Главная / Илм / БУГУМАК

БУГУМАК

bugumakБУГУМАК (Polygonum persicaria), бобосилак, кайкалаф, гиёхест яксола. Аз 20 то 100 см кад мекашад. Пояи бугумдори сершох, барги нештаршакл, гули гулоби ё сафед дорад. Гулаш моххои май – окт. мешукуфад. Дар маргзорхо, сахро, бог, кад – кади чуйборхо, киштзори оби ва шолизор (дар баландии 300 – 2700 м аз с. б.) меруяд.
Бо максади доруи баргу поя (асосан нуги шохчахо)-и Б.-ро дар давраи гулшукуфт чамъ оварда, дар чои соя хушк мекунанд. Табибони халки накеъи Б.-ро барои табобати кабзияти музмин, бавосир, хунравии бачадон, радикулит, инчунин барои рондани пешоб тавсия медиханд. Бо ин максад бояд 1 чумча барги куфтаи Б.-ро дар як истакон оби чуш андохта, 4 соат нигох дошт; онро полида, тули 3 хафта рузе 2 маротиба баъди хурок нимистакони истеъмол кардан лозим аст. Бо ин максад метавон киёми обакии онро низ истифода бурд (30 – 40 чакраги рузе 3 маротиба пеш аз таом; 1 – 3 хафта).
Бо акидаи табибони халки Б. бехтарин давои бавосир аст. Барои ин 4 каф алафи тар ё 2 каф алафи хушки онро дар 2 л об 15 дакика мечушонанд; сипас ба даво 2 истакон шири гарм ва як чумча охар андохта, дар буги он мешинанд. Давомоти табобат 1 – 2 мох аст. Гайр аз ин, бо накеъи Б. (1 кошукча дар як истакон об) гулуро гаргара мекунанд (дар натича дард ва варами он нест мешавад).
Пажухишхо нишон доданд, ки накеъ ва киёми обакии Б. фаъолияти дилро таквият бахшида, рагхоро танг мекунанд, лахтабанди ва гилзати хунро меафзоянд. Киёми оби ва спиртии Б. таъсири исхоловар низ дорад. Дар беморхонаи Донишгохи давлатии тиббии Казокистон давохои Б. барои муоличаи бавосир санчида шуданд. Маълум гашт, ки онхо дар баробари исхол, пешобро низ меронанд, хосияти хунбанди дошта, барои табобати беморихои гурда ва дил, инчунин бавосир ва кабзият муфиданд. Дар амалияи тиб киёми оби (30 – 40 чакраги рузе 3 маротиба) ва накеъи Б. (як кошуки рузе 3 маротиба то истеъмоли хурок) – ро барои табобати хуншории бачадон ва бавосир тавсия медиханд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …