Главная / Чамъият / Бамеъёрдарории техники

Бамеъёрдарории техники

КОНУНИ  ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  

Дар  бораи  бамеъёрдарории  техникИ  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2009, №5, мод.329; с. 2011, №6, мод. 439;)

Конуни мазкур муносибатхоеро, ки хангоми тахия ва тасдики талаботи техникии ичрояшон хатми нисбат ба махсулот, чараёни коркард, истехсол, истифодабари, нигохдори, интикол, фуруш, коркарди партовхои он, ичрои кор ва хизматрасони дар кисми бехатари ба амал меоянд, танзим намуда, хукуку ухдадорихои иштирокчиёни ин муносибатхоро мукаррар менамояд.

Боби 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асосие, ки дар Конуни мазкур истифода шудаанд.

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

объектхои бамеъёрдарории техники – махсулот, чараёни коркард, истехсол, истифодабари, нигохдори, интикол, фуруш, истифодаи партовхои он, ичрои кор ва хизматрасони дар кисмати бехатари;

талаботи техники – меъёр, коида, хусусият ва (ё) талаботи дигари техники нисбат ба объектхои бамеъёрдарории техники;

бамеъёрдарории техники – фаъолият оид ба мукаррар намудани талаботи техникии риояашон хатми, ки ба бехатарии махсулот, чараёни коркард, истехсол, истифодабари, нигохдори, интикол, фуруш, коркарди партовхои он, ичрои кор ва хизматрасони дар кисмати бехатари алокаманданд;

бехатарии махсулот, чараёни коркард, истехсол, истифодабари, нигохдори, интикол, фуруш, коркарди партовхои он, ичрои кор ва хизматрасони – мувофикати махсулот, чараёни коркард, истехсол, истифодабари,  нигахдори, интикол, фуруш, коркарди партовхои он, ичрои кор ва хизматрасони ба талаботи техники, ки вучуд надоштани хатари норавои овардани зарар ба хаёту саломати ва ирсияти инсон, молу мулк ва мухити зистро пешбини менамояд;

регламенти техники – санади меъёрии техники, ки дар чараёни бамеъёрдарории техники тахия шуда, талаботи техникии риояашон хатмиро вобаста бо бехатарии махсулот, чараёни коркард, истехсол, истифодабари, нигохдори, интикол, фуруш, коркарди партовхои он, ичрои кор ва  хизматрасони дар кисми бехатари мукаррар мекунад;

хуччати хамохангшуда – хуччати меъёрии техники, ки дорои мачмуи талабот буда, ичрои онхо мутобикати махсулот, чараёни коркард, истехсол, истифодабари, нигохдори, интикол, фуруш, коркарди партовхои он, ичрои кор ва хизматрасониро дар кисми бехатари ба талаботи регламентхои техники таъмин менамояд;

бакайдгирии давлатии санадхои меъёрии техники дар сохаи бамеъёрдарории техники– аз чониби макомоти ваколатдори давлатии масъули ташкили корхои бамеъёрдарории техники ба кайд гирифтани санадхо ва хуччатхои меъёрии техники дар сохаи бамеъёрдарории техники бо максади бахисобгири ва идентификатсияи (мушобехгардонии) онхо;

системаи бамеъёрдарории техники – мачмуи санадхои меъёрии хукуки, санадхои меъёрии техники ва хуччатхои вобаста ба меъёрдарории техники, субъектхои бамеъёрдарории техники, инчунин коидахо ва расмиёти  фаъолияти система дар мачмуъ;

эхтимолияти (презумпсияи) мутобикат – эътирофи расмии далели мутобикат ба талаботи мукарраршуда то вакте, ки номувофикатии он исбот нашудааст;

назорати давлати доир ба ичрои талаботи регламентхои техники – назорати доимии мутобикати махсулоти муомилоти нисбат ба регламентхои техники;

тасдики мутобикат– гувохии далелноки  дар асоси карори пас аз санчиш кабулшуда дар хусуси он, ки ичрои талаботи додашуда исбот гардидаанд;

усулхои ташхис – тартиботи муайянкунии як ва ё якчанд хислатхои объектхои бамеъёрдарории техники;

нишони мутобикат ба регламентхои техники – ишорае, ки барои иттиллои харидорон дар бораи гузариши махсулот аз тартиботи тасдики мутобикат ба талаботи регламентхои техники  хизмат мекунад;

