ФОЛБИН

Хурофот бештар зодаи чахолати инсон ва тарси у аз па- дидахои табиист. Одамон аз сабаби он ки омилхои ба вучуд омадани офатхои табииро намедонистанд, онро ба кувваи фавкуттабии нисбат медоданд. Масалан, мегуфтанд, ки соле, ки дар осмон ситораи думдор барояд, соли нахс аст ва хатман бадбахти меорад. Ё хамин гирифтани офтобро фоли бад медонистанд. Ба дуохониву тумор барои шифо ёфтан бовар доштанд.

Бибии модариям мегуфтанд, ки такдири хар кас рузи таваллуд шуданаш дар пешонияш навишта шудааст ва аз он чои гурез нест (Суханони китоби). Ба шубхаи ман, ки мегуфтам пешони китоб нест, ки хамаи хаёти одамро дар он навишта шавад, мегуфтанд, ки он бо хати хурд навишта мешавад ва хатман чойгир мешавад. Бахсу шубхаи бештар газаби бибиямро меовард, ки хатто мета- вонистанд аз хонаашон пеш кунанд.

Дар замони шурави сатхи хурофот каме поён буд, вале баъд аз фурупоши сатхи таассубу хурофот боло рафт ва холо бо вучуди пешрафти илму дастраси ба интернет, хамчунон бовархои хурофоти дар пахнои Шуравии собик, бахусус Осиёи Миёна хеле ривоч доранд.

Вале баъзан иттифокоте меуфтад, ки хатто илми руз аз тафсираш очиз аст.

Боре тобистони соли 1991, пас аз баргаштанам аз Хинд хамрохи бародарам Абдухалим барои мухиме бо мошини пада- рам ба бозори Панчекат рафтем. Ман ронандаги мекардам. Рохи бозгаштан, вакте ки аз дехаи Сучина мегузаштем, Абдухалим ба ман як хонаро нишон дода гуфт, ки ин хонаи як фолбин аст, ки фолхояш дуруст мебароянд. Ман, ки ба шарлатанхо бовар надорам, уро ба масхара кашидам, ки ба ин гуна фиребгарон бовар мекунад. У вокеаи ачиберо бароям накл кард.

Чанд сол пеш хамрохи хамсинфаш Мурод ба назди ин фол- бин рафта будааст. Онхо хамрох рафта бошанд хам, асосан ба- родари ман Абдухалим ба фолбин кор доштааст. Мурод хамин тавр бо у хамрох рафтааст. Он замон аз издивочи Абдухалим чанд сол гузашта бошад, хам фарзанд наёфта буд ва мехостааст аз фолбин хохиш кунад, ки пешомади уро фол бинад. Вале фолбин ба у хеле ахаммият надода, ба Мурод часпидааст ва ба у саволи зиёд додааст. Муродро фол дида, ба у гуфтааст, ки у руи ду издивочро мебинад. Вакте Мурод ба газаб омада, чавоб додааст, ки у оиладор аст ва нияти чудо шудан ё аз нав зан ги- рифтан надорад, фолбин ба харфи у ахаммият надода, ба у бо исрор тавсия додааст, ки чанд зиёратгохро дар чануби кишвар зиёрат кунад. Абдухалим мегуфт, ки мо барои ман рафта бошем хам, фолбин ба ман кам ахаммият дода, ба Мурод сахт часпид ва то дами дарвозааш гусел карда, гаштаю баргашта бо исрор хохиш мекард, ки зиёрати он бузургонро фаромуш накунад. Мурод аз назди фолбин хеле асабони берун омада, харфхои уро чидди намегирад.

Ман Мурод ва ахли оилаи онхоро хуб мешинохтам. Мурод набераи хамон Бобои Элди буд, ки бо бобои ман хирманкуби мекард ва ман бо падари у як сол дар Заврон кор кардаам.

Вокеан, пас аз муддате Мурод сари кадом масъалаи хурде бо занаш чанчол карда, сари хашм уро талок дод. Баъд аз кар- дааш пушаймон шуда, занашро дубора никох карда гирифт, ки ин дар Панчруд ба хама маълум аст. Абдухалим, ки бо Му- род робитаи дустии наздик дошт, пешгуии фолбинро ёдовар шуда, Муродро ташвик мекунад, ки ба зиёрати он мазорхои фолбин тавсия дода биравад ва назре бикунад, вале Мурод хамоно парво накардааст.

Бо гузашти муддати кутохи дигар Мурод ба сисолаги нарасида, як руз сари хуроки шом, бе хеч маризие, дар сари дастархон сарашро ба зонуи модараш гузошту чон дод, ки Абдухалим онро ба хамон фоли фолбин ва беэътиноии у рабт медод.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …