Главная / Маданият ва санъат / Асархои насрии Мирзо Абдулкодири Бедил

Асархои насрии Мирзо Абдулкодири Бедил

Мирзо Абдулкодири Бедил шоир, файласуф, мутафаккир ва инчунин нависандаи забардаст низ хаст. Асархои насрии Бедил макому пояи уро дар рушду тахаввулоти насри адабии ахди таназзули феодализм нишон медихад. Осори насрии Мирзо Абдулкодири Бедил низ дар мавзуъхои мухталиф эчод гардидаанд ва онхо низ дар дохили «Куллиёт»-и у омадаанд:

  1. «Дебоча». Бедил бо чунин унвон бар мукаддимаи девони ашъори худ ба наср навиштааст. Мухим он аст, ки дар ин асар аз порахои шеъри низ хеле устодонаву огохона истифода кардааст. Адиби мутафаккир пас аз хамду наът, мохияти каломи бадеъ, равобити шаклу мазмуни бадеи, машаккат ва назокати чараёни эчоди бадеъ ва умуман кори эчоди, хусусиятхои эчодиёти хеш, хусусан осори манзум ва коргири аз мавзуъхои мадхи, хачви ва гайра бахсхои судманд ба миён меорад.
  2. «Нукот». Ин асари Бедил насри буда, дар он аз зикри порахои гуногуни шеъри хеле фаровон кор гирифта шудааст. Дар ин асар Бедил акоиди фалсафи, тасаввуфи-ирфони, ичтимои, тарбияви-ахлоки, чомеашиносии худро баён намудааст. У барои тахким бахшидан ба андешахову акидахои гуногуни худ дар ин асар аз порахои шеъри хеле устодона кор гирифтааст.

Назм хатто нисбат ба наср дар ин асар нуфуз дорад. Аз чумла дар асар бештар жанрхои рубои, мусаммати мухаммас, китъа, газал, фард ё муфрадот истифода шудаанд. Чунончи: «Нукта – Мачоз, яъне олами эътиборро нихоле тасаввур намудан аст, ки тухми он чуз хакикат нест, дар мартабаи нихол аз тухм асло нишон натавон ёфт ва хамчунон аз шоху барг хеч натавон шикофт.

Рубои:

Ай он ки гахе хилвату гах анчумани,

Пайваста ба вахми гайр оташ фикани.

Найранги дуи боз надорад ин чо,

Ман бо ту туам, чунон ки бо ман ту мани.

Асари мазкур барои муайян намудани акидахову чахонбинии Бедил, барои таъин намудани мавкеъ ва пояи адиб дар тахаввули насри бадеии асримиёнагии точик арчманд аст.

  1. «Рукаот». Рукаот ё номанигори яке аз жанрхои машхури адабиёти асримиёнагии форс-точик аст, ки дар ду шакл – назму наср дучор мешавад. Санъати номанигори махсусан дар «Шохнома»-и Фирдавси нихоят устодона ва дар гояти фасохату малохат ба мушохида мерасад. Аз асри XI сар карда намунахои мансуру мустакили он зухур мекунад. Шояд асосгузори он Хаким Саноии Газнави бошад. Маълум аст, ки дар ин жанри адаби хусусиятхои насри адаби, таърихи, фалсафи, ёддошти дар шакли омехта низ меояд.

«Рукаот»-и Бедил асари насри буда, дар он порахои шеъри низ истифода шудааст. Яъне мачмуи номахоест, ки Бедили Дехлави онхоро дар вактхои гуногун, бо шахсони алохида навиштааст. Касоне, ки Бедил ба онхо нома навиштааст, онхо дустону мукаррабон, хамфикрону хамакидахояш, умуман шахсиятхои боэхтироми даврони эчодкоранд. Мактубхо бештар чавоби буда, чавоби номаи нафаре аз хамфикрону наздикони Бедил аст. Мактубхо аз ин ру, арзиши адаби-шархихоли дошта, равобити адаби – эчоди, муносибати шахсиятхо, симохои илми, адаби, фархангии замони мутафаккирро баён менамояд. Дар номахо бисёр лахзахои рузгори Бедил, муносибату гуфтор, рафтору равобити у бо муосирон инъикос ёфтааст.

