Главная / Илм / БЕМОРИХОИ РИМНОКИ ПуСТ

БЕМОРИХОИ РИМНОКИ ПуСТ

piodermiyaБЕМОРИХОИ РИМНОКИ ПуСТ (Pyodermia), пиодермия, беморихое, ки микробхои фасодовар – стафилококкхо ва стрептококкхо ба вучуд меоваранд. Микробхои фасодовар дар табиат хело бисёранд. Дар пусти одамони солим кариб доимо стафилококкхо ва стрептококкхоро пайдо кардан мумкин аст. Онхо кодиранд дар шароити муайян беморихои римнокро ба вучуд оваранд. Ба пайдоиши Б. ифлосии доими (агар одам дар чои серчанг, бо равганхои молидани, карасин, бензин ва г. кор кунад) ва буридану харошидани пуст, газидани хашарот, сармозани, аз хад зиёд гарм шудани организм, серараки, хастаги, норасоии витаимнхои А, С дар гизо, ихтилоли мубодилаи моддахо, хусусан карбогидратхо (мас., дар вакти диабети канд), беморихои музмин, риоя накардани коидахои тозаги ва г. мусоидат мекунанд.
Зухроти Б. гуногун аст: дар пуст гиреххои майдаи фасодноке, ки байнашон муй дорад (ниг. Фолликулит) ва ё гиреххои калони махрутшакли дардманд (ниг. Пучаксори) пайдо мешаванд; мумкин аст оиблахои римнок ба вучуд омада, карахш банданд (ба истилох рихинак, ки бештар кудакон гирифтор мешаванд). Б. баъзан дар шакли реши дершифои каъраш нохамвор ва римолуд чараён мегирад.
Иллати пуст мумкин аст махдуд бошад ва боиси тагйири вазъи умумии бемор нагардад. Хамчунин мумкин аст он густариш ёбад. Дар ин хол харорати бадан баланд гашта, гиреххои лимфавии наздики иллат калон мешаванд, таркиби хун тагйир меёбад. Дар холатхои вазнин сирояти умумии организм – уфунат сар мезанад. Б. хусусан барои кудакони ширмак хавфнок аст. Зеро пуст ва организми онхо ба сирояти стафилококк ва стрептококк нихоят хассос мебошад. Б. дар кудакон баъзан боиси оризахои вазнин – нефрит, пневмония, сарсом ва г. мегарданд.
Б. баъди чанд руз ё хафта шифо меёбанд. Баъзан онхо гох нест ва гохе аз нав пайдо шуда, моххо ва хатто солхо давом мекунанд. Чараёни музмину такрорёбандаи Б. асосан окибати заъфи неруи мухофизаи организм мебошад (сабаби он ихтилоли мубодилаи моддахо, фаъолияти гадудхои усораи дохили, суистеъмоли шароб аст).
Барои пешгирии бемори риояи коидахои бехдошти шахси, нигохубини дурусти пуст ва бартараф намудани серараки ахамияти калон дорад. Хангоми кор дар шароити чиркин бояд либоси махсус, дастак ва г. пушид. Хатто дар мавриди андаке харош хурдани пуст хам чои осебдидаро бо дорухои ранги анилини, кабуди метилени, махлули спиртии йод безарар мегардонанд, лейкопластир мегузоранд; чойхои хашаротгазида, кордбурида ва устухони мохи халидаро низ бо ин махлулхо безарар кардан лозим аст.
Агар чойи иллати сурх шуда, варам ва дард кунад, ба духтур мурочиат бояд кард. Барои пахн нашудани ангезандаи Б. ба атрофи чои осеб спирти кофур, махлули спиртии 1%-и кислотаи салитсилат ё арак (ба кудакон бо об омехта карда) мемоланд, бандинаи хушк мегузоранд. Хангоми пайдоиши фасод истифодаи гармбанди чоиз нест, чунки он ба пахн шудани газак мусоидат мекунад.
Ба ашхоси гирифтори Б. (хусусан ба кудакон) зуд-зуд гирифтани нохун ва хар руз ба бадан молидани махлули спиртии йод, ранги анилини ё кабуди метилени зарур аст. Сачок ва чойпуши беморро бо содда мечушонанд; хонаро рубучин ва хавояшро тоза мекунанд.
Дар сурати чараёни музмини Б. гизои тунду тез, шур ва шириниро кам истеъмол карда, аз хурдани консервхо худдори мекунанд. Бештар мева, сабзавот ва диг. махсулоти сервитамин истеъмол бояд кард. Мас., хангоми Б.-и музмин дар фасли зимистон ва бахор истеъмоли хамиртуруши пиво равост, чунки он дар таркибаш витаминхои В дорад. Пархезро факат духтур тавсия мекунад.
Барои пешгирии Б. таъсири омилхои зарарнокро дар корхонахои саноати ва кишоврази рафъ сохтан лозим аст. Обутоби организм, сайру гашт дар хавои тоза, ваннахои хавои ва офтоби, оббози, тагзияи хушсифат ахамияти калон доранд. Харорати бинохои истикомати бояд муътадил бошад, хонахо зуд-зуд шамол дода шаванд.
Ба тамоси одамони калонсоли гирифтори Б. бо бачагон (хусусан кудакони ширмак) рох набояд дод. Барои пешгирии Б.-и тифлони навзод нигохубини дурусти пуст, хамеша тоза будани кудакон ва аз гармича эхтиёт кардани онхо зарур аст. Кудаки гирифтори Б.-ро аз кудакони солим чудо карда, ба у сачоку чойпуши алохида медиханд. Хангоми зухури аломатхои аввалини Б. дар кудак ба духтури бачагон ё духтури амрози пуст мурочиат кардан лозим.
Ад.: Зоиров П.Т., Беморихои пуст, Д., 1999; Хамон муаллиф, Болезни кожи, Д., 2002; Хамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

П.Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …