Биология аз калимаи юнонии био – ҳаёт ва логос – илмгирифта шуда, маънояш илм дар бораи ҳаёт аст. Ин истилоҳро дар як вақт бо Л.Тревиранус бори аввал соли 1802 табиатшиноси маъруфи фаронса Жан Батист Ламарк бо мақсади фаҳмиши моҳияти илм дар бораи ҳаёт чун ҳодисаи махсуси табиат пешниҳод кардааст. Биология маҷмўи илмҳои биологӣ буда, сохт, фаъолияти ҳаётгузаронӣ ва муҳити сукунати мавҷудоти зинда – бактерияҳо, занбўруғҳо, растанӣ, ҳайвонот ва одамро меомўзад.
Чаро биологияи умумӣ мегўянд? Шумо дар синфҳои 4-9 ба як қатор фанҳои ҷудогона, масалан, абиатшиносӣ, ботаника, зоология, анатомия шинос шуда будед. Дар хотир доред, ки ҳар яке аз ин фанҳо ба омўзиши як шохаи махсуси ҳаёт бахшида шудааст. Масалан, дар вақти омўхтани табиатшиносӣ ба таври умумӣ дар бораи табиати зинда ва ғайризинда, дар вақти омўхтани ботаника, зоология ва анатомия бошад, ба олами набототу ҳайвонот, инсон, ба сохти берунӣ ва дарунии онҳо, ҳамчунин ба қонунҳои махсуси фаъолияти ҳаётии мавҷудоти зинда шинос гаштед.
Ҳангоми омўхтани биологияи умумӣ бошад, шумо ба қонунҳои умумие, ки онҳоро олимон дар илмҳои биохимия, ситология, ҷаниншиносӣ, генетека, таълимоти эволютсионӣ, экология ва ғайра тадқиқ мекунанд, шинос хоҳед шуд, чунончи, бо ягонагии табиат, мубодилаи моддаҳо, инкишофи табиати зинда, инкишофи таърихии мавҷудоти зинда, тағйирпазирӣ, аз насл ба насл гузаштани аломатҳо, асоси ҳуҷайравӣ доштани мавҷудоти зинда, оғози инкишоф аз ҳуҷайратухми бордор ё бордорнашуда, мутобиқшавии организмҳо ба шароити муҳити зист ва ғайра.
Ба таври дигар гўем, олимон ба воситаи фанҳои умумибиологӣ мавҷудоти зиндаро бо роҳҳои гуногун омўхта, аз натиҷаи он хулосаи илмии умумибиологӣ мебароранд. Масалан, организми мавҷудоти серҳуҷайра асоси ҳуҷайравӣ дорад, аломатҳо аз насл ба насл мегузаранд, мубодилаи моддаҳо мавҷуд аст ва ғайра. Дар вақти омўзиши бобҳои алоҳидаи китоб шумо ба ин боварӣ ҳосил хоҳед кард.
Дар табиати зинда мавҷудоти бениҳоят гуногун вомехўранд. Алҳол олимон зиёда аз 600 ҳазор намуди растанӣ, 1,5 млн. намуди ҳайвонот, намудҳои зиёди занбўруғҳо ва прокариотҳоро маълум кардаанд. Тадқиқоту ҷустуҷўйҳо дар ин бобат идома доранд. Муайян сохтани хосиятҳои умумии мавҷудоти зинда, муқаррар кардани сабабҳои гуногуншаклӣ, робита, сохт ва шароити муҳити зист вазифаи асосии биология мебошад.
Яке аз масъалаҳои ҷиддии омўзиши ин фан инкишоф ва қонуниятҳои пайдоиши ҳаёт дар рўи Замин – таълимоти эволютсионӣ аст. Дарки онҳо асоси ҷаҳонбинии илмӣ буда, ба он фан шумо дар синфи 11 шинос мешавед.
Ҳоло робитаи шохаҳои гуногуни биология ба фанҳои дигар, аз ҷумла, физика, химия, математика, астрономия, кибернетика густариш ёфтааст ва дар заминаи онҳо фанҳои биофизика, биохимия, бионика ва ғайраҳо пайдо шудаанд.
Комёбиҳои солҳои охири биология боиси пайдоиши равияҳои нави илмӣ гардиданд. Онҳо ҳамчун фасли мустақил ба маҷмўифанҳои биологӣ ҳамроҳ шудаанд. Масалан, кашф шудани сохтори молекулавии ген барои ташкилёбии илми (ё фанни) муҳандисии генӣ замина фароҳам овард. Бо ёрии илми мазкур мавҷудоти наверо пайдо мекунанд, ки онҳо, ҳатто, дар табиат дучор намеоянд, дар онҳо гени бегона вуҷуд дорад ва дорои аломату хосиятҳои ирсии комбинативӣ ва мутатсионӣ мебошанд.
Дар амал истифода бурдани дастовардҳои биология имкон дод, ки зотҳои сермаҳсули чорво ва навъҳои нави растанӣ ба вуҷуд оварда шаванд. Дар ҷумҳурии мо низ дар бобати корҳои селексионӣ пешравиҳо назаррасанд. Масалан, дар натиҷаи дурага кардани гўсфанди зоти туркманӣ бо гўсфанди зоти ҳисорӣ навъи нави гўсфанди тоҷикии серпашм, серравған ва сергўшт рўёнда шудааст.
Гўсфанди зоти тоҷикӣ нафақат гўшт ва равған, балки пашми хуб дошта, онро дар саноати қолинбофӣ истифода мебаранд. Олимони ҷумҳурӣ ҳамчунин навъҳои нави пахта, гандум ва дигар зироатҳоро баровардаанд, ки ба шароити иқлим мувофиқ буда, ҳосили фаровон медиҳанд.
Дар соҳаи экология низ муваффақиятҳо кам нестанд. Бо ташаббуси олимони ҷумҳурӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба муҳофизати муҳити зист, мубориза ба муқобили биёбоншавии заминҳои корам, оқилона истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ низ корҳои зиёде анҷом пазируфтанд.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Э.Ш.Раҳмонов ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ва солҳои 2005-2015 дар миқёси ҷаҳон «Соли оби тоза» ва «Об барои ҳаёт» эълон карда шудааст. Об манбаи ҳаёт мебошад ва тоза нигоҳ доштани он вазифаи ҳар яки мост.
Дар натиҷаи омўхтани муносибати байни намудҳо усулҳои интегратсионии мубориза бо ҳашароти зараррасони кишоварзӣ кашф шуданд. Аз мутобиқати мавҷудоти зинда ба муҳити беруна чун намуна (модел) истифода карда, бисёр иншооту механизм-ҳои сунъӣ офарида шудаанд. Бояд гуфт, ки надонистан ё инкор кардани қонунҳои биологӣ метавонад барои табиат ва инсон оқибатҳои нохуш ба бор орад. Фаромўш набояд кард, ки нигоҳ доштани муҳити зист ба рафтору кирдори мову шумо вобаста аст.
Ба низом даровардани кори муҳаррики автомобилҳо, дар об напартофтани партови заҳролуди корхонаҳои саноатӣ, оқилона истифода бурдани сарватҳои табиат, дар лоиҳаи сарбандҳои истгоҳҳои обии барқӣ пешбинӣ кардани роҳҳои моҳигузар, гирифтани пеши буридани дарахту бутта ва растаниҳои кўҳӣ имкон медиҳанд, ки муҳити зистро ҳифз кунем. Табиат қобилияти беҳамтои барқароршавӣ дорад.
Бинобар ин, дар баъзеҳо тасаввуроти ғалат пайдо шудааст, ки гўё одам ба табиат таъсири бад расонда наметавонад. Ҳаёт маълум кард, ки чунин нест. Дар бис-ёр ҷойҳо, бинобар фаъолияти нодурусти инсон, баъзе намудҳои растанию ҳайвонот батамом нест шудаанд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки фаъолияти хоҷагидории хешро аз рўи қоидаи зарар нарасонидан ба табиат ба роҳ монем.
Аҳамияти амалии биология дар оянда низ зиёдтар хоҳад шуд, зеро аҳолии кураи Замин афзуда истодааст ва бо хўроку ашёи зиндагӣ таъмин кардани он душвориҳоро пеш меорад. Яке аз роҳҳои афзун гардондани захираи хўрокӣ, баланд бардоштани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ аст. Ин кор бидуни дастовардҳои илмҳои биологӣ ғайримумкин мебошад.