  1. «Чор унсур». Асари калонтарини насрии Бедили Дехлави буда, соли 1705 ба табъ расидааст. Ин асар насри бошад хам, бо порахои шеъри акоиду андешахои муаллиф тахкиму таквият дода мешавад. «Чор унсур» дорои чор боб буда, асосан масъалахои фалсафи, чахор унсури офариниш: об, хок, бод, оташ, доир ба рухи мутлак, рухи табиию наботи, хаёвонию инсони бахс ба миён овардааст. Дар асар фалсафаи офариниш, хаёту мамот, камолёбию заволпазири, фано ва бако хеле ба тафсил баён карда шудааст.

Гузашта аз ин, асар саршор аз хаводису вокеоти таърихи – лашкаркашихои Шохшучоъ, задухурду кашмакашихои сиёси, нооромихои даврро фаро мегирад. «Чор унсур» чанбахои гуногуни холномаи Бедил, мукаррабону дустон, хешовандону пайвандон, хамсухбатону устодони мутафаккирро низ дар бар мегирад. Дар асар баъзе аз доирахои адабии замон, бурду бохти сухангустарони аср, муносибати Бедил бо баъзе аз шоирони муосири худ низ инъикос ёфтааст. «Чор унсур» боз аз он чихат мухим аст, ки дар он оид ба овони хурдсолии шоир, давраи мактабхони, тахсили мадраса ва то ба охир идома наёфтани тахсили Бедил дар ин таълимкада, хонадоршавии ин симои эчоди ва ба сипохгари ру овардани у ба тасвир омадааст.

Умуман «Чор унсур»-и Мирзо Абдулкодири Бедил барои бахо додан ба адабиёти асри XVII, ба хусус насри бадеи, барои адибони чудогона ва муайян намудани хунари эчодии онхо, бахри киёсу тарчехи пояи суханварии суханварон, оид ба сафархои Бедил ва дар мачмуъ, афкори адабию шеваи эчодиаш маълумоти арзишманди илми, адаби ба даст даровардан мумкин аст.

Таркиби девони Бедили Дехлави

АбулмаонИ Мирзо Абдулкодири Бедил асосан дар хамаи навъхои адаби эчод кардааст. У махсусан дар кадом навъи адабие, ки эчод карда бошад, хатман тозакору навовар эътироф шудааст.

Девони у дар дохили «Куллиёт»-аш чойгир буда, 37500 байтро дар бар мегирад. Девони Бедил аз нигохи навъхои адабИ низ нисбатан богановат буда, аз газалиёт, рубоиёт, касоид, китъаот, таркибот ва тарчеот, ташбехот ва тамсилот иборат мебошад. Навъхои адабии мазкур дар даврахои гуногун эчод карда шудаанд.

Тахлили газалиёти Бедили Дехлави

Аз нигохи мавзуъ, мазмуну мухтаво низ девони шоир хеле чолиб буда, асосан ишк (хам ишки ирфони – тасаввуфи ва хам ишки замини – байни инсонхо), масъалахои фалсафИ – хакимона, хаётИ – ичтимоИ, тарбиявИ – ахлоки, васфи табиату манзаранигори, тавсифи хисоли хамидаи инсони ва мазаммати кирдорхои разила, химояи адолату хакикат, танкиди золимон, васфи хирад, илму дониш, маърифату акл, хоксориву фурутанИ ва гайраро дар бар мегирад.

Чунон ки каблан ёдовар шудем, дар девони Бедили ДехлавИ пеш аз хама, газал мавкеъ дорад. Ба кавли худи у, газалсаро бехтарину тавонотарин эчодкор аст:

Бедил, гухари назм касерост, ки имруз,

Дар бахри газал завраки андеша давонад.

Албатта, мавзуи марказии газал ишк ва чозибахои калбии инсон, хиссиёту хаячонхои рухИ, эхсосоти ниходию сиярИ, галаёнхои ботинИ ва гайра мебошад. Аз ин ру, ишки тасаввуфИ – ирфонИ дар газалиёти Бедил макоми махсус дорад. Ин ишки чуё буда, асли хешро мечуяд ва аз ин ру, он маънавиётсоз, тафакурсоз ва давронсоз аст. Аз тарафи дигар, ин ишк инсони комилро ба воя мерасонад, зеро ногузиран ин инсон мархалахои камолотро мепаймояд. Он ворахидан аз олами нафсонИ ва пайвастан ба олами рухонист.

Барои намуна чанд газалеро аз девони шоир хохем санчид, ки дар онхо офаридани мазмун, интихоби мавзуъ, коргирИ аз хунари эчод, истифодаи радифу кофия, хусусиятхои вазнИ ва гайра то кадомин поя сомон дода шудааст.

Чунончи, газали «Чохил аз чамъи кутуб сохиби маънИ нашавад»-ро аз назар хохем гузаронид:

Айш донад дили саргашта парешониро,

Нохудо бод бувад киштии туфониро.

Ашк дар гамкадаи дида надорад киммат,

Аз буни чох барор ин махи канъониро,

Ишк набвад ба иморатгарии акл шарик,

Сел аз каф надихад санъати вайрониро.

Аз хату зулфи бутон тоза далел аст, ки хусн

Карда чатри бадан асбоби парешониро.

Бор ёби чу ба хоки дари сохибназарон,

Чини домони адаб кун хати пешониро.

Резиши ашки надомат зи сияхкорихост,

Лозим аст абри сиях катраи нансониро.

Зери гардун натавон ганри касофат андухт,

Нохуну му-ст расо мардуми зиндониро.

Лофи озодаги аз ахли фано нозебост,

Домани чида чи лозим тани урёниро?

Ч,охил аз чамъи кутуб сохиби маъни нашавад,

Нисбате нест ба шероза сухандониро.

Нафаси сухта бояд ба тапиш равшан кард,

Нест шамъи дигар ин анчумани фониро.

Натавон ёфт аз он чилваи беранг сурог,

Магар оина куни дидаи курбониро.

Бозгаште набувад пои талабро, Бедил,

Сели мо нашнавад афсуни пушанмониро.

Газали мазкур мукаффо буда, калимахои парешони, туфони, канъони, вайрони, пешони, найсони, зиндаги, урёни, сухандони, фони, курбони ва пушаймони хамкофия шудаанд, ки беистисно бо пасоянди ро омадаанд. Харфи рави дар калимахои кофия «н» буда, танхо дар вожаи «пешони» риоя нашудааст. Хуруфи решаи кофия дар калимахои кофияшаванда «- ониро» буда, «о»-ридфи муфрад, «и»-васл, «р»-хуруч ва «о» мазид аст. Яъне як унсур (ридф) то харфи рави – «н» ва се унсур (васл, хуруч, мазид) баъди рави омадаанд. Аз ин ру, кофияи мазкур мутлак аст.

Газал дар бахри Рамали мусаммани махбуни аслам эчод шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:

– V – – / V V – – / V V –         – /    –    –

Яъне: фоъилотун, фаъилотун, фаъилотун, фаълун.

Аз нигохи мавзуъ, мазмуну мухтаво газали боло ишки-ичтимои буда, оханги хеле кавии андарзи дорад. Дили саргашта – калби ошик, нохудо – маллох, бод аст. Парешонии дил – айши он, бод – маллох ходии рохи мурод мебошад. Ашк – Юсуф, чашм-чох ва гиристан – зохиршавии Юсуф буда, ишк – сел; хату зулф – чузъи хусн, ки боиси парешонии ошиканд, хеле хунармандона корбаст шудаанд. Дар ин абёт холати ошик мавриди тасвир карор дорад.

Аз байти 5-ум чанбаи ирфони кувват мегирад, ки хангоми мушарраф гардидан ба сухбати сохибназарон – пирон, муршидон бояд солик сахт одоби шогирдиро риоя бикунад. Агар заррае риоя нашавад, ашки пушаймони рехтан фоида надорад. Тибки назарияи суфихо чахони модди – зиндон, тан хам барои чон зиндон аст. Аз ин ру, дунёдусти ва танпарвари норавост. Хадаф аз чамъи кутуб фаъолияти амали накардани ориф аст. Хадаф аз чилваи баранг курб аст, ки он на ба воситаи дидаи зохир, балки ба воситаи дидаи ботин муяссар мегардад.

Ибораи изофии «пои талаб» – хадафи нихои, зеро он бебозгашт буда, пазирандаи афсуни пушаймони нест. Яъне дар рохи расидан ба хадафи нихои пушаймони чой нахохад дошт. Ориф хеч гох пушаймон нахохад шуд.

Газали дигари шоири мутаффаккир, ки бо матлаи зерин шуруъ мешавад, хеле чолибу хунармандона ва маргуб руи кор омадааст;

Маоли[1] кор нуксонхост хар сохибкамолиро,

Агар мохат кунанд, аз даст нагзори хилолиро.

метавон онро ба пурраги зикр намуд, ки то як андоза шарху тахлили он аз ахамият холи нест:

Рамиданхо зи авзои чахон тарзи дигар дорад,

Ба вахат пеш бояд бурд аз ин сахро гизолиро.

Ба накши неку бад равшандилонро дасти рад набвад,

Кафи оина мечинад гули беинфиъолиро.

Бисоти гуфтугу тай кун, ки дар анчоми кор охир,

Ба хукми хомуши печидан аст ин фарши колиро.

Вуболи ранчи пири барнатобад сохиби чавхар,

Чанор оташ занад ночор далки кухнасолиро.

Дар ин води, ки хок аст эътибори чахлу донишхо,

Губоре бар хаво дон касри фиратхои олиро.

Ба вахдатхонаи дил гайри дил чизе намегунчад,

Бар ин оина чуз тухмат мадон накши мисолиро.

Агар хунсардии дил обёри мазраъат бошад,

Чу тухми обила нашъунамо кун поймолиро.

Ба чанги агниё домони факр осон намеафтад,

Ба чини хок гардад, то шавад кобил сафолиро.

Чи имкон аст, Бедил, мунъим аз гафлат бурун ояд,

Хучуми хоби харгуш аст яксар шери колиро.

Газали мазкур мураддаф нест, мукаффост. Калимахои сахибкамолиро, хилолиро, гизолиро, беинфиъолиро, колиро, кухнасолиро, олиро, мисолиро, поймолиро, сафолиро хамкофия шудаанд. Решаи кофия «олиро» буда, харфи решагии калимаи кофия ё худ рави «л» мебошад. Яъне; «о» ридфи мудрад ва «и»-васл, «р»- хуруч, «о»-мазид буда, пас аз рави се унсур ва пеш аз рави якто омадааст. Шакли кофия мутлак мебошад. Бояд гуфт, ки дар газали мазкур кофия ба чуз талаботи жанри, инчунин вазифаи хушоханги, равони ва бештар аз он бори маънибофи, мазмунофарини низ мекашад.

Аз нигохи истифодаи вазни ин газал хеле чолибу чаззоб аст. Он дар бахри Хазачи мусаммани солим иншо гардида, дорои афоъили зерин мебошад:

V – – – / V – – – / V – –            – / V –     –

яъне, мафоъилун, мафоъилун, мафоъилун, мафоъилун.

Газал аз нигохи мазмуну мухтаво комилан мазмуни ичтимои дошта, тачрибаи хаёт, хикмати зиндаги, андарзи рузгор бунёди тематикии онро фарохам овардааст. Фалсафаи инкишофи оламу одам ва тачрибахои хасилкардаи инсон асоси онро ташкил намуда, аз огоз то анчом давом мекунад. Яъне махлук пас аз хадди камол дучори нуксон аст. Пас гизолиро низ гохе метавон касб кард, ки максад сифат аст, яъне рамандаги аз миёни мардум ва тарки дунёву афзал донистани укбо баён шудаасат.

Равшандилон истиора буда, киноя аз орифону суфиён аст, ки ба неку бад яксонанд ва ин сифати онхо монанд ба кирдори ойина аст, ки зишту накуро яксон инъикос менамояд. Води ё худ ин води-дунёи модди, хок- камарзиши ва фитрати оли-шахсиятхои сохибмаърифат буда, хадафи Бедил бевафоии олам ва Хакшиносии инсон мебошад. Дил-каъбаи сират ва вахдатхона-хона барои як нафар – Худо, яъне хонаи Худо аст. Аз ин ру, ба чуз худи дил дар у (дар дидаи зохир) чизи дигаре нест.

Мунъим – сармоядор, касе ки умре чуз гановати модди – танпарвари чизи дигареро намедонад ва инро Бедил ба ду чиз шабех донистааст: яке хоби харгуш, дигаре расми шери руи коли ва хадаф аз хар ду монанди гафлатварзи ва бехабари аз гузашти умр ва газидани ангушти хайрат мебошад.

Умуман, мазмуни газал паймудани марохили камолот ва хушёриву зираки дар ин чода ва беш аз он эхтиёт аз тагофул аст, ки боиси пуштидастгазихо мегардад.

Яке аз мухимтарин хусусиятхои назми Бедил ва аз чумла, газалиёти шоири мутафаккир дар он аст, ки у шеъри андеша мегуяд. Аз ин ру, дар гузашта низ пас аз омузиши «Каломи шариф», «Чахор китоб», «Девон»-и Хофиз, баъд ба омухтани эчодиёти Бедил шуруъ менамуданд.

Умуки андеша, пахнои фикр, чавлони тахаёюл, санъати вожасозиву суханорои, дарёфти чузвиёти сувари ва назокати тасвир танхо хоси хунари эчодии абулмаони аст. Аз чумла барои ифодаи мушаххастар ба газали зерин ру меорем:

Чашми ту ба холи ман гар ним нахар хандад,

Хорам ба чаман нозад, айбам ба хунар хандад.

То чанд бар он ораз бар рагми нигохи ман,

Аз халкаи гесуят гулхои назар хандад.

Дар кишвари муштокон бепартави дидори

Хуршед чаро тобад? Бахри чи сахар хандад.

Дил мечакад аз чашмам, чун абр агар гирям,

Чон медамад аз лаълат, чун барк агар хандад.

Бо ахли фано дорад хар кас сари якранги,

Бояд, ки ба ранги шамъ аз рафтани сар хандад.

Як хандаи у барки бунёди ду олам шуд,

Дигар чи бало резад, гар бори дигар хандад?

Дар чуи дами тегат ширинии обе

хаст, К-аз чуши халоватхо захмаш ба шакар хандад.

Сомони тараб сахл аст з-ин накш, ки мо дорем,

Субх аз ду нафар фурсат бар худ чи кадар хандад?

Хар шабнам аз ин гулшан тамхиди гуле дорад,

Бо гиря мадоро кун, чандон ки асар хандад.

Аз саъйи хавас бигзар, Бедил, ки дар ин гулшан. Гул низ агар хандад, аз пахлуи зар хандад.

Газали мазкур мураддаф буда, калимаи «хандад» радифи сода аст ва калимахои назар, хунар, сахар, агар, сар, дигар, шакар, кадар, асар, зар хамкофия шудаанд. Кофияхои дар газали боло зикршуда мукайяд буда, бо рави (хамсадои «р») интихо ёфтаанд.

Газал дар бахри Хазачи мусаммани ахраб эчод гардида, афоъили он чунин аст:

– – V / V – – – /       –   – V / V –      –   –

яъне, мафъулу/ мафоъилун/ мафъулу/ мафоъилун.

Чузъиёти хунари ва дарки маъни вобаста ба маърифати маъноию вазифаи бадеии лафз аст, ки барои дарёфти хадафи эчодкор мусоидат менамояд. Чунончи, хандидани чашм – назарафкани, нози хор дар чаману тамасхури айб бар хунар – киноя аз бархамзании гаразхо ва дарки асолати сидк аст. Рагми нигох, гули назар, халкаи гесу… иборахои маъмули буда, ошик аз наззораи чамоли махбуба бенасиб аст, зеро халкахои му чун хичобанд ва ин ба он монанд аст, ки чашми холдор низ аз наззора махрум мебошад. Хадафи асли висол буда, шиква аз фироку хичрон басо шоирона руи тасвир омадааст. Фано – огози бакост ва нурафкании шамъ – гузаштан аз сар – бакои уст, ки дар вучуди махбуб бакоро мебинад. Хадаф аз тегу чуши халоватхо ибораи рамзии теги нигох аст, ки халовати гуворо дорад, ки киноя аз захми тег-курбони нигох гардидан мебошад. Дар байтхои минбаъда низ хадафхои ичтимои матрах шудааст, зеро татбики орзуву ниёзхои инсони, ба кавли шоири мутафаккир, ки сомони тараб, мадоро, тамхид, хавас ва гайра чузъиёти онанд, он гох даст медиханд, ки гановати модди бошад. Масалан, агар гул дар замири хеш зар (зардии дохили гунча) надошта бошад, намешукуфад. Яъне аз хандидан махрум аст. Албатта, муроди шоир чахони моддист, зеро ин гулшан хамин маъниро дорад.

Дигар аз нозукихои санъати газалсароии ин мутафаккир он аст, ки чузъиёти лирикии тасвир комилан махсус, вокеи, мушаххас, дастрас, рузгориву табии, хаётианд. У аз чунин ашёву чузъиёти табиат тасвирсозиву маъниофарини мекунад, ки он танхо хоси хунари эчодии Бедил аст. Касе аз пайравонаш дар баробари шоир чой гирифта натавонистаанд. Ё худ саъйи хавас – орзу кардан, ин гулшан – дунёи модди, палу – ба маънии неру, мусъидат дастгири ва гайра, зар – гарди дохили гул, ки барои нашъунамояш мусоъидат мекунад.

Яъне, шоир бехбудии сатхи зиндагиро марбут ба дорои ё гановати модди медонад, ки дуруст аст.

Максади адиб дар ин чо он аст, ки дар олами модди бе гановати модди, бе боигари зиндаги кардан махол аст. Хамчунон ки агар гул хам аз зардии дохили худ махрум бошад, ёрои шукуфтан намекунад.

Дарёфти максад, дарки маъни, фаро гирифтани хадафи асосии шоир дар назми Бедил ва ба хусус, дар газалиёти у тез ва ба осони даст намедихад. У асосан сарбаста сухангуи мекунад. Маънии шеър, мохияти максади адиб печида аст ва аз ин ру, маънии шеърро тавассути захматхои шабонрузи метавон сарфахм рафт.

Барои мисол ба газали дигари Бедил ру оварда мебинем, ки он аз нигохи хунар, махорату малака, завку истеъдоди шоири дар кадомин поя карор дорад. Инчунин, газали мазкур ба кадом максад эчод шудааст ва дарки мазмуну мухтаво ва маънии он чи гуна даст медихад. Чунончи:

Аз губори чилваи гайри ту то бастам назар,

Чун сафи мижгон ду олам махв шуд дар якдигар.

Бастаам махмил ба души яъсу аз худ меравам,

Боли парвози надорад субх чуз чохи дигар.

Хидмати муи миёнат то киро бошад насиб,

Гулрухонро з-ин хавас зуннор мебандад камар.

Вахдати хасрат ба ин камфурсати махмури кист?

Сурати хамёза дорад чини домони сахар.

Оламеро аз тагофул рабти улфат додаем,

Нест мижгон кобили шероза бе забти назар.

Ин таносони далели вахшати саршор нест,

Хар кадар афсурда гардад санг, мебандад камар.

Гар фалак беэътиборат кард, чои шиква нест,

Бар халоват бастаи дил чун гирех дар найшакар.

Сайри рангу бу хавас дори, зи гул гофил мабош,

Шухии парвоз натвон дид чуз дар болу пар,

Чанд бояд шуд хавасфарсуди пар, касби эътибор,

Мархам, ай гофил, намеарзад ба чандин дарди сар.

Манзили саргаштагони рохи ачз афтодагист,

То дили хок аст, Бедил, ашкро хадди сафар.

Газали мазкур дорои матлаъ ва мактаъ, тахаллус буда, аз 10 байт иборат аст. Газал радиф надорад ва кофияхои он аз калимахои зерин: назар, якдигар, чигар, камар, сахар, найшакар, пар, сар, сафар фарохам омадаанд. Решаи кофия «ар» буда, «р»-и харфи рави мебошад. Аз сабаби он ки кофия бо рави тамом шудааст ва пас аз он унсури дигаре иштирок надорад, чунин шакли кофияро кофияи мукайяд мегуянд.

Газал дар бахри Рамали мусаммани махзуф эчод гардидааст, ки афъили он чунин аст:

– V – – / – V – – /       – V – – /       – V –

яъне фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун.

Дар байти аввал шоир мегуяд, ки ба чуз ту ман аз хама руй гардонидам ва ду олам барои ман хеч аст. Махмил бастан – ихтиёри сафар кардан, души яъс – чониби навмеди, аз худ рафтан – нест гардидан ва гайра, ки омадан ба ин чахон омодаги ба чахони дигар (боки) аст. Ин мисли субх аст, ки баробари фарорави, нест мешавад ва мухлати хастиаш низ хеле кутох аст. Муи миён – нозуки, хидмат – омодаги ба кор, зуннор бастани камар – ба хидмат тайёр будан мебошад. Яъне ба умеди шарафёби ба хидмати махбуба хама омодаи хизмат хастанд. Вахшат – рамандаги, вахшати хасрат – лахзаи хавасхо, махмур – хуморолуда, хамёза – даханвочак – кутохии фурсат. Чини домон – харакати босуръат ва гайра. Маънии ин ифодахо он аст, ки умр чунон шитоб дорад, ки хатто кирои орзухову хавасхо намекунад. Ё ин ки: оламе – чахоне, дунё, ки киноя аз инсонхост. Тагофул – гафлат, бехабари; рабти улфат – низоми хушхоли, шероза – васлкунандаи аврок ё чизи дигар, забти назар

  • сарфи назар ё боз доштани нигох. Максад он аст, ки бехабарии мо боиси хушхолии дигарон шудааст. Холати кахрамони лирики холати чашм дар пайкари инсон аст. Агар боз ё пушида аст, аз фоида холи нест. Дар холати боз будан мушохида мекунад, мебинад. Дар холати пушидани чашм мижгонхо ба хам меоянду осуда мешаванд.

Ва ё вожахои таносони – танпарвари, осудаги; далел – аломат, нишони… вахшат – одамгурези; саршор – фаровон, бисёр; афсуда гаштан

  • корношоями, фарсудашави, яъне киноя аз кувватгири ва омодашави буда, камар бастан бошад сифати хамон тайёри мебошад. Яъне манзури адиб соликони рохи хак аст, ки онхо хар кадаре дунёбезору неъматбадбин бошанд, ба хамон андоза омодаву дастандаркоранд. Зеро таносони инсонро ба дунёву неъматхои он пойбанд месозад.

Лафзи халоват – гуворои, ширини киноя аз нозу неъматхои дунёи; гирех – пардахои дохили найшакар, ки пас аз гирифтани хосил онхо нолозим мешаванд.

Максади шоир он аст, ки аз беэътибори шиква кардан хуб нест, зеро худи шахс гунахкор аст, ки ба нозу неъмат дилбастаги дорад. Яъне шахси харис – каси беэътибор, хору залил мегардад.

Ифодаи сайри рангу бу – майл ба суи бую ранг, яъне дунё; гул – манбаъ, маншаъ аст, зеро манбаи накхат хамоно гул аст. Шухии парвоз – азми парвоз, бавукуъои, хадафи адиб он аст, ки инсон олами муъчизаосоро набояд зохирбини кунад, мисли он ки чавхари накхат – гул, чавхари олам – Холики он аст. Яъне парвозро хамагон мебинанду медонанд, вале асоси он болу пар аст, ки бе он парвоз номумкин мебошад.

Ё ин ки калимахои хавасфарсуд – дар хасрати чизе умрро сарф кардан; касби эътибор – бообру шудан; мархам – дору; яъне то кай бахри эътибор саъй мекуни? Агар обрую эътибор барои инсон мархам бошад, талош бахри он ранч аст.

Нихоят калимаи «манзил» рохи – хадафноки мусофир; рохи ачз – рохи тарикат; хадди сафар – масофаи тайкардаи солик аст. Максади шоир он аст, ки нозукии рохи соликро мисли рохи ашки мижгон медонад, ки хеле нозук мебошад. Хамин ки заррае азм аз низом дур шуд, ба хок афтода нобуд мешавад.

Дигар аз хусусиятхои газалиёти ин симои бузург он аст, ки аз нигохи шакл комилан суннатист, яъне вазн, радифу кофия, теъдоди абёт, риояи матлаъ ва мактаъ, истифодаи тахаллус ва гайра. Албатта, дар чузъиёти масъалахои шакли, хусусан чихатхои забони, тозакорихо дорад, вале асосан хунари у дар эчоди маънихо, хадафнокии тасвирхост. Махз хамин сабаб буд, ки Мирзо Абдулкодири Бедил унвони ифтихории Абулмаъони»-ро сазовор гардид. Яъне пас аз Санои, Аттор, Хокони, Чалолуддини Балхи, Саъди, Ироки, Хусрав, Хофизу Камол, Чоми ва бисёр дигарон сохиб гардидан унвон магар осон аст?!

Аз ин ру, мавзуи газалиёти у хеле бой, серсохаву серпахлу, мухталифу гуногун аст. У махсусан вассофи ишки ирфони, таргибгари фалсафаи ирфону тасаввуф, химоягари адолату адолатхохи, тавсифгари илми хикмат, хакикату поки, хакчуиву хакгуи ва гайра мебошад.

Дар газалхои у мисли кулли осораш хислатхои хамидаи одами: эхтироми инсон, бузургдошти илму ирфон, некукори, ростгуиву росткавли, илмомузи, мехнатдусти, хоксори, шикастанафси, дурандеши, сидку садокат, каноатпешаги, сабури, хотирчамъи ва гайра бо оддитарин чузиёт руи тасвир омадаанд. Баръакс, хислатхои разилаи одами: ноадолати, кибр, хасад, бухл, дуруггуи, хавобаланди, инсонбадбини, мардумфиреби, чохиливу нодони, мунофики, рибохори, палиди ва гайраро сахт махкум менамояд, ки чанбахои фалсафи – ичтимоии мавзуи ашъорашро ташкил намудаанд. У ба мавзуъхои суннатии газал ру оварда бошад хам, дар чузъиёт тозакори дорад. Вале тозакорихои чиддиро Бедил дар маъни, мухтаво ва мохияти масъалахо ворид сохтааст.

Дар маркази тематикии ашъори Бедил, ба хусус,газалхои у симои инсон меистад. Шоир тарчехи инсонро нисбат ба дигар махлукот коил шуда, бартарии инсонро дар хиради у, дар фаъолияти вай мебинад, шоир тавассути эчоди бадеъ мехохад оламеро (инсонхоро) аз гафлат барорад. Аз ин ру, газали Бедил газали андеша аст. Бунёди газалиёти Бедил бар андеша асос ёфтааст. У хатто оид ба макому мартаба, чоху чалоли инсон касидаи чудогона дорад, ки метавон чанд байте аз онро зикр намуд:

Ай шамъи базми кудс[2], надонам чи мазхари[3],

К-аз вахм[4] гох равшану гохе мукаддари[5],

Гох аз самуми[6] кахр чу гулхан пуроташи.

Гох аз насими лутф чу гулшан муаттари.

Дар чор рукни[7] дахр туи хайрати зухур,

Дар хафт бахри чарх[8] ту ноёб гавхари.

Гофил зи худ мабош, ки чун шамъи офтоб

Икболи хафт махфилу[9] нух касри ахзари.

Аз хар шайъе[10], ки ахли ту фахмад афзали,

Аз хар макон, ки фахми ту пай бурд, бартари.

Хар чо нигох меравад, он чо ту рафтаи,

Хар су хаёл меравад, он чо ту мепари.

Махкуми нафси ин хама дунхиммати чаро,

К-андар бисоти кудс ту садру сарвари.

Олам хама мусаххари амри замири[11]туст, Ай бехабар, ту аз чи хаворо мусаххари?!

Бузургдошти инсон нисбат ба кулли мавчудоти руи замин, яке аз масъалахои марказии эчодиёти Бедили Дехлави мебошад. Яке аз чихатхои фарккунандаи эчодиёти Бедил низ дар гузориши масъалаи мазкур ва рохи халли он зохир мешавад. Азбаски доираи фаъолияти инсон серсеха, худи инсон махлуки басо мураккабтарини мавчудот хаст, пас дарки мохияти эчодиёти Бедили Дехлави низ хамин гуна мураккаб аст. Албатта, Бедил газалхое низ дорад, ки дар онхо зебоихои олами мавчуда, тасвири манзарахо, хусусан чузъиёти фасли бахор, чирмхои самови ва гайра мавриди тасвир карор дода шудаанд.

[1] Маол – чои бозгашт; окибати кор.

[2]     Кудс – поки.

[3]     Мазхар – зохиршави

[4]     Вахм – хаёл.

[5]     Мукаддар – гамгин.

[6]     Самум – шамоли сузон.

[7]     Рукн – кисм.

[8]     Чарх – осмон.

[9]     Махфил – замин.

[10]   Шайъ- чиз.

[11]   Замир – ботин, дил.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …