Главная / Биология / БЕШАИ ПАЛАНГОН – МАМНӮЪГОҲ

БЕШАИ ПАЛАНГОН – МАМНӮЪГОҲ

Мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» нахустин мамнӯъгоҳи Тоҷикистон мебошад. Он 4 ноябри соли 1939 мувофиқи қарори Комиссариати халқии зироати ҷумҳурӣ барон муҳофизати сарватҳои комплекси табиии бешазори соҳили дарёҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла барои муҳофизати ҳайвоноти камёб ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ташкил карда шуда буд. Он вақт масоҳаташ 50 ҳазор га буд.

beshai-palangon

Ин мамнӯъгоҳ аз соли 1947 ба ихтиёри шӯьбаи Тоҷикистонии АИ собиқи иттиҳоди Шӯравӣ ва дертар ба ихтиёри Академияи илмҳои Тоҷикистон гузашт. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ масоҳати ин мамнӯъгоҳ 7.8 ҳазор гектарро ташкил мекард. Соли 1951 майдони «Бешаи палангон» аз нав то 29 ҳазор га васеь карда шуд. Бо қарори Шӯрои Вазирони Тоҷикистон аз 9 майи соли 1959 масоҳати он то ба 41 ҳазор га васеъ гардида ба ихтиёри Кумитаи хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гузаронда шуд. Ҳоло майдони ии мамнӯъгоҳ 52 ҳазор га буда, дар ихтиёри Вазорати ҳифзи табиати ҷумҳурй мебошад.

Аз шаҳри Душанбе то маркази мамнуъгоҳ 200 км аст. Баландии сатҳи он аз сатҳи баҳр 323-325 м мебошад. Баъзе нуқтаҳои он Қашкадум то 350 м. Хочакозиён то 1000-1200 м баландӣ доранд. Дар мамнӯъгоҳ аз боқимондаҳои маҷрои кӯҳнаи дарёи Вахш кӯлҳо пайдо шудаанд, ки он ҷо набототи обии гуногун парвариш меёбад. Баъзеи ин кӯлҳо 2 км ва аз ин ҳам зиёдтар дарозӣ дошта, чуқуриашон то 10 м мебошад, Дарҳхакиқат тобистони ин ҷо хеле гарм буда, ҳарорати ҳаво го 45-460 мерасад. Аз соати 14-00 то соати 18-00 ҳарорати ҳаво бениҳоят баланд шуда, ҷонварон ба лонаҳои худ ё ба зери буттаҳо пинҳон мешаванд. Ин гармии зиёд дар кӯлу ботлоқ бухоршавии обро ба амал оварда. ҳаворо хеле намнок мекунад. Баъд рӯз ба шаби нисбатан салқин табдил ёфта. ҳарорати ҳаво то 10-150 паст мешавад. Ҳамин тариқ ҳарорати миёнаи шабонарӯзй ба 350 мерасад.

Бешаи Палангон шеърон

Кӯлҳои мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» ба ғайр аз зағорамоҳӣ аз Намудҳои дигарӣ моҳӣ ҷандон бой нестанд. Зағорамоҳии ин чо то 8 кг вазн дорад. Лаққамоҳиҳо низ дучор мешаванд, ки он аз лаққамоҳии дарёи Вахш нисбатан хурданд. Дар кӯлҳои ин ҷо як намояндаи аҷоиби моҳиҳо — гамбузия зиндагӣ карда, бештар зочаи пашшаи вараҷаро хӯрда нест мекунад. Ин моҳӣ соли 1938 ба посноби Вахш cap дода шуда буд. Вай тез афзоиш ёфта, ҳоло дар ҳамаи кӯлҳои мамнӯъгоҳ васеъ паҳн шудаасг. Лопатанос (белбинӣ) ном моҳӣ танҳо дар дарёҳои Аму ва Сир, дар ҳавзаи Миссисипии Америкаи Шимолӣ дучор мешавад.

Хазандагони мамнӯъгоҳ гуногунанд. Дар ин ҷо морҳои айнакдор, афьӣ ва гурзадучор мешаванд, ки барои одам хавфноканд. Морҳои айнакдор ва гурза дар тӯқайзор, морхои афъӣ бошад, дар чӯлу регзор зиндагӣ мекунанд. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳ аз хазандагони калон «тимсоҳи биёбон», яъне калтакалос вомехӯрад. Дарозии вай ба 1.2-1,5 м мерасад. Ин калтакалоси тимсоҳшакл одатан дар лонаи зеризаминии ҳайвоноти дигар зиндагӣ мекунад. Хӯроки асосии вай муш, калламуш, ҳашарот, мор, каждуму карокурт мебошад.

МАКОН ДАР ХАРИТА

Дар олами ҳайвоноти мамнӯъгоҳ асосан паррандаҳо мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Мурғи даштӣ «товуси тиллой»-и ин

Мамнӯьгоҳ мебошал. Дар тӯқайзори мамнӯъгоҳ бештар аз 34 намудн ширхӯрон мавҷуд буданд, вале ҳоло 33 намуди ширхӯронро дидан мумкин аст. Аз байни онҳо паланги тӯрониро номбар кардан мумкин аст, ки охирин изи ин палаш моҳи марти соли 1953 қайд карда шуда буд.

Дар мамнӯъгох гург, шағол, рӯбоҳ, кафтор, ҷайра, гурбаи ёбоӣ ва баъзе намудҳои ҳайвоноти даррандаи мушоҳида мумкин аст. Ҳоло дар ин мамнӯъгоҳ нутрия парвариш карда мешавад, ки вай бори аввал ба ин ҷо аз Озарбойҷон оварда шуда буд. Дар биёбони мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» оҳу, дар тӯқайзорҳояш хукҳои ёбоӣ низ зиндагӣ мекунанд. Дар кӯҳҳои Хоҷакозиён бошад, гӯсфандони ёбой — муфлонҳо дучор мешаванд. Яке аз Намудҳои гаронбаҳои ин мамнӯъгоҳ гавазни тӯқай, ё ки хонгул мебошад. вале саршумораш хеле кам аст. Ин мамнӯъгоҳ дар ҷумхурӣ бо гуногунии нодири табиат ҷойи асосиро мегирад. Буттазорҳои анбӯҳи касногузари ин ҷо нишоне аз тӯкайзорҳои дарёҳои Осиёи Миёна ба ҳисоб мераванд, ки омӯхтани он аҳамияти илмй дорад

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …