Главная / Илм / ГЛЮКАГОН

ГЛЮКАГОН

glucagonГЛЮКАГОН, як навъ гормон, антагонисти физиологии инсулин. Г. дар танзими мубодилаи карбогидратхо иштирок карда, ба мубодилаи чарбу таъсир мерасонад, ба фаъолияти ферментхое, ки чарбуро тачзия мекунанд, таквият мебахшад. Г. пептид аст. Онро асосан алфа-хучайрахои чазирачаи гадуди зери меъда синтез мекунад. Мукаррар шудааст, ки Г. аз чониби хучайрахои махсуси луобпардаи рудаи дувоздахангушта ва меъда низ хосил мешавад. Г. ба хун хамрох шуда, микдори глюкозаро зиёд мекунад; дар натича бемории гипергликемия инкишоф меёбад. Дар сурати муътадил будани микдор, Г. ба бисёр паст шудани савияи глюкоза рох намедихад. Бинобар мавчудияти Г., ки таъсири гипогликемиявии инсулинро бартараф мекунад, мубодилаи глюкоза дар организм ба меъёр медарояд. Г. дар чигар раванди ба глюкоза табдил ёфтани гликогенро метезонад; он ба гликогени таркиби мушакхо таъсир намерасонад. Микдори Г. дар хун хангоми бемории диабети канди зиёд мешавад. Норасоии Г. боиси хуручи ногахонии гипогликемия (хусусан дар кудакон) хохад шуд. Аз руи меъёр микдори Г. дар хун 0,5 – 6 нг/мл аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …