Главная / Ҷамъият / Дини Буддоия

Дини Буддоия

Таърихи дини Будоия дар асри VI то солшумории мелодӣ дар Ҳиндустон ба вуҷуд омадааст. Дар ин давра просесси пайдоиши муносибатҳои нав, ба футур рафтани сохти кабилави – авлодӣ на муносибатхои ба он хос, чудошавии чомеа ба табакахои гуногун ва ташаккули давлати гуломдорӣ огоз шуда буд. Муносибатхои нав ва шароити тағйирёфта бо дини пештараи авлодию кабилавӣ мувофиқат намекард. Таъсири брахманхо ва оини брахмания хеле маҳдуд гашта буд. Гуруҳҳои наве, ки ба сари кудрат омада буданд, алалхусус ашрофзодагони ҳарбӣ тобеиятро бо брахмания намехостанд. Дини браҳмания бошад, ҳукумати браҳманҳоро таъмин месохт.

budoiya

Шароити таърихӣ табдили дини браҳманияро ба дини дигаре, ки муносибатҳои ба вуҷудомадаро ифода кунад, тақозо менамуд. Буддоия дар заминаи браҳмания пайдо шуд, аввал дар шакли фирқае аз браҳтимания ва сипас дини мустақил. Заминаи ғоявии буддоия таълимоти браҳмания мебошад, масалан таълимот дар бораи сансара, карма ва ғайра. Инчунин ба буддоия таълимотҳои фалсафӣ ва ривоятҳои он давр таъсири муаяне доранд.

Тарафдорони буддоия пайдоиши дини худро ба фаъолияти шоҳзодаи Ҳинд Сиддхартҳа Гаутама алоқаманд месозад. Дар бораи Гаутама ривоятҳою қиссаҳои зиёд мавҷуданд. Умуман тарҷумаи ҳоли Гаутама баъди панҷ асри ҳаёташ тартиб дода шудааст. Табқи ривоятҳо тавалуди Гаутама ба маҷмўъи мўъҷизаҳо пайваст аст. Ў гарчи шоҳзода буд, вале аз овони ҷавонӣ дар бораи пирӣ, касалиҳою марг пайваста фикр мекард. Дар 29 солагӣ зану фарзандашро танҳо гузошта, зиндагии порсоӣ ва оворагардиро пеш мегирадю баъди 7 соли оворагардӣ ў ба ҳақ мерасад, соҳибмаърифат мегардад ва нури маърифат ақли ўро равшан месозад. Сипас Гаутама дар муддати 40 сол ба тарғиботи динӣ мепардозад.

Мўътақидони буддоия гурўҳҳои роҳибонро ташкил дода, фақат аз садақаи мардум зиндагӣ мекарданд. Нуқтаҳои асосии буддоияи таълимоти ибтидоӣ дар маҷмўаи Трипитака /сабаби сегона/ баён шудаанд. Аҳкоми диниро буддоиҳо чун каломи илоҳӣ – каломи Буддо мепарастанд. Дар он инчунин аслҳои муҳими ташкили ҷамъиятҳои руҳбонӣ баён шудаанд. Мувофиқи ақидаи буддоиҳо чор асли муҳим ба Гаутама ҳангоми баёни ваҳй аён шудааст:

  • 1/ зистан – яъне ранҷ кашидан;
  • 2/ сабаби ранҷ – хоҳишҳо /орзуҳо/ аст;
  • 3/ барои аз ранч рахои ёфтан бояд аз орзухо /хохишхо/ озод шуд;
  • 4/ рохи халос шудан аз хохишхои танпарастона мутобики таълимоти Буддо амал кардан аст.

Ривояти хакикатхои мукаддас диндорро метавонад ба мақсади асосии хаёташ-нирвана биёрад. Нирвана-холати оромии абадӣ, саодат ва хушбахтӣ аст, дар ин маврид инсон пурра аз дилбастагиҳои дунявӣ озод мешавад. Дунёбезорӣ яке аз рукнхои буддоия бошад хам, холо аз тарафи баъзе равияхои он бефаъолияӣ, бепарвоӣ ба зиндагӣ, дунёбезорӣ ба фаъол будан, иштироки фаъолона дар зиндагӣ иваз карда шудааст, махсусан дар Махаяна.

Аз руи акицаи буддоия чахон аз амвочи заррахои гоявӣ-Дхарма иборат аст. Аз махлутшавии он хамаи ашёи олам ва инсон ба вучуд меоянд. Марг чудошавии пайвастагихои гуногуни дхарма ва дохил шудан ба таркибхои нав аст. Чизи нави дар натичаи ин ба вучуд омадаро карма муайян мекунад  ки сифату кисмати он аз амали неку бади дар гузашта содиркарда вобастагӣ дорад. Мавқеи инсон ва зиндагии у низ тибқи хамон конун аст. Кас набояд барои дарачаи баландтар талош кунад, балки шукрона намуда, ба тарғиби таълимоти Буддо бипардозад, тибқи он амал намояд, то ин ки дар оянда дарачаи баландтар ва таквини авлотаре ўро насиб гардад.

Дар Маҳаяна таълимот дар бораи ҷаннат вуҷуд дорад ва он дарвоза, мақоми ба нирвана тасаввур мешавад.

Дар таълимоти буддоия мавқеи муҳимро масъалаҳои ахлоқӣ ишғол кардааст. Он эҳтиром ба моликияти каси дигар, адолат, покии рафтору ақида, сахованмандӣ, накштани мавҷудоти зинда ва ғайраро тарғиб менамояд. Дар асри аввали солшумории мелодӣ буддоия ба дуравия тақсим шуд: Хинаяна ва Маҳаяна-роҳи танг, маҳдуд ва роҳи васеи наҷот.

Хинаяна ба буддоияи ибтидоӣ бештар такя кардан аст. Ин равия Буддоро инсоне медонад, ки роҳи наҷотро ёфтааст. Роҳи асосии наҷотро дар зиндагии порсоӣ, дурӣ аз дилбастагиҳои нафсонӣ, дар гўшанишинӣ мебинад. Бештар халосии шахсӣ, фардиро таъкид менамояд. Берун аз Ҳиндустон Хинаяна дар маҳаллаҳои ҳиндунишинпаҳн гардидааст /Ҷанубу Шарқии Осиё, Шри-Ланка/. Дар Маҳаяна имконияти наҷот на танҳо барои роҳбарон, балки дигар одамони қаторӣ низ имконпазир мегардад. Дар ин маврид зарурати тарғиботу ташвиқоти будоия, дахолат ба умури иҷтимоию давлатиро таъкид мекунад. Маҳаяна ба замона бештар мувофиқ шуда, аз ҳудуди Ҳиндустон /Осиёи Миёна, Шақи дур/ паҳн гадид. Буддо дар Маҳаяна ба худо табдил ёфт, ки ба хотири ў маъбадҳои /ибодатгоҳҳои/ зиёд бино шуданд ва маросимҳои бошукўҳе анҷом дода мешаванд. Зиёрати “ҷойҳои муқаддас” расм гардид. Дар минтақаҳои гуногун вобаста ба одату анъанаҳои онҳо буддоия шаклҳои маҳҳаллии худро пайдо кард, сеҳру ҷоду, эътиқод ба мўъҷиза вусъат ёфт.

Дар Ҳиндустон аз асрҳои VI-VII сар карда таназзули буддоия оғоз мешавад ва мавқеи худро аз даст медиҳад. Таъсири он дар шаклҳои тозаи ба шароити таърихӣ мувофиқ дар кишварҳои Осиё бештар мешавад.

Яке аз шаклҳои буддоия ламаизм мебошад /ламатибетӣолӣ, самовӣ/.дар асрҳои XIV-XV дар доираи Маҳаяна ташакул ёфт. Фарқияти ҷиддӣ дар байни онҳо парастиши хубилганҳо /аз нав эҳёшуда/-худоҳои зинда, Буддои таҷассум ёфта мебошад. Чунин шахсон ламайҳои олирутба, дар тибетиҳо Далай – лама /далай-бузург/ мебошад. Барои ламаистҳо руҳбонияти оммавӣ хос аст.

Буддоия дар тули асрхои зиёд дар хаёти мардуми баъзе кишвархои осиёӣ решаи амик давондааст. Он ба хамаи сохахои хаёти чамъияӣ ва ичтимоӣ таъсир кардааст ва маросимхои зиёде дорад, аз чумла курбони, хач, ибодат, идхо ва гайра. Дар баъзе кишвархо, масалан, Таиланд, буддоия дини давлатӣ мебошад. Пайравони он дар шарки Дури Руссия, кишвархои Осиёи Чанубӣ, Хиндустон, Хитой зиёданд. Дар Хитой фиркаи Дзени буддоия дар асоси Махаяна тарафдорони зиёд дорад. Хамин фирка ба Корея, Ветнам, Япония хам пахн шудааст. Фаркияти ин фирка кабл аз хама дар таълимоти он дар бораи алока бо “хакикати мутлаки хикмати Буддо” мебошад. Баъзе намояндагони фирка Дзенро чун шакли психотерапия ва психоандамез медонанд.

Супориш ва саволхо.

  1. Динхои чаҳонӣ аз динхои миллӣ чӣ фарк доранд?
  2. Дар чумхурии мо нишонахои буддоия боки мондаанд?

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …