Главная / Гуногун / ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСРИ XVI. Истилои давлати ТЕМУРИЁН

ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСРИ XVI. Истилои давлати ТЕМУРИЁН

Дар ҳудуди Қазоқистони ҳозира аз замонҳои қадим қабилаҳои турки кӯчманчӣ зиндагӣ мекарданд. Дар асри XIII ҳудуди кӯчманчиёни мазкурро муғулҳо забт намуданд. Онҳо бо аҳолии таҳҷоӣ як шуда, забони маҳаллиро қабул карданд. Баъдтар аҳолии кӯчманчии ин дашту биёбон ба худ номи ӯзбекро гирифт. Дар нимаи аввали асри XV дар ин ҷо давлати пуриқтидори бодиявӣ тоифаҳои туркзабонро муттаҳид мекард. Вале ин иттиҳодияи бавуҷудомада мабдаи иқтисодӣ надошт ва бо зӯри силоҳ арзи вуҷуд намуд. Баъд аз фавти Абулхайрхон – поягузори ин давлат иттиҳодияи мазкур аз по афтод. Набераи ӯ – Шайбонихон хост, ки таҷрибаи бобояшро такрор намояд.

dinastiya-shejbanidov-ddd

Муборизаи Шайбонихон барои бунёд намудани давлати пуриқтидор барор нагирифт. Ӯ дар ин мубориза борҳо аз ёрию дастгирии Темуриён баҳраманд гардида буд. Бо вуҷуди он Шайбонихон дар яке аз ҷангҳо мағлуб шуда, ба Бухоро омал ва ду сол машғули омӯхтани илму дониш гардид.

Ҳамин солҳо душмани ашаддии Темуриён кӯчманчиёни қисмати шимолии Мовароуннаҳр — муғулҳо Тошкандро маркази худ ихтиёр карданд. Онҳо ба ноҳияҳои марказӣ ҳамла намуда, аҳолиро тороҷ мекарданд. Темуриён Шайбонихонро ба муқобили душмани худ истифода карданӣ шуданд. Вале ӯ аксар вақт хилофи ваъдаи худ амал карда, ба мулкҳои ҳарду тараф ҳуҷумҳои ғоратгарона менамуд. Оқибат Шайбонихон аз ҳамқавмони худ дастаи қавии аскарӣ ташкил дода, бо муғулҳо муоҳида баст ва соли 1499 ба истилои Мовароуннаҳр шурӯь намуд. Аввал ӯ пойтахти Темуриён шаҳри Самарқандро ба муҳосира гирифт. Волии Бухоро бо лашкари худ ба ёрии Самарқанд равон шуд. Шайбонихон Самарқандро гузошта, ба сӯи лашкари Бухоро ҳамла намуда, дар роҳ онро торумор намуд. Баъд аз муҳосираи серӯза шаҳри Бухоро бе ҷанг ба Шайбонихон таслим шуд.

Шайбонихон аз муборизаи байни ворисони Темур истифода мебурд. Ҳангоми Самарқандро муҳосира намудани ӯ ин низоъҳо қувват гирифт. Оқибат соли 1500 Самарқанд бе ҷанг ба дасти Шайбонихон даромад. Аммо як қисми атрофи Бухоро ва Самарқанд тарафдори барқарор намудани ҳокимияти Темуриён буд. Онҳо пинҳонӣ бо шоҳзодаи чавони темурӣ – Бобур Мирзо муҳориба намуда, ӯро ба Самарқанд оварда, подшоҳ эълон намуданд. Ваде нигоҳ доштани шаҳр ба Бобур муяссар нагардид. Шаҳриён яроқу аслиҳа надоштанд. Дар шаҳри аз тарафи Шайбонихон муҳосирашуда гуруснагӣ ҳукмфармоӣ мекард. Бенавоён ва мӯҳтоҷон гӯшти caг ва харро мехӯрдагӣ шуданд. Ба Бобур касе имдод нарасонид, ӯ ба қаҳтӣ ва гуруснагӣ тоб наоварда, роҳи гурезро пеш гирифт. Соли 1501 Самарқанд дубора ба дасти Шайбонихон даромад. Аз ҳамин сол ба сари ҳокимият сулолаи хонадони Шайбониҳо меояд.

Баъд аз забти Самарқанд Шайбонихон барои ишғоли мулкҳои дигар лашкар кашид. Ҳангоми ба Ҳисор хуҷум кардани ӯ ҳокими ин мулк Ширин Чӯхра бо як дастаи шуҷоъ қалъаро мустаҳкам карда ба душман таслим нашуд. Муҳосираи Ҳисор тӯл кашид. Шайбонихон ишғоли Ҳисорро ба сарлашкаронаш во гузошта, худаш барои ишғоли шаҳри Қундуз меравад. Баъд аз забти ин шаҳр ӯ ба сӯи Хоразм лашкар кашид ва соли 1505 онро ишғол намуд. Оқибат ба Шайбовихон ишғоли Ҳисор муясар гардид. Вай бародарон Ҳамза Султон ва Маҳдӣ Султонро ҳокимони ин мулк таъин кард. Забти Ҳисору Қундуз ҳукмронии Шайбоиихоиро дар Кӯлобу Бадахшон таъмин намуд.

Баъд аз пойдор гаштан дар Самарқанд Шайбонихон хост Ӯротеппаро ишғол намояд. Дар ин шаҳр ҳамагӣ ду ҳазор лашкар нигоҳ дошта мешуд. Бо вуҷуди он ишғоли ин шаҳр муяссар нашуд. Чунки Ӯротеппа чунон истеҳкоми мустаҳкам дошт, ки Шайбонихонро ба ҳайрат гузошта, ба хулоса овард, ки ин қалъаро бо ҷанг забт кардан аз имкон берун аст. Бинобар он ӯ қарор дод, ки қалъаро муҳосираи дуру дароз намуда, ҳокимаш Муҳаммадҳусайн Мирзо ва сокинонашро ба таслимшавӣ маҷбур намояд. Валс кӯшишҳои чандкаратаи Шайбонихон бе оқибат монданд.

Шайбонихон бо лашкараш барои ишғоли Хуҷанд равон гашт. Сокинони ин қалъаи мустаҳкам зери фармони шоҳзода Ҷахонгир бар зидди душман истодагарӣ карда натавонистанд. Баъд аз забти Хуҷанд хон қатли ом эълон кард. Шаҳрро оташ заданд. Мардуми зиёде ҳалок шуд.

Ишғоли қалъаи устувори Хуҷанд роҳи водии Фарғонаро кушод. Ба Шайбонихон муяссар гардид, ки соли 1504 Фарғонаро ишғол намояд. Як сол қабл аз ин, соли 1503 шаҳри Тошканд ба ӯ тобеъ гашта буд.

Ишғоли шаҳрҳои калонтарини онвақта Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Фарғона, Хуҷанд, Ҳисор ва қатлу ғорати Шайбониён дар ин ҷойҳо барои ҳокими Ӯротеппа ва мулки ӯ оқибати ҳалокатовар дошт. Илова бар ин, лашкари истилогар деҳаҳои атрофи шаҳрро ғорат карда, ба зироат оташ зад. Муҳаммадҳусайн Мирзо соли 1504 пойтахти худ шаҳри Ӯротеппаро тарк намуда, ба Ҳирот меравад.

Дар як муддати кӯтоҳ шаҳру вилоятҳои Мовароуннаҳр тобеъи Шайбонихов гаштанд. Акнун ӯ мақсад дошт, ки Хуросон ва пойтахти дигари Темуриён – шаҳри Ҳиротро забт намояд. Бо ин мақсад даставвал ӯ шаҳри Балхро забт намуда, ба хок яксон кард. Соли 1507 Шайбонихон ба тарафи Ҳирот раҳсипор гардид. Ӯ дар наздикии шаҳр лашкари ба ҷанг хуб омодашудаи темуриро мағлуб вамуд. Ҳиротиён натанҳо маҷбур шуданд, ки таслим шаванд, балки ба сифати инъом ва бахшиш пули зиёде мебоист супоранд.

Бо хамин истилои давлати Темуриён ба охир расид. Ба ҳукмронни онҳо завол омад. Ба сари ҳокимият дар Мовароуннаҳру Хуросон сулолаи Шайбонӣ омад.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

buxoro

ВОҚЕАҲОИ НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVI

Муборизаҳои Бобур Мирзо бе оқибат монданд. Сарзамини Осиёи Миёна ба зери тасарруфи Шайбониён даромад. Вале …