам зиёд мешавад. Маллохони рус соли 1956 дар кисми  чануби шаркии Укёнуси Ором мавчеро мушохида кардаанд, ки баландии тегаи он ба 18 метр баробар буд. Маллохони пуртачриба хикоя кардаанд, ки онхо  дар укёнус мавчхои баландиаш 30 метрро низ мушохида намудаанд. Баландии мавчхо дар бахрхо, махсусан дар бахрхои дохили кам аст. Дар бахри миёназамин баландии  онхо  аз 5 метр зиёд намешавад.

Мавчхо ба сохилхои хушки зарари зиёд меоваранд. Сангхои то 13 тонна вазн доштаро ба сохил мепартоянд. Мавчхои пурзур барои киштихои дар бандархобуда хатари калон доранд. Онхо метавонанд киштихоро чаппа намоянд. Барои ин ходисаи харобиоварро пешгири кардан дар атрофи бандархо аз охану бетон мавчшикан месозанд.

Сунами. Дар укёнус сунами мавчхои аз хама харобиовар мебошанд. Сабаби ба амал омадани онхо бод набуда, балки харакати кишри Замин аст. Дар каъри укёнус дар натичаи зарбахои зеризамини (як китъаи кишри Замин паст ва кигьаи дигари он баланд мешавад) ё ки оташфишонии вулконхо зилзилахои сахти зериоби ба вучуд меоянд. Дар натича оби укёнус ба харакат медарояд ва мавчхо аз маркази заминчунби ба чор тараф монанди доира пай дар хам пахн мешаванд.

Сунами ба хисоби миёна дар як соат бо суръати 700-800 километр харакат мекунад. Дар укёнуси кушод сунами барой киштихо он кадар хавфнок нест. Барои он ки масофаи байни мавчхо нихоят дароз аст. Бинобар ин баландии мавчи сунами он кадар бузург набуда, дар масофаи 100-200 километр хамаги як метрро ташкил менамояд. Мавчи сунами хангоми ба сохили материкхо ва чазирахо бархурдан аз 10 то 50 метр баланд мешавад. Сунами хама чизи дар сари рохаш вохурдаро чаппа намуда, вакти акиб гаштан бо чараёни худ ба укёнус мебарад. “Сунами” лафзи япони мебошад. “Су” халичи хурд, ”нами” мавч маънидод карда мешавад.

Сунами хусусан дар Укёнуси Ором бештар рух медихад. Хангоми таркиш ва оташфишонии вулкони Кракатау дар ин чо (соли 1883) баландии сунами дар укёнус 35 метр ва дарозии мавчи он 500 метрро ташкил намуд. Дар замони мо сунамии аз хама пуршиддати харобиовар соли 1960 дар натичаи заминчунбии Чили ба амал омад, ки аз сохилхои Америкаи Чануби мавчхои он ба воситаи тамоми укёнус то сохилхои чазирахои Гаваня, Зеландияи Нав, Австралня, Чопон, чазирахои Филиппин, Курил ва нимчазираи Камчатка пахн гардиданд.

Барои пешгуи кардаии суками лар бисёр мамлакатхо стансияхои тадкикоти илми сохта шудаанд, ки онхо суръат гирифтан ва харакат кардани сунамиро мушохила менамоянд, ахолиро пешаки аз наздик шудани он огох мекунанд. Ин буд, ки соли 1960 олимон дар натичаи хисобу китоб вакти ба сохили чазирахои Курил ва нимчазираи Камчатка расидани сунамиеро, ки дар натичаи заминчунбии Чили ба амал омада буд, муайян намуда, ахолиро аз он пешаки огох намуданд. Дар

натича одамонро ба чойхои бехатар бароварданд, ягон кас гирифтори бадбахтии ин офати табии нагардид.

Ходисаи мадду чазр. Мавчхо, махсусан мачхои калон дар укёнус доммо бефосила ба вучуд намеоянд. Баъзан хамин тавр мешавад, ки оби бахр ва укёнус якчанд руз нисбатан ором мешавад. Дар ин вакт баландии мавчхо хамаги якчанд сантиметрро ташкил менамояд. Аммо дар бахрхо ва укёнус ба гайр аз он мавчхое, ки тавассути бод, харакати кишри Замин; ва оташфишонии вулконхо ба амал меоянд. мавчхое мавчудамд, ки дар як шабонаруз ду бор тарафи сохил хамла оварда ва аз он ду бор пас мегарданд.

Ин ходиса дар натичаи анбухи оби бахру укёнусро ба худ чазб намудани Мох ва Офтоб ба вучуд меояд. Онро мадд ва чазр мегуянд. Хангоми мадд оби бахру укёнус дамида, хушкии назди сохилро пахш менамояд. Баръакс. дар вакти чазр об акиб мегардад ва хушкии назди сохил аз сари нав аз об озод мешавад. Вале ин мавчхо ба монанди мавчхои дигари бахру укёнус бенизом ба амал намеоянд, балки бо як тартиби доими ва муайян рух медиханд.

Вакти саршави ва ба охир расидаяи мадду чазр аник нест. Хамин тавр, вакте ки мавчи мадд ба сохил расад, мадд cap мешавад, вакте ки акиб гардад, чазр мешавад. Баландии мавчи мадд дар хама кисми  бахру укёнус як хел нест. Дар бахр ва укёнуси кушод баландии он 1-2 метрро ташкил медихад. Аммо дар сохилхое, ки хатти сохил качу килеб аст, баландии мавч мадд тадричан меафзояд. Дар Халичи Фанди, ки дар сохили Атлантикаи Америкаи Шимоли вокеь гардидааст, баландиш мавч ба 18 метр баробар аст. Баландии мавч дар Халичи Пенжини Бахри Охота 12 метр, дар Бахри Балтика кариб 5 метрро ташкил медихад. Мадд ба баланд шудани сатхи оби дарёхо низ таъсир мерасонад.

Дар дарёи Амазонка дар натичаи ходисаи мадд сатхи оби он Дар масофаи 1400 километр ба суи болооби он баланд метавад. Ин ба дарёи Амазонка ворид гардидани киштихои укёнусиро осон мегардонад. Гайр аз ин, дар он чойхое, ки баландии мавчи мадд зиёд аст, стансияхои электрикии мадди сохта шудаанд. Дар Русия чунин стансияро дар Халичи Кислая (нимчазираи Кола) бино кардаанд. Ходисаи мадду чазр ба шикори мохи хам мадад мерасонад. Хангоми чазр дар он чое, ки аз об озод мешавад, мохигирон тур мекашанд. Дар вакти мадд гурхо зери об монда, ба онхо  мохихо дохил мешаванд. Баъди акиб гаштани об (чазр) турхоро гундошта аз онхо  мохиро берун мсоранд.

Савол ва супориш

  1. Мавчхои сатхи бахрхо ва укёнусхо ба чи вобаста аст?
  2. Сунами чи тавр хосил мешавад?
  3. Чаро дар бахрхо мадду чазр хосил мешаванд?
  4.  Фоида ва зарари мадду чазрро фахмонед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

mahali-xud

ТАБИАТ ВА АКОЛИИ МАХАЛИ ХУД

Табакаи географи ва табиатн махали худ. Дар чараёни омузиши географияи табий шумо фахмидед, ки кураи …