Главная / Илм / БЛЕННОРЕЯ

БЛЕННОРЕЯ

blennoreyaБЛЕННОРЕЯ (Blennorrhoea; аз юн. blennos – луоб ва rhoia – чори шудан), бемории сироятии луобпарда (мултахима)-и чашм, ки ба он ихрочи фасоди зиёд хос аст. Барангезандаи Б. бештар гонококкхо мебошанд. Дар мавриди Б. пилки чашм варам карда, багоят гафс ва пусташ сурх мешавад, хангоми аз хад зиёд варам кардан, ранги он мепарад.
Б.- и навзодон, кудакон ва калонсолон байни худ тафовут доранд. Кудакони навзод вакти таваллуд аз модарон сироят меёбанд. Модароне, ки гирифтори сузоканду коидахои бехдошти санитариро риоя намекунанд, бемории худро ба кудак мегузаронанд. Нишонахои аввалини Б. дар кудакон баъди таваллуд (дар рузхои 2 – 3) пайдо мешаванд: одатан, харду чашм баробар иллат меёбад. Аввал чашм сурх шуда, конъюнктиваи пилк варам мекунад; руи конъюнктива суфта буда, хангоми даст расондан, зуд хуншор мешавад. Пас аз 3 – 4 руз конъюнктиваи пилк гафс ва дурушт гашта, конъюнктиваи гузаи чашм варам мекунад; аз чашм фасод меравад. Дар ин давра бемори ба карнияи чашм низ пахн мегардад. Дар сурати саривакт чора наандешидан, сироят андаруни гузаи чашмро низ фаро мегирад ва боиси сар задани панофталмит мешавад.
Гохо дар навзодон бемории ба Б. монанд низ рух менамояд, ки ангезандаи он гонококкхо нестанд. Дар хучайрахои пусти конъюнктива, одатан, унсурхое пайдо мешаванд, ки трахомаро ба хотир меоранд. Чараёни ин бемори нисбатан суст буда, карнияи чашмро фаро намегирад.
Б. ба калонсолон, одатан, аз дасти ифлос мегузарад ва танхо як чашми онхо иллатнок мешавад. Чараёни бемори нисбатан вазнин аст. давраи нихонии он 1 – 2 руз давом мекунад.
Дар мавриди ба Б. гумон доштан, фавран ба духтури чашм мурочиат кардан лозим аст. Агар муоличаи Б.-ро сари вакт сар кунанд, кудакон баъди 3 – 5 руз ва калонсолон баъди 8 – 12 руз шифо меёбанд. Хангоми Б. чашми иллатиро бастан чоиз нест, зеро ин барои афзоиши ангезанда шароити мусоид фарохам меорад. Барои пешгирии Б.-и навзодон бемории сузоки модарро табобат кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …