Главная / Чамъият / Авф намудани Xудованд гунохони шахсонеро, ки олимонро дар дунё дуст медоштанд

Авф намудани Xудованд гунохони шахсонеро, ки олимонро дар дунё дуст медоштанд

Авф намудани Xудованд гунохони шахсонеро, ки олимонро дар дунё дуст медоштанд

Дар хабар аст, хар вакте ки Худои таъоло хисоб кунад бо банда, чун голиб шавад бадихои вай бар некихои вай, пас амр кунад вайро Худои таъоло ба суи оташ. Чун баранд уро ба суи оташ, Худои таъоло Чабраил (а)-ро фармояд, ки бандаи маро савол кун. Оё ягон бор дар дунё бо олимон нишастааст, то ки уро ба шафоати он олимон биёмурзам?

Чун савол кунад уро Чабраил (а), гуяд: – Не.

Пас Чабраил гуяд: – Эй Парвардигори ман, ту донои ба холи бандаи худ.

Пас Худои таъоло Чабраил (а)-ро гуяд: – Савол кун уро, оё олимонро дуст дошти?

Пас савол кунад Чабраил аз банда, гуяд: – Не.

Фармояд Худои таъоло: – Савол кун уро, оё ягон бор нишасти бар таъом хурдан бо хамрохии  олимон дар дунё?

Пас савол кунад Чабраил (а), гуяд – Не.

Фармояд Худои таъоло: – Савол кун уро, ки оё зиндагони карди дар чое, ки дар он зиндагони карда бошад олиме?

Пас савол кунад уро, гуяд: – Не.

Пас фармояд Худои таъоло: – Савол кун, оё ягон писари худро номи ягон олиме гузоштаи?

Гуяд: – Не.

Фармояд Худои таъоло Чабраил (а)-ро, ки савол кун уро.

ё дуст дошти шахсеро, ки у дуст медошт олимонро?

Савол кунад уро ва у гуяд: – Ope.

Фармояд Худои таъоло Чабраил (а)-ро: – Бигир дасти уро, дохил кун уро дар чаннат, зеро ки ин шахс дар дунё дуст  медошт шахсеро, ки у дуст медошт олимонро.

Дар хабар омадааст, ки харойина барангезад Худои таъоло рузи киёмат масчидхои дунёро, мушобех ба сурати шутурони  сафед, ки пойхои онхо аз анбар бошад. Ва гарданхои онхо аз заъфарон бошад ва сархояшон аз мушк бошанд. Ва пуштхояшон аз забарчади сабз бошанд. Савор шаванд бар онхо намозхонони бо чамоат ва муаззинон мекашанд онхоро ба  лачомхо ва имомони масчид меронанд онхоро.

Пас бигузаранд дар арасоти киёмат.  Гуфта шавад, ки ин чамоат аз фариштагони мукаррабанд. Ё аз пайгамбарони мурсаланд. Пас овоз кунад овозкунандае, ки, эй ахли киёмат, онхо на аз фариштагони мукаррабанд, на аз пайгамбарони мурсал, балки инхо аз уммати Мухаммади Мустафо (с) хастанд. Ононе, ки мухофизат кардаанд панч вакт намозро бо чамоат.

Худовандо, окибати кори хамаи муъминонро ба хайр гардони, омин.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

msfo

Стандарти байналмилалии хисоботи молияви СБХМ

ЧСК «Содиротбонк» дар чавоб ба мактуби Бонки миллии Точикистон тахти раками 02.3-24761/14566 аз 19-уми октябри …