Главная / Чамъият / Дини Буддоия

Дини Буддоия

Таърихи дини Будоия дар асри VI то солшумории мелоди дар Хиндустон ба вучуд омадааст. Дар ин давра просесси пайдоиши муносибатхои нав, ба футур рафтани сохти кабилави – авлоди на муносибатхои ба он хос, чудошавии чомеа ба табакахои гуногун ва ташаккули давлати гуломдори огоз шуда буд. Муносибатхои нав ва шароити тагйирёфта бо дини пештараи авлодию кабилави мувофикат намекард. Таъсири брахманхо ва оини брахмания хеле махдуд гашта буд. Гуруххои наве, ки ба сари кудрат омада буданд, алалхусус ашрофзодагони харби тобеиятро бо брахмания намехостанд. Дини брахмания бошад, хукумати брахманхоро таъмин месохт.

budoiya

Шароити таърихи табдили дини брахманияро ба дини дигаре, ки муносибатхои ба вучудомадаро ифода кунад, такозо менамуд. Буддоия дар заминаи брахмания пайдо шуд, аввал дар шакли фиркае аз брахтимания ва сипас дини мустакил. Заминаи гоявии буддоия таълимоти брахмания мебошад, масалан таълимот дар бораи сансара, карма ва гайра. Инчунин ба буддоия таълимотхои фалсафи ва ривоятхои он давр таъсири муаяне доранд.

Тарафдорони буддоия пайдоиши дини худро ба фаъолияти шохзодаи Хинд Сиддхартха Гаутама алокаманд месозад. Дар бораи Гаутама ривоятхою киссахои зиёд мавчуданд. Умуман тарчумаи холи Гаутама баъди панч асри хаёташ тартиб дода шудааст. Табки ривоятхо тавалуди Гаутама ба мачмуъи муъчизахо пайваст аст. У гарчи шохзода буд, вале аз овони чавони дар бораи пири, касалихою марг пайваста фикр мекард. Дар 29 солаги зану фарзандашро танхо гузошта, зиндагии порсои ва оворагардиро пеш мегирадю баъди 7 соли оворагарди у ба хак мерасад, сохибмаърифат мегардад ва нури маърифат акли уро равшан месозад. Сипас Гаутама дар муддати 40 сол ба таргиботи дини мепардозад.

Муътакидони буддоия гуруххои рохибонро ташкил дода, факат аз садакаи мардум зиндаги мекарданд. Нуктахои асосии буддоияи таълимоти ибтидои дар мачмуаи Трипитака /сабаби сегона/ баён шудаанд. Ахкоми диниро буддоихо чун каломи илохи – каломи Буддо мепарастанд. Дар он инчунин аслхои мухими ташкили чамъиятхои рухбони баён шудаанд. Мувофики акидаи буддоихо чор асли мухим ба Гаутама хангоми баёни вахй аён шудааст:

  • 1/ зистан – яъне ранч кашидан;
  • 2/ сабаби ранч – хохишхо /орзухо/ аст;
  • 3/ барои аз ранч рахои ёфтан бояд аз орзухо /хохишхо/ озод шуд;
  • 4/ рохи халос шудан аз хохишхои танпарастона мутобики таълимоти Буддо амал кардан аст.

Ривояти хакикатхои мукаддас диндорро метавонад ба максади асосии хаёташ-нирвана биёрад. Нирвана-холати оромии абади, саодат ва хушбахти аст, дар ин маврид инсон пурра аз дилбастагихои дуняви озод мешавад. Дунёбезори яке аз рукнхои буддоия бошад хам, холо аз тарафи баъзе равияхои он бефаъолияи, бепарвои ба зиндаги, дунёбезори ба фаъол будан, иштироки фаъолона дар зиндаги иваз карда шудааст, махсусан дар Махаяна.

Аз руи акицаи буддоия чахон аз амвочи заррахои гояви-Дхарма иборат аст. Аз махлутшавии он хамаи ашёи олам ва инсон ба вучуд меоянд. Марг чудошавии пайвастагихои гуногуни дхарма ва дохил шудан ба таркибхои нав аст. Чизи нави дар натичаи ин ба вучуд омадаро карма муайян мекунад  ки сифату кисмати он аз амали неку бади дар гузашта содиркарда вобастаги дорад. Мавкеи инсон ва зиндагии у низ тибки хамон конун аст. Кас набояд барои дарачаи баландтар талош кунад, балки шукрона намуда, ба таргиби таълимоти Буддо бипардозад, тибки он амал намояд, то ин ки дар оянда дарачаи баландтар ва таквини авлотаре уро насиб гардад.

Дар Махаяна таълимот дар бораи чаннат вучуд дорад ва он дарвоза, макоми ба нирвана тасаввур мешавад.

Дар таълимоти буддоия мавкеи мухимро масъалахои ахлоки ишгол кардааст. Он эхтиром ба моликияти каси дигар, адолат, покии рафтору акида, сахованманди, накштани мавчудоти зинда ва гайраро таргиб менамояд. Дар асри аввали солшумории мелоди буддоия ба дуравия таксим шуд: Хинаяна ва Махаяна-рохи танг, махдуд ва рохи васеи начот.

Хинаяна ба буддоияи ибтидои бештар такя кардан аст. Ин равия Буддоро инсоне медонад, ки рохи начотро ёфтааст. Рохи асосии начотро дар зиндагии порсои, дури аз дилбастагихои нафсони, дар гушанишини мебинад. Бештар халосии шахси, фардиро таъкид менамояд. Берун аз Хиндустон Хинаяна дар махаллахои хиндунишинпахн гардидааст /Чанубу Шаркии Осиё, Шри-Ланка/. Дар Махаяна имконияти начот на танхо барои рохбарон, балки дигар одамони катори низ имконпазир мегардад. Дар ин маврид зарурати таргиботу ташвикоти будоия, дахолат ба умури ичтимоию давлатиро таъкид мекунад. Махаяна ба замона бештар мувофик шуда, аз худуди Хиндустон /Осиёи Миёна, Шаки дур/ пахн гадид. Буддо дар Махаяна ба худо табдил ёфт, ки ба хотири у маъбадхои /ибодатгоххои/ зиёд бино шуданд ва маросимхои бошукухе анчом дода мешаванд. Зиёрати “чойхои мукаддас” расм гардид. Дар минтакахои гуногун вобаста ба одату анъанахои онхо буддоия шаклхои маххаллии худро пайдо кард, сехру чоду, эътикод ба муъчиза вусъат ёфт.

Дар Хиндустон аз асрхои VI-VII сар карда таназзули буддоия огоз мешавад ва мавкеи худро аз даст медихад. Таъсири он дар шаклхои тозаи ба шароити таърихи мувофик дар кишвархои Осиё бештар мешавад.

Яке аз шаклхои буддоия ламаизм мебошад /ламатибетиоли, самови/.дар асрхои XIV-XV дар доираи Махаяна ташакул ёфт. Фаркияти чидди дар байни онхо парастиши хубилганхо /аз нав эхёшуда/-худохои зинда, Буддои тачассум ёфта мебошад. Чунин шахсон ламайхои олирутба, дар тибетихо Далай – лама /далай-бузург/ мебошад. Барои ламаистхо рухбонияти оммави хос аст.

Буддоия дар тули асрхои зиёд дар хаёти мардуми баъзе кишвархои осиёи решаи амик давондааст. Он ба хамаи сохахои хаёти чамъияи ва ичтимои таъсир кардааст ва маросимхои зиёде дорад, аз чумла курбони, хач, ибодат, идхо ва гайра. Дар баъзе кишвархо, масалан, Таиланд, буддоия дини давлати мебошад. Пайравони он дар шарки Дури Руссия, кишвархои Осиёи Чануби, Хиндустон, Хитой зиёданд. Дар Хитой фиркаи Дзени буддоия дар асоси Махаяна тарафдорони зиёд дорад. Хамин фирка ба Корея, Ветнам, Япония хам пахн шудааст. Фаркияти ин фирка кабл аз хама дар таълимоти он дар бораи алока бо “хакикати мутлаки хикмати Буддо” мебошад. Баъзе намояндагони фирка Дзенро чун шакли психотерапия ва психоандамез медонанд.

Супориш ва саволхо.

  1. Динхои чахони аз динхои милли чи фарк доранд?
  2. Дар чумхурии мо нишонахои буддоия боки мондаанд?

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

islom-kitob

АКИДАХОИ АХЛОКИИ ДИНИ ИСЛОМ 

ИСЛОМ таълимоти ахлокии динхои дигари самовиро на танхо идома ва такмил додааст, балки кушиш намудааст, …