КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ БУЧЕТИ ДАВЛАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2016
(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2015, №11, мод. 978; Конуни ЧТ аз 09.06.2016 с., №1321; аз 04.07.2016 с., № 1322)
Моддаи 1. Хачми умумии даромади Бучети давлатии Чумхурии Точикистон
Хачми умумии Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2016 аз хисоби хамаи манбаъхои маблаггузори ба маблаги 18305842 хазор сомони мукаррар карда шавад, аз чумла:
– даромади Бучети давлатии Чумхурии Точикистон аз хисоби воридоти андозию гайриандози ва грантхо 13938178 хазор сомони, аз онхо:
воридоти андози – 12522793 хазор сомони;
воридоти гайриандози – 1067385 хазор сомони;
грантхо барои дастгирии бучет аз хисоби ташкилотхои байналмилалии
молияви – 348000 хазор сомони;
– бучети лоихахои давлатии сармоягузори бо чалби захирахои молиявии
беруни – 3429512 хазор сомони;
аз онхо:
карзхо – 2046831 хазор сомони;
грантхо – 1382681 хазор сомони;
– маблагхои махсуси ташкилотхои бучети – 938152 хазор сомони.
Моддаи 2. Хачми умумии харочоти Бучети давлатии Чумхурии Точикистон
Хачми умумии харочоти Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2016 ба маблаги 18594441 хазор сомони мукаррар карда шавад, аз чумла барои маблаггузории:
– макомоти хокимияти давлати ва идоракуни – 1035946 хазор сомони;
– маориф – 3146229 хазор сомони;
– тандурусти – 1263882 хазор сомони;
– хифзи ичтимоии ахоли – 3098037 хазор сомони;
– чорабинихои фархангию оммави ва солимгардони – 825316 хазор сомони;
– хочагии манзилию коммунали, хифзи мухити зист ва хочагии чангал – 661830 хазор сомони;
– комплекси сузишворию энергетики – 4069007 хазор сомони;
– сохаи кишоварзи, заминсози ва хочагии об – 430204 хазор сомони;
– истихроч ва коркарди канданихои фоиданок, саноати истихрочи
маъданхои кухи ва сохтмон – 121156 хазор сомони;
– наклиёт ва коммуникатсия – 864484 хазор сомони;
– дигар сохахои иктисодиёт ва хизматрасони – 38376 хазор сомони;
– харочоти дигар – 1569069 хазор сомони.
Моддаи 3. Хачми умумии касри Бучети давлати ва манбаъхои пушонидани он
- Андозаи нихоии хачми умумии касри Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2016 ба андозаи 0,5 фоизи Мачмуи махсулоти дохили ё ба маблаги 288599 хазор сомони мукаррар карда шавад.
- Манбаи пушонидани касри бучет ба таври зайл муайян карда шавад:
– даромад аз хусусигардони ва истифодаи моликияти давлати – 25000 хазор сомони;
– даромад аз фуруши векселхои хазинадори – 90000 хазор сомони;
– аз хисоби депозитхои бучети чумхурияви, ичрои барзиёди накшаи даромади бучет, карзхо (грантхо) аз ташкилотхои байналмилалии молияви ва
Фонди авруосиёгии стабилизатсия ва рушд – 173599 хазор сомони.
- Маблаггузории пардохти карзи асосии берунии Чумхурии Точикистон ба андозаи 1,4 фоизи Мачмуи махсулоти дохили ё ба маблаги 818379 хазор сомони, аз чумла аз хисоби харочоти чории бучети чумхурияви 409782 хазор сомони ва аз хисоби депозитхои бучети чумхурияви ба 1 январи соли 2016 дар Бонки миллии Точикистон чойгиркунонидашуда, Фонди стабилизатсиони оид ба рушди иктисодиёт, барориши векселхои давлати, чалби карзхои (грантхои) ташкилотхои байналмилалии молияви ва маблагхои баргардонидашуда аз руи созишномахои зеркарзи 408597 хазор сомони муайян карда шавад.
- Маблаггузории хизматрасонии карзи дохилии Чумхурии Точикистон ба андозаи 177645 хазор сомони, аз чумла аз хисоби харочоти чории бучети чумхурияви 78635 хазор сомони, аз хисоби депозити бучети чумхурияви дар Бонки миллии Точикистон ба 1 январи соли 2016 чойгиркунонидашуда, Фонди стабилизатсиони оид ба рушди иктисод 59010 хазор сомони ва аз хисоби баргардонидани карзхои Чамъияти сахомии кушодаи «Агроинвестбонк» ба суратхисоби Вазорати молияи Чумхурии Точикистон 40000 хазор сомони муайян карда шавад.
Моддаи 4. Хачми умумии даромад ва харочоти бучети чумхурияви
Бучети чумхурияви барои соли 2016 аз руи даромад ба маблаги 8150977 хазор сомони, аз руи харочот ба маблаги 8430489 хазор сомони ва касри он ба маблаги 279512 хазор сомони тасдик карда шавад.
Моддаи 5. Даромади бучети чумхурияви аз руи манбаъхои даромад
Дар бучети чумхурияви барои соли 2016 воридоти даромад аз хисоби субъектхои хочагидори дар каламрави Чумхурии Точикистон карордошта ба маблаги умумии 8150977 хазор сомони мукаррар карда шавад, аз чумла:
– андоз аз арзиши иловашуда – 4620839 хазор сомони;
– аксизхо – 356000 хазор сомони;
– андоз аз фуруши нахи пахта ва алюминийи аввалия – 114008 хазор сомони;
– андоз барои захирахои табии – 60450 хазор сомони;
– андоз аз фоида – 240248 хазор сомони;
– андоз аз даромад – 507187 хазор сомони;
– бочи гумруки – 684670 хазор сомони;
– андоз аз истифодабарандагони роххои автомобилгард – 225422 хазор сомони;
– даромадхои дигари гайриандози – 994153 хазор сомони;
– грантхои ташкилотхои байналмилалии молияви – 348000 хазор сомони.
Моддаи 6. Харочоти бучети чумхурияви аз руи гурухбандии вазифави
Харочоти бучети чумхурияви барои соли 2016 аз руи гурухбандии вазифави ба андозахои зерин тасдик карда шавад:
Маблаггузории бахши хокимияти давлати ва идоракуни – 702048 хазор сомони,
аз чумла:
– макомоти ичроия ва конунгузори – 172118 хазор сомони;
– сиёсати молияви ва андозию бучети – 104946 хазор сомони;
– фаъолияти сиёсати беруни – 188875 хазор сомони;
– макомоти дигари давлати – 236109 хазор сомони.
Маориф – 554685 хазор сомони,
аз чумла:
– тахсилоти умуми – 117804 хазор сомони;
– тахсилоти касби – 351452 хазор сомони;
– фаъолияти дигар дар сохаи маориф – 85429 хазор сомони.
Тандурусти – 215197 хазор сомони,
аз чумла:
– беморхонахо – 118445 хазор сомони;
– марказхои саломати – 4663 хазор сомони;
– хифзи саломатии ахоли – 22659 хазор сомони;
– фаъолияти дигар дар сохаи тандурусти – 69430 хазор сомони.
Сугуртаи ичтимои ва хифзи ичтимои – 437648 хазор сомони,
аз чумла:
– сугуртаи ичтимои – 268744 хазор сомони;
– хифзи ичтимои – 35339 хазор сомони;
– фаъолияти дигар дар сохаи сугуртаи ичтимои ва хифзи ичтимоии ахоли – 133565 хазор сомони.
Фарханг ва варзиш – 288683 хазор сомони,
аз чумла:
– чорабинихо оид ба тарбияи чисмони ва варзиш – 4231 хазор сомони;
– муассисахои фархангию маърифати – 57137 хазор сомони;
– воситахои ахбори омма – 95539 хазор сомони;
– фаъолияти дигар дар сохаи фарханг ва варзиш – 131776 хазор сомони.
Хочагии манзилию коммунали, мухити зист ва хочагии чангал – 85791 хазор сомони.
Комплекси сузишворию энергетики – 2026195 хазор сомони.
Кишоварзи, мохидори ва шикор – 124995 хазор сомони,
аз чумла:
– барои рушди муносибатхои лизинги ва таъсису мукаммал намудани марказхои хизматрасони дар шахру нохияхои чумхури – 15000 хазор сомони;
– чорабинихои зиддиэпизоотики – 2500 хазор сомони;
– хизматрасонихои дигар дар сохаи кишоварзи, мохидори ва шикор – 107495 хазор сомони.
Саноат ва сохтмон – 127025 хазор сомони.
Наклиёт ва коммуникатсия – 128417 хазор сомони.
Фаъолияти дигари иктисоди ва хизматрасонихо – 38001 хазор сомони.
Харочоте, ки ба категорияхои дигар дохил карда нашудаанд – 2424922 хазор сомони,
аз чумла:
– амалиётхо бо ухдадорихои карзии давлати – 758672 хазор сомони;
аз онхо:
амалиётхо бо ухдадорихои карзии дохилии давлати – 78635 хазор сомони;
амалиётхо бо ухдадорихои карзии берунии давлати – 680037 хазор сомони;
– харочоти шахри Душанбе барои амали намудани вазифахои пойтахт – 11000 хазор сомони.
Фонди харочоти пешбининашудаи Хукумати Чумхурии Точикистон – 67951 хазор сомони.
Харочоти дигаре, ки аз руи сохахои иктисодиёт гурухбанди нашудаанд – 1587299 хазор сомони.
Моддаи 8. Харочоти бучети чумхурияви аз руи гурухбандии иктисоди
Дар соли 2016 харочоти вазорату идорахо, ташкилотхо аз хисоби бучети чумхурияви аз руи гурухбандии иктисоди дар хачми зерин мукаррар карда шавад:
Харочот – 8430489 хазор сомони,
аз чумла:
музди мехнат – 1174758 хазор сомони;
маблагчудокунихои андози – 179348 хазор сомони;
хариди мол ва хизматрасонихо – 2016579 хазор сомони;
аз онхо:
– пардохти хизматрасонихои коммунали – 73653 хазор сомони;
– пардохти хизматрасонии алока – 56842 хазор сомони;
– хариди тачхизот ва хизматрасони – 1886084 хазор сомони;
хизматрасонии карзхои дохили ва беруна – 758672 хазор сомони;
аз онхо:
– пардохти фоизхои карзи дохили – 78635 хазор сомони;
– пардохти карзи берунии асоси – 409781 хазор сомони;
– пардохти фоизхои карзи берунии асоси – 270256 хазор сомони.
Кумаки молияви (субсидия) ва интиколи маблагхои дигари чори (трансферт) – 1567000 хазор сомони,
аз чумла:
– кумаки молияви (субсидия) – 84379 хазор сомони;
– интиколи маблаг (трансферт) – 1080262 хазор сомони;
– пардохти нафака – 167333 хазор сомони;
– дигар кумакпулихои ичтимои – 235026 хазор сомони.
Амалиётхо бо дороихо ва ухдадорихо – 2734132 хазор сомони,
аз чумла:
– маблаггузории асосии мутамарказ – 2610101 хазор сомони;
– хариди мошинхо ва тачхизот – 64596 хазор сомони;
– дороихои дигари гайримолияви – 53385 хазор сомони;
– хариди дороихои молиявии дохили – 6050 хазор сомони.
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Чумхурии Точикистон
Фонди захиравии Президенти Чумхурии Точикистон барои соли 2016 ба маблаги 271804 хазор сомони тасдик карда шавад.
Моддаи 10. Мусоидати молиявии (субвенсияи) аз бучети чумхурияви ба бучетхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шахру нохияхои тобеи чумхури чудошаванда
- Хачми маблаги мусоидати молиявии (субвенсияи) аз бучети чумхурияви ба бучетхои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шахру нохияхои тобеи чумхури чудошаванда ба маблаги 876261 хазор сомони тасдик карда шавад, аз чумла барои:
– Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон – 168177 хазор сомони;
– вилояти Хатлон – 529190 хазор сомони;
– нохияи Варзоб – 13504 хазор сомони;
– нохияи Рашт – 36798 хазор сомони;
– нохияи Чиргатол – 27184 хазор сомони;
– нохияи Нуробод – 24815 хазор сомони;
– нохияи Тавилдара – 15673 хазор сомони;
– нохияи Точикобод – 16672 хазор сомони;
– нохияи Файзобод – 21544 хазор сомони;
– нохияи Шахринав – 15670 хазор сомони;
– нохияи Хисор – 2870 хазор сомони;
– шахри Турсунзода – 4164 хазор сомони.
- Мусоидати молиявии (субвенсияи) аз бучети чумхурияви ба бучети Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шахру нохияхои тобеи чумхури барои мувозинати кисми даромад ва кисми харочот, аз руи ичрои вокеии бучети чумхурияви чудо карда шавад.
Моддаи 11. Маблаги накди гардони хазинавии бучети чумхурияви
Маблаги накди гардони хазинавии бучети чумхурияви ба 1 январи соли 2017 ба маблаги 211651 хазор сомони тасдик карда шавад.
Моддаи 12. Хачми умумии даромад ва харочоти бучетхои махалли
- Дар соли 2016 хачми умумии бучетхои махалли аз руи даромад бо дарназардошти мусоидати молиявие (субвенсияе), ки аз бучети чумхурияви чудо карда мешавад, ба маблаги 4963462 хазор сомони, харочот ба маблаги 4972550 хазор сомони ва касри бучет ба маблаги 9088 хазор сомони, аз чумла бучети Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон 1130 хазор сомони, вилояти Хатлон 6602 хазор сомони, нохияи Варзоб 160 хазор сомони, нохияи Рашт 267 хазор сомони, нохияи Чиргатол 179 хазор сомони, нохияи Нуробод 160 хазор сомони, нохияи Тавилдара 96 хазор сомони, нохияи Точикобод 108 хазор сомони, нохияи Файзобод 194 хазор сомони ва нохияи Шахринав 192 хазор сомони муайян карда шавад.
- Касри бучетхои махалли дар соли 2016 аз хисоби таъмини ичрои барзиёдии даромад ва маблагхои озоде, ки ба холати 1 январи соли 2016 ба вучуд меоянд, пушонида мешавад.
Моддаи 13. Таносуби воридоти андози ва гайриандози ба бучетхои чумхурияви ва махалли
- Дар соли 2016 ба бучети чумхурияви даромади андози ва гайриандозии зерин ворид карда шавад:
– андоз аз фуруши нахи пахта ва алюминийи аввалия 100 фоиз;
– бочи гумруки 100 фоиз;
– андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз, ки ба воситаи макомоти гумрук ворид мешавад 100 фоиз;
– дигар пардохтхои хатми ва даромадхои гайриандозии умумидавлати (инчунин мучозоти чаримавии онхо), хирочи харакати воситахои наклиёти автомобилии хоричи дар каламрави Чумхурии Точикистон 100 фоиз;
– аз Ширкати сахомии холдингии кушодаи «Барки Точик» – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роххои автомобилгард, андоз аз фоида, инчунин андозхо барои захирахои табии (роялти барои об) аз Неругохи барки обии «Сангтуда – 1» 100 фоиз;
– аз Корхонаи вохиди давлатии «Ширкати Алюминийи Точик» – андоз аз арзиши иловашуда 100 фоиз;
– аз Корхонаи вохиди давлатии «Рохи охани Точикистон» ва Чамъияти сахомии кушодаи «Точиктелеком» – андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида 100 фоиз;
– аз Бонки давлатии амонатгузории Чумхурии Точикистон «Амонатбонк» – андоз аз фоида 100 фоиз;
– аз марказхои идораи лоихахои сармоягузори, намояндагихои дипломати, консулгарихо ва шахсони ба онхо баробаркардашуда – андоз аз даромад 100 фоиз;
– аз ширкатхои алокаи мобили (ба истиснои ЧСК «Точиктелеком») – андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз 100 фоиз;
– аз Бонки миллии Точикистон – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад, андоз аз фоида ва дигар пардохтхои хатми 100 фоиз;
– пардохти бонуси обунавии яккаратаи истифодабарандагони сарватхои зеризамини аз хисоби истихрочи маъданхои фоиданок (ба гайр аз канданихои фоиданоки маъмули, обхои зеризамини ва лойкахои табобати) 100 фоиз.
- Дар соли 2016 хиссачудокунии маблаг аз андозхо ва даромадхои умумидавлати, ки аз андозсупорандагони дар каламрави Чумхурии Точикистон карордошта ворид мегардад, ба бучети чумхурияви ва бучетхои махалли аз руи таносубхои (фоизхои) зерин тасдик карда шавад:
– андоз аз арзиши иловашуда:
ба бучетхои вилоятхо, шахрхо ва нохияхо (гайр аз шахрхои Душанбе, Вахдат ва Рогун) 100 фоиз;
аз шахри Душанбе – 45 фоиз ба бучети шахр ва 55 фоиз ба бучети чумхурияви;
аз шахри Вахдат – 55 фоиз ба бучети шахр ва 45 фоиз ба бучети чумхурияви;
аз шахри Рогун – 53 фоиз ба бучети шахр ва 47 фоиз ба бучети чумхурияви;
– андоз аз фоида:
ба бучетхои вилоятхо, шахрхо ва нохияхо (гайр аз шахри Душанбе) – 100 фоиз;
аз шахри Душанбе – 70 фоиз ба бучети шахр ва 30 фоиз ба бучети чумхурияви;
– андоз аз даромад:
ба бучетхои вилоятхо, шахрхо ва нохияхо (гайр аз вилояти Сугд, шахрхои Душанбе, Вахдат, Рогун ва нохияи Рудаки) – 100 фоиз;
аз вилояти Сугд – 70 фоиз ба бучети вилоят ва 30 фоиз ба бучети чумхурияви;
аз шахри Душанбе – 50 фоиз ба бучети шахр ва 50 фоиз ба бучети чумхурияви;
аз шахри Вахдат – 70 фоиз ба бучети шахр ва 30 фоиз ба бучети чумхурияви;
аз шахри Рогун – 100 фоиз ба бучети чумхурияви;
аз нохияи Рудаки – 87 фоиз ба бучети нохия ва 13 фоиз ба бучети чумхурияви;
– андоз аз истифодабарандагони роххои автомобилгард:
ба бучетхои вилоятхо, шахрхо ва нохияхо (гайр аз вилояти Сугд ва шахри Душанбе) 100 фоиз;
аз вилояти Сугд – 57 фоиз ба бучети вилоят ва 43 фоиз ба бучети чумхурияви;
аз шахри Душанбе – 39 фоиз ба бучети шахр ва 61 фоиз ба бучети чумхурияви;
– аксизхо:
ба бучетхои вилоятхо, шахрхо ва нохияхо 100 фоиз;
– низомхои махсуси андозбанди:
ба бучетхои вилоятхо, шахрхо ва нохияхо 100 фоиз;
– андозхои махалли, пардохтхои дигари хатмии махалли ва воридоти дигари гайриандозии махалли:
ба бучетхои вилоятхо, шахрхо ва нохияхо 100 фоиз.
- Воридоти андози, ки ба бучети чумхурияви аз шахри Душанбе аз накшаи тасдикгардида барзиёд дохил шудааст, ба бучети шахри Душанбе гузаронида мешавад.
Моддаи 14. Бучети сугуртаи ичтимои ва нафака
- Бучети сугуртаи ичтимои ва нафака барои соли 2016 аз руи даромад ба маблаги 2634367 хазор сомони, аз чумла аз хисоби андози ичтимои ба маблаги 2569367 хазор сомони ва мусоидати молияви (субвенсия) аз хисоби бучети чумхурияви ба маблаги 65000 хазор сомони ва харочот ба маблаги 2634367 хазор сомони, мувофики замимаи 2 тасдик карда шавад.
- Дар соли 2016 даромади бучети сугуртаи ичтимои ва нафака аз хисоби андози ичтимои, харочоти он барои пардохти нафака ва кумакпулихои ичтимои дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе, шахру нохияхои тобеи чумхури ва хачми мусоидати молияви (субвенсия), ки ба вилоят ва шахру нохияхои чумхури чудо карда мешавад, мувофики замимаи 3 тасдик карда шавад.
- Дар соли 2016 хиссачудокунии маблаг аз андози ичтимои, ки аз андозсупорандагони дар каламрави Чумхурии Точикистон карордошта ворид мешавад, барои пардохти нафака ва кумакпулихои ичтимои аз руи таносуби (фоизхои) зерин тасдик карда шавад:
– аз Корхонаи вохиди давлатии «Ширкати Алюминийи Точик» 100 фоиз ба суратхисоби Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон;
– дар шахри Душанбе 32 фоиз ба суратхисоби Раёсати Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи шахр ва 68 фоиз ба Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон;
– дар шахри Рогун 22 фоиз ба суратхисоби шуъбаи Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи шахр ва 78 фоиз ба суратхисоби Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон;
– дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва дигар шахру нохияхои тобеи чумхури 100 фоиз ба суратхисоби раёсат ва шуъбахои дахлдори Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон.
Моддаи 15. Имтиёзхои андози барои корхонаю ташкилотхои алохида дар соли 2016
- Дар соли 2016 барои воридоти гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истехсоли молхои зераксизи), тахвили гандум, инчунин фуруши махсулоти аз гандум коркардшуда андоз аз арзиши иловашуда ба меъёри 10 фоиз мукаррар карда шавад. Бахисобгирии андоз аз арзиши иловашудае, ки хангоми хариди (воридоти) дигар молу махсулоти (кору хизматрасонихои) барои тахвили минбаъдаи гандум ва (ё) коркард ва фуруши махсулоти аз гандуми коркардшуда истифодашаванда пардохта шудааст, наметавонад аз 10 фоиз зиёд бошад (Конуни ЧТ аз 09.06.2016 с., № 1321).
- Дар соли 2016 воридоти наклиёти коммуналию мусофиркашони ва ёрии таъчили, ки номгуй ва микдори онхо аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик гардида, аз хисоби бучети шахри Душанбе харидори мешаванд ва барои пурра намудани парки наклиёти мусофиркашони ва бехтар гардонидани таъминоти сохаи тандурустии шахри Душанбе равона мегарданд, хамчунин воридоти гази табии ва барк аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
- Воридоти мазути камсулфур барои эхтиёчоти Чамъияти сахомии шакли кушодаи «Маркази барку гармидихи»-и шахри Душанбе, ки микдори он аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда, аксизхо ва бочи гумруки озод карда мешавад.
- Дар соли 2016 кисмхои эхтиёти ва чузъхои алохидаи барои васлкунии тракторхо ва мошинхои кишоварзи таъйингардида, ки барои Чамъияти муштараки сахомии пушидаи «ТочИрон» ворид мегарданд ва тахвили тракторхо, комбайнхо ва мошинолоти кишоварзии истехсоли Чамъияти муштараки сахомии пушидаи «ТочИрон» аз андоз аз арзиши иловашуда ва бочи гумруки озод карда мешаванд.
- Дар соли 2016 ичрои кор ва хизматрасонии фармоишгарон ва пудратчиёни асоси оид ба сохтмони: мехмонхонаи «Исмоили Сомони», вокеъ дар хиёбони Рудакии шахри Душанбе ва муассисахои таълими: барои 1200 чойи нишаст дар махаллаи 104, нохияи Синои шахри Душанбе, барои 1200 чойи нишаст дар дехаи Элоки Чамоати дехоти «Калъаи Дашт»-и нохияи Файзобод, барои 640 чойи нишаст дар дехаи Гулбуттаи нохияи Рудаки, барои 640 чойи нишаст дар дехаи Чиртаки шахри Вахдат, барои 640 чойи нишаст дар мавзеи «Дангараи боло»-и нохияи Дангара, сохтмон ва азнавтаъмиркунии 20 км. рохи автомобилгард дар нохияи Дангара аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роххои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.
Воридоти мол аз чониби фармоишгарон ва пудратчиёни асоси барои сохтмони иншоотхои мазкур тибки номгуй ва дар хачми тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва бочи гумруки озод карда мешаванд.
- Дар соли 2016 ичрои корхои сохтмони (аз чумла сохтмони накбу пулхо ва корхои лоихавию чустучуи) ва воридоти молу масолех барои сохтмони хатти нави рохи охани Душанбе – Кургонтеппа (китъаи Вахдат – Ёвон, азнавсозии фосилахои Рохати – Вахдат – Ёвон) аз андоз аз арзиши иловашуда ва бочи гумруки озод карда мешаванд. Номгуй ва микдори молу маводи сохтмониро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.
- Кисми фаъолияти корхонахои дар минтакаи Хатлон чойгирбудаи Корхонаи вохиди давлатии «Рохи охани Точикистон» (пойгохи вагонхои боркашонии шахри Сарбанд, китъаи рохи Кургонтеппа, истгохи рохи охани Кургонтеппа, Кулоб, Курбоншахид, Олимтой, Дангара, Сангтуда, Ёвон, Чалолиддини Руми, Бурёбоф, Кубодиён, Шахритуз, Хошади, пойгохи гардиши локомотивии Кургонтеппа, китъаи алока ва мухобироти Хатлон, китъаи баркрасонии Хатлон, китъаи Корхонаи вохиди «Мусофирбар»-и Хатлон), ки бевосита ба хизматрасонии минтакаи рохи охани Хошади – Кургонтеппа – Кулоб тааллук дорад, аз пардохти андозхо аз молу мулки гайриманкул, аз воситахои наклиёт, аз истифодабарандагони роххои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.
- Дар соли 2016 воридоти ангишт ба Чумхурии Точикистон ба микдори 7200 тонна барои конеъ гардонидани талаботи шахсони вокеию хукукии нохияи Мургоби Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва дарахтон, гулу буттахои ороиши аз чониби Агентии захирахои моддии давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва бочи гумруки озод карда мешавад (Конуни ЧТ аз 09.06.2016 с., № 1321).
- Дар соли 2016 ичрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асоси оид ба сохтмони Театри миллии Точикистон дар шахри Душанбе аз пардохти андозхо аз арзиши иловашуда, аз истифодабарандагони роххои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.
- Дар соли 2016 ба маблаги карзи андозхои Чамъияти сахомии кушодаи «Сангтуда-1», ки аз хисоби тахвили кувваи барк ба Ширкати сахомии холдингии кушодаи «Барки Точик» ба вучуд омадааст, фоизхое, ки тибки моддаи 73 Кодекси андози Чумхурии Точикистон мукаррар гардидаанд, хисоб карда нашаванд.
- Хисоб ва пардохти андоз аз фуруши нахи пахта бекор карда шуда, бар ивази он бочи содироти барои нахи пахта ба андозаи 10 фоиз аз арзиши гумрукии нахи пахтаи содиротшаванда мукаррар карда шавад (Конуни ЧТ аз 09.06.2016 с., № 1321).
- Барои корхонахои сохтмони, муассисахои таълими (ба истиснои муассисахои давлатии дар банди 6) кисми 2 моддаи 169 Кодекси андози Чумхурии Точикистон нишондодашуда) ва корхонахои хуроки умуми меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда ба авдозаи 5 фоиз (ба истиснои воридоти андозбандишаванда) мукаррар карда шуда, хисобкуни ва пардохти он мутобики мукаррароти моддаи 181 Кодекси андози Чумхурии Точикистон амали карда шавад (Конуни ЧТ аз 09.06.2016 с., № 1321).
- (На барои нашр) (Конуни ЧТ аз 09.06.2016 с., № 1321).
- Воридоти маснуоти заргари аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва бочи гумруки озод карда шуда, бар ивази онхо пардохти махсуси гумруки ба андозаи зерин мукаррар карда шавад:
- барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргари аз металли тилло 18,0 сомони;
- барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргари аз металли нукра 3,06 сомони (Конуни ЧТ аз 04.07.2016 с., № 1322).
Моддаи 16. Хиссагузори ба Фонди стабилизатсиони оид ба рушди иктисодиёт аз хисоби ичрои барзиёди даромади бучетхои чумхурияви ва махалли
Мукаррар карда шавад, ки дар соли 2016 аз ичрои барзиёди кисми даромади бучетхои тасдикшудаи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва шахру нохияхои дигар ва ичрои барзиёди кисми даромади бучети тасдикшудаи чумхурияви 20 фоизи маблаг ба Фонди стабилизатсиони оид ба рушди иктисодиёт равона карда мешавад.
Моддаи 17. Мукаррарот оид ба чойгиркунии депозитхои бучети чумхурияви дар бонкхо
Дар соли 2016 бо максади зиёд намудани даромади бучет маблагхои озоди бучети чумхурияви, ки ба 1 январи соли 2016 ба вучуд омадаанд, бо фармоиши Хукумати Чумхурии Точикистон хамчун депозитхо дар бонкхои Чумхурии Точикистон ба мухлати кутох дар давоми соли бучети чойгир карда шаванд.
Моддаи 18. Моддахои химояшавандаи Бучети давлати
- Дар соли 2016 ба моддахои химояшавандаи харочот музди мехнат, маблагчудокунихои андози барои сугуртаи ичтимои, идрорпули, нафака, кумакпули, чубронпули ва пардохти хизматрасонихои коммунали дохил карда шаванд.
- Дар сурати зарурат ва мавчуд будани сарфа аз руи моддахои дахлдори харочот, дар холати набудани карз аз руи онхо Вазорати молияи Чумхурии Точикистон ва сохторхои махаллии он метавонанд бо тартиби мукарраргардида ба накшаи тасдикшудаи моддахои харочот тагйироти дахлдор ворид намоянд.
Моддаи 19. Воридот ба Бучети давлати аз хисоби маблагхои махсуси ташкилотхои бучети ва мукаррарот оид ба харочоти маблагхои махсус
- Маблагхои махсуси вазоратхо, идорахо, ташкилотхои аз хисоби Бучети давлати маблаггузоришаванда дар даромаду харочоти ташкилотхои дахлдори бучети ба хисоб гирифта мешаванд. Хамзамон 35 фоизи маблагхои махсуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, 20 фоизи маблагхои махсуси Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар сохаи наклиёт, 5 фоизи маблаги махсуси муассисахои таълимии томактаби, тахсилоти умуми, ибтидои ва миёнаи касби, муассисахои тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, 10 фоизи маблагхои махсуси муассисахои тахсилоти олии касби ва дигар муассисахои сохаи маориф, илм, фарханг, дастгоххои маркази ва сохтори Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон, Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон ва Вазорати саноат ва технологияхои нави Чумхурии Точикистон, 15 фоизи маблагхои махсуси дигар муассиса ва ташкилотхои бучети, ба истиснои маблагхои гранти ва сарпарасти, хар семоха ба бучети дахлдор ворид карда мешаванд.
- Ба муассисахои бучети истифодаи маблагхои махсус (ба истиснои маблагхои гранти ва сарпарасти) берун аз низоми хазинадори манъ аст.
- Вазорати молияи Чумхурии Точикистон дар сурати аз хачми маблаги дар Бучети давлати тасдикшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблагхои махсуси муассисахои бучети мутаносибан дар сметаи даромад ва харочоти онхо ва дар кисми даромад ва харочоти Бучети давлати метавонад тагйироти дахлдор ворид намояд.
- Дар соли 2016 дар сурати ичро нагардидани даромади Бучети давлати маблаггузории харочот, аз чумла пардохти музди мехнати дар бучет пешбинишудаи вазорату идорахо ва ташкилотхое, ки маблагхои махсус доранд, аз хисоби ин маблагхо амали карда мешавад.
- Дар соли 2016 дар сурати норасоии маблагхои дар бучет пешбинигардида барои пардохти хизматрасонихо аз руи истифодабарии кувваи барк, об ва дигар хизматрасонихои коммунали вазорату идорахо ва ташкилотхо маблагхои махсусро барои пардохти ин харочотхо равона менамоянд.
- Дар соли 2016 50 фоизи маблаги аз додани сертификат бадастовардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва маблаг аз истифодабарии захирахои ракамгузории бадастовардаи Хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон ба даромади бучети чумхурияви гузаронида шуда, 50 фоизи бокимондаи маблаг дар ихтиёри Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Хадамоти алокаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон монда, тибки Кодекси андози Чумхурии Точикистон андозбанди карда мешавад.
- Дар соли 2016 маблаге, ки аз хисоби хизматрасонии консулии Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон, намояндагихои дипломати ва консулгарихои Чумхурии Точикистон дар хорича ворид мегардад, баъди пардохт ба бучет мутобики кисми 1 хамин модда дар сметаи даромаду харочоти идорахои мазкур ба хисоб гирифта, барои маблаггузории фаъолияти онхо ва сохтмони бинохои маъмури равона карда мешавад.
- Бакияи маблаги бучети ва маблаги махсуси дар суратхисобхои намояндагихои дипломати ва консулгарихои Чумхурии Точикистон дар хорича, ки ба 1 январи соли 2016 ба вучуд омадааст, ба бучети чумхурияви баргардонида намешавад ва хусусияти максаднок дошта, барои маблаггузории харочоти бучети соли 2016 пешбинишуда равона карда мешавад.
- Дар соли 2016 дар сурати норасоии маблагхои дар бучет пешбинигардида барои нигохдории намояндагихои дипломати, консулгарихо ва намояндагихои Чумхурии Точикистон дар хорича, ки метавонад дар натичаи тагйирёбии курби асъор ба миён ояд, пушонидани фаркияти он аз хисоби маблагхои махсуси вазорату идорахои дахлдор амали карда мешавад.
Моддаи 20. Суратхисоби махсуси захирахои иловагии молияви барои маблаггузории сохтмони иншооти мухими давлати
- Дар соли 2016 воридот ба суратхисоби махсуси захирахои иловагии молияви барои маблаггузории сохтмони иншооти мухими давлати ба андозаи 5 фоиз аз ичрои барзиёдии кисми даромади бучетхои тасдикшудаи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва дигар шахру нохияхо, инчунин 10 фоизи маблаги махсуси Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Хукумати Чумхурии Точикистон, 5 фоизи маблаги махсуси муассисахои тахсилоти олии касби, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, Хадамоти шиносномадихию бакайдгирии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, ташкилоту муассисахои Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ва дигар ташкилоту муассисахои бучети, ба истиснои муассисахои таълимии томактаби, тахсилоти умуми, ибтидои ва миёнаи касби, муассисахои тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, мукаррар карда шавад. Ворид намудани маблагхо ба суратхисоби махсуси захирахои иловагии молияви барои маблаггузории сохтмони иншооти мухими давлати бо тартиби мукарраргардида тибки дастурамали аз чониби Вазорати молияи Чумхурии Точикистон тасдикгардида амали карда мешавад.
- Харочоти маблагхо аз суратхисоби махсуси захирахои иловагии молияви барои маблаггузории сохтмони иншооти мухими давлати бо фармоишхои дахлдори Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
Моддаи 21. Имтиёзхо барои хизматчиёни харби, кормандони макомоти хифзи хукук ва дигар макомоти кудрати
- Имтиёзи рафтуомад ба махали гузаронидани рухсати барои хизматчиёни харби, кормандони макомоти корхои дохили, прокуратура, гумрук, системаи ичрои чазои чинояти, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон ва идорахои дигар, ки барои хизматчиёни онхо дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон чунин имтиёз пешбини шудааст, як маротиба дар як сол дар каламрави Чумхурии Точикистон бо пешниход намудани хуччатхои тасдиккунанда пардохт карда мешавад.
- Пардохти чубронпули дар сурати бо амри Президенти Чумхурии Точикистон ба холати казармави гузаронидани хизматчиёни харби, шахсони хайати катори ва рохбарикунандаи макомоти корхои дохили, кормандони макомоти дигар, ки дар хифзи тартиботи чамъияти ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблаге, ки тибки Конуни мазкур барои фонди музди мехнат дар сметахои харочотии вазорату идорахои дахлдор тасдик шудааст, анчом дода мешавад.
Моддаи 22. Мукаррарот оид ба хавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон
Аз 1 январи соли 2016 барои хавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон 30 фоизи маблаги умумии пинхонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андоз, фоиз ва чарима аз руи онхо, ба истиснои андози ичтимои, ки дар чараёни фаъолияти назорати ошкор гардидаанд, ба Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва 30 фоизи хирочи гумруки ба Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон равон карда мешаванд. Маблагхои зикргардида бо тартиби марказонидашуда 100 фоиз ба бучети чумхурияви ворид гардида, барои маблаггузории тадбирхои дар моддаи мазкур пешбинишуда истифода мешаванд ва тартиби дар моддаи 19 Конуни мазкур пешбинигардида нисбат ба онхо татбик намегардад.
Моддаи 23. Андозаи нишондиханда барои хисобхо
Аз 1 январи соли 2016 нишондиханда барои хисобхо чихати хисобкунии андоз, боч, дигар пардохтхои хатми, мучозоти чаримави, пардохтхои ичтимои, инчунин барои хисобкунии ин ё он бузургихои арзишии хадди нихои (поёни ё болои), ки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон татбик карда мешаванд, дар хачми 40 сомони мукаррар карда шавад.
Моддаи 24. Мукаррарот оид ба пардохти маблаг тибки халномахои суд ва ба бучет ворид намудани чаримахо ва дигар пардохтхо хангоми риоя накардани конунгузории Чумхурии Точикистон
- Мукаррар карда шавад, ки халномахои суд дар бораи руёнидани зарари моддию маънави, ки аз тарафи кормандони макомоти давлати хангоми адои вазифахои хизмати расонида шудааст, аз хисоби маблаги сметаи харочоти онхо амали карда мешавад.
- Мукаррар карда шавад, ки маблаги аз хисоби татбики чорахои мачбуркуни барои риоя накардани конунгузории Чумхурии Точикистон, аз чумла аз хисоби мусодираи молу мулк, чарима, пеня, чубронпули, воридшуда ва хамчунин чуброни зарари молиявии дар натичаи риоя накардани интизоми молияви ба бучети чумхурияви расондашуда ба даромади бучети чумхурияви гузаронида мешавад.
Моддаи 25. Тасдики хисобот оид ба ичрои Бучети давлатии Чумхурии Точикистон дар соли 2014
- Хисобот оид ба ичрои Бучети давлатии Чумхурии Точикистон дар соли 2014 аз руи даромад ба маблаги 14427387 хазор сомони, аз руи харочот ба маблаги 13190396 хазор сомони бо барзиёдии даромад нисбат ба харочот ба маблаги 1236991 хазор сомони тасдик карда шавад.
- Харочоти вокеии Бучети давлатии Чумхурии Точикистон дар соли 2014 барои пардохти ухдадорихои карзии Чумхурии Точикистон оид ба пардохти карзи асосии беруни ба маблаги 472290 хазор сомони тасдик карда шавад.
Моддаи 26. Мукаррарот оид ба ворид намудани тагйирот ба Бучети давлати
- Дар мавриди барзиёд ё кам ичро гардидани кисми даромади Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2016 Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад ба кисмхои даромад ва харочоти Бучети давлатии Чумхурии Точикистон, аз чумла ба кисмхои даромад ва харочоти бучети чумхурияви барои соли 2016, мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи молияи давлатии Чумхурии Точикистон» бе тагйир додани хачми касри бучет тагйирот ворид намояд.
- Бо сабаби тагйир ёфтани хачми истехсолот (кор ва хизматрасони), андозаи нарх, заминаи андозбанди, инчунин тагйирёбии сохтории ташкилоту муассисахои бучети, ки аз санадхои меъёрии хукукии кабулнамудаи макомоти давлати бармеоянд, Вазорати молияи Чумхурии Точикистон ба кисмхои даромад ва харочоти бучетхои дахлдор тагйирот ворид намуда, бо тартиби мукарраргардида дар байни бучети чумхурияви, бучети сугуртаи ичтимои ва нафака ва бучетхои махалли хисобхои байнихамдигари мегузаронад.
- Макомоти молия дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе чунин хисоби байнихамдигариро метавонанд байни бучетхои махаллии дахлдор амали намоянд.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур аз 1 январи соли 2016 мавриди амал карор дода шавад.
Президенти
Чумхурии Точикистон Эмомали РАХМОН
ш. Душанбе, 25 ноябри соли 2015
№ 1257
КАРОРИ
Мачлиси намояндагони
Мачлиси Олии
Чумхурии Точикистон
ОИД БА КАБУЛ КАРДАНИ КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
«ДАР БОРАИ БУЧЕТИ ДАВЛАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2016»
ВА НИШОНДИХАНДАХОИ БУЧЕТИ ДАВЛАТИ БАРОИ СОЛХОИ 2017-2018
Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:
- Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2016» кабул карда шавад.
- Нишондихандахои даромад ва харочоти Бучети давлати барои:
– соли 2017 аз руи даромад ба маблаги 19514008 хазор сомони, аз руи харочот ба маблаги 19841069 хазор сомони ва касри бучет ба маблаги 327061 хазор сомони ё 0,5 фоизи Мачмуи махсулоти дохили;
– соли 2018 аз руи даромад ба маблаги 20464260 хазор сомони, аз руи харочот ба маблаги 20830404 хазор сомони ва касри бучет ба маблаги 366144 хазор сомони ё 0,5 фоизи Мачмуи махсулоти дохили тасдик карда шаванд.
Хукумати Чумхурии Точикистон дар давраи миёнамухлат карорхоеро, ки аз хисоби Бучети давлати маблаггузориро талаб менамоянд, дар доираи нишондихандахои мукаррарнамудаи харочоти Бучети давлати барои солхои 2016 -2018 кабул намояд. Хангоми пешниход намудани лоихаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2017» мувофики тагйирёбии нишондихандахои макроиктисоди ва тараккиёти сохахои иктисодиёт нишондихандахои Бучети давлатиро барои солхои 2018-2019 аник намояд.
- Кумитахои Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар доираи салохияти худ назорати ичрои бучетро ба рох монда, истифодаи максадноку самарабахши маблагхои бучетиро аз чониби маблаггирандагон тахлил ва хангоми зарурат натичаи тахлилро барои барраси ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход намоянд.
- Хукумати Чумхурии Точикистон:
– хачми умумии Бучети давлатии мукарраршудаи Чумхурии Точикистонро барои соли 2016 аз хисоби хамаи манбаъхои маблаггузори ба маблаги 18305842 хазор сомони ва хачми умумии харочот ба маблаги 18594441 хазор сомони бо барзиёдии харочот нисбат ба манбаъхои маблаггузори 288599 хазор сомони барои ичро кабул намояд;
– маблаггузории чорабинихои дар бучети давлати пешбинишударо дар доираи маблагхои тасдикшуда мутаносибан даромади вокеи таъмин намояд;
– бо максади кам кардани бакияпули аз руи пардохти андозхо ва пардохтхои ичтимоии солхои гузашта, бо назардошти зарурати ихтисор кардани карзи муассисахои бучети аз корхонахо ва ташкилотхо, ки то 1 январи соли 2016 ба вучуд омадааст, инчунин карзи ташкилотхои бучети аз руи андозхо, бо тартиби мукарраргардида бетагйир додани ичрои вокеии даромад ва харочоти бучет хисоббаробаркуниро байни онхо гузаронад;
– оид ба ичрои Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2016 хар се мох ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон маълумот дихад;
– дар бораи истифодаи маблагхои Фонди стабилизатсиони оид ба рушди иктисод ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон хисоботи солона пешниход намояд;
– тавассути воситахои ахбори омма хар се мох аз рафти ичрои Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2016 маълумот дихад.
- Ба Хукумати Чумхурии Точикистон ичозат дода шавад, ки:
– пушонидани касри бучети чумхуриявиро ба маблаги 90,0 млн. сомони бо рохи барориши векселхои давлатии хазинадори, инчунин чалби карзхои имтиёзнок аз Фонди авруосиёгии стабилизатсия ва рушд ва дигар ташкилотхои байналмилалии молияви амали намояд.
- Бонки миллии Точикистон:
– якчоя бо Бонки давлатии амонатгузории Чумхурии Точикистон «Амонатбонк», Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Хадамоти гумруки назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва бонкхои тичоратии чумхури аз руи меъёрхои мукаррарнамудаи моддаи 13 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2016» сари вакт ба бучети чумхурияви ва бучетхои махалли гузарондани андозу даромадхоро таъмин намояд;
– аз руи амалиёти вобаста ба хизматрасонии ухдадорихои карзии Чумхурии Точикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Чумхурии Точикистон амал карда, ичрои хисобу китоб ва пардохтхоро оид ба ухдадорихои карзи давлатии Чумхурии Точикистон таъмин намояд;
– барои сари вакт ичро кардани пардохтхои асъории Бучети давлатии Чумхурии Точикистон барои соли 2016 мубодилаи маблагхои бучетиро ба асъори хоричи мувофики дархости Вазорати молияи Чумхурии Точикистон аз руи курби расмии бозори байнибонкии асъор таъмин намояд.
- Назорати ичрои Карори мазкур ба зиммаи Кумитаи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон оид ба иктисод ва молия вогузор карда шавад.
Раиси
Мачлиси намояндагони
Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Ш. ЗУХУРОВ
ш. Душанбе, 18 ноябри соли 2015,
№ 224