Главная / Илм / ДЕРМАТОЗХО

ДЕРМАТОЗХО

dermatoziДЕРМАТОЗХО (Dermatosis), беморихои пуст, номи умумии амрози пуст ва зоидхои он. Сабабхои Д. гуногун мебошанд. Дар китобхои тибби такр. 2 хаз. Д. кайд шудаанд. Хусусан псориаз, экзема, нейродермит барин Д. бештар густариш ёфтаанд. Беморихои римнок, вируси ва занбуругии пуст низ бисёр дучор меоянд.
Д. таснифи ягона надоранд. Хангоми тартиб додани як таснифот аз нишонахои этиологи ё патогенези истифода мекунанд (мас., фотодерматозхо, аллергодерматозхо, беморихои занбуруги); дар мавриди тартиб додани таснифоти дигар аломатхои морфологии хасба (доначахое, ки дар пуст медаманд) ба назар гирифта мешаванд. Дар робита ба ин Д.-и буллози (обилачави), лихенхо, кератозхо ва г. чудо карда шудаанд. Гурухи нисбатан калонро аллергодерматозхо ташкил медиханд. Онхо аз таъсири омилхои аллергияовари экзогени (беруни) ба вучуд меоянд, мас., дерматитхои аллерги, токсидермия, экземаи касби. Ба Д.-е, ки бар асари омилхои эндогени (дохили) пайдо мешаванд, экзема, нейродермит, хоришак ва г. мансубанд.
Дар байни беморихои сироятии пуст хусусан беморихои римнок (пиодермия), ки дар хама синну сол вомехуранд, бештар ба мушохида мерасанд. Беморихои занбуругии пуст низ маъмул мебошанд (микроспория, тарихофития, чараб). Гурухи чудогонаи Д.-ро беморихое ташкил медиханд, ки занбуругхои хамирмояшакл ба вучуд меоранд (кандидозхо); ба гурухи мазкур беморихои занбуруги (онихомикоз, эпидермофитияи кадкашак, эпидермофитияи кафи по, шукуфаи сабусмонанд) низ дохил карда мешаванд. Сабаби пайдоиши онхо серараки, кори вазнини чисмони, риоя накардани бехдошти шахси, либоси номувофик ва г. мебошанд. Ба ин гуна беморихо метавон дар хаммом, душ, хавзу кулхо сироят ёфт.
Дар байни беморихои сироятии пуст чои асосиро беморихои вируси – озах, моллюски сори, табхол ишгол менамоянд. Гайр аз ин, сирояти табхоли чараёни Д.-и аллергиро вазнин мегардонад (хусусан барои кудакони хурдсол хавфнок аст). Аз Д.-и паразити (ангали) хоришак ва лейшманиоз бештар дучор меоянд. Лейшманиоз дар чумхурихои Осиёи Маркази хеле пахн шудааст.
Пуст дар мавриди баъзе беморихои дигари организм низ осеб меёбад, мас., хангоми сили пуст, склеродермия, бемории Аддисон, бемории Итсенко-Кушинг, диабети канди ва г. Баъзе беморихои пуст бадфарчом буда, табобати самараноки онхо ёфт нашудааст (мас., меланома, саратон, лимфосаркома ва г.).

П.Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …