Главная / Илм / БЕМОРИХОИ ВИРУСи

БЕМОРИХОИ ВИРУСи

virusБЕМОРИХОИ ВИРУСи (Morbi virales), гурухи беморихое, ки вирусхо меангезанд. Ба Б. в. бештари беморихои сироятии одам мансубанд. Нагазк, табхол, сурхча, обакон, грипп, полиомиелит, энсефалитхо, трахома, зардпарвин, СПИД, ханозир, гепатити вируси, хори ва г. аз кабили Б. в.-и одам мебошанд. Хангоми ба чисми одам рох ёфтани вирус дар организм протсессхои мураккаб рух намуда, боиси бемории сироятии шадиду бардавом мегарданд. Механизми инкишоф ва зухуроти Б. в. ба табиати вирус, роххои ба организм ворид гаштан, хусусияти мухофизати табии ва мамониати организм (пуст, пардаи луоби, хучайра ва узвхои дохилии он) вобаста аст. Б. в. тавассути хаво, хурок, нушоки, газидани пашшаву кана ва г. хам сироят мекунанд. Омили мухими дифои табиии хучайра аз вирус интерферон аст, ки муковамати хучайраро нисбат ба таъсири он афзун мегардонад.
С-хои 50 – 60-уми а. 20 вирусхои парагрипп, зукоми сирояти, сироятхои аденовируси, бронхити шадид ва г. ошкор карда шуданд. Баъзе беморихои рохи нафасро вирусхои руда, ки айни замон ангезандаи сарсом ва ихтилоли меъдаю руда низ махсуб мешаванд, ба вучуд меоранд. Беморихои хори, оксил, энсефалити вогир, табларзаи хунрез ба одам аз чорво, орнитоз ва пситтакоз бошад, аз мургон мегузаранд. Давраи нихонии Б. в. аз 2 – 3 (мас., грипп) то 30 руз (мас., хори) ва бештар мебошад. Рохи асосии пешгири аз Б. в. ташхиси саривакти ва дар беморхона бистари кунонидани бемор аст. Б. в.-ро асосан бо подзахр ва давохои зидди илтихоб муолича мекунанд. Антибиотикхо ба вирус таъсир намерасонанд. Сирояти баъзе вирусхо ба синну сол ва суст шудани кобилияти худмухофизати организм (норасоии витамин, истеъмоли кортизон, таъсири шуои рентгени, захролуди, хунукхури ва г.) вобаста аст.

Х.Н. Почочонова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …