Главная / Биология / Бактерияҳои касалиангез

Бактерияҳои касалиангез

Баъзе намудҳои бактерияҳои ба таври гетеротрофӣ ғизогиранда ба организмҳои зинда дохил шуда, моддаҳои органикии онҳоро ба сифати ғизо истифода мебаранд (яъне паразитӣ ё туфайлихӯрӣ мекунанд) ва боиси пайдошавии касалиҳои гуногуни он организмҳо мегарданд. Ииҳо бактерияҳои касалиангез ё паразитӣ мебошанд. Бактерияҳои касалиангез ба бадани (организми) одамон дохил шуда, аз моддаҳои органикии ҳуҷайраи онҳо ғизо гирифта, босуръат афзоиш мекунанд. Бар замми ин, бактерияҳои касалиангез дар натиҷаи фаъолияти ҳаётиашон дар организми одам ва ҳайвонот моддаҳои заҳрнок (маҳсули мубодилаи моддаҳо дар ҳуҷайраи бактерия)-ро хориҷ карда, онҳоро заҳролуд мекунанд.

bakteriya-3Дар байни касалиҳои нисбатан маълуму паҳншуда, ки тавассути чакрабухори оби даҳон паҳн мешаванд, касалии варами шуш (пнев- мония), сулфаи кабудак, гулӯзиндонакро номбар кардан мумкин аст. Хусусан, бактерияи барангезандаи касалии гулӯзиндонак заҳри пуртаъсире хориҷ мекунад, ки бо тезӣ тамоми организмро фарогирад. Дар натиҷа мушакҳои дил, бофтаҳои асаб ва гурдаро аз кор мебарорад. Барои аз сирояти ин касалӣ (бактерия) муҳофизат кардани организм, ҳамчун чораи пешгирикунанда ба организм вак- сина мегузаронанд. Яъне, пешакӣ одамонро эм мекуианд.

Барангезандаи як қатор касалиҳои дигар — махмалак (скарлатина), тарбод, гулӯдард (ангина) ва ғайра, ҳангоми муомилаи тарафайн ё дар вақти истеъмоли хӯрок аз одами бемор ба солим мегузарад.

Барангезандаи касалии сил ба коркарди усулҳои гуногуни таш- хисӣ (диагностикй) ва табобат нигоҳ накарда, то айни замон сабабгори нобудшавии одамон мегардад.

Касалиҳои доманаи шикам, паратиф, исҳоли хунин ба туфайли истеъмоли хӯрок ё оби ночӯшида, ки бактерияҳои касалиангез до- рад. ба одамони солим мегузарад.

Тоун ё реши вабо яке аз бемориҳои даҳшатнок аст. Онро бактерияи чӯбакшакли тоун ба вуҷуд меоварад. Хурӯҷу паҳншавии харобиовари тоун дар замонҳои қадим яке аз офатҳои мудҳиштарин ба ҳисоб мерафт. Масалан, дар асри VI тоун аз ҷониби Шарқ ба Европаи Марказӣ гузашт. Дар ин ҷо ин офат шидцат гирифта, дар шаҳрҳои калон ҳар рӯз ҳазорҳо одамонро ба коми марг мекашид. Дар таърихи ҷамъияти инсонӣ чунин хурӯҷҳои тоун чандин маротиба рӯй додаанд.

Дар чорводорӣ бошад, бактерияҳои касалиангез боиси ба вуҷуд омадани касалиҳои оксил, доғӣ, исқот (бруселлёз) гаштаанд. Ин касалиҳо метавонанд аз ҳайвони касал (дар вақти маҳсулоти онро ис- теъмол кардан) ба одами солим сироят кунанд. Дар ноҳияҳое, ки чорво гирифтори касалии исқот аст, истеъмол намудани шири хом (нопухта) маиъ аст. Шояд дар таркиби шир бактерияҳои баранге- зандаи ин касалӣ бошад.

Баъзе бактерияхое, ки пӯсиш ва вайроншавии дигар моддаҳои органикиро ба вуҷуд меоваранд (сапрофитӣ), инчунин барои ҳаёти одамон ниҳоят хавфноканд. Спораи ин бактерияҳо аз ҳарорати ба- ланди нокифоя нобуд намешаванд ва дар қуттии маҳками консер- ваҳо ва ғайраҳо инкишоф ёфта, онро заҳролуд мекунанд. Бинобар он, истеъмоли чунин консерваҳо ва дигар маводи хӯрокии бо ин роҳҳо заҳролудшуда ба ҳаёти одамон хатари калон дорад.

Бактерияҳои касалиангез на танҳо ба саломатии одамон ва чорво зарар мерасонанд. Онҳо инчунин ба зироатҳои кишоварзӣ сироят карда, боиси касалиҳои гуногуни онҳо мешаванд ва зарари калони иқтисодӣ оварда, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзиро хеле кам мекунанд. Чунончи, аз таъсири бактерияҳои касалиангези растаниҳо ҳосили тамоку 40-50 фоиз ва карам 30-40 фоиз кам мешавад.

Ба касалиҳои бактериявии растаниҳо чунин касалиҳо, аз кабили тосаки обдор (дар растаниҳои карам, пиёз, баъзан дар сабзӣ ва помидор мушоҳида карда мешавад), саратони реша (асосан ток ва дарахтони мевагӣ зарар мебинанд), бактериози бодиринг, сиёҳтосаки помидор, бактериози сиёҳи гандум, халкатосаки картошка, ғоммози пахта ва ғайраҳо дохил мешаванд. Аз касалиҳои бактериявӣ тамоми узвҳои растанӣ зарар мебинад. Дар натиҷаи касалӣ дар узву бофтаҳои растанӣ омоси гуногун пайдо шуда, баргу пояи он доғ мезанад ва мепӯсад ё сӯхта хушк мешавад.

Барои пешгирӣ кардани касалиҳои сирояткунанда аз тарафи муассисаҳои дахлдор чорабиниҳои гуногун ва махсус гузаронда мешавад. Хусусан, оид ба манбаъҳои оби нӯшокӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ духтурҳо назорати қатъӣ мебаранд. Дар коргоҳҳои обтаъминкунӣ (хусусан дар шаҳрҳо) оби нӯшокиро сараввал дар ҳавзҳои махсус такшину софкорӣ карда, онро хлоролуд мекунанд, то ки об аз бактерияҳои касалиангез поку тоза бошад.

Дар он ҷойҳое, ки бактерияҳои касалангезанда вомехӯранд ё дар истикоматҷойҳои одамони ба касалиҳои сирояткунанда гирифторшуда усули дезинфексияро истифода мебаранд. Яъне, бо моддаҳои химиявии махсус, ки кобилияти нобуд кардани бактерияҳои касалангезандаро доранд, ҷойҳои сироятёфтаро безарар мекунанд. Баъзан ба ин мақсад дуди моддаҳои химиявиро (сӯзондашударо) низ истифода мебаранд.

Шахсоне, ки ба нигоҳубини беморон машғуланд, бояд ба қоидаҳои гигиению санитарӣ қатъӣ риоя кунанд. Хонаи истиқоматиро ҳамеша тоза нигоҳ дошта, онро бо латтаи тар ё бо дастгоҳҳои чангфурӯбаранда рӯбучин кунанд. Барои пешгирӣ ва муҳофизат кардани одамон аз касалиҳои сирояткунанда онхоро пешакӣ эм (чечак) мекунанд.

  1. Бактерияҳои касалиангез чӣ тавр ба бадани инсон дохил мешаванд ва боиси чӣ хел касалиҳо мешаванд?
  2. Тоун ё реши вабо чӣ хел касалӣ аст?
  3. Бактерияҳои касалиангез дар чорводорӣ боиси кадом касалиҳо мегарданд?
  4. Кадом касалиҳои бактериявии растаниҳои кишоварзиро медонед?
  5. Барои пешгирӣ кардани касалиҳои сирояткунанда чй тадбирҳо андешида мешаванд?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …