Главная / Гуногун / ХАЛКИ ТОЧИК ДАР АСРИ XVI. Истилои давлати ТЕМУРИЁН

ХАЛКИ ТОЧИК ДАР АСРИ XVI. Истилои давлати ТЕМУРИЁН

Дар худуди Казокистони хозира аз замонхои кадим кабилахои турки кучманчи зиндаги мекарданд. Дар асри XIII худуди кучманчиёни мазкурро мугулхо забт намуданд. Онхо бо ахолии тахчои як шуда, забони махаллиро кабул карданд. Баъдтар ахолии кучманчии ин дашту биёбон ба худ номи узбекро гирифт. Дар нимаи аввали асри XV дар ин чо давлати пуриктидори бодияви тоифахои туркзабонро муттахид мекард. Вале ин иттиходияи бавучудомада мабдаи иктисоди надошт ва бо зури силох арзи вучуд намуд. Баъд аз фавти Абулхайрхон – поягузори ин давлат иттиходияи мазкур аз по афтод. Набераи у – Шайбонихон хост, ки тачрибаи бобояшро такрор намояд.

dinastiya-shejbanidov-ddd

Муборизаи Шайбонихон барои бунёд намудани давлати пуриктидор барор нагирифт. У дар ин мубориза борхо аз ёрию дастгирии Темуриён бахраманд гардида буд. Бо вучуди он Шайбонихон дар яке аз чангхо маглуб шуда, ба Бухоро омал ва ду сол машгули омухтани илму дониш гардид.

Хамин солхо душмани ашаддии Темуриён кучманчиёни кисмати шимолии Мовароуннахр — мугулхо Тошкандро маркази худ ихтиёр карданд. Онхо ба нохияхои маркази хамла намуда, ахолиро тороч мекарданд. Темуриён Шайбонихонро ба мукобили душмани худ истифода кардани шуданд. Вале у аксар вакт хилофи ваъдаи худ амал карда, ба мулкхои харду тараф хучумхои горатгарона менамуд. Окибат Шайбонихон аз хамкавмони худ дастаи кавии аскари ташкил дода, бо мугулхо муохида баст ва соли 1499 ба истилои Мовароуннахр шуруь намуд. Аввал у пойтахти Темуриён шахри Самаркандро ба мухосира гирифт. Волии Бухоро бо лашкари худ ба ёрии Самарканд равон шуд. Шайбонихон Самаркандро гузошта, ба суи лашкари Бухоро хамла намуда, дар рох онро торумор намуд. Баъд аз мухосираи серуза шахри Бухоро бе чанг ба Шайбонихон таслим шуд.

Шайбонихон аз муборизаи байни ворисони Темур истифода мебурд. Хангоми Самаркандро мухосира намудани у ин низоъхо кувват гирифт. Окибат соли 1500 Самарканд бе чанг ба дасти Шайбонихон даромад. Аммо як кисми атрофи Бухоро ва Самарканд тарафдори баркарор намудани хокимияти Темуриён буд. Онхо пинхони бо шохзодаи чавони темури – Бобур Мирзо мухориба намуда, уро ба Самарканд оварда, подшох эълон намуданд. Ваде нигох доштани шахр ба Бобур муяссар нагардид. Шахриён яроку аслиха надоштанд. Дар шахри аз тарафи Шайбонихон мухосирашуда гуруснаги хукмфармои мекард. Бенавоён ва мухточон гушти caг ва харро мехурдаги шуданд. Ба Бобур касе имдод нарасонид, у ба кахти ва гуруснаги тоб наоварда, рохи гурезро пеш гирифт. Соли 1501 Самарканд дубора ба дасти Шайбонихон даромад. Аз хамин сол ба сари хокимият сулолаи хонадони Шайбонихо меояд.

Баъд аз забти Самарканд Шайбонихон барои ишголи мулкхои дигар лашкар кашид. Хангоми ба Хисор хучум кардани у хокими ин мулк Ширин Чухра бо як дастаи шучоъ калъаро мустахкам карда ба душман таслим нашуд. Мухосираи Хисор тул кашид. Шайбонихон ишголи Хисорро ба сарлашкаронаш во гузошта, худаш барои ишголи шахри Кундуз меравад. Баъд аз забти ин шахр у ба суи Хоразм лашкар кашид ва соли 1505 онро ишгол намуд. Окибат ба Шайбовихон ишголи Хисор муясар гардид. Вай бародарон Хамза Султон ва Махди Султонро хокимони ин мулк таъин кард. Забти Хисору Кундуз хукмронии Шайбоиихоиро дар Кулобу Бадахшон таъмин намуд.

Баъд аз пойдор гаштан дар Самарканд Шайбонихон хост Уротеппаро ишгол намояд. Дар ин шахр хамаги ду хазор лашкар нигох дошта мешуд. Бо вучуди он ишголи ин шахр муяссар нашуд. Чунки Уротеппа чунон истехкоми мустахкам дошт, ки Шайбонихонро ба хайрат гузошта, ба хулоса овард, ки ин калъаро бо чанг забт кардан аз имкон берун аст. Бинобар он у карор дод, ки калъаро мухосираи дуру дароз намуда, хокимаш Мухаммадхусайн Мирзо ва сокинонашро ба таслимшави мачбур намояд. Валс кушишхои чандкаратаи Шайбонихон бе окибат монданд.

Шайбонихон бо лашкараш барои ишголи Хучанд равон гашт. Сокинони ин калъаи мустахкам зери фармони шохзода Чахонгир бар зидди душман истодагари карда натавонистанд. Баъд аз забти Хучанд хон катли ом эълон кард. Шахрро оташ заданд. Мардуми зиёде халок шуд.

Ишголи калъаи устувори Хучанд рохи водии Фаргонаро кушод. Ба Шайбонихон муяссар гардид, ки соли 1504 Фаргонаро ишгол намояд. Як сол кабл аз ин, соли 1503 шахри Тошканд ба у тобеъ гашта буд.

Ишголи шахрхои калонтарини онвакта Самарканд, Бухоро, Тошканд, Фаргона, Хучанд, Хисор ва катлу горати Шайбониён дар ин чойхо барои хокими Уротеппа ва мулки у окибати халокатовар дошт. Илова бар ин, лашкари истилогар дехахои атрофи шахрро горат карда, ба зироат оташ зад. Мухаммадхусайн Мирзо соли 1504 пойтахти худ шахри Уротеппаро тарк намуда, ба Хирот меравад.

Дар як муддати кутох шахру вилоятхои Мовароуннахр тобеъи Шайбонихов гаштанд. Акнун у максад дошт, ки Хуросон ва пойтахти дигари Темуриён – шахри Хиротро забт намояд. Бо ин максад даставвал у шахри Балхро забт намуда, ба хок яксон кард. Соли 1507 Шайбонихон ба тарафи Хирот рахсипор гардид. У дар наздикии шахр лашкари ба чанг хуб омодашудаи темуриро маглуб вамуд. Хиротиён натанхо мачбур шуданд, ки таслим шаванд, балки ба сифати инъом ва бахшиш пули зиёде мебоист супоранд.

Бо хамин истилои давлати Темуриён ба охир расид. Ба хукмронни онхо завол омад. Ба сари хокимият дар Мовароуннахру Хуросон сулолаи Шайбони омад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …