Главная / Илм / ГОРМОНОТЕРАПИЯ

ГОРМОНОТЕРАПИЯ

gormonoterapiyaГОРМОНОТЕРАПИЯ (Hormonotherapia), ба тавассути дорухои гормони муолича кардани беморихои гуногун. Г.-ро дар мавриди беморихои эндокрини ва гайриэндокрини истифода мебаранд. Вобаста ба вазъи фаъолияти гадудхои усораи дохили (эндокрини) Г. таъвизи, ангезиши ва тасаккуни мешавад.
Г.-и таъвизи хангоми суст шудани фаъолияти гадуди усораи дохили бо максади рафъ сохтани норасоии гормонхо истифода мегардад. Ба бемор дорухои хамон гормон ё давохои шабех ба онхоро таъин мекунанд. Г.-и таъвизи факат дар давраи истифодаи гормонхо ё дорухои гормони нафъ дорад, зеро онхо сабабхои бемориро бартараф намесозанд. Ин навъи Г. тамоми умр идома меёбад, мас., бо инсулин табобат кардани диабети канди; бо глюкокортикоидхо ё давохои он муолича намудани бемории Аддисон; бо гормонхои тиреоиди дармон бахшидани гипотиреоз ва г. Вояи дорухои гормони ба таври фарди интихоб карда мешавад.
Г.-и ангезиши бахри фаъол сохтани кори гадуди усораи дохили амали мегардад. Бо ин максад аз гормонхои хиссаи пеши гипофиз ва нейрогормонхои гипоталамус истифода мекунанд. Г.-и ангезишии бардавом хеле кам кор фармуда мешавад (асосан барои муоличаи гипогонадизми дуюмин).
Г.-и тасаккуни барои муоличаи гиперфунксияи мутлак ё нисбии гадудхои усораи дохили ё омосхои вобаста ба гормон истифода мегардад. Дар аснои он фаъолияти гормони бемориовар катъ карда мешавад ё ба организм гормоне мефиристанд, ки зидди он таъсир мерасонад.
Дар мавриди беморихои гайриэндокрини Г. бештар таъсири патогенези мерасонад, зеро он ба механизмхои инкишофи бемори таъсир меорад. Хангоми ин навъи Г. бештар аз гормонхои кишри гадудхои болои гурда – глюкокортикоидхо истифода карда мешавад.
Дар кудакон Г. зери назорати катъии духтур сурат мегирад (тагйири массаи бадан ва холати меъдаю рудахоро мунтазам назорат менамоянд).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …