Главная / Илм / ГУЛИ ЧАШМ

ГУЛИ ЧАШМ

guli-chashmГУЛИ ЧАШМ, тухмак, лейкома, тира шудани шохпардаи чашм. Дар натичаи беморихои илтихобии вазнин (кератит, трахома, яраи карния) ё осеби гуногуни чашм (таъсироти механики, харорати, химияви) пайдо мешавад. Г. ч. модарзоди низ шуданаш мумкин аст; сабаби он беморихои илтихобии шохпарда мебошанд, ки тифл дар батни модар аз сар гузарондааст. Г. ч. метавонад тамоми шохпарда ё кисми онро фаро гирад. Вобаста ба андозаи Г. ч. ё дарачаи тира гаштани чашм, кувваи босира низ тагйир меёбад. Г. ч. дар баъзе мавридхо сабаби пурра нобино шудани одам мегардад.
Табобати Г. ч. бо рохи чаррохи сурат мегирад. Бо максади пешгирии Г. ч. беморихои илтихоби ва осебхои шохпардаро сари вакт табобат кардан лозим; дар корхонахои саноати ба коидахои бехатари бояд хатман риоя карда шаванд. Ниг. низ Босира, Чашм.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …