Главная / Маданият ва санъат / ГАВХАР – КИНО (ФИЛМ)

ГАВХАР – КИНО (ФИЛМ)

Режиссёри точик Собир Собиров дар хамкори бо филмсозони узбек ба сабти филми бадеии «Гавхар», ки аз рузгори чилдухтарони Самарканд хикоят мекунад, огоз кард. «Гавхар» филме хохад буд, ки баъди си соли чудои кинематографистони узбеку точикро ба хам меорад. -«Гавхар» ягона филме нест, ки бо филмсозони узбек мо ба навор мегирем.

Дар асл мо сабти ду филмро дар накша дорем. Ин лоихаи мо баъди хуб шудани муносибатхои ду кишвар рохандози шуд ва барои боз хам бехтар шудани хамкорихои фарханги мусоидат мекунад. Зеро дар гузашта мо – точикон ва узбекон дар кино хамкорихои самарабахш ва таърихи муштарак дорем, – мегуяд Собир Собиров. Мавриди ёдоварист, ки маблаггузори ин лоихахо директори генералии Ширкати «Vendo» Хайрулло Мамасолиев аст.

Ин ширкат дар Самарканд ва умуман Узбекистон лоихахои калони фархангиро дар сатхи баланд баргузор кардааст. Дар мавриди филми бадеии «Гавхар» бо Собир Собиров хамсухбат шудем: -«Гавхар» филми бадеии калонметраж буда, аз рузгори чилдухтарони Самарканд хикоят мекунад, чилдухтарони часури сугдиён, ки Афросиёбро химоя мекарданд. Филми мазкур бо истифода аз техникахои мухталиф ба навор гирифта мешавад. Чун ман дастпарвари мактаби кинои совети хастам, мо филмро на дар монтаж, балки дар майдони сабт омода мекунам.

Бинобар, ин кариб як соли аввал мо барои сабт омодаги мебинем. Айни замон мо ба интихоби духтарон машгулем ва баъди ин ба онхо машк мекунем, то аспсавори, истифодаи силох ва давидану чахиданро омузанд. Дар киссаи чилдухтарони Самарканд як чехраи барчаста хаст, ки Гавхар ном дорад. Ин зан хеле часур аст ва то лахзаи охирин бо душман мечангад. Дар филм як эпизоди чолибе хохад буд: вакте Гавхар бо душман мечангад, дар охир тоскулох аз сараш меафтад ва ракибаш мебинад, ки у то ин вакт бо зан мухориба мекардааст.

У ба матонати Гавхар коил шуда, ба наздаш меояд ва дасташро бусида, ба шахр намедарояд. Баъди ин Гавхар чон медихад. Ман бо ин филм мехохам нишон дихам, ки дар гузашта занони миллати мо часур буданд ва хатто ба даст шамшер гирифта, мукобили душманон мечангиданд.» Филми дувуме, ки ин режиссёри точик сабт мекунад, хачви аст ва аз рузгори чор чавони самарканди кисса мекунад. Яке аз он чавонхо ба духтари точикистони дил мебандад. «Зимни тамрину омодаги ба филми бадеии «Гавхар» мо филми дувумро ба навор мегирем.

Айни замон дар бораи сужети ин филм чизе намегуям, дар охир достони ишки як узбекистони ва як точикистони чи мешавад, тамошобин хохад дид»,- мегуяд Собир Собиров. Собир Собиров фарзанди режиссёри маъруфи синамои точик Тохир Собиров мебошад. У худ дар Самарканд зода шуда, хатмкардаи ВГИК – Институти кинематографияи Маскав аст. Каблан у дар мавриди чандин навъи варзиш филмхои хуччати ба навор гирифтааст. Хамчунин сабти даххо клипи чолиб махсули эчодиёти у хастанд. Ду филми бадеие, ки сабташон дар хамкори бо киносозони узбек огоз шудаанд, дебюти Собир Собиров дар филми бадеи хохад буд.

О. СОХИБЗОДА

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …