Главная / Маданият ва санъат / Давлати Темуриён

Давлати Темуриён

Дар охирҳои асри XIII империяи бузурги Чингизхон ба якчанд давлати мустақил тақсим шуд. Дар Осиёи Марказӣ, ки аҷдодони писари дуюми Чингизхон – Чағатой ҳукмронӣ мекарданд, дар навбати худ дар асри XVI ба якчанд қисм тақсим шуданд. Ҳафтруд ва Туркистони Шарқӣ давлати махсус – Муғулистонро ташкил намуданд. Дар Мовароуннаҳр нишонҳои давлати нав ба вуҷуд омаданд. Солҳои 60-ум дар поёноби дарёҳои Сир ва Аму давлати мустақили Хоразм бо марказаш шаҳри Урганҷ аз нав ташкил ёфт.

temuriyon

Дар байни хонҳои Муғулистон ва Мовароуннахр барои ҳокимият ва заминҳо доимо мубориза мерафт.  Қабилаҳои муғулу турки чорводори бодиянишини Осиёи Марказӣ ба зиндагии муқимӣ ва кишоварзӣмегузаштанд. Дар баробари ин омезиши муғулу туркҳо бо халқи маҳаллӣ сурат мегирифт. Самарканд ба маркази мубориза бар зидди зӯроварии хонҳои Муғулистон табдил ёфта буд.

ТЕМУР ДАР МУБОРИЗА БАРОИ ҲОКИМИЯТ.

Аслу насаби Темур аз қабилаи муғулии барлос буд. Ин қабила дар Мовароуннахр аз оғози асри XIV зиндагӣ мекард. Барлосҳо монанди қабнлақои дигари муғулӣ бо қабилаҳои туркӣ омезиш               ёфта, забон ва урфу одатҳои худро гум карда буданд. Темур низ аз қабили ҳамин муғулҳо буд.

Соли 1361 Темур аллакай ҳамчун фармондеҳи номии дастаи калони мусаллаҳи аз ҷумлаи аъзоёни қабилаҳои барлосҳо ва қабилаҳои дигар ташкилкарда маълум буд. Темур ба хизмати хони Муғулистон Туғлуқ-Темур дохил шуда, ба ӯ дар ишғоли Самарқанд ёрӣ расонд. Хдмчун мукофот барои хизматаш Туглуқ-Темур ӯро ҳокими шаҳри Кеш таъйин намуд.

Вале Темур ба ин вазифа қаноат накарда, ба хизмати амири Балх – Ҳусейн рафт. Ҳусейн душманни Туғлуқ-Темур буд. Онҳо якҷоя шуда, бар зидди Туғлук-Темур ҷанг карданд, вале шикаст хӯрданд. Баъди тайёрии ҳаматарафа ба Темур ва Ҳусейн муяссар шуд, ки Мовароуннаҳрро аз дасти Туғлуқ-Темур кашида гиранд. Вале соли оянда аз муғулҳо боз ҳам шикаст хӯрда, маҷбур шуданд, ки ба Балх фирор кунанд. Ҳамон сол дар яке аз муҳорибаҳо Темур аз пояш тир хӯрд. Аз ҳамин вақт сар карда, ӯ номи “Темурланг”-ро мегирад.

ШӮРИШИ САРБАДОРОН.

Соли 1365-1366 дар Самарқанд бар зидди Туғлуқ-Темур шӯриши Сарбадорон сар мезанад, ки ба он Мавлонозода ном донишҷӯи яке аз мадрасаҳои шаҳр роҳбарӣ мекард. Ба Сарбадорон муяссар шуд, ки муғулҳоро аз Самарқанд пеш карда, ҳокимиятро ба даст дароранд. Сарварии Самарқанд ва гирду атрофи он ба ихтиёри Мавлонозода, Абӯбакр ва Хурдаки Бухороӣ гузашт. Муғулҳо хостанд, ки ба Самарқанд ногахон ҳамла оварда, Сарбадоронро торумор кунанд, вале шикаст хӯрданд. Баъди ин Сарбадорон ҳокимияти худро бо тезӣ дар тамоми Мовароуннаҳр паҳн кардан гирифтанд. Аз ин лаҳзаи муносиб Темлф ва Ҳусейн истифода бурданд.

БА ҲОКИМИЯТ СОҲИБ ШУДАНИ ТЕМУР.

Ҳусейн ва Темур бо роҳи фиребу найранг аз Балх ба Самарқанд меоянд. Ҳамин тавр бо фиреб роҳбарони шӯриши Сарбадоронро дастгир ва қатл карданд. Онҳо танҳо Мавлонозодаро зинда дар зиндон нигоҳ медоштанд. Дар давлати дар Мовароуннаҳр ташкилкардаи Сарбадорон Темур ва Ҳусейн ҳукмрон шуданд, вале амир Ҳусейн дар мақоми аввал буд. Ба чунин мартаба Темур розй шуда наметавонист. Барои ҳамин ӯ лаҳзаи мувофиқ мекофт, то ки ҳокими ягонаи Мовароуннахр шавад. Дере нагузашта барои ҳокимият дар байни онҳо зиддият ба амал омад ва он ба задухӯрди мусаллаҳона мубаддал гардид. Соли 1370 Темур дар яке аз задухӯрдҳо аскарони Ҳусейнро торумор карда, худи ӯро асир гирифт ва баъд ӯро ба қатл расонда, худро амири Мовароуннаҳр эълон кард. Ҳамин тавр, давлати Темур ба вуҷуд омад.

ЗАБТКОРИҲОИ ТЕМУР.

Темур ба ҳукмронии  танҳо Самарқанд қаноат намекард, аввал ҳокимияти худро дар Мовароуннаҳр мустаҳкам кард ва баъд соли 1372 ба поёноби дарёҳои Аму ва Сир – ба Хоразм лашкар кашид. Пас аз лашкаркашии 5-ум соли 1388 ӯ Хоразм ва пойтахти он шаҳри Урганҷро, ки дар

Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ маркази калонтарини тиҷоратӣ буд, фатҳ намуда, ба хок яксон кард. Темур аҳолии ин шаҳрро бо зӯрӣ ба Самарқанд кӯчонда, фармуд, ки шаҳри урганҷро вайрону хароб ва баъд шудгор карда, ҷав коранд.

Баъди ба даст овардани Хоразм Темур дар тӯли чандин соли дигар бар зидди Тӯхтамиш мубориза бурд. Тӯхтамиш аввал хони Урдаи Сафед ва баъд хони Урдаи Тиллоӣ буд. Дар натиҷаи се лашкаркашӣ (солҳои 1389, 1391 ва 1395) Темур ниҳоят Урдаи Тиллоиро торумор кард. Дар рафти ин лашкаркашиҳо шаҳрҳои калони Урдаи Тиллоӣ – Сарой Берке ва Ахитархонро оташ зад. Тобистони соли 1395 аз ҷануб ба сарзамини Рус ҳам зада даромада, то шаҳри Елетс расида, ба шаҳри Маскав таҳдид кард. Вале ӯро аз раъйаш танҳо хабари нооромии Осиёи Марказӣ гардонд.

Дар солҳои 80 ва 90-уми асри XIV Темур ба Эрон, Байнаннаҳрайн ва давлатҳои дигар ҳам лашкар кашид. Ӯ тавонист, ки аввал Хуросон, Афғонистон ва Қафқозро забт намуда, баъд Ҳиндустонро ишғол намояд. Дар рафти ин лашкаркашӣ Темур шаҳри Деҳлиро ғорат кард. Дар оғози асри XV Байнаннаҳрайн ҳам ба Темур таслим шуд. Пас аз ин лашкаркашии худро дар самти Сурияю Осиёи Хурд давом дода,

Соли 1402 артиши яке аз лашкаркашони бузургтарнни замон – султони Турк Боязидро торумор карда, худи ӯро асир гирифт.

 Баъди лашкаркашии бомуваффақияти бисёрсолаи худ Темур бо ғанимати бузург ва шаъну шарафи беандоза баланд ба Самарқанд баргашт. Ӯ ба ин забткориҳои худ ҳам конеъ нашуд. Баъди тайёрии начандон зиёд Темур ба Чин лашкар кашид. Вале соли 1405 ногаҳон дар Утрор вафот кард.

ЗОЛИМИИ ТЕМУР.

Темур дар таърих яке аз шахсиятҳои золимтарин маҳсуб мешавад. Чанд мисол меорем. Ҳангоми лашкаркашӣ ба Эрон бо фармони Темур сари 70 ҳазор одами осоишта аз тан ҷудо карда шуда ва аз сари онҳо манора сохта шудааст. Соли 1398 Темур дар Ҳиндустон фармуд, ки 100 ҳазор асир қатл кардашавад. Сабаби асосин ин амр он буд, ки ба ҷои дур бурдани асирон мушкил будааст. Дар шаҳри Бағдод танҳо дар як рӯз 90 ҳазор кас қатл карда шудааст. Ҳангоми зуҳур ёфтани кӯшиши камтарини муқовимат Темур мефармуд, ки чунин одамон зинда гӯронда шаванд. Мардуми шаҳри Сабзавори Хуросонро низ ҳамин тавр ҷазо дод. Фармуд, ки аз одамони зинда девор созанд. Бо фармони Темур баъди чанде дар ин шаҳр аз ҷасади одамон ва хишт девори васеъ ва баланд сохтанд. Ин далелҳо дар бораи бераҳмию золимии Темур шаҳодат медиҳад.

 ТАЛОШИ ТЕМУРИЁН БАРОИ ҲОКИМИЯТ.

Темур дар зарфи 35 соли ҳукмронияш давлатҳои зиёдро забт карда, империяи бузургеро ташкил дод. Баъд аз вафоти ӯ авлодаш дар тӯли якчанд сол барои ҳокимият дар байни худ мухолифат карданд. Темур ҳанӯз дар вақти зинда буданаш давлаташро дар байни писаронаш – Ҷаҳонгир, Умаршайх, Мироншоҳ ва Шоҳрух ва набераҳояш Муҳаммадсултон, Пирмуҳаммад, Иброҳим ва Улуғбек тақсим карда буд.

Баъди вафоти Темур мӯҳлати зиёде нагузашта буд, ки аксарияти Темуриён худро мустақил эълон карданд. Писари Мироншоҳ ва набераи Темур ҳокимиТошкант, Халилсултон бо тезӣ лашкар ғун карда, ба тарафи шаҳри Самарқанд раҳсипор шуд. Писари Ҷаҳонгир ва набераи Темур Пирмуҳаммад, ки ӯро Темур ҷонишини худ эълон карда буд, низ азми забти Самарқандро кард. Лекин Пирмуҳаммад пештар омада, пойтахти давлати Темуриён – шаҳри Самаркандро соҳиб шуд. Пирмуҳаммад аз тарафи шахси номаълум баъди чанде ба қатл расид.

Ба мубориза барои ҳокимият дар давлати Темуриён натанҳо аъзоёни ин сулола, балки намояндагони сулолаҳое, ки Темур аз ҳокимият маҳрум карда буд, илова шуданд. Барои ҳамин Темуриҳо маҷбур буданд, ки хдм ба муқобили онҳо ва ҳам ба муқобили ҳамдигар мубориза баранд. Дар Ғарб ва Шимолу Ғарби Эрон намояндагони сулолаи Туркманни Қарақуюнлу, дар Туркистон бошад, амир Худодод ва шайх Нуриддин исён бардошта, ҳақу ҳуқуки худро талаб мекарданд. Вақте ки дар соҳилҳои дарёи Аму дар байни лашкарҳои писарамакҳо Халилсултон ва Пирмуҳаммад ҷанг мерафт, Худодод дастаҳои аскари муғулҳо ва калмиқҳоро якҷоя намуда, ба Мовароуннаҳр ҳамла кард. Ба ӯ муяссар шуд, ки Самарқандро ба даст дароварда, Халилсултонро асир гирад.

БА ҲОКИМИЯТ СОҲИБ ШУДАНИ ШОҲРУХ.

Баъди кушта шудаии Пирмуҳаммад вазъияти сулолаи Темуриён боз ҳам мураккабтар шуд. Ҳанӯз дар вақти дар қайди ҳаёт будани Темур писари хурдии ӯ – Шоҳрух ҳокими Ҳирот буд. У дар ин ҷо тамоми нишонаҳои давлатдориро дошт. Аз он ҷумла, дар ихтиёри ӯ лашкари калон ҳам буд. Баъд аз вафоти Темур Шоҳрух ба низоъҳои сулолавие, ки дар шаҳри Самарқанд сар зада буданд, кордор нашуд, гарчанде ки вориси расмии тоҷу тахти Темур буд. Инак баъди қариб 4 соли хомӯшӣ Шоҳрух дар бораи худ дарак дода, лашкар чамъ намуд ва бар зидди Худодод лашкар кашида, ӯро торумор кард. Ӯро тавассути қотиле ба қатл расонид ва Халилсултонро аз асорат озод кард. Шоҳрух Халилсултонро аз ҳуқуқи ворисии тахту тоҷи Темур маҳрум сохта, ҳокими Рай таъйин кард. Идораи Самарқанд ва умуман Мовароуннаҳрро Шоҳрух ба писари 15-солаи худ – Улуғбек супорида, роҳи Эронро пеш гирифт. Ӯ фарзандони Ҷаҳонгир, Умаршайх ва Мироншоҳро аз ҳокимият дур карда, Иброҳимсултон ном писарашро ҳокими Шероз ва писари дигари худ – Суюрғотмишро ҳокими Кобул, Ғазна ва Қандаҳор таъин кард.

Қабилаҳои Қаро-қуюнлу замини худро, ки Темур забт карда буд, аз нав соҳиб шуда, ҳудудҳои онро васеътар карданд. Шоҳрух се маротиба бар зидди Қароқуюнлу лашкар кашидааст, вале ба муваффақияти калон ноил нашуда, бо ӯ сулҳ баст ва идораи Озарбойҷонро ба Ҷаҳонгир ном яке аз намояндагони ин сулола супорид.

Дар замони ҳукмронии Шоҳрух, ки ин соли 1406 оғоз ёфтааст, гарчанде давлати Темуриён заминҳои зиёди худро аз даст дода бошанд ҳам, ҳанӯз иқтидорашро пурра аз даст надода буд. Сарзамини Темуриён, ки дар ихтиёри Шоҳрух буд, дар амал ба ду давлат тақсим шуд – Мовароуннаҳр (марказаш шаҳри Самарқанд) ва Хуросон (марказаш шаҳри Ҳирот). Дар Мовароуннаҳр Улуғбек ва дар Хуросон бошад, худи Шоҳрух ҳукмронӣ мекард.

ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ЗЕРИ ҲОКИМИЯТИ УЛУҒБЕК.

Гарчанде Улуғбеки навҷавон ҳукмрони Самарқанд бошад ҳам, дар амал ҳокимият дар дасти мураббии ӯ, ҳамсафи Темур Шоҳмалик буд. Баъди ба тахти Самарқанд нишастани Улуғбек яке аз сипаҳсолорони Темур ба Самарқанд лашкар кашид. Улуғбек маҷбур шуд, ки фирор кунад. Шоҳрух аз нн хабар воқиф шуда, бо лашкари сершумор ба Самарқанд омад ва исёнгаронро торумор карда, ҳокимияти Улуғбекро аз нав барқарор намуд. Вале бо ин вазъияти Улуғбек хуб нашуд. Аз ин рӯ, Улуғбек аз падараш талаб кард, ки ӯро аз пуштибонии Шоҳмалик озод кунад. Ҳамин тариқ, Шоҳрух Улуғбекро, ки ин вақт 17-сола буд, ҳукмрони мустақили Мовароуннаҳр таъин намуд.

Сарфи назар аз он, ки Улуғбек ҳокими Мовароуннаҳр ҳисоб мешуд, ҳокимияти олӣ дар ин ҷо ҳам дар дасти Шоҳрух буд.

Улуғбек дар Мовароуннаҳр ҳукмронӣ карда, қариб ҳар сол баҳри зиёрати падараш ба Ҳирот мерафт. Ба Улуғбек лозим меомад, ки гоҳ бар зидди ҳокимони саркаши маҳаллӣ ва гоҳ бар зидди таҷовузкорони муғулӣ мубориза барад. Ӯ дар ин мубориза на ҳама вақт ғолиб мебаромад. Боре ӯзбекони бодиянишин лашкари Улуғбекро торумор карда, шаҳру деҳоти Мовароуннаҳрро горат карданд. Шоҳрух аз ин бохабар шуда, бо лашкари пурзӯр бо тезӣ ба он ҷо омада, ба писараш ёрӣ расонд. Ҳокимияти ӯро аз нав барқарор карда, гунаҳгорони шикастхӯриро бо калтак ҷазо дод. Улуғбекро аз хокимият дур карда, баъд аз гуноҳаш гузашта, хокимиятро дар Мовароуннаҳр аз нав ба ӯ баргардонд. Баъд аз ин Улуғбек фаҳмид, ки қобилияти лашкаркашӣ надорад, минбаъд ба лашкар сарварӣ намекард.

ВАФОТИ ШОҲРУХ ВА ҚАТЛИ УЛУҒБЕК.

Соли 1447 Шоҳрух дар Ҳирот вафот кард. Улуғбек қарор дод, ки муддате дар Ҳирот истиқомат кунад. Дар ҳамин вақт ӯзбекони бодиянишин ба пойтахти Улуғбек – шаҳри Самарқанд ҳамла карданд.

 Ӯ маҷбур шуд, ки бо тезӣ ба Мовароуннаҳр баргардад. Дар роҳ лашкари душман ба лашкари Улуғбек бархӯрд. Дар муҳориба Улуғбек аскари зиёд талаф дод. Ин шикаст обрӯю эътибори ӯро коҳонд.

Дар дарбор ва байни аъёну ашрофу рӯҳониён мухолифони Улуғбек бисёр буданд. Ин ашхос марги Улуғбекро мехостанд. Ба онҳо муяссар шуд, ки Писари Улуғбек Абдулатифро бар зидди падар ба исён водор созад. Дар муҳорибаи лашкари падару писар Улуғбек шикаст хӯрда, аз тахти подшоҳӣ махрум гардид ва охирҳои моҳи октябри соли 1449 бо фармони Абдулатиф кушта шуд.

ДАВЛАТИ ТЕМУРИҲО ДАР АҲДИ АБӮСАИД.

Абдулатиф орзу мекард, ки соҳиби тахту тоҷи падар шавад. Вале ин орзуи ӯ ҷомаиамал напӯшид. Абдулатиф баъди шаш моҳ аз ҷониби ҳарбиён қатл карда шуд. Баъди қатли Абдулатиф мубориза барои ҳокимият дар байни аъзоёни сулолаи Темуриён аз нав авҷ гирифт. Ва ниҳоят, ба Абӯсаид ном шахс, ки ба хонадони Темуриён тааллуқ дошт, муяссар шуд, ки бо ёрии пешвои ӯзбекони бодиянишин Абулхайрхон дар Мовароуннаҳр ҳокимияти Темуриёнро аз нав барқарор кунад. Абӯсаид дар давлати Темуриён солҳои 1451-1469 ҳукмронӣ кардааст. Дар ин солҳо ҳудудҳои давлати Темуриён қариб пурра аз нав барқарор карда шуд. Ӯ ҳокимиятро дар Ҳирот ва тамоми Хуросон ба даст даровард. Дар аҳди Абӯсаид қаламравн давлати Темуриён аз кӯҳҳои Тиёншон то Бағдод ва аз даштҳои Қиргиз то соҳилҳои дарёи Ҳиндро дар бар мегирифт.

БАРҲАМ ХӮРДАНИ ДАВЛАТИ ТЕМУРИЁН.

Баъди вафоти Абӯсаид давлати Темуриҳо бебозгашт рӯ ба таназзул ниҳод. Дар Соли 1469 дар Мовароуннаҳр ҳокимият ба дасти фарзандони Абӯсаид ва дар Хуросон ба дасти авлодони Умаршайх гузашт.

Намояндаи машҳури ин хонадон Султон Ҳусайни Бойқаро дар Ҳирот ба ҳокимияти Темуриён соҳиб шуда, дар он ҷо муддате чанд ҳукмронӣ кард.

Дар охирҳои асри XV Шайбониҳо ба қаламрави  давлати Темуриён ва хусусан, ба Мовароуннаҳр мунтазам ҳамла оварда, онро хароб мекарданд. Ин тохтутозҳо махсусан, баъд аз вафоти Абулхайрхон пурзӯртар шуданд. Писари ӯ Муҳаммад Шайбонихон дар назди худ вазифа гузошт, ки орзую омоли бобояшро оид ба забти давлати Темуриҳо ва ташкил намудани давлати Шайбониҳо ба иҷро мерасонад. Ӯ соли 1501 шаҳри Самарқандро аз Бобур ном Темурии охирин кашида гирифт. Ҳамон сол давраи барҳам хӯрдани давлати Темуриён ҳисобида мешавад.

СУЛТОНИИ ДЕҲЛӢ

ТАЪСИСИ СУЛТОНИИ ДЕҲЛӢ. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва авлодони ӯ борҳо ба Ҳиндустон лашкар кашида, онро ғорат карда буданд. Баъди соли 1151 аз тарафи Ғуриён гирифта шудани шаҳри Ғазна Ғазнавиён ба Ҳиндустон фирор карданд. Дар Ғазна ҳокимият ба дасти Ғуриён гузашт.

Соли 1175 ҳокими Ғазна – Муҳаммади Ғурӣ ба Ҳиндустон лашкар кашида, музофоти Панҷобро ишғол намуд. Солҳои 90-уми асри XII ӯ минтақахои байни дарёҳои Ҷамнаю Ғанг ва музофоти Баиголаро ҳам забт кард.

Баъд аз он ки Муҳаммади Ғурӣ вафот кард, ҷои ӯро Қутбиддини Ойбек гирифта, алоқаашро аз Ғазна тамоман канд ва дар шимоли Хиндустон давлати соҳибистиқлол ташкил намуд.

 Давлати навтаъсиси Қутбиддин ба худ номи “Султонии Деҳлӣ”- ро гирифта, дар асрҳои ХШ-ХУ яке аз давлатҳои калонтарини Шарқ буд.

Султонии Деҳлӣ дар ин давра васеъ шуд. Ба он ғайр аз Ҳиндустони Шимолӣ, инчунин Ҳиндустони Марказӣ ва аксарияти давлатҳои  паҳнкӯҳи Дакан низ дохил шуданд. Онҳоро султон Аловуддини Хилҷӣ забт карда буд. Султон Муҳаммади Туглак қариб тамоми Ҳиндустонро забт намуда, орзу дошт, ки Эрюн ва Чинро низ забт кунад. Султонии Деҳлӣ сарфи назар аз бузургии қаламрави худ пурзӯру марказиятнок набуд.

СОХТИ ДАВЛДТӢ. Султонии Деҳлӣ давлати феодалӣ буд. Тамоми заминҳо моликияти султон ҳисобида мешуданд. Шахсоне, ки аз ҷойҳои дигар омада, хизмати артишро ба ҷо меоварданд. аз султон замини муваққатӣ – “иқтоъ” мегирифтанд. Феодалҳои калони маҳаллӣ заминҳои меросӣ дошганд. Баъд аз вафоти онҳо замини меросӣ ба фарзандонашон мегузашт. Ин феодалҳо ннчунин музофотҳои худро идора карда, қариб тамоман мустақил буданд. Ба султон танхо як миқдори муайян андоз месупориданду бас. Феодалҳои миёна ва хурди ҳиндӣҳам заминҳои камтари меросӣ доштанд. Бо мурури замон омадагони баландмартаба низ соҳиби заминҳои меросӣ мешуданд.

Қисми заминҳо дар ихтиёри рӯҳониён, дайрҳо ва ибодатгоҳхои дини ҳиндуия, рӯҳониён ва масҷидҳои исломӣ буданд. Заминҳои муассисаҳои динӣ “вақф” номида мешуданд.

 Дар Султонии Деҳлӣ усули заминдорӣ ислом буд. Дар Султонии Деҳлӣ мисли пештара шумораи хоҷагиҳои дехконии ҷамоаҳо нисбат ба намудҳои дигари хоҷагидорӣ бартарӣ доштанд.

Заминдорони калон ба хоҷагиҳои худ бевосита машғул иамешуданд. Онҳо заминҳояшонро ба деҳқонон ба иҷора дода, аз онҳо ҳосили соф ва ё даромади пулӣмегирифтанд.

Дар солҳои мавҷудияти Султонии Деҳлӣ дар Ҳиндустон шаҳрҳои бисёри нав бунёд шуданд. Дар ин шаҳрҳо одатан қароргоҳҳои султонҳою волиёни онҳо ҷойгир буданд. Яке аз чунин шаҳрҳо Деҳлӣ буд.

Шаҳрҳои ҷанубии Ҳиндустон бештар дар соҳилхои баҳрҳо бино ёфта буданд. Гоа, Калкута ва Бомбай аз ҳамин қабил шаҳрҳо мебошанд. Дар шимолии султонӣниз шаҳрҳои калон ба мисли Агра, Панипат, Лоҳур ва Мултон мавҷуд буданд. Тоҷи- рони султонӣ аз ин бандару шаҳрҳо маснуоти зиёду гуногуни косибй ва пеш аз ҳама, газвору маҳсулоти аттории ҳиндиро муттасил ба бозорҳои мамлакатҳои Осиёю Аврупо ва Африқои Шимолӣ бурда мефурӯхтанд.

 Аз он мамлакатҳо ба Ҳиндустон асп, қалъагӣ, мис ва пулҳои тиллою нуқрагин меоварданд.

ОҒОЗИ ТАНАЗЗУЛИ СУЛТОНИИ ДЕҲЛӢ.

Дар охирҳои асри XIV Султонии Деҳлӣ давлати марказиятнок набуд. Дар он ҷо давлатҳои  сершумори мусулмонию ҳинду беист бар зидди ҳамдигар ҷанг мекарданд. Султон ба муқобили ҳокимони музофотҳои Бангола, Синд, Орис ва Гуҷарат ҷанг карда, онҳоро ба хок яксон кард. Соли 1366 султон Фирӯз баъд аз пахши шӯрише, ки дар Гуҷарат сар зада буд, фармуд, ки мардуми маҳалҳои асосии шӯриш кир карда шаванд. Дар солҳои 70-ум ва 80-ум бошад, Султонии Деҳлӣ чунон заиф шуд, ки он дигар амнияти музофотҳоро таъмин карда наметавонист.

Дастаҳои алоҳидаи муғулҳо то ба шаҳрҳои калони султонӣ – Лоҳур ва Деҳлӣ омада расиданд.

ЛАШКАРКАШИИ ТЕМУР БА СУЛТОНИИ ДЕҲЛӢ.

Темур аз вазъияти муносиб истифода бурда. тирамоҳи соли 1398 бо лашкари 120-ҳазориафараи худ ба Султонии Деҳлӣ ҳамла овард. Султон пеши роҳи лашкари бузурги Темурро гирифта натавонист. Баъд аз гирифтани Деҳлӣ Темур аз дарёи Ҳинд гузашт ва шаҳру деҳаҳои Панҷобрю паи ҳам гирифга, онҳоро талаю тороҷ мекард. Ӯ ба мусулмону ҳинду раҳм намекард, онҳоро ба қатл мерасонд. Пойтахти султонӣ – шаҳри Деҳлӣ талаю тороҷ карда шуд. Даҳҳо ҳазор сокинонн Деҳлӣ кушта шуданд. Қисми онҳо фирор карда, қисми дигар асир афтоданд. Косибон ва бинокоронн гулдасти Ҳиндустон зӯран ба Самарқанд фиристода шуданд. Темур баъди як сол бо ғанимати бузург ба Самарқанд баргашта, ба хотири ғалаба бар Султонии Деҳлӣфармуд, ки дар ин шаҳр масҷиди бузурги ҷомеъ созанд.

СУЛТОНИИ ДЕҲЛӢ ДАР АСРИ XV.

Темур Ҳиндустонро ғорату ба хок яксон карда, бо ин кирдори худ ба ҳокимияти бе ин ҳам таназзулёфтан Султонни Деҳлӣзарбаи марговар зад. Темур дар назди худ мақсад нагузошта буд, ки Ҳиндустонро ба империяи бузургаш ҳамроҳ созад. Ӯ Ҳиндустонро ба ҳоли худ гузошт. Баъд аз рафтани Темур дар шимоли Ҳиндустон мубориза дар байни феодалҳои мусулмон ва ҳинду боз ҳам тезу тундтар шуд. Дигар на султон ва на ягон ҳокими дигари шимол ё ҷануб наметавонист Ҳиндустонро муттаҳид созад. Дар асл шимоли исломӣ ва ҷануби ҳиндуия дар муқобили ҳамдигар меистоданд.

Дар тӯли асри XV Султонии Деҳлӣ аллакай ҳамчун давлати бузург вуҷуд иадошт. Он яке аз давлатчаҳои қатории Ҳиндустон ба шумор мерафт, сарфи иазар аз он ки ҳокими шаҳри Деҳлӣ мисяи пештара дорои унвони султонии бузурги Деҳлӣ буд. Давлати нисбатан калони ин минтақаи Ҳиндустон Бангола буд. Вале он ҳам дар Ҳиндустони Шимолӣ вазифаи ҳукмронро иҷро карда наметавонист. Дар чунин ҳолат Султонии Деҳлӣ ва тамоми Ҳиндустон дар назди ҳамлаҳои нави муғулу туркҳо тоб оварда натавонист.

БАРҲАМ ХӮРДАНИ СУЛТОНИИ ДЕҲЛӢ.

 Баъди аз тарафи Шайбониён барҳам задани давлати Темуриён намояндаи охирини ин сулола, вориси тахту тоҷ ва набераи Темур – Бобур соли 1526 бо лашкар ва ҷонибдорони худ роҳи Ҳиндустонро пеш гирифт.

Пеш аз ба Ҳиндустон ҳамла кардани Бобур Афғонистон ва як қисми Эрони Шарқӣ, шаҳрҳои Кобул ва Ғазнаро ба даст даровард.

Бобур аз ҳамин ҷо бо лашкари 20-ҳазорнафараи иборат аз туркҳо, тоҷикон ва пуштуҳо ба Ҳиндустони Шимолӣ лашкар кашид.

Дар Ҳиндустон муҳорибаи ҳалкунанда дар ҳамвории назди шаҳри Панипатаи воқеъ дар шимолтари Деҳлӣ 21 апрели соли 1526 ба амал омад. Дар ин муҳориба султони охирини Султонии Деҳлӣ – Иброҳими Лудӣ купгга шуд. Баъди ин Бобур Деҳлиро забт намуда, худро шоҳи Ҳиндустон эълон кард. Соли оянда ҳокимони музофотҳои мусулмон ва ҳинду лашкари 100 – ҳазорнафара ғун карда, бар зидди Бобур ба ҷанг даромаданд, вале дар муҳорибаи назди Канваги воқеъ дар наздикии шаҳри Агра торумор карда шуданд. Бо ҳамин Султонии Деҳлӣ барҳам хӯрд.

ИМПЕРИЯИ ТЕМУРИЁНИ ҲИНД

ТАЪСИСИ ИМПЕРИЯ.

 Ба Бобур ва зуриётҳои ӯ лозим омад, ки дарнимҷазираи Ҳиндустон ва дар масофаи садҳо километр дуртар аз он, давлати худро васеъ кунанд. Ҳудудҳои империяи Темуриёни Ҳинд Афғонистоии Шарқӣ, Синд, Кашмир ва дар Ҳиндустони Ҷанубӣ то дарёи Гадаври тӯл кашида буд. Сабаби ин қаламрави  бузургро ишғол кардани Темуриёни Ҳинд он аст, ки дар асри XVI Султонии Деҳлӣ дигар ҳудудҳояшро муҳофизат карда наметавонист.

ИСЛОҲОТИ АКБАР.

Империяи Темуриёни Ҳинд дар замони ҳукмронии набераи Бобур – Акбар, ки Солҳои 1556-1605-ро дарбар гирифтааст, давраи гул-гулшукуфии худро аз сар мегузаронид. Дар нн солҳо ҳудудҳои он дар натиҷаи ишғоли музофотҳои Ҳиндустони Шарқӣ – Бангола, Орнс, Гуҷарат, Кашмир,султонии Хандна ва Аҳмаднагар боз ҳам васеътар шуд. Акбар яке аз марказҳои калонтарини тиҷорат дар Шарқ – шаҳри Қандаҳорро ҳам аз Эрон кашида гирифт.

Акбар шоҳи дурандеш ва одил буд. Ба сари ҳокимият омада, ӯ дар мамлакат ислоҳот гузаронад. Ислоҳот қариб ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакатро дар бар мегирифт. Дар рафти амалӣ намудани ислоҳот ӯ аҳолии маҳаллии хиндуро ба назари эътибор нагирифта наметавонист. Шоҳи нав баъзе ашрофони ҳиндуро ба вазифаҳои калон таъйин кард. Пуштибонии тоҷирони ҳиндунаслро шахсан ба ӯҳда гирифт. Дар мамлакат таъқиботи онҳое, ки пайравони дини ҳиндуия буданд, катъ карда шуд. Аҳолии ҳинду аз андози ҷизя озод карда шуд. Акбар соли 1593 дар бораи иҷозат ба фаъолияти ҳамаи динҳо амри махсус баровард. Мувофиқи ин амр ҳиндуёнро зӯран ба дини ислом гардонидан манъ эълон карда шуд. Ҳиндухои маҷбуран мусулмон кардашуда ҳатто метавонистанд ба дини пештараи худ баргарданд.

Низомн андозситонӣ тагйир дода шуд. Дар мамлакат воҳиди ягонаи ченкунии замин ҷорӣ гардид. Мувофиқи ин ченак заминҳои мамлакат аз иав чен карда, масохати умумии онҳо муайян карда шуд.

Акиун ҳангоми муқаррар кардани андоз сифати замин, яъне ҳосилнокии хок ба назар гирифта мешуд. Мардуми кишоварз мувофиқи сифати замин сеяки ҳосилро бо дарназардошга нархҳои миёнаи 20 соли охир ба хазинаи давлат андози пулӣ мепардохтанд.

Ислоҳоти Акбар идораи давлатиро низ дар бар гирифт. Мамлакат ба 15 музофот тақсим карда шуд, ки онҳоро волиёни шоҳ идора мекарданд. Вазоратҳои Империяи Темуриёни Ҳиндро чун дар давлати Сомониён девонҳо меномиданд. Сарвари девонҳо нахуствазир буд. Оид ба соҳаҳои гуногуни мамлакат чушидехвонҳо мавҷуд буданд. Масалан, девонҳои молия, андоз, ҷагир, дарбор, корҳои сохтмон, лашкар, устохонаҳо, вақф ва ғайра.

ИМПЕРИЯИ ТЕМУРИЁНИ ҲИНД ДАР АСРИ XVII. Ба Акбар муяссар шуд, ки империяи Темуриёни Ҳиндро дар оромию рушду нумӯъ нигоҳ дорад. Писари Акбар – Чаҳонгир соли 1605 ба тахти подшоҳӣ нишаста, ӯ ҳам ҷидду ҷаҳд ба харҷ дод, ки империяи Темуриёни Ҳинд боз ҳам тараққӣ кунад.

Дар замони ҳукмронии набераи Акбар – Шоҳиҷаҳон ҳудудҳои давлати Темуриёни Ҳинд дар Ҳиндустон боз ҳам васеътар шуданд. Аҳмаднагар, Голканд ва Биҷапур низ тобеияти худро аз Шоҳиҷахон эътироф карданд. Сарзамини Марахаштра ҳам чандин муддат ба ҳайати  давлати Темуриёни Ҳинд дохил гардид.

Дар замони ҳукмроиии Шоҳи ҷаҳон империяи Темуриёни Ҳинд камтар пеш рафт. Ҷагир – дорони калон ҳаракат мекарданд, ки мустақил бошанд. Ҷангҳои сершумори Шоҳиҷаҳон хароҷоти калонро такозо мекарданд. Барои пайдо кардани маблағи  зарурӣ авлодони Акбар, аз он ҷумла, Шоҳиҷаҳон иҷораи заминро аз нав ҷорӣнамуданд. Акнун ҷагирдорҳо худашон андозғундор шуданд. Дар натиҷаи ин ҷагирдорҳо сарватманд ва ҳокимияти онҳо аз болои кишоварзон боз ҳам пурзӯртар шуд. Ин ҳолат ба обрӯю эътибори ҳокимияти шоҳ таъсири манфӣ расонид.

Ғайр аз ин, зиндагии бо карру фарри шоҳҳои Темуриёни Хинд, дарбориён, ҷагирдорҳои бузургтарини мусулмон ва ҳокимони маҳаллии ҳинду ҳадду канор надошт. Фарқи сатҳи зиндагӣ дар байни табақаҳои ҳукмрон ва аҳли заҳмат торафт бештар мешуд. Бо вуҷуди ин, дар замонн ҳукмронии Шоҳиҷаҳон ва Аврангзеб, Империяи Темуриёни Ҳинд мавқеи пешқадами худро аз даст надода буд. Дар солҳои ҳукмронии Аврангзеб ҳудудҳои Бачапур ва Голкондаро ииз дарбар гнрнфт. Ба ӯ муяссар шуд, ки хуҷуми артиши ишркати англисии “Ост-Индия”-ро бартараф намуда, ба он товони ҷанг бор кунад.

Аврангзеб бар хилофи аҷдодони худ фармуд, ки аз мардуми ғайримусулмон андози ҷизя ситонида шавад. Ӯ кӯшиш ба харҷ медод, ки мамлахатро мувофиқи меъёрҳои шариати ислом идора кунад. Ҷавобан ба зулму таъқиботи Аврангзеб дар зери роҳбарии пешвои худ Шаваҷи маратҳо шӯриш бардошта, соли 1674 давлати соҳибихтиёри Махараштраро таъсис намуданд. Дар ин давра рачпутҳо низ бар зидди Темуриёни Ҳинд баромаданд. Ин якчанд мисол шаҳодати он аст, ки Империяи Темуриёни Ҳинд дар нимаи аввали асри XVII пурқувват бошад ҳам, дар нимаи дуюми он то андозае рӯ ба таназзул ниҳода будааст.

МАДАНИЯТИ ИМПЕРИЯИ ТЕМУРИЁНИ ҲИНД. Маданияти Ҳиндустон дар замони ҳукмронии Темуриёни Ҳинд ба комёбиҳои калон соҳиб шуд. Ин комёбиҳо алалхусус ба адабиёти ва санъати меъморӣ дахл доранд.

Аз ҷумлаи адибони машҳури Темуриёни Ҳинд Абулфазл буд. Ӯ асарҳои худро бо забони тоҷикӣ менавшнт. Дар байни шоирони сершумор бародари Абулфазл – Файзл аз усулҳои шеърнависии форсӣ васеъ истнфода мебурд. Тулси Дас аз ҷумлаи шоирони маъруфи шшузабон буд. Бедил, Зебуниссо, Калим, Хусрави Деҳлавӣ низ шоирони машҳури баъдинаи форсигӯи Ҳиндустон буданд.

Санъати меъморӣ комёбиҳои боз ҳам бузургтар дошт. Қасри Акбаршоҳ дар Деҳлӣ аз ҷумлаи бузургтарин иншооти меъморил ин давлат буда, деворҳои он 20 метр баланд ва аз санги тарошида сохта шудааст. Қасри дигари Акбаршоҳ дар дашти наздикии шаҳри Агра мебошад.

Яке аз осори бузургтарини меъмории мусулмонии Темуриёни Ҳинд мақбараи Тоҷмаҳал дар Агра ба шумор меравад. Тоҷмаҳал аз мармари сафед сохта шуда, дорои гумбази сафед ва манораи сернакшу нигор мебошад ва аз ҷумлаи яке аз ҳафт мӯъҷизаи олам ба шумор меравад.

Иншооти дигари бузурги бинокорӣ “Масҷиди мӯъҷиза” ном дорад, ки дар шаҳри Деҳлӣ сохта шудааст. Дар ин масҷид дар юс вақт то 100 ҳазор нафар мусулмонҳо намози ҷумъа гузопгга метавонистанд.

Шоҳҳои Темуриёни Ҳинд биноҳои зиёди бохашамати ҷамъиятии дигар низ сохта буданд, аз он ҷумла, онҳое, ки барои девонҳо муқаррар шуда буданд.

Яке аз сабабҳои асосии пешравии адабиёт ва меъмории давлати Темуриёни Ҳинд он аст, ки шоҳҳои он ва алалхусус Акбар ва Шоҳиҷаҳон адибон ва меъморонро шахсан сарпарастӣ мекарданд.

ЛУҒАТ

Ҷизя – онҳое, ки пайрави дини ислом набуданд, чунин андоз мепардохтанд.

Ҷагирдор – заминдорони калоне, ки заминҳои худро ба деҳқонон ба иҷора медоданд.

“Ост-Имдия” – ширкати Англия буда, дар ихтиёри худ лашкар дошта, ба Ҳиндустон ҳамла карда буд.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

xurish-salat

Хўриши «Ҳафтранг»

Таҷҳизот ва асбобҳо: манқал (плита), дег, кафлез, корд, қошуқ, чангак, тағорача, табақ, тахтачаи сабзавотӣ, асбобҳои …