Дар охирхои асри XIII империяи бузурги Чингизхон ба якчанд давлати мустакил таксим шуд. Дар Осиёи Маркази, ки ачдодони писари дуюми Чингизхон – Чагатой хукмрони мекарданд, дар навбати худ дар асри XVI ба якчанд кисм таксим шуданд. Хафтруд ва Туркистони Шарки давлати махсус – Мугулистонро ташкил намуданд. Дар Мовароуннахр нишонхои давлати нав ба вучуд омаданд. Солхои 60-ум дар поёноби дарёхои Сир ва Аму давлати мустакили Хоразм бо марказаш шахри Урганч аз нав ташкил ёфт.
Дар байни хонхои Мугулистон ва Мовароуннахр барои хокимият ва заминхо доимо мубориза мерафт. Кабилахои мугулу турки чорводори бодиянишини Осиёи Маркази ба зиндагии мукими ва кишоварзимегузаштанд. Дар баробари ин омезиши мугулу туркхо бо халки махалли сурат мегирифт. Самарканд ба маркази мубориза бар зидди зуроварии хонхои Мугулистон табдил ёфта буд.
ТЕМУР ДАР МУБОРИЗА БАРОИ ХОКИМИЯТ.
Аслу насаби Темур аз кабилаи мугулии барлос буд. Ин кабила дар Мовароуннахр аз огози асри XIV зиндаги мекард. Барлосхо монанди кабнлакои дигари мугули бо кабилахои турки омезиш ёфта, забон ва урфу одатхои худро гум карда буданд. Темур низ аз кабили хамин мугулхо буд.
Соли 1361 Темур аллакай хамчун фармондехи номии дастаи калони мусаллахи аз чумлаи аъзоёни кабилахои барлосхо ва кабилахои дигар ташкилкарда маълум буд. Темур ба хизмати хони Мугулистон Туглук-Темур дохил шуда, ба у дар ишголи Самарканд ёри расонд. Хдмчун мукофот барои хизматаш Туглук-Темур уро хокими шахри Кеш таъйин намуд.
Вале Темур ба ин вазифа каноат накарда, ба хизмати амири Балх – Хусейн рафт. Хусейн душманни Туглук-Темур буд. Онхо якчоя шуда, бар зидди Туглук-Темур чанг карданд, вале шикаст хурданд. Баъди тайёрии хаматарафа ба Темур ва Хусейн муяссар шуд, ки Мовароуннахрро аз дасти Туглук-Темур кашида гиранд. Вале соли оянда аз мугулхо боз хам шикаст хурда, мачбур шуданд, ки ба Балх фирор кунанд. Хамон сол дар яке аз мухорибахо Темур аз пояш тир хурд. Аз хамин вакт сар карда, у номи “Темурланг”-ро мегирад.
ШУРИШИ САРБАДОРОН.
Соли 1365-1366 дар Самарканд бар зидди Туглук-Темур шуриши Сарбадорон сар мезанад, ки ба он Мавлонозода ном донишчуи яке аз мадрасахои шахр рохбари мекард. Ба Сарбадорон муяссар шуд, ки мугулхоро аз Самарканд пеш карда, хокимиятро ба даст дароранд. Сарварии Самарканд ва гирду атрофи он ба ихтиёри Мавлонозода, Абубакр ва Хурдаки Бухорои гузашт. Мугулхо хостанд, ки ба Самарканд ногахон хамла оварда, Сарбадоронро торумор кунанд, вале шикаст хурданд. Баъди ин Сарбадорон хокимияти худро бо тези дар тамоми Мовароуннахр пахн кардан гирифтанд. Аз ин лахзаи муносиб Темлф ва Хусейн истифода бурданд.
БА ХОКИМИЯТ СОХИБ ШУДАНИ ТЕМУР.
Хусейн ва Темур бо рохи фиребу найранг аз Балх ба Самарканд меоянд. Хамин тавр бо фиреб рохбарони шуриши Сарбадоронро дастгир ва катл карданд. Онхо танхо Мавлонозодаро зинда дар зиндон нигох медоштанд. Дар давлати дар Мовароуннахр ташкилкардаи Сарбадорон Темур ва Хусейн хукмрон шуданд, вале амир Хусейн дар макоми аввал буд. Ба чунин мартаба Темур розй шуда наметавонист. Барои хамин у лахзаи мувофик мекофт, то ки хокими ягонаи Мовароуннахр шавад. Дере нагузашта барои хокимият дар байни онхо зиддият ба амал омад ва он ба задухурди мусаллахона мубаддал гардид. Соли 1370 Темур дар яке аз задухурдхо аскарони Хусейнро торумор карда, худи уро асир гирифт ва баъд уро ба катл расонда, худро амири Мовароуннахр эълон кард. Хамин тавр, давлати Темур ба вучуд омад.
ЗАБТКОРИХОИ ТЕМУР.
Темур ба хукмронии танхо Самарканд каноат намекард, аввал хокимияти худро дар Мовароуннахр мустахкам кард ва баъд соли 1372 ба поёноби дарёхои Аму ва Сир – ба Хоразм лашкар кашид. Пас аз лашкаркашии 5-ум соли 1388 у Хоразм ва пойтахти он шахри Урганчро, ки дар
Аврупои Шарки ва Осиёи Маркази маркази калонтарини тичорати буд, фатх намуда, ба хок яксон кард. Темур ахолии ин шахрро бо зури ба Самарканд кучонда, фармуд, ки шахри урганчро вайрону хароб ва баъд шудгор карда, чав коранд.
Баъди ба даст овардани Хоразм Темур дар тули чандин соли дигар бар зидди Тухтамиш мубориза бурд. Тухтамиш аввал хони Урдаи Сафед ва баъд хони Урдаи Тиллои буд. Дар натичаи се лашкаркаши (солхои 1389, 1391 ва 1395) Темур нихоят Урдаи Тиллоиро торумор кард. Дар рафти ин лашкаркашихо шахрхои калони Урдаи Тиллои – Сарой Берке ва Ахитархонро оташ зад. Тобистони соли 1395 аз чануб ба сарзамини Рус хам зада даромада, то шахри Елетс расида, ба шахри Маскав тахдид кард. Вале уро аз раъйаш танхо хабари нооромии Осиёи Маркази гардонд.
Дар солхои 80 ва 90-уми асри XIV Темур ба Эрон, Байнаннахрайн ва давлатхои дигар хам лашкар кашид. У тавонист, ки аввал Хуросон, Афгонистон ва Кафкозро забт намуда, баъд Хиндустонро ишгол намояд. Дар рафти ин лашкаркаши Темур шахри Дехлиро горат кард. Дар огози асри XV Байнаннахрайн хам ба Темур таслим шуд. Пас аз ин лашкаркашии худро дар самти Сурияю Осиёи Хурд давом дода,
Соли 1402 артиши яке аз лашкаркашони бузургтарнни замон – султони Турк Боязидро торумор карда, худи уро асир гирифт.
Баъди лашкаркашии бомуваффакияти бисёрсолаи худ Темур бо ганимати бузург ва шаъну шарафи беандоза баланд ба Самарканд баргашт. У ба ин забткорихои худ хам конеъ нашуд. Баъди тайёрии начандон зиёд Темур ба Чин лашкар кашид. Вале соли 1405 ногахон дар Утрор вафот кард.
ЗОЛИМИИ ТЕМУР.
Темур дар таърих яке аз шахсиятхои золимтарин махсуб мешавад. Чанд мисол меорем. Хангоми лашкаркаши ба Эрон бо фармони Темур сари 70 хазор одами осоишта аз тан чудо карда шуда ва аз сари онхо манора сохта шудааст. Соли 1398 Темур дар Хиндустон фармуд, ки 100 хазор асир катл кардашавад. Сабаби асосин ин амр он буд, ки ба чои дур бурдани асирон мушкил будааст. Дар шахри Багдод танхо дар як руз 90 хазор кас катл карда шудааст. Хангоми зухур ёфтани кушиши камтарини муковимат Темур мефармуд, ки чунин одамон зинда гуронда шаванд. Мардуми шахри Сабзавори Хуросонро низ хамин тавр чазо дод. Фармуд, ки аз одамони зинда девор созанд. Бо фармони Темур баъди чанде дар ин шахр аз часади одамон ва хишт девори васеъ ва баланд сохтанд. Ин далелхо дар бораи берахмию золимии Темур шаходат медихад.
ТАЛОШИ ТЕМУРИЁН БАРОИ ХОКИМИЯТ.
Темур дар зарфи 35 соли хукмронияш давлатхои зиёдро забт карда, империяи бузургеро ташкил дод. Баъд аз вафоти у авлодаш дар тули якчанд сол барои хокимият дар байни худ мухолифат карданд. Темур хануз дар вакти зинда буданаш давлаташро дар байни писаронаш – Чахонгир, Умаршайх, Мироншох ва Шохрух ва наберахояш Мухаммадсултон, Пирмухаммад, Иброхим ва Улугбек таксим карда буд.
Баъди вафоти Темур мухлати зиёде нагузашта буд, ки аксарияти Темуриён худро мустакил эълон карданд. Писари Мироншох ва набераи Темур хокимиТошкант, Халилсултон бо тези лашкар гун карда, ба тарафи шахри Самарканд рахсипор шуд. Писари Чахонгир ва набераи Темур Пирмухаммад, ки уро Темур чонишини худ эълон карда буд, низ азми забти Самаркандро кард. Лекин Пирмухаммад пештар омада, пойтахти давлати Темуриён – шахри Самаркандро сохиб шуд. Пирмухаммад аз тарафи шахси номаълум баъди чанде ба катл расид.
Ба мубориза барои хокимият дар давлати Темуриён натанхо аъзоёни ин сулола, балки намояндагони сулолахое, ки Темур аз хокимият махрум карда буд, илова шуданд. Барои хамин Темурихо мачбур буданд, ки хдм ба мукобили онхо ва хам ба мукобили хамдигар мубориза баранд. Дар Гарб ва Шимолу Гарби Эрон намояндагони сулолаи Туркманни Каракуюнлу, дар Туркистон бошад, амир Худодод ва шайх Нуриддин исён бардошта, хаку хукуки худро талаб мекарданд. Вакте ки дар сохилхои дарёи Аму дар байни лашкархои писарамакхо Халилсултон ва Пирмухаммад чанг мерафт, Худодод дастахои аскари мугулхо ва калмикхоро якчоя намуда, ба Мовароуннахр хамла кард. Ба у муяссар шуд, ки Самаркандро ба даст дароварда, Халилсултонро асир гирад.
БА ХОКИМИЯТ СОХИБ ШУДАНИ ШОХРУХ.
Баъди кушта шудаии Пирмухаммад вазъияти сулолаи Темуриён боз хам мураккабтар шуд. Хануз дар вакти дар кайди хаёт будани Темур писари хурдии у – Шохрух хокими Хирот буд. У дар ин чо тамоми нишонахои давлатдориро дошт. Аз он чумла, дар ихтиёри у лашкари калон хам буд. Баъд аз вафоти Темур Шохрух ба низоъхои сулолавие, ки дар шахри Самарканд сар зада буданд, кордор нашуд, гарчанде ки вориси расмии точу тахти Темур буд. Инак баъди кариб 4 соли хомуши Шохрух дар бораи худ дарак дода, лашкар чамъ намуд ва бар зидди Худодод лашкар кашида, уро торумор кард. Уро тавассути котиле ба катл расонид ва Халилсултонро аз асорат озод кард. Шохрух Халилсултонро аз хукуки ворисии тахту точи Темур махрум сохта, хокими Рай таъйин кард. Идораи Самарканд ва умуман Мовароуннахрро Шохрух ба писари 15-солаи худ – Улугбек супорида, рохи Эронро пеш гирифт. У фарзандони Чахонгир, Умаршайх ва Мироншохро аз хокимият дур карда, Иброхимсултон ном писарашро хокими Шероз ва писари дигари худ – Суюрготмишро хокими Кобул, Газна ва Кандахор таъин кард.
Кабилахои Каро-куюнлу замини худро, ки Темур забт карда буд, аз нав сохиб шуда, худудхои онро васеътар карданд. Шохрух се маротиба бар зидди Карокуюнлу лашкар кашидааст, вале ба муваффакияти калон ноил нашуда, бо у сулх баст ва идораи Озарбойчонро ба Чахонгир ном яке аз намояндагони ин сулола супорид.
Дар замони хукмронии Шохрух, ки ин соли 1406 огоз ёфтааст, гарчанде давлати Темуриён заминхои зиёди худро аз даст дода бошанд хам, хануз иктидорашро пурра аз даст надода буд. Сарзамини Темуриён, ки дар ихтиёри Шохрух буд, дар амал ба ду давлат таксим шуд – Мовароуннахр (марказаш шахри Самарканд) ва Хуросон (марказаш шахри Хирот). Дар Мовароуннахр Улугбек ва дар Хуросон бошад, худи Шохрух хукмрони мекард.
ОСИЁИ МАРКАЗИ ДАР ЗЕРИ ХОКИМИЯТИ УЛУГБЕК.
Гарчанде Улугбеки навчавон хукмрони Самарканд бошад хам, дар амал хокимият дар дасти мураббии у, хамсафи Темур Шохмалик буд. Баъди ба тахти Самарканд нишастани Улугбек яке аз сипахсолорони Темур ба Самарканд лашкар кашид. Улугбек мачбур шуд, ки фирор кунад. Шохрух аз нн хабар вокиф шуда, бо лашкари сершумор ба Самарканд омад ва исёнгаронро торумор карда, хокимияти Улугбекро аз нав баркарор намуд. Вале бо ин вазъияти Улугбек хуб нашуд. Аз ин ру, Улугбек аз падараш талаб кард, ки уро аз пуштибонии Шохмалик озод кунад. Хамин тарик, Шохрух Улугбекро, ки ин вакт 17-сола буд, хукмрони мустакили Мовароуннахр таъин намуд.
Сарфи назар аз он, ки Улугбек хокими Мовароуннахр хисоб мешуд, хокимияти оли дар ин чо хам дар дасти Шохрух буд.
Улугбек дар Мовароуннахр хукмрони карда, кариб хар сол бахри зиёрати падараш ба Хирот мерафт. Ба Улугбек лозим меомад, ки гох бар зидди хокимони саркаши махалли ва гох бар зидди тачовузкорони мугули мубориза барад. У дар ин мубориза на хама вакт голиб мебаромад. Боре узбекони бодиянишин лашкари Улугбекро торумор карда, шахру дехоти Мовароуннахрро горат карданд. Шохрух аз ин бохабар шуда, бо лашкари пурзур бо тези ба он чо омада, ба писараш ёри расонд. Хокимияти уро аз нав баркарор карда, гунахгорони шикастхуриро бо калтак чазо дод. Улугбекро аз хокимият дур карда, баъд аз гунохаш гузашта, хокимиятро дар Мовароуннахр аз нав ба у баргардонд. Баъд аз ин Улугбек фахмид, ки кобилияти лашкаркаши надорад, минбаъд ба лашкар сарвари намекард.
ВАФОТИ ШОХРУХ ВА КАТЛИ УЛУГБЕК.
Соли 1447 Шохрух дар Хирот вафот кард. Улугбек карор дод, ки муддате дар Хирот истикомат кунад. Дар хамин вакт узбекони бодиянишин ба пойтахти Улугбек – шахри Самарканд хамла карданд.
У мачбур шуд, ки бо тези ба Мовароуннахр баргардад. Дар рох лашкари душман ба лашкари Улугбек бархурд. Дар мухориба Улугбек аскари зиёд талаф дод. Ин шикаст обрую эътибори уро кохонд.
Дар дарбор ва байни аъёну ашрофу рухониён мухолифони Улугбек бисёр буданд. Ин ашхос марги Улугбекро мехостанд. Ба онхо муяссар шуд, ки Писари Улугбек Абдулатифро бар зидди падар ба исён водор созад. Дар мухорибаи лашкари падару писар Улугбек шикаст хурда, аз тахти подшохи махрум гардид ва охирхои мохи октябри соли 1449 бо фармони Абдулатиф кушта шуд.
ДАВЛАТИ ТЕМУРИХО ДАР АХДИ АБУСАИД.
Абдулатиф орзу мекард, ки сохиби тахту точи падар шавад. Вале ин орзуи у чомаиамал напушид. Абдулатиф баъди шаш мох аз чониби харбиён катл карда шуд. Баъди катли Абдулатиф мубориза барои хокимият дар байни аъзоёни сулолаи Темуриён аз нав авч гирифт. Ва нихоят, ба Абусаид ном шахс, ки ба хонадони Темуриён тааллук дошт, муяссар шуд, ки бо ёрии пешвои узбекони бодиянишин Абулхайрхон дар Мовароуннахр хокимияти Темуриёнро аз нав баркарор кунад. Абусаид дар давлати Темуриён солхои 1451-1469 хукмрони кардааст. Дар ин солхо худудхои давлати Темуриён кариб пурра аз нав баркарор карда шуд. У хокимиятро дар Хирот ва тамоми Хуросон ба даст даровард. Дар ахди Абусаид каламравн давлати Темуриён аз куххои Тиёншон то Багдод ва аз даштхои Киргиз то сохилхои дарёи Хиндро дар бар мегирифт.
БАРХАМ ХУРДАНИ ДАВЛАТИ ТЕМУРИЁН.
Баъди вафоти Абусаид давлати Темурихо бебозгашт ру ба таназзул ниход. Дар Соли 1469 дар Мовароуннахр хокимият ба дасти фарзандони Абусаид ва дар Хуросон ба дасти авлодони Умаршайх гузашт.
Намояндаи машхури ин хонадон Султон Хусайни Бойкаро дар Хирот ба хокимияти Темуриён сохиб шуда, дар он чо муддате чанд хукмрони кард.
Дар охирхои асри XV Шайбонихо ба каламрави давлати Темуриён ва хусусан, ба Мовароуннахр мунтазам хамла оварда, онро хароб мекарданд. Ин тохтутозхо махсусан, баъд аз вафоти Абулхайрхон пурзуртар шуданд. Писари у Мухаммад Шайбонихон дар назди худ вазифа гузошт, ки орзую омоли бобояшро оид ба забти давлати Темурихо ва ташкил намудани давлати Шайбонихо ба ичро мерасонад. У соли 1501 шахри Самаркандро аз Бобур ном Темурии охирин кашида гирифт. Хамон сол давраи бархам хурдани давлати Темуриён хисобида мешавад.
СУЛТОНИИ ДЕХЛИ
ТАЪСИСИ СУЛТОНИИ ДЕХЛИ. Султон Махмуди Газнави ва авлодони у борхо ба Хиндустон лашкар кашида, онро горат карда буданд. Баъди соли 1151 аз тарафи Гуриён гирифта шудани шахри Газна Газнавиён ба Хиндустон фирор карданд. Дар Газна хокимият ба дасти Гуриён гузашт.
Соли 1175 хокими Газна – Мухаммади Гури ба Хиндустон лашкар кашида, музофоти Панчобро ишгол намуд. Солхои 90-уми асри XII у минтакахои байни дарёхои Чамнаю Ганг ва музофоти Баиголаро хам забт кард.
Баъд аз он ки Мухаммади Гури вафот кард, чои уро Кутбиддини Ойбек гирифта, алокаашро аз Газна тамоман канд ва дар шимоли Хиндустон давлати сохибистиклол ташкил намуд.
Давлати навтаъсиси Кутбиддин ба худ номи “Султонии Дехли”- ро гирифта, дар асрхои ХШ-ХУ яке аз давлатхои калонтарини Шарк буд.
Султонии Дехли дар ин давра васеъ шуд. Ба он гайр аз Хиндустони Шимоли, инчунин Хиндустони Маркази ва аксарияти давлатхои пахнкухи Дакан низ дохил шуданд. Онхоро султон Аловуддини Хилчи забт карда буд. Султон Мухаммади Туглак кариб тамоми Хиндустонро забт намуда, орзу дошт, ки Эрюн ва Чинро низ забт кунад. Султонии Дехли сарфи назар аз бузургии каламрави худ пурзуру марказиятнок набуд.
СОХТИ ДАВЛДТИ. Султонии Дехли давлати феодали буд. Тамоми заминхо моликияти султон хисобида мешуданд. Шахсоне, ки аз чойхои дигар омада, хизмати артишро ба чо меоварданд. аз султон замини муваккати – “иктоъ” мегирифтанд. Феодалхои калони махалли заминхои мероси дошганд. Баъд аз вафоти онхо замини мероси ба фарзандонашон мегузашт. Ин феодалхо ннчунин музофотхои худро идора карда, кариб тамоман мустакил буданд. Ба султон танхо як микдори муайян андоз месупориданду бас. Феодалхои миёна ва хурди хиндихам заминхои камтари мероси доштанд. Бо мурури замон омадагони баландмартаба низ сохиби заминхои мероси мешуданд.
Кисми заминхо дар ихтиёри рухониён, дайрхо ва ибодатгоххои дини хиндуия, рухониён ва масчидхои исломи буданд. Заминхои муассисахои дини “вакф” номида мешуданд.
Дар Султонии Дехли усули заминдори ислом буд. Дар Султонии Дехли мисли пештара шумораи хочагихои дехконии чамоахо нисбат ба намудхои дигари хочагидори бартари доштанд.
Заминдорони калон ба хочагихои худ бевосита машгул иамешуданд. Онхо заминхояшонро ба дехконон ба ичора дода, аз онхо хосили соф ва ё даромади пулимегирифтанд.
Дар солхои мавчудияти Султонии Дехли дар Хиндустон шахрхои бисёри нав бунёд шуданд. Дар ин шахрхо одатан кароргоххои султонхою волиёни онхо чойгир буданд. Яке аз чунин шахрхо Дехли буд.
Шахрхои чанубии Хиндустон бештар дар сохилхои бахрхо бино ёфта буданд. Гоа, Калкута ва Бомбай аз хамин кабил шахрхо мебошанд. Дар шимолии султониниз шахрхои калон ба мисли Агра, Панипат, Лохур ва Мултон мавчуд буданд. Точи- рони султони аз ин бандару шахрхо маснуоти зиёду гуногуни косибй ва пеш аз хама, газвору махсулоти аттории хиндиро муттасил ба бозорхои мамлакатхои Осиёю Аврупо ва Африкои Шимоли бурда мефурухтанд.
Аз он мамлакатхо ба Хиндустон асп, калъаги, мис ва пулхои тиллою нукрагин меоварданд.
ОГОЗИ ТАНАЗЗУЛИ СУЛТОНИИ ДЕХЛИ.
Дар охирхои асри XIV Султонии Дехли давлати марказиятнок набуд. Дар он чо давлатхои сершумори мусулмонию хинду беист бар зидди хамдигар чанг мекарданд. Султон ба мукобили хокимони музофотхои Бангола, Синд, Орис ва Гучарат чанг карда, онхоро ба хок яксон кард. Соли 1366 султон Фируз баъд аз пахши шурише, ки дар Гучарат сар зада буд, фармуд, ки мардуми махалхои асосии шуриш кир карда шаванд. Дар солхои 70-ум ва 80-ум бошад, Султонии Дехли чунон заиф шуд, ки он дигар амнияти музофотхоро таъмин карда наметавонист.
Дастахои алохидаи мугулхо то ба шахрхои калони султони – Лохур ва Дехли омада расиданд.
ЛАШКАРКАШИИ ТЕМУР БА СУЛТОНИИ ДЕХЛИ.
Темур аз вазъияти муносиб истифода бурда. тирамохи соли 1398 бо лашкари 120-хазориафараи худ ба Султонии Дехли хамла овард. Султон пеши рохи лашкари бузурги Темурро гирифта натавонист. Баъд аз гирифтани Дехли Темур аз дарёи Хинд гузашт ва шахру дехахои Панчобрю паи хам гирифга, онхоро талаю тороч мекард. У ба мусулмону хинду рахм намекард, онхоро ба катл мерасонд. Пойтахти султони – шахри Дехли талаю тороч карда шуд. Даххо хазор сокинонн Дехли кушта шуданд. Кисми онхо фирор карда, кисми дигар асир афтоданд. Косибон ва бинокоронн гулдасти Хиндустон зуран ба Самарканд фиристода шуданд. Темур баъди як сол бо ганимати бузург ба Самарканд баргашта, ба хотири галаба бар Султонии Дехлифармуд, ки дар ин шахр масчиди бузурги чомеъ созанд.
СУЛТОНИИ ДЕХЛИ ДАР АСРИ XV.
Темур Хиндустонро горату ба хок яксон карда, бо ин кирдори худ ба хокимияти бе ин хам таназзулёфтан Султонни Дехлизарбаи марговар зад. Темур дар назди худ максад нагузошта буд, ки Хиндустонро ба империяи бузургаш хамрох созад. У Хиндустонро ба холи худ гузошт. Баъд аз рафтани Темур дар шимоли Хиндустон мубориза дар байни феодалхои мусулмон ва хинду боз хам тезу тундтар шуд. Дигар на султон ва на ягон хокими дигари шимол ё чануб наметавонист Хиндустонро муттахид созад. Дар асл шимоли исломи ва чануби хиндуия дар мукобили хамдигар меистоданд.
Дар тули асри XV Султонии Дехли аллакай хамчун давлати бузург вучуд иадошт. Он яке аз давлатчахои катории Хиндустон ба шумор мерафт, сарфи иазар аз он ки хокими шахри Дехли мисяи пештара дорои унвони султонии бузурги Дехли буд. Давлати нисбатан калони ин минтакаи Хиндустон Бангола буд. Вале он хам дар Хиндустони Шимоли вазифаи хукмронро ичро карда наметавонист. Дар чунин холат Султонии Дехли ва тамоми Хиндустон дар назди хамлахои нави мугулу туркхо тоб оварда натавонист.
БАРХАМ ХУРДАНИ СУЛТОНИИ ДЕХЛИ.
Баъди аз тарафи Шайбониён бархам задани давлати Темуриён намояндаи охирини ин сулола, вориси тахту точ ва набераи Темур – Бобур соли 1526 бо лашкар ва чонибдорони худ рохи Хиндустонро пеш гирифт.
Пеш аз ба Хиндустон хамла кардани Бобур Афгонистон ва як кисми Эрони Шарки, шахрхои Кобул ва Газнаро ба даст даровард.
Бобур аз хамин чо бо лашкари 20-хазорнафараи иборат аз туркхо, точикон ва пуштухо ба Хиндустони Шимоли лашкар кашид.
Дар Хиндустон мухорибаи халкунанда дар хамвории назди шахри Панипатаи вокеъ дар шимолтари Дехли 21 апрели соли 1526 ба амал омад. Дар ин мухориба султони охирини Султонии Дехли – Иброхими Луди купгга шуд. Баъди ин Бобур Дехлиро забт намуда, худро шохи Хиндустон эълон кард. Соли оянда хокимони музофотхои мусулмон ва хинду лашкари 100 – хазорнафара гун карда, бар зидди Бобур ба чанг даромаданд, вале дар мухорибаи назди Канваги вокеъ дар наздикии шахри Агра торумор карда шуданд. Бо хамин Султонии Дехли бархам хурд.
ИМПЕРИЯИ ТЕМУРИЁНИ ХИНД
ТАЪСИСИ ИМПЕРИЯ.
Ба Бобур ва зуриётхои у лозим омад, ки дарнимчазираи Хиндустон ва дар масофаи садхо километр дуртар аз он, давлати худро васеъ кунанд. Худудхои империяи Темуриёни Хинд Афгонистоии Шарки, Синд, Кашмир ва дар Хиндустони Чануби то дарёи Гадаври тул кашида буд. Сабаби ин каламрави бузургро ишгол кардани Темуриёни Хинд он аст, ки дар асри XVI Султонии Дехли дигар худудхояшро мухофизат карда наметавонист.
ИСЛОХОТИ АКБАР.
Империяи Темуриёни Хинд дар замони хукмронии набераи Бобур – Акбар, ки Солхои 1556-1605-ро дарбар гирифтааст, давраи гул-гулшукуфии худро аз сар мегузаронид. Дар нн солхо худудхои он дар натичаи ишголи музофотхои Хиндустони Шарки – Бангола, Орнс, Гучарат, Кашмир,султонии Хандна ва Ахмаднагар боз хам васеътар шуд. Акбар яке аз марказхои калонтарини тичорат дар Шарк – шахри Кандахорро хам аз Эрон кашида гирифт.
Акбар шохи дурандеш ва одил буд. Ба сари хокимият омада, у дар мамлакат ислохот гузаронад. Ислохот кариб хамаи сохахои хаёти мамлакатро дар бар мегирифт. Дар рафти амали намудани ислохот у ахолии махаллии хиндуро ба назари эътибор нагирифта наметавонист. Шохи нав баъзе ашрофони хиндуро ба вазифахои калон таъйин кард. Пуштибонии точирони хиндунаслро шахсан ба ухда гирифт. Дар мамлакат таъкиботи онхое, ки пайравони дини хиндуия буданд, катъ карда шуд. Ахолии хинду аз андози чизя озод карда шуд. Акбар соли 1593 дар бораи ичозат ба фаъолияти хамаи динхо амри махсус баровард. Мувофики ин амр хиндуёнро зуран ба дини ислом гардонидан манъ эълон карда шуд. Хиндухои мачбуран мусулмон кардашуда хатто метавонистанд ба дини пештараи худ баргарданд.
Низомн андозситони тагйир дода шуд. Дар мамлакат вохиди ягонаи ченкунии замин чори гардид. Мувофики ин ченак заминхои мамлакат аз иав чен карда, масохати умумии онхо муайян карда шуд.
Акиун хангоми мукаррар кардани андоз сифати замин, яъне хосилнокии хок ба назар гирифта мешуд. Мардуми кишоварз мувофики сифати замин сеяки хосилро бо дарназардошга нарххои миёнаи 20 соли охир ба хазинаи давлат андози пули мепардохтанд.
Ислохоти Акбар идораи давлатиро низ дар бар гирифт. Мамлакат ба 15 музофот таксим карда шуд, ки онхоро волиёни шох идора мекарданд. Вазоратхои Империяи Темуриёни Хиндро чун дар давлати Сомониён девонхо меномиданд. Сарвари девонхо нахуствазир буд. Оид ба сохахои гуногуни мамлакат чушидехвонхо мавчуд буданд. Масалан, девонхои молия, андоз, чагир, дарбор, корхои сохтмон, лашкар, устохонахо, вакф ва гайра.
ИМПЕРИЯИ ТЕМУРИЁНИ ХИНД ДАР АСРИ XVII. Ба Акбар муяссар шуд, ки империяи Темуриёни Хиндро дар оромию рушду нумуъ нигох дорад. Писари Акбар – Чахонгир соли 1605 ба тахти подшохи нишаста, у хам чидду чахд ба харч дод, ки империяи Темуриёни Хинд боз хам таракки кунад.
Дар замони хукмронии набераи Акбар – Шохичахон худудхои давлати Темуриёни Хинд дар Хиндустон боз хам васеътар шуданд. Ахмаднагар, Голканд ва Бичапур низ тобеияти худро аз Шохичахон эътироф карданд. Сарзамини Марахаштра хам чандин муддат ба хайати давлати Темуриёни Хинд дохил гардид.
Дар замони хукмроиии Шохи чахон империяи Темуриёни Хинд камтар пеш рафт. Чагир – дорони калон харакат мекарданд, ки мустакил бошанд. Чангхои сершумори Шохичахон харочоти калонро такозо мекарданд. Барои пайдо кардани маблаги зарури авлодони Акбар, аз он чумла, Шохичахон ичораи заминро аз нав чоринамуданд. Акнун чагирдорхо худашон андозгундор шуданд. Дар натичаи ин чагирдорхо сарватманд ва хокимияти онхо аз болои кишоварзон боз хам пурзуртар шуд. Ин холат ба обрую эътибори хокимияти шох таъсири манфи расонид.
Гайр аз ин, зиндагии бо карру фарри шоххои Темуриёни Хинд, дарбориён, чагирдорхои бузургтарини мусулмон ва хокимони махаллии хинду хадду канор надошт. Фарки сатхи зиндаги дар байни табакахои хукмрон ва ахли захмат торафт бештар мешуд. Бо вучуди ин, дар замонн хукмронии Шохичахон ва Аврангзеб, Империяи Темуриёни Хинд мавкеи пешкадами худро аз даст надода буд. Дар солхои хукмронии Аврангзеб худудхои Бачапур ва Голкондаро ииз дарбар гнрнфт. Ба у муяссар шуд, ки хучуми артиши ишркати англисии “Ост-Индия”-ро бартараф намуда, ба он товони чанг бор кунад.
Аврангзеб бар хилофи ачдодони худ фармуд, ки аз мардуми гайримусулмон андози чизя ситонида шавад. У кушиш ба харч медод, ки мамлахатро мувофики меъёрхои шариати ислом идора кунад. Чавобан ба зулму таъкиботи Аврангзеб дар зери рохбарии пешвои худ Шавачи маратхо шуриш бардошта, соли 1674 давлати сохибихтиёри Махараштраро таъсис намуданд. Дар ин давра рачпутхо низ бар зидди Темуриёни Хинд баромаданд. Ин якчанд мисол шаходати он аст, ки Империяи Темуриёни Хинд дар нимаи аввали асри XVII пуркувват бошад хам, дар нимаи дуюми он то андозае ру ба таназзул нихода будааст.
МАДАНИЯТИ ИМПЕРИЯИ ТЕМУРИЁНИ ХИНД. Маданияти Хиндустон дар замони хукмронии Темуриёни Хинд ба комёбихои калон сохиб шуд. Ин комёбихо алалхусус ба адабиёти ва санъати меъмори дахл доранд.
Аз чумлаи адибони машхури Темуриёни Хинд Абулфазл буд. У асархои худро бо забони точики менавшнт. Дар байни шоирони сершумор бародари Абулфазл – Файзл аз усулхои шеърнависии форси васеъ истнфода мебурд. Тулси Дас аз чумлаи шоирони маъруфи шшузабон буд. Бедил, Зебуниссо, Калим, Хусрави Дехлави низ шоирони машхури баъдинаи форсигуи Хиндустон буданд.
Санъати меъмори комёбихои боз хам бузургтар дошт. Касри Акбаршох дар Дехли аз чумлаи бузургтарин иншооти меъморил ин давлат буда, деворхои он 20 метр баланд ва аз санги тарошида сохта шудааст. Касри дигари Акбаршох дар дашти наздикии шахри Агра мебошад.
Яке аз осори бузургтарини меъмории мусулмонии Темуриёни Хинд макбараи Точмахал дар Агра ба шумор меравад. Точмахал аз мармари сафед сохта шуда, дорои гумбази сафед ва манораи сернакшу нигор мебошад ва аз чумлаи яке аз хафт муъчизаи олам ба шумор меравад.
Иншооти дигари бузурги бинокори “Масчиди муъчиза” ном дорад, ки дар шахри Дехли сохта шудааст. Дар ин масчид дар юс вакт то 100 хазор нафар мусулмонхо намози чумъа гузопгга метавонистанд.
Шоххои Темуриёни Хинд бинохои зиёди бохашамати чамъиятии дигар низ сохта буданд, аз он чумла, онхое, ки барои девонхо мукаррар шуда буданд.
Яке аз сабабхои асосии пешравии адабиёт ва меъмории давлати Темуриёни Хинд он аст, ки шоххои он ва алалхусус Акбар ва Шохичахон адибон ва меъморонро шахсан сарпарасти мекарданд.
ЛУГАТ
Чизя – онхое, ки пайрави дини ислом набуданд, чунин андоз мепардохтанд.
Чагирдор – заминдорони калоне, ки заминхои худро ба дехконон ба ичора медоданд.
“Ост-Имдия” – ширкати Англия буда, дар ихтиёри худ лашкар дошта, ба Хиндустон хамла карда буд.