Главная / Илм / БЕМОРИИ САНГИ ПЕШОБ

БЕМОРИИ САНГИ ПЕШОБ

sangi-peshobБЕМОРИИ САНГИ ПЕШОБ (Urolithiasis), уролитиаз, бемории санги гурда, бемориест, ки хангоми он дар узвхои пешоброн санг пайдо мешавад. Санги пешоб дар натичаи ихтилоли мубодилаи обу намак ва кори гадудхои усораи дохили (гадуди сипаршакл ва гадуди назди он, гипофиз), ки мубодилаи обу намакро танзим мекунанд, аз истеъмоли тулонии обу гизое, ки микдори намакхои минералиаш зиёд аст, аз манъи пешоб дар гурда, найчаи пешоброн ва шошадон бинобар баъзе касалихо ба вучуд меояд. Омилхои мазкур ба тахшин шудани намакхои таркиби пешоб мусоидат карда, аз онхо санги пешоб хосил мешавад. Мас., аз намакхои дар пешоб халшуда уратхо, оксалатхо, фосфатхо, карбонатхо ва г. ба вучуд меоянд. Сангхои хурд ба сангхои калон табдил меёбанд; сангхои калон шакли хавзаки гурдаро гирифта, марчонмонанд мешаванд.
Б., одатан, дар давраи аз 20 то 50-солаги пайдо мешавад. Санг бештар дар гурда хосил шуда, аз он ба пешоброха ва масона мегузарад; санги масона гох-гох ба вучуд меояд.
Зухуроти Б. ба чои кароргирии санг вобаста аст.Чунончи, дар аснои дар гурда чойгир шудани санг, миёни одам сим-сим дард мекунад. Хангоми кори чисмони ва хусусан такон хурдан, дард меафзояд. Беморон инро дарди миён пиндошта, ба духтур мурочиат намекунанд ва ба худмуолича машгул мешаванд. Санг дар хавзаки гурда муддати дароз мемонад ва тадричан хавзакро васеъ карда, боиси илтихоби бофтаи гурда мегардад. Санг рохи пешобро баста, хуручи дарди сахт (халаи гурда)-ро ба амал меорад. Дар ин холат беморро араки сард зер карда, дилбехузури ва кай ба вучуд меояд, шикам дамиш мекунад, харорати бадан баланд мешавад. Санг аз гурда ба пешоброха бо хуручи дарди сахт мефарояд; дар бемор хохиши зуд-зуд пешоб кардан ба вучуд меояд.
Дар мавриди хуручи халаи гурда хатман духтурро чег задан лозим. Худмуолича (обзани гарм, кабули дорухои бедардгардон) манъ аст, зеро хангоми баъзе амрози шадиди узвхои шикам низ чунин хуруч мушохида мешавад. Танхо духтур метавонад бемориро муайян карда, табобати мувофик таъин кунад.
Санги масона ангезиш ва газаки луобпардаи онро ба амал меорад (зуд-зуд ва бо дард пешоб рондан зухуроти газак аст). Дар аснои кори чисмони ё рохгарди санг луобпардаро захмдор карда, боиси хунрави ва хунолудии пешоб мешавад (гематурия). Дар сурати пешоброхаро бастани санг, бемор ба пахлу дароз кашида пешоб мекунад. Санги харду гурда ё пешоброха ихрочи пешобро метавонад пурра катъ намояд (анурия). Ин окибати хатарноки бемори аст, зеро дар натичаи нарафтани пешоб, махсули захрноки мубодилаи моддахо дар организм чамъ шуда, боиси инкишофи уремия мегардад. Дар ин хол бояд хатман ба духтур мурочиат кард.
Ба максади табобат сангро дур карда, сабабхоеро, ки боиси хосил шудани он ва газаки узвхои пешоб гардидаанд, бартараф месозанд. Тарзи табобат ба мавкеъ ва андозаи санг вобаста аст. Сангхои хурди гурда ва пешоброхаро бо ёрии дору, тадбирхои физиотерапевти ва фаровон истеъмол кардани моеъот (зери назорати духтур) меафтонанд. Санги кисми пеши пешоброхаро баъзан бо халкаи махсус мегиранд. Агар ин имконнопазир бошад, пас чаррохи мекунанд.
Гизои мураттаб яке аз мухимтарин омилхои табобат аст. Духтур вобаста ба хусусияти ихтилоли мубодила пархез таъин мекунад. Мас., дар мавриди хосил шудани уратхо истеъмоли гизои ширию растаниги тавсия шуда, истеъмоли гушти бирён, дампухт, дудхурда, панири тунду тез, чои талх, растанихои лубиёи, шалгамча, испанох, занчабил, хардал ва г манъ аст. Баръакс, дар аснои хосил гаштани фосфатхо гизои гушти тавсия шуда, истеъмоли махсулоти ширию растаниги манъ мебошад.
Газаки узвхои пешобронро катъи ва тулони муолича мекунанд. Дар пешгирии Б. сари вакт табобат кардани илтихоби узвхои пешоброн, (мас., пиелонефрит) ахамияти калон дорад.
Ад.: Кодири Т.Р., Санги гурда ва роххои пешоб, Д., 1975; Хамон муаллиф, Бемории санги бавл, Д., 1993; Хамон муаллиф, Метафилактикаи бемории санги пешоб, Д., 2008.

Т. Р. Кодири.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …