Главная / Чамъият / Эътироф накардани фоида ё зарар

Эътироф накардани фоида ё зарар

Моддаи 154-и Кодекси Андоз. Эътироф накардани фоида ё зарар

  1. Дар холатхои зайл хеч гуна фоида ё зарар хангоми муайян кардани даромади (фоидаи) андозбандишаванда ба эътибор гирифта намешавад:

-доду гирифти дороихо байни зану шавхар;

-доду гирифти дороихо байни собик хамсарон хангоми бекор кардани акди никох;

-нохост нобуд кардани дорои ё бегона кардани он бо сармоягузории такрории воридот (масалан, чубронпулии сугуртавии гирифташуда хангоми нохост нобуд сохтани дорои) ба дороии шабехи он ё дар дороии дорои хамон хусусият то ба охир расидани соли дуюми баъди соле, ки дорои нобуд ё бегона карда шудааст.

  1. Арзиши дороии ивазшаванда, ки дар сархати сеюми кисми 1 хамин моддапешбини шудааст, бо дарназардошти (дар сатхи) арзиши дороии ивазкардашуда дар лахзаи нобуд ё бегона кардани он ба афзоиши арзиши дороии ивазшаванда ба фарки мусбии байни харочоти андозсупоранда барои сармоягузории такрори ва бузургии воридот мутобики сархати сеюми кисми 1 хамин модда муайян карда мешавад.
  2. Арзиши дороии дар натичаи ахд (шартнома) бадастомада, ки хангоми он фоида мувофики сархатхои якум ва дуюми кисми 1 хамин модда барои максадхои андозбанди ба хисоб гирифта намешавад, аз арзиши дорои барои тарафи супорандаи он дар санаи ахд иборат мебошад.
  3. Хамин модданисбат бадороихое, ки аз руи гуруххо истехлок мешаванд, татбик намегардад, ба истиснои сархатхои якум ва дуюми кисми 1 хамин модда, ки онхо хангоме татбик мегарданд, ки хамаи дороихои гурух дар як вакт дода шаванд.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърхои ошики – Гулчини бехтарин

Шеъри ошики оиди духтари ношинос Ох, ин хат хати як чононест, Ёфтам ногахаш аз байни …