ФОЛБИН

Хурофот бештар зодаи ҷаҳолати инсон ва тарси ӯ аз па- дидаҳои табиист. Одамон аз сабаби он ки омилҳои ба вуҷуд омадани офатҳои табииро намедонистанд, онро ба қувваи фавқуттабиӣ нисбат медоданд. Масалан, мегуфтанд, ки соле, ки дар осмон ситораи думдор барояд, соли наҳс аст ва ҳатман бадбахтӣ меорад. Ё ҳамин гирифтани офтобро фоли бад медонистанд. Ба дуохониву тумор барои шифо ёфтан бовар доштанд.

Бибии модариям мегуфтанд, ки тақдири ҳар кас рӯзи таваллуд шуданаш дар пешонияш навишта шудааст ва аз он ҷои гурез нест (Суханони китобӣ). Ба шубҳаи ман, ки мегуфтам пешонӣ китоб нест, ки ҳамаи ҳаёти одамро дар он навишта шавад, мегуфтанд, ки он бо хати хурд навишта мешавад ва ҳатман ҷойгир мешавад. Баҳсу шубҳаи бештар ғазаби бибиямро меовард, ки ҳатто мета- вонистанд аз хонаашон пеш кунанд.

Дар замони шӯравӣ сатҳи хурофот каме поён буд, вале баъд аз фурӯпошӣ сатҳи таассубу хурофот боло рафт ва ҳоло бо вуҷуди пешрафти илму дастрасӣ ба интернет, ҳамчунон боварҳои хурофотӣ дар паҳнои Шӯравии собиқ, бахусус Осиёи Миёна хеле ривоҷ доранд.

Вале баъзан иттифоқоте меуфтад, ки ҳатто илми рӯз аз тафсираш оҷиз аст.

Боре тобистони соли 1991, пас аз баргаштанам аз Ҳинд ҳамроҳи бародарам Абдуҳалим барои муҳиме бо мошини пада- рам ба бозори Панҷекат рафтем. Ман ронандагӣ мекардам. Роҳи бозгаштан, вақте ки аз деҳаи Сӯҷина мегузаштем, Абдуҳалим ба ман як хонаро нишон дода гуфт, ки ин хонаи як фолбин аст, ки фолҳояш дуруст мебароянд. Ман, ки ба шарлатанҳо бовар надорам, ӯро ба масхара кашидам, ки ба ин гуна фиребгарон бовар мекунад. Ӯ воқеаи аҷиберо бароям нақл кард.

Чанд сол пеш ҳамроҳи ҳамсинфаш Мурод ба назди ин фол- бин рафта будааст. Онҳо ҳамроҳ рафта бошанд ҳам, асосан ба- родари ман Абдуҳалим ба фолбин кор доштааст. Мурод ҳамин тавр бо ӯ ҳамроҳ рафтааст. Он замон аз издивоҷи Абдуҳалим чанд сол гузашта бошад, ҳам фарзанд наёфта буд ва мехостааст аз фолбин хоҳиш кунад, ки пешомади ӯро фол бинад. Вале фолбин ба ӯ хеле аҳаммият надода, ба Мурод часпидааст ва ба ӯ саволи зиёд додааст. Муродро фол дида, ба ӯ гуфтааст, ки ӯ рӯи ду издивоҷро мебинад. Вақте Мурод ба ғазаб омада, ҷавоб додааст, ки ӯ оиладор аст ва нияти ҷудо шудан ё аз нав зан ги- рифтан надорад, фолбин ба ҳарфи ӯ аҳаммият надода, ба ӯ бо исрор тавсия додааст, ки чанд зиёратгоҳро дар ҷануби кишвар зиёрат кунад. Абдуҳалим мегуфт, ки мо барои ман рафта бошем ҳам, фолбин ба ман кам аҳаммият дода, ба Мурод сахт часпид ва то дами дарвозааш гусел карда, гаштаю баргашта бо исрор хоҳиш мекард, ки зиёрати он бузургонро фаромӯш накунад. Мурод аз назди фолбин хеле асабонӣ берун омада, ҳарфҳои ӯро ҷиддӣ намегирад.

Ман Мурод ва аҳли оилаи онҳоро хуб мешинохтам. Мурод набераи ҳамон Бобои Элдӣ буд, ки бо бобои ман хирманкӯбӣ мекард ва ман бо падари ӯ як сол дар Заврон кор кардаам.

Воқеан, пас аз муддате Мурод сари кадом масъалаи хурде бо занаш ҷанҷол карда, сари хашм ӯро талоқ дод. Баъд аз кар- дааш пушаймон шуда, занашро дубора никоҳ карда гирифт, ки ин дар Панҷрӯд ба ҳама маълум аст. Абдуҳалим, ки бо Му- род робитаи дӯстии наздик дошт, пешгӯии фолбинро ёдовар шуда, Муродро ташвиқ мекунад, ки ба зиёрати он мазорҳои фолбин тавсия дода биравад ва назре бикунад, вале Мурод ҳамоно парво накардааст.

Бо гузашти муддати кӯтоҳи дигар Мурод ба сисолагӣ нарасида, як рӯз сари хӯроки шом, бе ҳеч маризие, дар сари дастархон сарашро ба зонуи модараш гузошту ҷон дод, ки Абдуҳалим онро ба ҳамон фоли фолбин ва беэътиноии ӯ рабт медод.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …