Главная / Илм / ГЕЙНИТС Александр Владимирович

ГЕЙНИТС Александр Владимирович

geynitsГЕЙНИТС Александр Владимирович (тав. 29. 09. 1952, ноҳ. Вахши вил. Хатлон), ҷарроҳ, доктори илми тиб (1994), проф. (1998). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1975). Ординатори клиникии кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ (1975 – 77), ҷарроҳи Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №1-и ш. Душанбе (1977 – 80), ассистент, дотсенти кафедраи ҷарроҳии госпиталӣ (1980 – 88), ҷонишини декани факултаи муолиҷавӣ ва котиби масъули Шӯрои ҳамоҳангсозии илми назди ноиби ректор оид ба илми ДДТТ (1988 – 92). Ходими илмӣ, роҳбари шӯъбаи клиникӣ (1994 – 97) ва аз с. 2007 директори Маркази илмии давлатии тибби лазерии Вазорати тандурустии Федератсияи Россия. Дар мавзӯи «Шифои захмҳои гуногун дар шароити баландкӯҳ зери таъсири афканишоти лазерӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи 125 кори илмӣ, аз ҷумла 4 монография, ҳамчунин 7 ихтироот ва зиёда аз 20 навоварист. Раиси Шӯрои диссертатсиявии назди Маркази илмии давлатии тибби лазерӣ, раиси Шӯрои илмӣ оид ба тибби лазерии АИТ ФР, муовини сармуҳаррири маҷаллаи илмию амалии «Лазерная медицина», узви бюрои Ассотсиатсияи европоӣ оид ба тибби лазерӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …