Биология аз калимаи юнонии био – хаёт ва логос – илмгирифта шуда, маънояш илм дар бораи хаёт аст. Ин истилохро дар як вакт бо Л.Тревиранус бори аввал соли 1802 табиатшиноси маъруфи фаронса Жан Батист Ламарк бо максади фахмиши мохияти илм дар бораи хаёт чун ходисаи махсуси табиат пешниход кардааст. Биология мачмуи илмхои биологи буда, сохт, фаъолияти хаётгузарони ва мухити сукунати мавчудоти зинда – бактерияхо, занбуругхо, растани, хайвонот ва одамро меомузад.
Чаро биологияи умуми мегуянд? Шумо дар синфхои 4-9 ба як катор фанхои чудогона, масалан, абиатшиноси, ботаника, зоология, анатомия шинос шуда будед. Дар хотир доред, ки хар яке аз ин фанхо ба омузиши як шохаи махсуси хаёт бахшида шудааст. Масалан, дар вакти омухтани табиатшиноси ба таври умуми дар бораи табиати зинда ва гайризинда, дар вакти омухтани ботаника, зоология ва анатомия бошад, ба олами набототу хайвонот, инсон, ба сохти беруни ва дарунии онхо, хамчунин ба конунхои махсуси фаъолияти хаётии мавчудоти зинда шинос гаштед.
Хангоми омухтани биологияи умуми бошад, шумо ба конунхои умумие, ки онхоро олимон дар илмхои биохимия, ситология, чаниншиноси, генетека, таълимоти эволютсиони, экология ва гайра тадкик мекунанд, шинос хохед шуд, чунончи, бо ягонагии табиат, мубодилаи моддахо, инкишофи табиати зинда, инкишофи таърихии мавчудоти зинда, тагйирпазири, аз насл ба насл гузаштани аломатхо, асоси хучайрави доштани мавчудоти зинда, огози инкишоф аз хучайратухми бордор ё бордорнашуда, мутобикшавии организмхо ба шароити мухити зист ва гайра.
Ба таври дигар гуем, олимон ба воситаи фанхои умумибиологи мавчудоти зиндаро бо роххои гуногун омухта, аз натичаи он хулосаи илмии умумибиологи мебароранд. Масалан, организми мавчудоти серхучайра асоси хучайрави дорад, аломатхо аз насл ба насл мегузаранд, мубодилаи моддахо мавчуд аст ва гайра. Дар вакти омузиши бобхои алохидаи китоб шумо ба ин бовари хосил хохед кард.
Дар табиати зинда мавчудоти бенихоят гуногун вомехуранд. Алхол олимон зиёда аз 600 хазор намуди растани, 1,5 млн. намуди хайвонот, намудхои зиёди занбуругхо ва прокариотхоро маълум кардаанд. Тадкикоту чустучуйхо дар ин бобат идома доранд. Муайян сохтани хосиятхои умумии мавчудоти зинда, мукаррар кардани сабабхои гуногуншакли, робита, сохт ва шароити мухити зист вазифаи асосии биология мебошад.
Яке аз масъалахои чиддии омузиши ин фан инкишоф ва конуниятхои пайдоиши хаёт дар руи Замин – таълимоти эволютсиони аст. Дарки онхо асоси чахонбинии илми буда, ба он фан шумо дар синфи 11 шинос мешавед.
Холо робитаи шохахои гуногуни биология ба фанхои дигар, аз чумла, физика, химия, математика, астрономия, кибернетика густариш ёфтааст ва дар заминаи онхо фанхои биофизика, биохимия, бионика ва гайрахо пайдо шудаанд.
Комёбихои солхои охири биология боиси пайдоиши равияхои нави илми гардиданд. Онхо хамчун фасли мустакил ба мачмуифанхои биологи хамрох шудаанд. Масалан, кашф шудани сохтори молекулавии ген барои ташкилёбии илми (ё фанни) мухандисии гени замина фарохам овард. Бо ёрии илми мазкур мавчудоти наверо пайдо мекунанд, ки онхо, хатто, дар табиат дучор намеоянд, дар онхо гени бегона вучуд дорад ва дорои аломату хосиятхои ирсии комбинативи ва мутатсиони мебошанд.
Дар амал истифода бурдани дастовардхои биология имкон дод, ки зотхои сермахсули чорво ва навъхои нави растани ба вучуд оварда шаванд. Дар чумхурии мо низ дар бобати корхои селексиони пешравихо назаррасанд. Масалан, дар натичаи дурага кардани гусфанди зоти туркмани бо гусфанди зоти хисори навъи нави гусфанди точикии серпашм, серравган ва сергушт руёнда шудааст.
Гусфанди зоти точики нафакат гушт ва равган, балки пашми хуб дошта, онро дар саноати колинбофи истифода мебаранд. Олимони чумхури хамчунин навъхои нави пахта, гандум ва дигар зироатхоро баровардаанд, ки ба шароити иклим мувофик буда, хосили фаровон медиханд.
Дар сохаи экология низ муваффакиятхо кам нестанд. Бо ташаббуси олимони чумхури ва созмонхои байналмилали доир ба мухофизати мухити зист, мубориза ба мукобили биёбоншавии заминхои корам, окилона истифода бурдани сарватхои зеризамини низ корхои зиёде анчом пазируфтанд.
Бо ташаббуси Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Э.Ш.Рахмонов ва дастгирии Созмони Милали Муттахид соли 2003 ва солхои 2005-2015 дар микёси чахон «Соли оби тоза» ва «Об барои хаёт» эълон карда шудааст. Об манбаи хаёт мебошад ва тоза нигох доштани он вазифаи хар яки мост.
Дар натичаи омухтани муносибати байни намудхо усулхои интегратсионии мубориза бо хашароти зараррасони кишоварзи кашф шуданд. Аз мутобикати мавчудоти зинда ба мухити беруна чун намуна (модел) истифода карда, бисёр иншооту механизм-хои сунъи офарида шудаанд. Бояд гуфт, ки надонистан ё инкор кардани конунхои биологи метавонад барои табиат ва инсон окибатхои нохуш ба бор орад. Фаромуш набояд кард, ки нигох доштани мухити зист ба рафтору кирдори мову шумо вобаста аст.
Ба низом даровардани кори мухаррики автомобилхо, дар об напартофтани партови захролуди корхонахои саноати, окилона истифода бурдани сарватхои табиат, дар лоихаи сарбандхои истгоххои обии барки пешбини кардани роххои мохигузар, гирифтани пеши буридани дарахту бутта ва растанихои кухи имкон медиханд, ки мухити зистро хифз кунем. Табиат кобилияти бехамтои баркароршави дорад.
Бинобар ин, дар баъзехо тасаввуроти галат пайдо шудааст, ки гуё одам ба табиат таъсири бад расонда наметавонад. Хаёт маълум кард, ки чунин нест. Дар бис-ёр чойхо, бинобар фаъолияти нодурусти инсон, баъзе намудхои растанию хайвонот батамом нест шудаанд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки фаъолияти хочагидории хешро аз руи коидаи зарар нарасонидан ба табиат ба рох монем.
Ахамияти амалии биология дар оянда низ зиёдтар хохад шуд, зеро ахолии кураи Замин афзуда истодааст ва бо хуроку ашёи зиндаги таъмин кардани он душворихоро пеш меорад. Яке аз роххои афзун гардондани захираи хуроки, баланд бардоштани хосили зироатхои кишоварзи аст. Ин кор бидуни дастовардхои илмхои биологи гайримумкин мебошад.