– гузоштани нишони мутобикат ба объектхои бамеъёрдарории техники– гузоштани акси нишони мутобикат ба регламентхои техники  бевосита ба махсулоте, ки тартиботи тасдики мутобикатро гузаштааст ё дар хуччатхои техникии махсулоти мазкур;

фонди миллии санадхо ва хуччатхои меъёрии техники дар сохаи бамеъёрдарории техники – мачмуи регламентхои техники, хуччатхои хамохангшуда ва дигар хуччатхои сохаи бамеъёрдарории техники, ки дар шакли санади  когази ва ё электрони нигох дошта мешавад.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бамеъёрдарории техники

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бамеъёрдарории техники ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Хамкории байналмилали дар сохаи бамеъёрдарории техники

Манфиатхои Чумхурии Точикистонро дар ташкилотхои байналмилали, ки фаъолияти бамеъёрдарории техникиро амали менамоянд, Хукумати Чумхурии Точикистон ва макомоти ваколатдори давлати, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад, намояндаги мекунанд.

 

Моддаи 4. Субъектхои бамеъёрдарории техники

Субъектхои бамеъёрдарории техники инхо ба хисоб мераванд:

-макомоти ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон;

-шахсони вокеи ва хукукии  Чумхурии Точикистон;

-шахсони вокеи ва хукукии хоричи, шахсони бешахрванд.

 

Моддаи 5. Максад ва принсипхои асосии бамеъёрдарории техники

  1. Бамеъёрдарории техники бо максадхои зайл амали мегардад:

-мухофизати хаёту саломати ва ирсияти инсон, молу мулк ва хифзи мухити зист;

– хифзи хаёту инкишофи муътадили хайвоноту наботот;

– пешгирии амалияи назарфиреби;

– таъмини ченаки ягона;

– таъмини амнияти милли;

– истифодаи окилонаи захирахо;

– хифзи манфиатхои иктисоди;

– бартараф намудани монеахои техники дар савдо. (КЧТ аз 28.06.11с., №726)

2.Бамеъёрдарории техники ба принсипхои зерин асос меёбад:

-истифодаи хатмии регламентхои техники;

-истифодаи ихтиёрии хуччатхои хамохангшуда;

-эътирофи хакконияти истифодаи хуччатхои хамохангшуда хангоми тасдики мутобикат ба талаботи хатмии регламентхои техники;

-дастрасии регламентхои техники ва хуччатхои хамохангшуда, иттилоот дар бораи тартиби тахия, тасдик ва нашри онхо барои истифодабарандагон ва шахсони дигари манфиатдор;

-афзалияти истифодаи стандартхои байналмилали ва миллии бо стандартхои байналмилали хамохангшуда хангоми тахияи регламентхои техники ва хуччатхои хамохангшуда;

-истифодаи дастовардхои  илм ва техникаи муосир;

– мутаносибива махдуд накардан дар савдои баиналмилали. (КЧТ аз 28.06.11с., №726)

 

 

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ БАМЕЪЁРДАРОРИИ ТЕХНИКИ

 

Моддаи 6. Танзими давлати дар сохаи бамеъёрдарории техники

Танзими давлати дар сохаи бамеъёрдарории техники инхоро дар бар мегирад:

– муайян ва татбик намудани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи бамеъёрдарории техники;

– тархрези ва татбики барномахо доир ба тахияи регламентхои техники ва хуччатхои хамохангшудаи ба онхо алокаманд;

– мукаррар намудани тартиби ягонаи тахия ва тасдики регламентхои техники;

– хамохангсозии тахияи регламентхои техники;

– тасдики регламентхои техники;

-тартиб додани супоришхо барои тахияи хуччатхои хамохангшуда;

– мукаррар намудани тартиби ягонаи пешниход, боздошт ва бекор кардани эхтимолияти (презумпсияи) мутобикат барои хуччатхои хамохангшуда;

– мукаррар намудани тартиби чопи расмии регламентхои техники ва хуччатхои хамохангшуда, инчунин тартиби нашри иттилоот дар бораи регламентхои техники ва хуччатхои хамохангшудаи амалкунанда;

– мукаррар намудани тартиби тафсири расми оид ба масъалахои истифодаи регламентхои техники ва хуччатхои хамохангшуда.

 

Моддаи 7. Макомоте, ки танзими давлатиро дар сохаи бамеъёрдарории техники амали месозанд

Танзими давлати ва идоракуни дар сохаи бамеъёрдарории техники аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти ваколатдори хокимияти давлати, масъули ташкили корхои бамеъёрдарории техники (минбаъд – макомоти ваколатдори давлати), ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад ва дигар макомоти давлати мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад.

 

Моддаи 8. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи бамеъёрдарории техники

1.Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи бамеъёрдарории техники дорои салохиятхои зерин мебошад:

– таъмини кафолати пешбурди сиёсати ягонаи давлати;

– таъсис намудан ва таъмини фаъолияти системаи бамеъёрдарории техники;

-тасдики барномахои тахияи регламентхои техники ва хуччатхои хамохангшудаи  ба онхо алокаманд;

-мукаррар намудани тартиби тахия, тасдик, бакайдгирии давлати, санчиш, аз нав дида баромадан, тагйир додан, бекор кардан, истифода, чопи расмии регламентхои техники, аз чумла регламентхои техникии марбут ба махсулоти мудофиави, огохинома ва нашри иттилоъ дар бораи онхо;

-тасдики регламентхои техники;

-мукаррар намудани тартиби таъсис ва пешбарии Фонди миллии санадхо ва хуччатхои меъёрии техники дар сохаи бамеъёрдарории техники, инчунин коидахои истифодаи он;

-амали намудани ваколатхои дигар дар сохаи бамеъёрдарории техники мутобики санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Дар холатхои истиснои хангоми ба вучуд омадани вазъе, ки бевосита ба хаёт, саломатии инсон, молу мулк ва мухити зист тахдид менамояд, Хукумати Чумхурии Точикистон бе риоя намудани тамоми расмиёти пешбининамудаи Конуни мазкур  метавонад дар бораи татбики муваккатии регламентхои техникии дахлдор карор кабул намояд.

3.Регламентхои техникии мазкур  баъди кабул шудан бояд ба барномаи тахияи регламентхои техники дохил гардида, дар навбати аввал бо риояи тамоми тартиботи пешбининамудаи Конуни мазкур барраси карда шаванд.

 

Моддаи 9. Салохияти макомоти ваколатдори давлати дар сохаи бамеъёрдарории техники

Макомоти ваколатдори давлати дорои салохиятхои зерин мебошад:

– татбики сиёсати ягонаи давлати дар сохаи бамеъёрдарории техники;

– хамохангсозии умумии тахияи регламентхои техники;

– амали намудани тахлили барномаи тахияи регламентхои техники ва пешниходи таклиф доир ба ворид намудани тагйироту иловахо ба он;

– бакайдгирии давлатии регламентхои техники ва хуччатхои хамохангшуда;

– тахия, ба амалбарори ва катъ намудани амали нишонхои мутобикат ба регламентхои техники;

– назорати давлати оид ба риояи талаботи регламентхои техники;

– нашри иттилоот дар бораи регламентхои техники ва хуччатхои хамохангшудаи амалкунанда;

– ба субъектхои бамеъёрдарории техники додани хукук ва муваккатан боздоштани истифодаи нишони (нишонхои) мутобикат ба регламентхои техники;

– таъсис ва пешбарии Фонди миллии санадхо ва хуччатхои меъёрии техники дар сохаи бамеъёрдарории техники;

– тартиб додан ва дар мухлати мукарраргардида ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани лоихаи барномаи тахияи регламентхои техники;

– нашри барномаи тасдикшудаи тахияи регламентхои техники.

 

Моддаи 10. Ваколатхои макомоти дигари хокимияти ичроияи давлати дар сохаи бамеъёрдарории техники

Макомоти ичроияи хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон дар доираи салохияти худ бояд тахияи регламентхои техникиро таъмин намоянд ва (ё) дар мухокимаи регламентхои техники ва хуччатхои хамохангшуда мутобики барномаи  тахияи регламенти техники иштирок намоянд.

 

БОБИ 3. САНАДХО ВА ХУЧЧАТХОИ МЕЪЁРИ ДАР СОХАИ БАМЕЪЁРДАРОРИИ ТЕХНИКИ

 

Моддаи 11. Намудхои санадхо ва хуччатхои меъёри

Санадхо ва хуччатхои меъёри дар сохаи бамеъёрдарории техники ба намудхои зерин чудо мешаванд:

– регламентхои техники – санадхои меъёрии техникие, ки ичрои талаботашон хатми мебошад;

– хуччатхои хамохангшуда –хуччатхои меъёрии техникие, ки истифодаи онхо ихтиёри мебошад.

 

Моддаи 12. Максадхои тахияи регламентхои техники

Регламентхои техники бо максадхои зерин тахия мешаванд:

-хифзи хаёт ва саломатии инсон, молу мулки шахсони вокеи ва хукуки ва молу мулки давлати;

– хифзи хаёт ва инкишофи муътадили хайвоноту наботот;

– хифзи мухити зист;

-пешгирии амалхое, ки истеъмолкунандагони махсулотро нисбат ба таъинот ва бехатарии он ба иштибох меорад.

Тахияи регламентхои техники барои максадхои дигар  ичозат дода намешавад.

 

Моддаи 13. Мундаричаи регламентхои техники

  1. Регламентхои техники бояд талаботи техникии риояашон хатмии  бехатарии махсулот, чараёнхои коркард, истехсол, истифодабари, нигохдори, интикол, фуруш, коркарди партовхои он, ичрои кор ва хизматрасони  алокаманданд, инчунин номгуй ва (ё) тавсифи объектхои бамеъёрдарории техники алокамандеро дар бар гиранд, ки талаботи регламентхои техники нисбати онхо мукаррар карда мешаванд.
  2. Талаботи техникии риояашон хатми метавонанд хам бевосита дар матни регламентхои  техники ва хам бо рохи истинод ба хуччатхои дигари меъёрии техники (ё кисми онхо) ифода карда шаванд. Дар баробари ин хуччатхои меъёрии техникие (ё кисми онхо), ки дар регламентхои техники ба онхо истинод шудааст, хатми мешаванд, зеро онхо макоми кисми таркибии регламентхои техникиро сохиб мегарданд.
  3. Талаботи регламентхои техники бояд хусусияти бехатарии махсулот, чараёни коркард, истехсол, истифодабари, нигохдори, интикол, фуруш, коркарди партовхои он, ичрои кор ва хизматрасониро дар бар гиранд. Истифодабарии талабот ба сохт ва ичро дар холате ичозат дода мешавад, ки  бе онхо расидан ба максадхои кабул намудани регламентхои техникии дар моддаи 5 Конуни мазкур нишондодашуда номумкин бошад.
  4. Регламентхои техники бояд талаботи зайлро дар бар гиранд:

– тавсифи муфассали хатари эхтимоли бо зикри тарзу усулхои мушаххаси таъмини сатхи матлуби бехатари. Тавсифи мазкур бояд барои  назорат ва тасдики мутобикат ба истифодаи усулхои маъмули озмоиш кифоя бошад;

-тавсифи чамъбастии хатари эхтимоли бо муайянсозии сатхи зарурии бехатари бе мукаррар намудани усулхои мушаххаси ноил шудан ба сатхи мазкур. Истифодаи ин тавсиф бояд таъсис додани мачмуи хуччатхои хамохангшударо, ки дар онхо варианти таъмини мутобикат, усулхои озмоиш ва назорат пешкаш мешаванд, ба инобат гирад.

  1. Дар регламентхои техники хамчунин бояд дохил бошанд:

– коида ва шаклхои тасдики мутобикат (аз он чумла накшахои тасдики мутобикат) ба талаботи регламентхои техники нисбат ба хар як объекти бамеъёрдарории техники, аз чумла коида ва усулхои назорат, озмоиш ва ченак, ки барои тасдики мутобикат заруранд;

– коидаи тамгагузории объектхои бамеъёрдарории техники, ки мутобикати онхоро ба регламентхои техники тасдик мекунад;

– коидахои тартибу рох додани махсулот ба бозор, аз он чумла муаян намудани масулият барои ба фуруш  баровардани махсулоти хатарнокба бозор. (КЧ Т аз 28.06.11г., №726)

  1. Талаботи регламентхои техники метавонанд танхо бо рохи ворид намудани тагйиру иловахо мутобики тартиби барои регламентхои техники мукарраршуда иваз карда шаванд.
  2. Стандартхои байналмилали бояд пурра ва ё кисман барои тахияи регламентхои техники хамчун асос истифода шаванд, ба истиснои холатхое, ки чунин истифода бо хусусиятхои иклими, чугрофи, техники ва технологии Чумхурии Точикистон ва ё бо дигар асосхо бесамар ва номувофик дониста шудааст. (КЧ Т аз 28.06.11г., №726)

Стандартхои байнидавлати (минтакави), давлати ва стандартхои милли, инчунин регламентхои техники ва стандартхои дигар давлатхо метавонанд хамчун асос барои тахияи регламентхои техники истифода шаванд, ба истиснои холатхое, ки чунин хуччатхо метавонанд барои таъмини максадхои дар моддаи 5 Конуни мазкур баёнёфта корношоям ё бесамар бошанд.

 

Моддаи 14. Тартиби тахияи регламентхои техники

  1. Тахияи регламентхои техники аз чониби макомоти ичроияи хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон мутобики барномаи тахияи регламентхои техники, ки макомоти ваколатдори давлати омода менамояд, амали мегардад. Барномаи мазкур аз чониби  Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.
  2. Макомоти ичроияи хокимияти давлати, ки тахияи регламентхои техникиро амали мегардонанд, хукук доранд шахсони хукукии салохиятдорро дар асоси шартнома барои тахияи регламентхои техники чалб намоянд.
  3. Лоихаи барномаи тахияи регламентхои техники, хамчунин лоихахои ворид намудани тагйиру илова ба барнома бояд дар нашрияхои расмии макомоти ваколатдори давлати интишор карда шаванд.
  4. Дар  лоихаи барнома бояд мухлат ва тартиби  пешниходхо дар бораи тагйироти он нишон дода шаванд. Мухлати пешкаш намудани пешниходхо аз рузи нашри барнома бояд на камтар аз 60 ва на зиёда аз 90 рузи таквими бошад.
  5. Огохинома дар бораи огози тахияи лоихаи  регламентхои техники бояд дар нашрияхои расмии макомоти ваколатдори давлати интишор шавад. Огохинома бояд иттилоотро дар бораи объекти бамеъёрдарории техники, ки нисбат ба он талаботи техники мукаррар карда мешаванд ва иттилооти робитавиро дар бораи макомоти ичроияи хокимияти давлатии масъули тахияи ин регламентхои техники, санаи огоз ва анчоми тахияи регламенти дахлдорро  дар бар гирад.
  6. Барои аз чониби субъектхои манфиатдори сохаи бамеъёрдарории техники барраси кардани лоихахои регламентхои техники ва пешниходи  такриз ба матнхои онхо, лоихахои регламентхои техники бояд дар нашрияхои расмии макомоти  ваколатдори давлати нашр карда шаванд. Талаботи мазкур ба лоихахои регламентхои техникие, ки маълумоти марбут ба сирри давлатиро дар бар мегиранд, дахл надоранд. Мухлати баррасии лоихахои регламентхои техники аз рузи нашри онхо  на зиёда аз 90 рузи таквими мебошад.
  7. Огохинома дар бораи ба анчом расидани баррасии лоихаи регламенти техники бояд дар нашрияи расмии макомоти ваколатдори давлати нашр карда шавад. Аз рузи нашри огохинома номгуй ва мундаричаи эродхои хаттии субъектхои манфиатдори сохаи бамеъёрдарории техники бояд барои шиносои дастрас бошанд, ба истиснои лоихахои регламентхои техникие, ки маълумоти марбут ба сирри давлатиро дар бар мегиранд.
  8. Тахрири охирини лоихаи регламенти техники бо назардошти хамаи эродхои воридшуда бояд дар мухлати на дертар аз 90 руз баъди нашри огохинома дар бораи ба анчом расидани баррасии он омода бошад. Баъд аз ин лоихаи регламенти техники бо мачмуи хуччатхои замимави ба макомоти ваколатдори давлати барои ташхиси мутобикати он ба талаботи Конуни мазкур ва пешниходи минбаъдаи он ба Хукумати Чумхурии Точикистон барои тасдик  манзур мегардад.
  9. Мачмуи хуччатхои замимави бояд масъалахои зеринро дар бар гирад:

– асосноксозии зарурати кабули регламенти техники бо зикри  талаботе, ки аз мукаррароти стандартхои байналмилали (бо ишора ба онхо) ё талаботи хатмии он дар худуди Чумхурии Точикистон, дар лахзаи тахияи лоихаи регламенти техники амалкунанда фарк мекунанд;

-хуччатхои тасдиккунандаи нашри огохиномахо дар бораи огозу анчоми баррасии лоихаи регламенти техники;

-номгуй ва мохияти эродхои хаттии шахсони манфиатдор бо карори асоснок дар бораи бакайдгири ё рад кардани онхо.

  1. Тартиби мукаррар намудани махдудият ва бекор кардани онхо барои фош намудани маълумоти регламентхои техникие, ки сирри давлати мебошанд, мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлати» муайян карда мешавад.
  2. Ворид намудани тагйирот ва бекор кардани регламентхои техникии амалкунанда мутобики расмиёте анчом дода мешавад, ки барои тахия ва кабули регламентхои техники  муайян карда шудааст.
  3. Макомоти ичроияи хокимияти давлати хукук доранд дар сохаи бамеъёрдарории техники танхо санадхои дорои хусусияти тавсиявиро нашр кунанд, ба истиснои холатхое, ки моддаи 20 Конуни мазкур мукаррар намудааст.

 

Моддаи 15. Талабот ба хуччатхои хамохангшуда

  1. Хуччатхои хамохангшуда бояд талаботи техникии дахлдореро дар бар гиранд, ки ичрояшон мутобикати махсулот, чараёни коркард, истехсол, истифодабари, нигохдори, интикол, фуруш, коркарди партовхои он, ичрои кор ва хизматрасониро ба талаботхои регламентхои техники таъмин намояд. Дар ин холат талаботи регламентхои техники бояд дар шакли умуми тавсиф шуда бошанд.
  2. Тавсифи тарзхои таъмини мутобикат ба талаботи умуми, ки дар хуччатхои хамохангшуда пешниход шудааст, бояд барои гузарондани тафтиш ва тасдики мутобикати махсулот ба хуччатхои хамохангшуда бо истифодаи усулхои маъмулии амалкунандаи озмоиши кифоя бошад.

 

Моддаи 16. Эхтимолияти (презумпсияи) мутобикат

  1. Ба хуччатхои хамохангшуда додани эхтимолияти (презумпсияи) мутобикат ба он далолат дорад, ки макомоти ваколатдори давлати эквивалентии (баробарии) тасдики мутобикатро дар асоси хуччатхои хамохангшуда бо тасдики мутобикати талаботи хулосавии дахлдори регламентхои техники эътироф кардааст.
  2. Карор дар бораи ба хуччатхои хамохангшуда (ё ба кисмхои онхо) додани (бекор кардани) эхтимолияти (презумпсияи) мутобикат аз чониби макомоти ваколатдори давлати кабул карда мешавад. Карори мазкур аз рузи нашри номгуи хуччатхои хамохангшудаи дахлдор дар нашриёти расмии макомоти ваколатдори давлати эътибор пайдо мекунад.
  3. Хангоми нашри номгуи хуччатхои хамохангшуда бояд санае, ки амали (бекор намудани) эхтимолияти (презумпсияи) мутобикат огоз меёбад, нишон дода шавад. Агар эхтимолияти (презумпсияи) мутобикат на ба хамаи хуччати хамохангшуда, балки ба кисмхои алохидаи он дода (бекор) шавад, пас хангоми нашри истинод бояд номгуи пурраи кисмхои мазкур нишон дода шаванд.
  4. Истифодаи хуччатхои хамохангшуда ё кисмхои онхо, ки эхтимолияти (презумпсияи) мутобикатро доранд, ихтиёри мебошад.

 

Моддаи 17. Талаботи асоси барои тахия, кабул, тагйирот ва бекор кардани хуччатхои хамохангшуда

  1. Ташкил ва идораи тахия, кабул, тагйирот ва катъ намудани амали хуччатхои хамохангшуда аз чониби макомоти ваколатдори давлати амали карда мешавад.
  2. Тахия, кабул, тагйир додан ва катъ намудани амали хуччатхои хамохангшуда метавонад хам аз чониби макомоти ичроияи хокимияти давлати ва хам аз чониби шахсони хукукии, бо шарти аз чониби макомоти ваколатдори давлати гирифтани супориши дахлдор салохиятдор амали мешавад. Шахсони хукуки хангоми тахияи хуччатхои хамохангшуда бояд бегараз бошанд. (КЧ Т аз 28.06.11г., №726)

Баъди пешниходи лоихахои хуччатхои хамохангшуда ба макомоти ичроияи хокимияти давлати онхо бояд аз чониби тахиягарони худ тасдик карда шаванд.

  1. Тахия, тагйирот ва катъ намудани амали хуччатхои хамохангшуда бояд бо иштироки хатмии макомоти ваколатдори давлати анчом дода шаванд.
  2. Тартиботи тахия, кабул, тагйир додан ва катъ намудани амал ва бекор кардани хуччатхои хамохангшуда бояд иштироки баробари хамаи тарафхои манфиатдори дар сохаи мазкур босалохиятро таъмин намоянд.
  3. Агар таркиб ва мундаричаи талаботи техникии хуччатхои хамохангшуда ичрои талаботи регламентхои техникиро таъмин нанамояд, макомоти  ваколатдори давлати бояд ошкорсози, бахисобгири ва тахлили ин холатхоро ташкил намояд.
  4. Аз руи натичахои тахлил дар мухлати кутохтарин бояд чорахои дахлдори тасхехи, яъне ворид намудани тагйирот ба хуччатхои хамохангшуда ё бекор кардани эхтимолияти (презумпсияи) мутобикат гузаронида шаванд.

 

Моддаи 18. Истифодаи регламентхои техники

  1. Регламентхои техники, новобаста ба мамлакат ва (ё) макони тавлиди махсулот як хел ва баробар истифода бурда мешаванд. (КЧ Т аз 28.06.11г., №726)

Ичрои талаботи регламентхои техникии тасдикшуда барои хамаи субъектхои бамеъёрдарории техники хатми мебошад.

  1. Мухлати татбики регламентхои техники бо назардошти мухлате, ки барои татбики чорабинихо оид ба таъмини риояи талаботи он зарур аст, мукаррар карда мешавад.
  2. Мухлати мазкур ба истиснои холатхое, ки кисми дуюми моддаи 8 Конуни мазкур пешбини кардааст, аз рузи нашри хабари расми дар бораи тасдики регламентхои техники бояд на камтар аз 6 мох бошад.
  3. Регламентхои техники бояд усулхои назорат, ченак, сертификатсия ва озмоиши талаботи дар он (ва хуччатхои хамохангшудаи дорои эхтимолияти (презумпсияи) мутобикат, мукарраршударо дошта бошанд. Дар акси хол регламентхои техники чори карда намешаванд.
  4. Хангоми истехсоли махсулоти содироти, ки дар шартномаи он нисбат ба талаботи регламенти техники талаботи дигар муайян шудааст, ба истиснои талаботи регламентхои техники дар бобати чараёни истехсол, нигохдори ва интиколи махсулот, ки дар худуди Чумхурии Точикистон амал мекунанд, шартхои шартнома кабул карда мешаванд.

 

Моддаи 19. Нишонахои мутобикат ба регламентхои техники

Нишонахои мутобикат ба регламентхои техники бояд дар тамоми худуди Чумхурии Точикистон ягона бошанд ва бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хифз карда шаванд. Гузоштани нишонахои мутобикат ба объектхои бамеъёрдарории техники аз мутобикати онхо ба талаботи регламентхои техники дарак медихад.

Тартиби истифодабарии нишонахои мутобикат аз чониби макомоти ваколатдори давлати мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 20. Хусусиятхои бамеъёрдарории техники вобаста ба махсулоти мудофиави

Талаботи хуччатхои меъёри, тартиби тахия, тасдик, тагйир додан, бекор кардан, истифода ва нашри расми нисбат ба махсулоти мудофиавие, ки барои эхтиёчоти давлати интикол ёфтааст, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ва ё бо супориши он аз тарафи Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон мукаррар гардида, хатми хисобида мешавад.

 

Моддаи 21. Иттилоот дар бораи регламентхои техники ва хуччатхои хамохангшуда дар сохаи бамеъёрдарории техники

  1. Иттилоот дар бораи регламентхои техники ва хуччатхои хамохангшудаи мавриди амал кароргирифта бояд барои истифодабарандагон дастрас бошад, ба истиснои холатхое, ки чунин санадхо ва хуччатхо маълумоти дорои сирри давлатиро дар бар мегиранд.
  2. Иттилоот дар бораи мухлати  мавриди амал карор гирифтани регламентхои техникии тасдикшуда ва аз кайди давлати гузашта, хамчунин бевосита худи матни регламентхои техники дар нашрияхои расмии макомоти ваколатдори давлати нашр мешаванд, ба истиснои холатхое, ки чунин санадхо ва хуччатхо маълумоти дорои сирри давлатиро дар бар мегиранд.

 

Моддаи 22. Фонди миллии санадхо ва хуччатхои меъёрии техники дар сохаи бамеъёрдарории техники

  1. Фонди миллии санадхо ва хуччатхои меъёрии техникиро дар сохаи бамеъёрдарории техники регламентхои техникии расман чопшуда ва аз кайди давлати гузашта, хуччатхои хамохангшуда, хамчунин дигар хуччатхо дар сохаи бамеъёрдарории техники, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, ташкил медиханд.
  2. Фонди миллии санадхо ва хуччатхои меъёрии техники дар сохаи бамеъёрдарории техники  захираи иттилоотии давлати ба хисоб меравад.

Тартиби ташкил, фаъолият ва истифодабарии захирахои иттилоотии фонди мазкур аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

БОБИ 4. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

  1. Маблаггузории корхои бамеъёрдарории техники
  2. Манбаъхои маблаггузории корхои бамеъёрдарории техники маблаги бучетхои чумхурияви ва махалли, шахсони вокеи ва хукукии манфиатдор, хамчунин дигар сарчашмахое ба шумор мераванд, ки конунгузории Чумхурии Точикистон  манъ накардааст.
  3. Харочоти зерин аз хисоби маблаги бучети чумхурияви мебошад:

-тахияи регламентхои техники ва хуччатхои хамохангшудаи ба онхо алокаманд;

-тахия ва нашри иттилооти расми дар бораи регламентхои техники ва хуччатхои хамохангшудаи тасдикшуда;

-гузаронидани назорати давлати оид ба риояи талаботи регламентхои техники;

-таъсис ва пешбарии Фонди миллии санадхои меъёрии техники дар сохаи бамеъёрдарории техники;

-иштирок дар фаъолияти ташкилотхои байналмилали дар сохаи бамеъёрдарории техники;

-дигар чорабинихои бамеъёрдарории техникие, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон  муайян шудаанд.

 

Моддаи 24. Мукаррароти давраи  гузариши  Конуни мазкур

  1. Хуччатхои меъёрии техникии амалкунандаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон (стандартхо, меъёр ва коидахои санитари, меъёр ва коидахои сохтмон ва гайра), ки талаботи хатмиро ба махсулот, чараёнхои коркард, истехсол, истифодабари, нигохдори, интикол, фуруш, коркарди партовхои он, ичрои кор ва хизматрасони дар бар мегиранд, то рузи мавриди амал карор гирифтани  Конуни мазкур танхо дар кисме барои ичро хатми мешаванд, ки ба максадхои дар моддаи 5 Конуни мазкур зикршуда мутобик бошанд. Хуччатхои меъёрии техникии мазкур, ки аз рузи мавриди амал карор гирифтани Конуни мазкур регламентхои техникии муваккати шуморида мешаванд, эътибори конунии худро танхо то кабули регламентхои техникии дахлдор нигох медоранд.
  2. Пас аз нашри расмии Конуни мазкур то мавриди амал карор гирифтани он макомоти  ваколатдори давлати дар мувофика бо дигар макомоти ичроияи хокимияти давлати дар сохаи бамеъёрдарории техники бояд номгуи  хуччатхои меъёрии техникии (регламентхои техникии муваккатии) ба максадхои дар моддаи 5 Конуни мазкур баёншуда амалкунандаро барои тасдик ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход кунад. Минбаъд, макомоти ваколатдори давлати бояд дохил намудани тагйиротро тибки регламенти кабулгардида ба  номгуи мазкур таъмин намояд.
  3. Пас аз мавриди амал карор гирифтани Конуни мазкур дар муддати 7 сол бар ивази хамаи хуччатхои меъёрии хатмии (регламентхои техникии  муваккатии)   амалкунандаи  сохаи  бамеъёрдарории  техники

бояд регламентхои техники тахия ва кабул карда шаванд. Баъди ба анчом расидани мухлати мазкур хамаи хуччатхои меъёрии хатмии (регламентхои техникии муваккатии) амалкунанда ва тагйироти минбаъдаи онхо беэътибор дониста мешаванд.

 

Моддаи 25. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукукие, ки талаботи Конуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 26. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур аз 1 январи соли 2010 мавриди амал карор дода шавад.

 

  Президенти

Чумхурии Точикистон                            Эмомали  Рахмон

 

ш.Душанбе,

19 майи соли 2009,

№ 522

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …