Главная / Илм / ДЕОНТОЛОГИЯ

ДЕОНТОЛОГИЯ

deontologiyaДЕОНТОЛОГИЯ (аз юн. deon – зарури, даркори, вазифашиноси ва логия), илмест дар бораи ичрои вазифа ва масъалахои одобу ахлоки кормандони тиб ва самаранокии муолича. Д.-ро хамчун истилохи ифодакунандаи назарияи ахлок ох. а. 18 файласуфи англис И. Бентам пешниход кардааст.
Д.-и тибби чамъбасти коидаю талабот оид ба ичрои вазифа, одобу рафтор ва масъулияти духтур нисбат ба хаёт ва саломатии бемор, муносибати у бо хамкасбон ва ахли чамъият мебошад. «Касамномаи духтур»-и Букрот ба рафтори поку шоистаи духтурон бахшида шуда то имруз мохияти худро гум накардааст.
Д. масъалахои махфи доштани сирри касбии духтурон, инчунин конунхоеро дарбар мегирад, ки дар асоси онхо хангоми нодуруст табобат кардан ё бар зарари саломатии беморон амал намудан, духтурон ба чавобгари кашида хоханд шуд.
Дар тибби форсу точик аксари коидаву назарияхои Д. хамчун панднома ё оини пизишки ба пайдоиши аввалин сарчашмахои тибби ниёгонамон (а-хои 13 – 6 то м.) алокаманд буда, дар баробари пешрафт ва тараккиёти ичтимои, илму фарханг ва дигаргунихои сохти хаёти мардуми мо руз то руз серталаб ва чиддитар гардидаанд. Мувофики он пандномахо пизишк хамчун шифобахш ва мухофизи саломати бояд доимо зохиран ва ботинан пок, одилу мехрубон, фаъолу фидокор, хушахлоку хушрафтору хирадманд бошад. Дар ин хусус Абуалии Сино чунин гуфтааст: «Пизишк бояд мисли боз тезчашм, мисли махбуба латифдаст, мисли мор хушёр ва мисли шер далер бошад». Ва боз «Табиб бояд халиму хоксор, накукор, софдил, бегаразу хакгуй бошад».
Мухаммад Закариён Рози (865 – 925) навиштааст: «Шахсе, ки худро ба хизмати тиб бахшидааст, пеш аз хама, бояд босаводу хоксор, ростгуй ва одамдуст бошад…». Али бинии Ал-Аббос Ал-Мачусии Ахвози (ваф. с. 994) дар «Панднома ё оини пизишки»-аш менависад: «…Пизишк бояд пок ва хушзабон ва накуравиш бошад ва аз хар нопоки, палиди ва гунох дури чуянд. Нисбат ба занон чи бону ва чи каниз набояд аз назари бад нигох кунад».
Ба ташхису муоличаи босамар хамон вакт метавон ноил гашт, ки агар дар коллективи муассисаи табобати хамдигарфахми хукмрон бошад, талаботи Д. катъи риоя карда шавад. Мариз бояд ба духтур бовар дошта бошад, ба у умед бандад. Хусусан шиносоии аввалин бо маризе, ки ба кабули духтур омадааст ё дар беморхона бистари гаштааст, ахамияти калон дорад. Бо бемор муносибати сард ва беэътинои кардан лозим нест. Мутобик гаштан ба шароити беморхона бояд барои у гарон набошад; кормандони тибро зарур аст, ки аз лахзахои аввал ба у гамхори зохир намоянд, корхои парасториро хуб ба рох монанд. Бояд нафакат кормандони тибби, балки худи бемор низ ба шифои комил бовар дошта бошад, у хис намояд, ки барои табобат духтурон хама кори аз даст меомадаро мекунанд.
Духтур бояд хангоми сухбат бо мариз вазъи рухи, заковат, маълумот, касбу кор ва шахсияти уро ба эътибор гирад. Маризро гуш кардан лозим аст; бояд харакат намуд, ки хисси тарс ва ноороми аз дили у рафъ шавад. Дар мавриди сухбат бо бемор ба оханги гуфтугу диккат додан мухим аст, зеро мариз аз хар сухан, ишора ва харакатхои духтур хулосаи зарури мебарорад. Духтур хамон вакт ба дунёи ботинии мариз метавонад ворид гардад, ки агар муносибати у хакикатан хам дилсузона бошад.
Парасторон бояд тозаю озода, зебою хушсурат, чехракушод бошанд. Бо беморон расмиятпарасти кардан лозим нест, зеро ин гуна рафтор ба муносибати самимии байни кормандони тиб ва маризон халал ворид месозад.
Яке аз талаботхои асосии Д. махфуз доштани сирри бемор аст. Мариз аз бемории худ ба харос афтода, ба корманди тиб сири дилашро мекушояд. Аз ин бояд дигарон ба хеч вачх огох наёбанд. Зарурати махфуз мондани сирри бемор дар конунгузорихо низ дарч шудааст. Корманди тиб хукук дорад факат он маълумотеро ифшо созад, ки агар ба саломатии дигарон хатар дошта бошад (мас., маълумот оиди беморихои сирояти, суст будани босира дар ронандагони наклиёт ва г.); дар ин маврид духтур бояд аз сурати хол макомоти марбутаро огох созад.
Аз бемории вазнин огох шудани бемор, одатан, самараи муоличаро паст мекунад. Бинобар ин дар хуччатхое, ки ба мариз дода мешаванд бисёр вакт номи бемории вазнинро кайд намекунанд (аз казия факат яке аз хешовандони наздики уро огох менамоянд). Муносибат байни хешовандони бемор ва кормандони тиб низ масъалаи мухими Д. махсуб мешавад. Ба хар хол муносибати онхо бояд ба манфиати бемор сурат гирад.
Кодекси байналхалкии Д.-ро Чамъияти умумичахонии духтурон дар Женева (с. 1949) кабул кардааст.
Ад.: Писарев Д.И., Основные проблемы врачебной этики и медицинской деонтологии, М., 1969; Нуралиев Ю.Н.,Вопросы врачебной этики в произведениях таджикско-персидских учёных медиков, «Здравоохранение Таджикистана», 1977, № 2.

Ю.Н. Нуралиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …