Главная / Биология / БЕШАИ ПАЛАНГОН – МАМНУЪГОХ

БЕШАИ ПАЛАНГОН – МАМНУЪГОХ

Мамнуъгохи «Бешаи палангон» нахустин мамнуъгохи Точикистон мебошад. Он 4 ноябри соли 1939 мувофики карори Комиссариати халкии зироати чумхури барон мухофизати сарватхои комплекси табиии бешазори сохили дарёхои Осиёи Миёна, аз чумла барои мухофизати хайвоноти камёб ва гузаронидани тадкикотхои илми ташкил карда шуда буд. Он вакт масохаташ 50 хазор га буд.

beshai-palangon

Ин мамнуъгох аз соли 1947 ба ихтиёри шуьбаи Точикистонии АИ собики иттиходи Шурави ва дертар ба ихтиёри Академияи илмхои Точикистон гузашт. Дар солхои Чанги Бузурги Ватани масохати ин мамнуъгох 7.8 хазор гектарро ташкил мекард. Соли 1951 майдони «Бешаи палангон» аз нав то 29 хазор га васеь карда шуд. Бо карори Шурои Вазирони Точикистон аз 9 майи соли 1959 масохати он то ба 41 хазор га васеъ гардида ба ихтиёри Кумитаи хочагии чангали назди Хукумати чумхури гузаронда шуд. Холо майдони ии мамнуъгох 52 хазор га буда, дар ихтиёри Вазорати хифзи табиати чумхурй мебошад.

Аз шахри Душанбе то маркази мамнуъгох 200 км аст. Баландии сатхи он аз сатхи бахр 323-325 м мебошад. Баъзе нуктахои он Кашкадум то 350 м. Хочакозиён то 1000-1200 м баланди доранд. Дар мамнуъгох аз бокимондахои мачрои кухнаи дарёи Вахш кулхо пайдо шудаанд, ки он чо набототи обии гуногун парвариш меёбад. Баъзеи ин кулхо 2 км ва аз ин хам зиёдтар дарози дошта, чукуриашон то 10 м мебошад, Дарххакикат тобистони ин чо хеле гарм буда, харорати хаво го 45-460 мерасад. Аз соати 14-00 то соати 18-00 харорати хаво бенихоят баланд шуда, чонварон ба лонахои худ ё ба зери буттахо пинхон мешаванд. Ин гармии зиёд дар кулу ботлок бухоршавии обро ба амал оварда. хаворо хеле намнок мекунад. Баъд руз ба шаби нисбатан салкин табдил ёфта. харорати хаво то 10-150 паст мешавад. Хамин тарик харорати миёнаи шабонарузй ба 350 мерасад.

Бешаи Палангон шеърон

Кулхои мамнуъгохи «Бешаи палангон» ба гайр аз загорамохи аз Намудхои дигари мохи чандон бой нестанд. Загорамохии ин чо то 8 кг вазн дорад. Лаккамохихо низ дучор мешаванд, ки он аз лаккамохии дарёи Вахш нисбатан хурданд. Дар кулхои ин чо як намояндаи ачоиби мохихо — гамбузия зиндаги карда, бештар зочаи пашшаи варачаро хурда нест мекунад. Ин мохи соли 1938 ба посноби Вахш cap дода шуда буд. Вай тез афзоиш ёфта, холо дар хамаи кулхои мамнуъгох васеъ пахн шудаасг. Лопатанос (белбини) ном мохи танхо дар дарёхои Аму ва Сир, дар хавзаи Миссисипии Америкаи Шимоли дучор мешавад.

Хазандагони мамнуъгох гуногунанд. Дар ин чо морхои айнакдор, афьи ва гурзадучор мешаванд, ки барои одам хавфноканд. Морхои айнакдор ва гурза дар тукайзор, морхои афъи бошад, дар чулу регзор зиндаги мекунанд. Дар худуди мамнуъгох аз хазандагони калон «тимсохи биёбон», яъне калтакалос вомехурад. Дарозии вай ба 1.2-1,5 м мерасад. Ин калтакалоси тимсохшакл одатан дар лонаи зеризаминии хайвоноти дигар зиндаги мекунад. Хуроки асосии вай муш, калламуш, хашарот, мор, каждуму карокурт мебошад.

МАКОН ДАР ХАРИТА

Дар олами хайвоноти мамнуъгох асосан паррандахо мавкеи мухимро ишгол мекунанд. Мурги дашти «товуси тиллой»-и ин

Мамнуьгох мебошал. Дар тукайзори мамнуъгох бештар аз 34 намудн ширхурон мавчуд буданд, вале холо 33 намуди ширхуронро дидан мумкин аст. Аз байни онхо паланги турониро номбар кардан мумкин аст, ки охирин изи ин палаш мохи марти соли 1953 кайд карда шуда буд.

Дар мамнуъгох гург, шагол, рубох, кафтор, чайра, гурбаи ёбои ва баъзе намудхои хайвоноти даррандаи мушохида мумкин аст. Холо дар ин мамнуъгох нутрия парвариш карда мешавад, ки вай бори аввал ба ин чо аз Озарбойчон оварда шуда буд. Дар биёбони мамнуъгохи «Бешаи палангон» оху, дар тукайзорхояш хукхои ёбои низ зиндаги мекунанд. Дар куххои Хочакозиён бошад, гусфандони ёбой — муфлонхо дучор мешаванд. Яке аз Намудхои гаронбахои ин мамнуъгох гавазни тукай, ё ки хонгул мебошад. вале саршумораш хеле кам аст. Ин мамнуъгох дар чумхури бо гуногунии нодири табиат чойи асосиро мегирад. Буттазорхои анбухи касногузари ин чо нишоне аз тукайзорхои дарёхои Осиёи Миёна ба хисоб мераванд, ки омухтани он ахамияти илмй дорад

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Хомиладорон читавр дандонхоро нигохубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк хар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи хомиладори …