Главная / Чамъият / Азназаргузаронии воситаи наклиёт

Азназаргузаронии воситаи наклиёт

Моддаи 68-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Азназаргузаронии воситаи наклиёт 

  1. Азназаргузаронии хама гуна воситахои наклиёт (аз чумла киштихои хурдхачми оби), яъне муоинаи воситаи наклиёт, ки бе вайронкунии яклухтии сохти он сурат мегирад, бо максади дарёфт кардани олоти содиркуни ё ашёи хукуквайронкунии маъмури анчом дода мешавад.
  2. Азназаргузаронии воситаи наклиёт аз чониби шахсони мансабдори ваколатдори дар Кодекси мазкур зикргардида дар хузури ду нафар шахсони холис амали карда мешавад.
  3. Азназаргузаронии воситаи наклиёт дар хузури шахсе сурат мегирад, ки у сохиби наклиёт аст. Дар холатхои таъхирнопазир азназаргузаронии воситаи наклиёт, мумкин аст, дар гоибии сохиби он, вале бо иштироки шахсони холис анчом дода шавад.
  4. Ба протоколи азназаргузаронии воситаи наклиёт шахси мансабдори онро тартибдода ва шахсе, ки нисбати у пешбурди  парвандаи хукуквайронкунии маъмури сурат мегирад ё шахсе, ки сохиби воситаи наклиёт мебошад, инчунин шахсони холис имзо мегузоранд. Дар холати аз имзои протокол саркаши кардани шахсе, ки нисбати у пешбурди  парвандаи хукуквайронкунии маъмури сурат мегирад ё шахсе, ки сохиби воситаи наклиёти аз назар гузаронидашаванда мебошад, дар ин бора дар протокол сабти дахлдор карда мешавад. Нусхаи протоколи азназаргузаронии воситаи наклиёт ба сохиби воситаи наклиёт ва ё шахси идоракунандаи наклиёт бо гирифтани дастхат супорида мешавад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Cortes_de_cadiz-1

Харакати милли дар Испания дар огози асри XX

Аз даст додани мустамликахои америкои зарбае буд бар буржуазияи Каталония ва Басконияи Испания. Дар баробари …