Главная / Илм / ДЕРМАТОЗҲО

ДЕРМАТОЗҲО

dermatoziДЕРМАТОЗҲО (Dermatosis), бемориҳои пӯст, номи умумии амрози пӯст ва зоидҳои он. Сабабҳои Д. гуногун мебошанд. Дар китобҳои тиббӣ тақр. 2 ҳаз. Д. қайд шудаанд. Хусусан псориаз, экзема, нейродермит барин Д. бештар густариш ёфтаанд. Бемориҳои римнок, вирусӣ ва занбӯруғии пӯст низ бисёр дучор меоянд.
Д. таснифи ягона надоранд. Ҳангоми тартиб додани як таснифот аз нишонаҳои этиологӣ ё патогенезӣ истифода мекунанд (мас., фотодерматозҳо, аллергодерматозҳо, бемориҳои занбӯруғӣ); дар мавриди тартиб додани таснифоти дигар аломатҳои морфологии ҳасба (доначаҳое, ки дар пӯст медаманд) ба назар гирифта мешаванд. Дар робита ба ин Д.-и буллозӣ (обилачавӣ), лихенҳо, кератозҳо ва ғ. ҷудо карда шудаанд. Гурӯҳи нисбатан калонро аллергодерматозҳо ташкил медиҳанд. Онҳо аз таъсири омилҳои аллергияовари экзогенӣ (берунӣ) ба вуҷуд меоянд, мас., дерматитҳои аллергӣ, токсидермия, экземаи касбӣ. Ба Д.-е, ки бар асари омилҳои эндогенӣ (дохилӣ) пайдо мешаванд, экзема, нейродермит, хоришак ва ғ. мансубанд.
Дар байни бемориҳои сироятии пӯст хусусан бемориҳои римнок (пиодермия), ки дар ҳама синну сол вомехӯранд, бештар ба мушоҳида мерасанд. Бемориҳои занбӯруғии пӯст низ маъмул мебошанд (микроспория, тарихофития, ҷараб). Гурӯҳи ҷудогонаи Д.-ро бемориҳое ташкил медиҳанд, ки занбӯруғҳои хамирмояшакл ба вуҷуд меоранд (кандидозҳо); ба гурӯҳи мазкур бемориҳои занбӯруғӣ (онихомикоз, эпидермофитияи қадкашак, эпидермофитияи кафи по, шукуфаи сабӯсмонанд) низ дохил карда мешаванд. Сабаби пайдоиши онҳо серарақӣ, кори вазнини ҷисмонӣ, риоя накардани беҳдошти шахсӣ, либоси номувофиқ ва ғ. мебошанд. Ба ин гуна бемориҳо метавон дар ҳаммом, душ, ҳавзу кӯлҳо сироят ёфт.
Дар байни бемориҳои сироятии пӯст ҷои асосиро бемориҳои вирусӣ – озах, моллюски сорӣ, табхол ишғол менамоянд. Ғайр аз ин, сирояти табхолӣ ҷараёни Д.-и аллергиро вазнин мегардонад (хусусан барои кӯдакони хурдсол хавфнок аст). Аз Д.-и паразитӣ (ангалӣ) хоришак ва лейшманиоз бештар дучор меоянд. Лейшманиоз дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хеле паҳн шудааст.
Пӯст дар мавриди баъзе бемориҳои дигари организм низ осеб меёбад, мас., ҳангоми сили пӯст, склеродермия, бемории Аддисон, бемории Итсенко-Кушинг, диабети қандӣ ва ғ. Баъзе бемориҳои пӯст бадфарҷом буда, табобати самараноки онҳо ёфт нашудааст (мас., меланома, саратон, лимфосаркома ва ғ.).

П.Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …