Главная / Илм / БЕМОРИҲОИ РИМНОКИ ПӯСТ

БЕМОРИҲОИ РИМНОКИ ПӯСТ

piodermiyaБЕМОРИҲОИ РИМНОКИ ПӯСТ (Pyodermia), пиодермия, бемориҳое, ки микробҳои фасодовар – стафилококкҳо ва стрептококкҳо ба вуҷуд меоваранд. Микробҳои фасодовар дар табиат хело бисёранд. Дар пӯсти одамони солим қариб доимо стафилококкҳо ва стрептококкҳоро пайдо кардан мумкин аст. Онҳо қодиранд дар шароити муайян бемориҳои римнокро ба вуҷуд оваранд. Ба пайдоиши Б. ифлосии доимӣ (агар одам дар ҷои серчанг, бо равғанҳои молиданӣ, карасин, бензин ва ғ. кор кунад) ва буридану харошидани пӯст, газидани ҳашарот, сармозанӣ, аз ҳад зиёд гарм шудани организм, серарақӣ, хастагӣ, норасоии витаимнҳои А, С дар ғизо, ихтилоли мубодилаи моддаҳо, хусусан карбогидратҳо (мас., дар вақти диабети қанд), бемориҳои музмин, риоя накардани қоидаҳои тозагӣ ва ғ. мусоидат мекунанд.
Зуҳроти Б. гуногун аст: дар пӯст гиреҳҳои майдаи фасодноке, ки байнашон мӯй дорад (ниг. Фолликулит) ва ё гиреҳҳои калони махрутшакли дардманд (ниг. Пучаксорӣ) пайдо мешаванд; мумкин аст оиблаҳои римнок ба вуҷуд омада, карахш банданд (ба истилоҳ рихинак, ки бештар кӯдакон гирифтор мешаванд). Б. баъзан дар шакли реши дершифои қаъраш ноҳамвор ва римолуд ҷараён мегирад.
Иллати пӯст мумкин аст маҳдуд бошад ва боиси тағйири вазъи умумии бемор нагардад. Ҳамчунин мумкин аст он густариш ёбад. Дар ин ҳол ҳарорати бадан баланд гашта, гиреҳҳои лимфавии наздики иллат калон мешаванд, таркиби хун тағйир меёбад. Дар ҳолатҳои вазнин сирояти умумии организм – уфунат сар мезанад. Б. хусусан барои кӯдакони ширмак хавфнок аст. Зеро пӯст ва организми онҳо ба сирояти стафилококк ва стрептококк ниҳоят ҳассос мебошад. Б. дар кӯдакон баъзан боиси оризаҳои вазнин – нефрит, пневмония, сарсом ва ғ. мегарданд.
Б. баъди чанд рӯз ё ҳафта шифо меёбанд. Баъзан онҳо гоҳ нест ва гоҳе аз нав пайдо шуда, моҳҳо ва ҳатто солҳо давом мекунанд. Ҷараёни музмину такрорёбандаи Б. асосан оқибати заъфи неруи муҳофизаи организм мебошад (сабаби он ихтилоли мубодилаи моддаҳо, фаъолияти ғадудҳои усораи дохилӣ, суистеъмоли шароб аст).
Барои пешгирии беморӣ риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, нигоҳубини дурусти пӯст ва бартараф намудани серарақӣ аҳамияти калон дорад. Ҳангоми кор дар шароити чиркин бояд либоси махсус, дастак ва ғ. пӯшид. Ҳатто дар мавриди андаке харош хӯрдани пӯст ҳам ҷои осебдидаро бо доруҳои ранги анилинӣ, кабуди метиленӣ, маҳлули спиртии йод безарар мегардонанд, лейкопластир мегузоранд; ҷойҳои ҳашаротгазида, кордбурида ва устухони моҳӣ халидаро низ бо ин маҳлулҳо безарар кардан лозим аст.
Агар ҷойи иллатӣ сурх шуда, варам ва дард кунад, ба духтур муроҷиат бояд кард. Барои паҳн нашудани ангезандаи Б. ба атрофи ҷои осеб спирти кофур, маҳлули спиртии 1%-и кислотаи салитсилат ё арақ (ба кӯдакон бо об омехта карда) мемоланд, бандинаи хушк мегузоранд. Ҳангоми пайдоиши фасод истифодаи гармбандӣ ҷоиз нест, чунки он ба паҳн шудани газак мусоидат мекунад.
Ба ашхоси гирифтори Б. (хусусан ба кӯдакон) зуд-зуд гирифтани нохун ва ҳар рӯз ба бадан молидани маҳлули спиртии йод, ранги анилинӣ ё кабуди метиленӣ зарур аст. Сачоқ ва ҷойпӯши беморро бо содда меҷӯшонанд; хонаро рӯбучин ва ҳавояшро тоза мекунанд.
Дар сурати ҷараёни музмини Б. ғизои тунду тез, шӯр ва шириниро кам истеъмол карда, аз хӯрдани консервҳо худдорӣ мекунанд. Бештар мева, сабзавот ва диг. маҳсулоти сервитамин истеъмол бояд кард. Мас., ҳангоми Б.-и музмин дар фасли зимистон ва баҳор истеъмоли хамиртуруши пиво равост, чунки он дар таркибаш витаминҳои В дорад. Парҳезро фақат духтур тавсия мекунад.
Барои пешгирии Б. таъсири омилҳои зарарнокро дар корхонаҳои саноатӣ ва кишовразӣ рафъ сохтан лозим аст. Обутоби организм, сайру гашт дар ҳавои тоза, ваннаҳои ҳавоӣ ва офтобӣ, оббозӣ, тағзияи хушсифат аҳамияти калон доранд. Ҳарорати биноҳои истиқоматӣ бояд мӯътадил бошад, хонаҳо зуд-зуд шамол дода шаванд.
Ба тамоси одамони калонсоли гирифтори Б. бо бачагон (хусусан кудакони ширмак) роҳ набояд дод. Барои пешгирии Б.-и тифлони навзод нигоҳубини дурусти пӯст, ҳамеша тоза будани кӯдакон ва аз гармича эҳтиёт кардани онҳо зарур аст. Кӯдаки гирифтори Б.-ро аз кӯдакони солим ҷудо карда, ба ӯ сачоқу ҷойпӯши алоҳида медиҳанд. Ҳангоми зуҳури аломатҳои аввалини Б. дар кӯдак ба духтури бачагон ё духтури амрози пӯст муроҷиат кардан лозим.
Ад.: Зоиров П.Т., Бемориҳои пӯст, Д., 1999; Ҳамон муаллиф, Болезни кожи, Д., 2002; Ҳамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

П.Т. Зоиров.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …