Главная / Биология / Бактерияхои касалиангез

Бактерияхои касалиангез

Баъзе намудхои бактерияхои ба таври гетеротрофи гизогиранда ба организмхои зинда дохил шуда, моддахои органикии онхоро ба сифати гизо истифода мебаранд (яъне паразити ё туфайлихури мекунанд) ва боиси пайдошавии касалихои гуногуни он организмхо мегарданд. Иихо бактерияхои касалиангез ё паразити мебошанд. Бактерияхои касалиангез ба бадани (организми) одамон дохил шуда, аз моддахои органикии хучайраи онхо гизо гирифта, босуръат афзоиш мекунанд. Бар замми ин, бактерияхои касалиангез дар натичаи фаъолияти хаётиашон дар организми одам ва хайвонот моддахои захрнок (махсули мубодилаи моддахо дар хучайраи бактерия)-ро хорич карда, онхоро захролуд мекунанд.

bakteriya-3Дар байни касалихои нисбатан маълуму пахншуда, ки тавассути чакрабухори оби дахон пахн мешаванд, касалии варами шуш (пнев- мония), сулфаи кабудак, гулузиндонакро номбар кардан мумкин аст. Хусусан, бактерияи барангезандаи касалии гулузиндонак захри пуртаъсире хорич мекунад, ки бо тези тамоми организмро фарогирад. Дар натича мушакхои дил, бофтахои асаб ва гурдаро аз кор мебарорад. Барои аз сирояти ин касали (бактерия) мухофизат кардани организм, хамчун чораи пешгирикунанда ба организм вак- сина мегузаронанд. Яъне, пешаки одамонро эм мекуианд.

Барангезандаи як катор касалихои дигар — махмалак (скарлатина), тарбод, гулудард (ангина) ва гайра, хангоми муомилаи тарафайн ё дар вакти истеъмоли хурок аз одами бемор ба солим мегузарад.

Барангезандаи касалии сил ба коркарди усулхои гуногуни таш- хиси (диагностикй) ва табобат нигох накарда, то айни замон сабабгори нобудшавии одамон мегардад.

Касалихои доманаи шикам, паратиф, исхоли хунин ба туфайли истеъмоли хурок ё оби ночушида, ки бактерияхои касалиангез до- рад. ба одамони солим мегузарад.

Тоун ё реши вабо яке аз беморихои дахшатнок аст. Онро бактерияи чубакшакли тоун ба вучуд меоварад. Хуручу пахншавии харобиовари тоун дар замонхои кадим яке аз офатхои мудхиштарин ба хисоб мерафт. Масалан, дар асри VI тоун аз чониби Шарк ба Европаи Маркази гузашт. Дар ин чо ин офат шидцат гирифта, дар шахрхои калон хар руз хазорхо одамонро ба коми марг мекашид. Дар таърихи чамъияти инсони чунин хуручхои тоун чандин маротиба руй додаанд.

Дар чорводори бошад, бактерияхои касалиангез боиси ба вучуд омадани касалихои оксил, доги, искот (бруселлёз) гаштаанд. Ин касалихо метавонанд аз хайвони касал (дар вакти махсулоти онро ис- теъмол кардан) ба одами солим сироят кунанд. Дар нохияхое, ки чорво гирифтори касалии искот аст, истеъмол намудани шири хом (нопухта) маиъ аст. Шояд дар таркиби шир бактерияхои баранге- зандаи ин касали бошад.

Баъзе бактерияхое, ки пусиш ва вайроншавии дигар моддахои органикиро ба вучуд меоваранд (сапрофити), инчунин барои хаёти одамон нихоят хавфноканд. Спораи ин бактерияхо аз харорати ба- ланди нокифоя нобуд намешаванд ва дар куттии махками консер- вахо ва гайрахо инкишоф ёфта, онро захролуд мекунанд. Бинобар он, истеъмоли чунин консервахо ва дигар маводи хурокии бо ин роххо захролудшуда ба хаёти одамон хатари калон дорад.

Бактерияхои касалиангез на танхо ба саломатии одамон ва чорво зарар мерасонанд. Онхо инчунин ба зироатхои кишоварзи сироят карда, боиси касалихои гуногуни онхо мешаванд ва зарари калони иктисоди оварда, хосилнокии зироатхои кишоварзиро хеле кам мекунанд. Чунончи, аз таъсири бактерияхои касалиангези растанихо хосили тамоку 40-50 фоиз ва карам 30-40 фоиз кам мешавад.

Ба касалихои бактериявии растанихо чунин касалихо, аз кабили тосаки обдор (дар растанихои карам, пиёз, баъзан дар сабзи ва помидор мушохида карда мешавад), саратони реша (асосан ток ва дарахтони меваги зарар мебинанд), бактериози бодиринг, сиёхтосаки помидор, бактериози сиёхи гандум, халкатосаки картошка, гоммози пахта ва гайрахо дохил мешаванд. Аз касалихои бактерияви тамоми узвхои растани зарар мебинад. Дар натичаи касали дар узву бофтахои растани омоси гуногун пайдо шуда, баргу пояи он дог мезанад ва мепусад ё сухта хушк мешавад.

Барои пешгири кардани касалихои сирояткунанда аз тарафи муассисахои дахлдор чорабинихои гуногун ва махсус гузаронда мешавад. Хусусан, оид ба манбаъхои оби нушоки ва махсулоти хуроквори духтурхо назорати катъи мебаранд. Дар коргоххои обтаъминкуни (хусусан дар шахрхо) оби нушокиро сараввал дар хавзхои махсус такшину софкори карда, онро хлоролуд мекунанд, то ки об аз бактерияхои касалиангез поку тоза бошад.

Дар он чойхое, ки бактерияхои касалангезанда вомехуранд ё дар истикоматчойхои одамони ба касалихои сирояткунанда гирифторшуда усули дезинфексияро истифода мебаранд. Яъне, бо моддахои химиявии махсус, ки кобилияти нобуд кардани бактерияхои касалангезандаро доранд, чойхои сироятёфтаро безарар мекунанд. Баъзан ба ин максад дуди моддахои химиявиро (сузондашударо) низ истифода мебаранд.

Шахсоне, ки ба нигохубини беморон машгуланд, бояд ба коидахои гигиению санитари катъи риоя кунанд. Хонаи истикоматиро хамеша тоза нигох дошта, онро бо латтаи тар ё бо дастгоххои чангфурубаранда рубучин кунанд. Барои пешгири ва мухофизат кардани одамон аз касалихои сирояткунанда онхоро пешаки эм (чечак) мекунанд.

  1. Бактерияхои касалиангез чи тавр ба бадани инсон дохил мешаванд ва боиси чи хел касалихо мешаванд?
  2. Тоун ё реши вабо чи хел касали аст?
  3. Бактерияхои касалиангез дар чорводори боиси кадом касалихо мегарданд?
  4. Кадом касалихои бактериявии растанихои кишоварзиро медонед?
  5. Барои пешгири кардани касалихои сирояткунанда чй тадбирхо андешида мешаванд?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …