Главная / Ҷуғрофия / ҲАРАКАТИ ОБИ УҚЁНУС

ҲАРАКАТИ ОБИ УҚЁНУС

Мавҷҳо. Оби Уқёнуси Олам мунтазам дар харакат мебошад. Сабаби он гуногун аст. Яке аз сабабҳон маълум ва асосии ҳаракати оби уқёнус бодҳои сахти сатҳи баҳру уқёнус мебошанд. Ҳангоми ҳаракати бод дар байни бод ва оби сатҳи баҳр соиш ба амал мсояд. Дар натиҷаи соиш дар сатҳи оби баҳр ва уқёнус мавҷҳо ҳосил мешаванд. Андоза ва баландии мавҷҳо гуногунанд, Он ба шиддат ба даоомпокии бод нобаста аст. Ҳар Кадар бод пуршиддат ва давомнок вазад, ҳамон қадар андозаи мавҷҳо меафзояд. тегаи онҳо баланд мешавад.

Баландии теғаи мавҷҳо одатан дар уқёнус аз 6-8 метр зиёд намешавад. Аз ҳама зиёдтар мавҷҳо дар Нимкураи ҷанубӣ мушоҳида мегарданд. Барои он ки дар нимкураи ҷанубӣ оби уқёнусҳо бефосила ба ҳам пайваст буда. фазои васеъро ташкил медиҳад ва боди ғарбӣ, пассатҳои шимоли ғарбӣ мунтазам ва босуръат мевазанд. Дар натиҷа дар ин чо мавҷҳое ҳосил мешаванд, ки баландии теғаи онҳо  13 метрро ташкил медиҳад. Дарозии он 400 метр буда, суръаташ ба 20 метр дар як сония баробар аст.

Сунами дар Тайланд (соли 2004)
Сунами дар Тайланд (соли 2004)

Баъзан баландии теғаи мавҷҳо аз ин ҳам зиёд мешавад. Маллоҳони рус соли 1956 дар қисми  ҷануби шаркии Уқёнуси Ором мавҷеро мушоҳида кардаанд, ки баландии теғаи он ба 18 метр баробар буд. Маллоҳони пуртаҷриба ҳикоя кардаанд, ки онҳо  дар уқёнус мавҷҳои баландиаш 30 метрро низ мушоҳида намудаанд. Баландии мавҷҳо дар баҳрҳо, махсусан дар баҳрҳои дохилӣ кам аст. Дар баҳри миёназамин баландии  онҳо  аз 5 метр зиёд намешавад.

Мавҷҳо ба соҳилҳои хушкӣ зарари зиёд меоваранд. Сангҳои то 13 тонна вазн доштаро ба соҳил мепартоянд. Мавҷҳои пурзӯр барои киштиҳои дар бандарҳобуда хатари калон доранд. Онҳо метавонанд киштиҳоро чаппа намоянд. Барои ин ҳодисаи харобиоварро пешгирӣ кардан дар атрофи бандарҳо аз оҳану бетон мавҷшикан месозанд.

Сунами. Дар уқёнус сунами мавҷҳои аз ҳама харобиовар мебошанд. Сабаби ба амал омадани онҳо бод набуда, балкӣ ҳаракати қишри Замин аст. Дар қаъри уқёнус дар натиҷаи зарбаҳои зеризаминӣ (як қитъаи қишри Замин паст ва қигьаи дигари он баланд мешавад) ё ки оташфишонии вулконҳо зилзилаҳои саҳти зериобӣ ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷа оби уқёнус ба ҳаракат медарояд ва мавҷҳо аз маркази заминҷунбӣ ба чор тараф монанди доира пай дар ҳам паҳн мешаванд.

Сунамӣ ба ҳисоби миёна дар як соат бо суръати 700-800 километр ҳаракат мекунад. Дар уқёнуси кушод сунами барой киштихо он қадар хавфнок нест. Барои он ки масофаи байни мавҷҳо ниҳоят дароз аст. Бинобар ин баландии мавҷи сунами он қадар бузург набуда, дар масофаи 100-200 километр ҳамагӣ як метрро ташкил менамояд. Мавҷи сунами ҳангоми ба соҳили материкҳо ва ҷазираҳо бархӯрдан аз 10 то 50 метр баланд мешавад. Сунами ҳама чизи дар сари роҳаш вохӯрдаро чаппа намуда, вақти ақиб гаштан бо ҷараёни худ ба уқёнус мебарад. “Сунами” лафзи японӣ мебошад. “Су” халиҷи хурд, ”нами” мавҷ маънидод карда мешавад.

Сунами хусусан дар Уқёнуси Ором бештар рух медиҳад. Ҳангоми таркиш ва оташфишонии вулқони Кракатау дар ин чо (соли 1883) баландии сунами дар уқёнус 35 метр ва дарозии мавҷи он 500 метрро ташкил намуд. Дар замони мо сунамии аз ҳама пуршиддати харобиовар соли 1960 дар натиҷаи заминчунбии Чили ба амал омад, ки аз соҳилҳои Америкаи Ҷанубӣ мавҷҳои он ба воситаи тамоми уқёнус то соҳилҳои ҷазирахои Гаваня, Зеландияи Нав, Австралня, Ҷопон, ҷазираҳои Филиппин, Курил ва нимҷазираи Камчатка паҳн гардиданд.

Барои пешгӯӣ кардаии суками лар бисёр мамлакатхо стансияҳои тадқиқоти илмӣ сохта шудаанд, ки онҳо суръат гирифтан ва ҳаракат кардани сунамиро мушоҳила менамоянд, аҳолиро пешакӣ аз наздик шудани он огоҳ мекунанд. Ин буд, ки соли 1960 олимон дар натиҷаи ҳисобу китоб вақти ба соҳили ҷазираҳои Курил ва нимҷазираи Камчатка расидани сунамиеро, ки дар натиҷаи заминҷунбии Чилӣ ба амал омада буд, муайян намуда, аҳолиро аз он пешакӣ огоҳ намуданд. Дар

натиҷа одамонро ба ҷойҳои бехатар бароварданд, ягон кас гирифтори бадбахтии ин офати табиӣ нагардид.

Ҳодисаи мадду ҷазр. Мавҷҳо, махсусан маҷҳои калон дар уқёнус доммо бефосила ба вуҷуд намеоянд. Баъзан ҳамин тавр мешавад, ки оби баҳр ва уқёнус якчанд рӯз нисбатан ором мешавад. Дар ин вақт баландии мавҷҳо ҳамагӣ якчанд сантиметрро ташкил менамояд. Аммо дар баҳрҳо ва уқёнус ба ғайр аз он мавҷҳое, ки тавассути бод, ҳаракати қишри Замин; ва оташфишонии вулқонҳо ба амал меоянд. мавҷҳое мавҷудамд, ки дар як шабонарӯз ду бор тарафи соҳил ҳамла оварда ва аз он ду бор пас мегарданд.

Ин ҳодиса дар натиҷаи анбӯҳи оби баҳру уқёнусро ба худ ҷазб намудани Моҳ ва Офтоб ба вуҷуд меояд. Онро мадд ва ҷазр мегуянд. Ҳангоми мадд оби баҳру уқёнус дамида, хушкии назди соҳилро пахш менамояд. Баръакс. дар вақти ҷазр об ақиб мегардад ва хушкии назди соҳил аз сари нав аз об озод мешавад. Вале ин мавҷҳо ба монанди мавҷҳои дигари баҳру уқёнус бенизом ба амал намеоянд, балки бо як тартиби доимӣ ва муайян рух медиҳанд.

Вақти саршавӣ ва ба охир расидаяи мадду ҷазр аниқ нест. Ҳамин тавр, вақте ки мавҷи мадд ба соҳил расад, мадд cap мешавад, вақте ки ақиб гардад, ҷазр мешавад. Баландии мавҷи мадд дар ҳама қисми  баҳру уқёнус як хел нест. Дар баҳр ва уқёнуси кушод баландии он 1-2 метрро ташкил медиҳад. Аммо дар соҳилҳое, ки хатти соҳил каҷу килеб аст, баландии мавҷ мадд тадриҷан меафзояд. Дар Халиҷи Фанди, ки дар соҳили Атлантикаи Америкаи Шимолӣ воқеь гардидааст, баландиш мавҷ ба 18 метр баробар аст. Баландии мавҷ дар Халиҷи Пенжини Баҳри Охота 12 метр, дар Баҳри Балтика қариб 5 метрро ташкил медиҳад. Мадд ба баланд шудани сатҳи оби дарёҳо низ таъсир мерасонад.

Дар дарёи Амазонка дар натиҷаи ҳодисаи мадд сатҳи оби он Дар масофаи 1400 километр ба сӯи болооби он баланд метавад. Ин ба дарёи Амазонка ворид гардидани киштиҳои уқёнусиро осон мегардонад. Ғайр аз ин, дар он ҷойҳое, ки баландии мавҷи мадд зиёд аст, стансияҳои электрикии маддӣ сохта шудаанд. Дар Русия чунин стансияро дар Халиҷи Кислая (нимҷазираи Кола) бино кардаанд. Ҳодисаи мадду ҷазр ба шикори моҳӣ ҳам мадад мерасонад. Ҳангоми ҷазр дар он ҷое, ки аз об озод мешавад, моҳигирон тӯр мекашанд. Дар вақти мадд гӯрҳо зери об монда, ба онҳо  моҳиҳо дохил мешаванд. Баъди ақиб гаштани об (ҷазр) тӯрҳоро ғундошта аз онҳо  моҳиро берун мсоранд.

Савол ва супориш

  1. Мавҷҳои сатҳи баҳрҳо ва уқёнусҳо ба чӣ вобаста аст?
  2. Сунами чӣ тавр ҳосил мешавад?
  3. Чаро дар баҳрҳо мадду ҷазр ҳосил мешаванд?
  4.  Фоида ва зарари мадду ҷазрро фаҳмонед.

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …