Главная / Илм / БАРОТЕРАПИЯ

БАРОТЕРАПИЯ

baroterapiyaБАРОТЕРАПИЯ (Barotherapia; аз юн. baros – вазнини, гарони ва терапия), бо максади муолича истифода бурдани фишори баланд ё пасти атмосфера. Барои Б. тачхизоти махсус – барокамерахои хавоногузар истифода мегарданд. Онхо тавассути насос хаво, оксиген ва г.-ро ба дарун мекашанд ё берун мебароранд. Барокамерахо хачму андозаи гуногун дошта, барои фишори баланд ё паст пешбини шудаанд.
Бо максади Б.-и умуми ба барокамера як ё чанд нафар беморро чойгир карда, дар он фишори паст ё баланди оксиген, хаво ё диг. омехтаи гази оксигендорро ба вучуд меоранд. Б.-и умуми бо фишори баланди хаво асосан барои муоличаи иллати кессонии гаввосон истифода мешавад. Б.-и умуми бо фишори пасти хаво барои муоличаи сулфакабутак, зики нафас ва диг. амрозе, ки бо душвории нафаскаши вобастаанд, тавсия шудааст.
Барои табобати бемории гипертония (дар ибтидои касали), камхунии дил ва баъзе беморихои аъзои хозима Б.-и умумиро дар биатрон (иншооти махсусе, ки дар он фишори атмосфери, харорат, рутубати хаво, микдори оксиген ба таври автомати танзим мешавад) мегузаронанд. Беморонро дар биатрон ба муддати дароз (то 14 – 20 руз) чойгир мекунанд. Ба онхо равон кардани хурок ва робита бо мухит тавассути шлюз ва дастгохи гуфтугу амали мегардад.
Яке аз шаклхои Б.-и умуми оксигеншифои зери таъсири фишори баланд аст. Дар мавриди баъзе беморихо хангоми фишори мукаррарии атмосфера оксигенро нафас гирифтани мариз норасоии онро дар организм бартараф намесозад. Зеро тахти фишори атмосфери оксиген дар плазмаи хун нагз хал намешавад ва гемоглобин (нокили оксиген) аз ухдаи пайвастани он чандон намебарояд.
Дар аснои баланд будани фишори оксиген (2 – 3 атм) таъсири чузъии он дар шуш меафзояд. Дар натича мувофики конуни Генри оксиген дар плазмаи хун нагз хал шуда, бофтахои организмро пурра таъмин мекунад. Чунин усули Б.-и умуми «оксигеннокшавии гипербари» ном гирифтааст. С. 1975 дар Москва дар Маркази илмии чаррохи тахти рохбарии акад. Б.В. Петровский мачмаи барокамерахои тибби ба истифода дода шуданд, ки дар асоси онхо Маркази оксигеннокшавии гипербари ташкил ёфт. Дар марказ се блоки барокамерахо (чаррохи, муоилчави ва тадкикоти) амал мекунанд.
Дар блоки чаррохи зери фишори 2 – 3 атм чаррохихои хеле хатарнок (мас., чаррохии нукси модарзод ва гайримодарзоди дил), хамчунин сабук (хангоми бемории вазнини одамони камкуввати солхурда) – ро мегузаронанд, ба занхои хомила, ки гирифтори нукси диланд, ёри мерасонанд. Дар блоки муоличавии барокамера беморони гирифтори иллатхои гуногуни музмин – эндартериити мусаддид, камхунии дил, захми меъда ва рудаи дувоздахангушта, камхунии шабакаи чашм ва г. зеро фишори баланди оксиген табобат меёбанд. Дар камераи тадкикоти муолича ва реаниматсияи ашхосе, ки ба бемории дилу рагхо, иллати нафаскаши, норасоии оксиген дар майна ва г. гирифторанд, гузаронида мешавад. Барои табобати суддаи хавои, ки баъзан хангоми чаррохи дар майна пайдо мешавад, истифода бурдани фишори баланд (6 – 7 атм) натичаи дилхох медихад.
Самараи оксигеннокшавии гипербари дар мавриди табобати сирояти анаэроби низ назаррас аст. Зеро аз оксиген пурра таъмин шудани бофтахо ба ангезахои сирояти анаэроби (мас., гангрена) таъсири халокатбор мерасонад (онхо дар шароити бе оксиген меафзоянд). Чунин тарзи муолича имкон медихад, ки фавт аз сирояти анаэроби кам гашта, дар баъзе мавридхо дасту пои иллатёфта бурида нашаванд.
Лозим ё нолозим будани Б.-ро факат духтур муайян мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …