Главная / Маданият ва санъат / Асарҳои насрии Мирзо Абдулқодири Бедил

Асарҳои насрии Мирзо Абдулқодири Бедил

Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, файласуф, мутафаккир ва инчунин нависандаи забардаст низ ҳаст. Асарҳои насрии Бедил мақому пояи ӯро дар рушду таҳаввулоти насри адабии аҳди таназзули феодализм нишон медиҳад. Осори насрии Мирзо Абдулқодири Бедил низ дар мавзӯъҳои мухталиф эҷод гардидаанд ва онҳо низ дар дохили «Куллиёт»-и ӯ омадаанд:

  1. «Дебоча». Бедил бо чунин унвон бар муқаддимаи девони ашъори худ ба наср навиштааст. Муҳим он аст, ки дар ин асар аз пораҳои шеърӣ низ хеле устодонаву огоҳона истифода кардааст. Адиби мутафаккир пас аз ҳамду наът, моҳияти каломи бадеъ, равобити шаклу мазмуни бадеӣ, машаққат ва назокати ҷараёни эҷоди бадеъ ва умуман кори эҷодӣ, хусусиятҳои эҷодиёти хеш, хусусан осори манзум ва коргирӣ аз мавзӯъҳои мадҳӣ, ҳаҷвӣ ва ғайра баҳсҳои судманд ба миён меорад.
  2. «Нукот». Ин асари Бедил насрӣ буда, дар он аз зикри пораҳои гуногуни шеърӣ хеле фаровон кор гирифта шудааст. Дар ин асар Бедил ақоиди фалсафӣ, тасаввуфӣ-ирфонӣ, иҷтимоӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, ҷомеашиносии худро баён намудааст. Ӯ барои таҳким бахшидан ба андешаҳову ақидаҳои гуногуни худ дар ин асар аз пораҳои шеърӣ хеле устодона кор гирифтааст.

Назм ҳатто нисбат ба наср дар ин асар нуфуз дорад. Аз ҷумла дар асар бештар жанрҳои рубоӣ, мусаммати мухаммас, қитъа, ғазал, фард ё муфрадот истифода шудаанд. Чунончи: «Нукта – Маҷоз, яъне олами эътиборро ниҳоле тасаввур намудан аст, ки тухми он ҷуз ҳақиқат нест, дар мартабаи ниҳол аз тухм асло нишон натавон ёфт ва ҳамчунон аз шоху барг ҳеч натавон шикофт.

Рубоӣ:

Ай он ки гаҳе хилвату гаҳ анҷуманӣ,

Пайваста ба ваҳми ғайр оташ фиканӣ.

Найранги дуӣ боз надорад ин ҷо,

Ман бо ту туам, чунон ки бо ман ту манӣ.

Асари мазкур барои муайян намудани ақидаҳову ҷаҳонбинии Бедил, барои таъин намудани мавқеъ ва пояи адиб дар таҳаввули насри бадеии асримиёнагии тоҷик арҷманд аст.

  1. «Руқаот». Руқаот ё номанигорӣ яке аз жанрҳои машҳури адабиёти асримиёнагии форс-тоҷик аст, ки дар ду шакл – назму наср дучор мешавад. Санъати номанигорӣ махсусан дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ниҳоят устодона ва дар ғояти фасоҳату малоҳат ба мушоҳида мерасад. Аз асри XI сар карда намунаҳои мансуру мустақили он зуҳур мекунад. Шояд асосгузори он Ҳаким Саноии Ғазнавӣ бошад. Маълум аст, ки дар ин жанри адабӣ хусусиятҳои насри адабӣ, таърихӣ, фалсафӣ, ёддоштӣ дар шакли омехта низ меояд.

«Руқаот»-и Бедил асари насрӣ буда, дар он пораҳои шеърӣ низ истифода шудааст. Яъне маҷмӯи номаҳоест, ки Бедили Деҳлавӣ онҳоро дар вақтҳои гуногун, бо шахсони алоҳида навиштааст. Касоне, ки Бедил ба онҳо нома навиштааст, онҳо дӯстону муқаррабон, ҳамфикрону ҳамақидаҳояш, умуман шахсиятҳои боэҳтироми даврони эҷодкоранд. Мактубҳо бештар ҷавобӣ буда, ҷавоби номаи нафаре аз хамфикрону наздикони Бедил аст. Мактубҳо аз ин рӯ, арзиши адабӣ-шарҳиҳолӣ дошта, равобити адабӣ – эҷодӣ, муносибати шахсиятҳо, симоҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангии замони мутафаккирро баён менамояд. Дар номаҳо бисёр лаҳзаҳои рӯзгори Бедил, муносибату гуфтор, рафтору равобити ӯ бо муосирон инъикос ёфтааст.

  1. «Чор унсур». Асари калонтарини насрии Бедили Деҳлавӣ буда, соли 1705 ба табъ расидааст. Ин асар насрӣ бошад ҳам, бо пораҳои шеърӣ ақоиду андешаҳои муаллиф таҳкиму тақвият дода мешавад. «Чор унсур» дорои чор боб буда, асосан масъалаҳои фалсафӣ, чаҳор унсури офариниш: об, хок, бод, оташ, доир ба рӯҳи мутлақ, рӯҳи табиию наботӣ, ҳаёвонию инсонӣ баҳс ба миён овардааст. Дар асар фалсафаи офариниш, ҳаёту мамот, камолёбию заволпазирӣ, фано ва бақо хеле ба тафсил баён карда шудааст.

Гузашта аз ин, асар саршор аз ҳаводису воқеоти таърихӣ – лашкаркашиҳои Шоҳшуҷоъ, задухурду кашмакашиҳои сиёсӣ, нооромиҳои даврро фаро мегирад. «Чор унсур» ҷанбаҳои гуногуни ҳолномаи Бедил, муқаррабону дӯстон, хешовандону пайвандон, ҳамсӯҳбатону устодони мутафаккирро низ дар бар мегирад. Дар асар баъзе аз доираҳои адабии замон, бурду бохти сухангустарони аср, муносибати Бедил бо баъзе аз шоирони муосири худ низ инъикос ёфтааст. «Чор унсур» боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар он оид ба овони хурдсолии шоир, давраи мактабхонӣ, таҳсили мадраса ва то ба охир идома наёфтани таҳсили Бедил дар ин таълимкада, хонадоршавии ин симои эҷодӣ ва ба сипоҳгарӣ рӯ овардани ӯ ба тасвир омадааст.

Умуман «Чор унсур»-и Мирзо Абдулқодири Бедил барои баҳо додан ба адабиёти асри XVII, ба хусус насри бадеӣ, барои адибони ҷудогона ва муайян намудани ҳунари эҷодии онҳо, баҳри қиёсу тарҷеҳи пояи суханварии суханварон, оид ба сафарҳои Бедил ва дар маҷмӯъ, афкори адабию шеваи эҷодиаш маълумоти арзишманди илми, адаби ба даст даровардан мумкин аст.

Таркиби девони Бедили Деҳлавӣ

АбулмаонИ Мирзо Абдулқодири Бедил асосан дар ҳамаи навъҳои адаби эҷод кардааст. Ӯ махсусан дар кадом навъи адабие, ки эҷод карда бошад, хатман тозакору навовар эътироф шудааст.

Девони ӯ дар дохили «Куллиёт»-аш ҷойгир буда, 37500 байтро дар бар мегирад. Девони Бедил аз нигоҳи навъҳои адабИ низ нисбатан боғановат буда, аз ғазалиёт, рубоиёт, қасоид, қитъаот, таркибот ва тарҷеот, ташбеҳот ва тамсилот иборат мебошад. Навъҳои адабии мазкур дар давраҳои гуногун эҷод карда шудаанд.

Таҳлили ғазалиёти Бедили Деҳлавӣ

Аз нигоҳи мавзӯъ, мазмуну мӯҳтаво низ девони шоир хеле ҷолиб буда, асосан ишқ (ҳам ишқи ирфони – тасаввуфи ва ҳам ишқи замини – байни инсонҳо), масъалаҳои фалсафИ – ҳакимона, ҳаётИ – иҷтимоИ, тарбиявИ – ахлоқи, васфи табиату манзаранигори, тавсифи хисоли ҳамидаи инсони ва мазаммати кирдорҳои разила, ҳимояи адолату ҳақиқат, танқиди золимон, васфи хирад, илму дониш, маърифату ақл, хоксориву фурӯтанИ ва ғайраро дар бар мегирад.

Чунон ки қаблан ёдовар шудем, дар девони Бедили ДеҳлавИ пеш аз ҳама, ғазал мавқеъ дорад. Ба қавли худи ӯ, ғазалсаро беҳтарину тавонотарин эҷодкор аст:

Бедил, гуҳари назм касерост, ки имрӯз,

Дар баҳри ғазал заврақи андеша давонад.

Албатта, мавзӯи марказии ғазал ишқ ва ҷозибаҳои қалбии инсон, ҳиссиёту ҳаяҷонҳои рӯҳИ, эҳсосоти ниҳодию сиярИ, ғалаёнҳои ботинИ ва ғайра мебошад. Аз ин рӯ, ишқи тасаввуфИ – ирфонИ дар ғазалиёти Бедил мақоми махсус дорад. Ин ишқи ҷӯё буда, асли хешро меҷӯяд ва аз ин рӯ, он маънавиётсоз, тафакурсоз ва давронсоз аст. Аз тарафи дигар, ин ишқ инсони комилро ба воя мерасонад, зеро ногузиран ин инсон марҳалаҳои камолотро мепаймояд. Он вораҳидан аз олами нафсонИ ва пайвастан ба олами рӯҳонист.

Барои намуна чанд ғазалеро аз девони шоир хоҳем санҷид, ки дар онҳо офаридани мазмун, интихоби мавзӯъ, коргирИ аз ҳунари эҷод, истифодаи радифу қофия, хусусиятҳои вазнИ ва ғайра то кадомин поя сомон дода шудааст.

Чунончи, ғазали «Ҷоҳил аз ҷамъи кутуб соҳиби маънИ нашавад»-ро аз назар хоҳем гузаронид:

Айш донад дили саргашта парешониро,

Нохудо бод бувад киштии тӯфониро.

Ашк дар ғамкадаи дида надорад қиммат,

Аз буни чоҳ барор ин маҳи канъониро,

Ишқ набвад ба иморатгарии ақл шарик,

Сел аз каф надиҳад санъати вайрониро.

Аз хату зулфи бутон тоза далел аст, ки ҳусн

Карда чатри бадан асбоби парешониро.

Бор ёбӣ чу ба хоки дари соҳибназарон,

Чини домони адаб кун хати пешониро.

Резиши ашки надомат зи сияҳкориҳост,

Лозим аст абри сияҳ қатраи нансониро.

Зери гардун натавон ганри касофат андӯхт,

Нохуну мӯ-ст расо мардуми зиндониро.

Лофи озодагӣ аз аҳли фано нозебост,

Домани чида чӣ лозим тани урёниро?

Ч,оҳил аз ҷамъи кутуб соҳиби маънӣ нашавад,

Нисбате нест ба шероза сухандониро.

Нафаси сӯхта бояд ба тапиш равшан кард,

Нест шамъи дигар ин анҷумани фониро.

Натавон ёфт аз он ҷилваи беранг суроғ,

Магар оина кунӣ дидаи қурбониро.

Бозгаште набувад пои талабро, Бедил,

Сели мо нашнавад афсуни пушанмониро.

Ғазали мазкур муқаффо буда, калимаҳои парешонӣ, тӯфонӣ, канъонӣ, вайронӣ, пешонӣ, найсонӣ, зиндагӣ, урёнӣ, сухандонӣ, фонӣ, қурбонӣ ва пушаймонӣ ҳамқофия шудаанд, ки беистисно бо пасоянди ро омадаанд. Ҳарфи рави дар калимаҳои қофия «н» буда, танҳо дар вожаи «пешонӣ» риоя нашудааст. Ҳуруфи решаи қофия дар калимаҳои қофияшаванда «- ониро» буда, «о»-ридфи муфрад, «и»-васл, «р»-хурӯҷ ва «о» мазид аст. Яъне як унсур (ридф) то ҳарфи равӣ – «н» ва се унсур (васл, хурӯҷ, мазид) баъди равӣ омадаанд. Аз ин рӯ, қофияи мазкур мутлақ аст.

Ғазал дар баҳри Рамали мусаммани махбуни аслам эҷод шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:

– V – – / V V – – / V V –         – /    –    –

Яъне: фоъилотун, фаъилотун, фаъилотун, фаълун.

Аз нигоҳи мавзӯъ, мазмуну мӯҳтаво ғазали боло ишқӣ-иҷтимоӣ буда, оҳанги хеле қавии андарзӣ дорад. Дили саргашта – қалби ошиқ, нохудо – маллоҳ, бод аст. Парешонии дил – айши он, бод – маллоҳ ҳодии роҳи мурод мебошад. Ашк – Юсуф, чашм-чоҳ ва гиристан – зоҳиршавии Юсуф буда, ишқ – сел; хату зулф – ҷузъи ҳусн, ки боиси парешонии ошиқанд, хеле ҳунармандона корбаст шудаанд. Дар ин абёт ҳолати ошиқ мавриди тасвир қарор дорад.

Аз байти 5-ум ҷанбаи ирфонӣ қувват мегирад, ки ҳангоми мушарраф гардидан ба сӯҳбати соҳибназарон – пирон, муршидон бояд солик сахт одоби шогирдиро риоя бикунад. Агар заррае риоя нашавад, ашки пушаймонӣ рехтан фоида надорад. Тибқи назарияи сӯфиҳо ҷаҳони моддӣ – зиндон, тан ҳам барои ҷон зиндон аст. Аз ин рӯ, дунёдӯстӣ ва танпарварӣ норавост. Ҳадаф аз ҷамъи кутуб фаъолияти амалӣ накардани ориф аст. Ҳадаф аз ҷилваи баранг қурб аст, ки он на ба воситаи дидаи зоҳир, балки ба воситаи дидаи ботин муяссар мегардад.

Ибораи изофии «пои талаб» – ҳадафи ниҳоӣ, зеро он бебозгашт буда, пазирандаи афсуни пушаймонӣ нест. Яъне дар роҳи расидан ба ҳадафи ниҳоӣ пушаймонӣ ҷой нахоҳад дошт. Ориф ҳеҷ гоҳ пушаймон нахоҳад шуд.

Ғазали дигари шоири мутаффаккир, ки бо матлаи зерин шурӯъ мешавад, хеле ҷолибу ҳунармандона ва марғуб рӯи кор омадааст;

Маоли[1] кор нуқсонҳост ҳар соҳибкамолиро,

Агар моҳат кунанд, аз даст нагзорӣ ҳилолиро.

метавон онро ба пуррагӣ зикр намуд, ки то як андоза шарҳу таҳлили он аз аҳамият холӣ нест:

Рамиданҳо зи авзои ҷаҳон тарзи дигар дорад,

Ба ваҳат пеш бояд бурд аз ин саҳро ғизолиро.

Ба нақши неку бад равшандилонро дасти рад набвад,

Кафи оина мечинад гули беинфиъолиро.

Бисоти гуфтугӯ тай кун, ки дар анҷоми кор охир,

Ба ҳукми хомушӣ печидан аст ин фарши қолиро.

Вуболи ранҷи пирӣ барнатобад соҳиби ҷавҳар,

Чанор оташ занад ночор далқи кӯҳнасолиро.

Дар ин водӣ, ки хок аст эътибори ҷаҳлу донишҳо,

Ғуборе бар ҳаво дон қасри фиратҳои олиро.

Ба ваҳдатхонаи дил ғайри дил чизе намеғунҷад,

Бар ин оина ҷуз тӯҳмат мадон нақши мисолиро.

Агар хунсардии дил обёри мазраъат бошад,

Чу тухми обила нашъунамо кун поймолиро.

Ба чанги ағниё домони фақр осон намеафтад,

Ба чинӣ хок гардад, то шавад қобил сафолиро.

Чӣ имкон аст, Бедил, мунъим аз ғафлат бурун ояд,

Ҳуҷуми хоби харгӯш аст яксар шери қолиро.

Ғазали мазкур мураддаф нест, муқаффост. Калимаҳои саҳибкамолиро, ҳилолиро, ғизолиро, беинфиъолиро, қолиро, кӯҳнасолиро, олиро, мисолиро, поймолиро, сафолиро ҳамқофия шудаанд. Решаи қофия «олиро» буда, ҳарфи решагии калимаи қофия ё худ равӣ «л» мебошад. Яъне; «о» ридфи мудрад ва «и»-васл, «р»- хурӯҷ, «о»-мазид буда, пас аз рави се унсур ва пеш аз равӣ якто омадааст. Шакли қофия мутлақ мебошад. Бояд гуфт, ки дар ғазали мазкур қофия ба ҷуз талаботи жанрӣ, инчунин вазифаи хушоҳангӣ, равонӣ ва бештар аз он бори маънибофӣ, мазмунофаринӣ низ мекашад.

Аз нигоҳи истифодаи вазни ин ғазал хеле ҷолибу ҷаззоб аст. Он дар баҳри Ҳазаҷи мусаммани солим иншо гардида, дорои афоъили зерин мебошад:

V – – – / V – – – / V – –            – / V –     –

яъне, мафоъӣлун, мафоъилун, мафоъӣлун, мафоъӣлун.

Ғазал аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво комилан мазмуни иҷтимоӣ дошта, таҷрибаи ҳаёт, ҳикмати зиндагӣ, андарзи рӯзгор бунёди тематикии онро фароҳам овардааст. Фалсафаи инкишофи оламу одам ва таҷрибаҳои ҳасилкардаи инсон асоси онро ташкил намуда, аз оғоз то анҷом давом мекунад. Яъне махлуқ пас аз ҳадди камол дучори нуқсон аст. Пас ғизолиро низ гоҳе метавон касб кард, ки мақсад сифат аст, яъне рамандагӣ аз миёни мардум ва тарки дунёву афзал донистани уқбо баён шудаасат.

Равшандилон истиора буда, киноя аз орифону сӯфиён аст, ки ба неку бад яксонанд ва ин сифати онҳо монанд ба кирдори ойина аст, ки зишту накӯро яксон инъикос менамояд. Водӣ ё худ ин водӣ-дунёи моддӣ, хок- камарзишӣ ва фитрати олӣ-шахсиятҳои соҳибмаърифат буда, ҳадафи Бедил бевафоии олам ва Ҳақшиносии инсон мебошад. Дил-каъбаи сират ва ваҳдатхона-хона барои як нафар – Худо, яъне хонаи Худо аст. Аз ин рӯ, ба ҷуз худи дил дар ӯ (дар дидаи зоҳир) чизи дигаре нест.

Мунъим – сармоядор, касе ки умре ҷуз ғановати моддӣ – танпарварӣ чизи дигареро намедонад ва инро Бедил ба ду чиз шабеҳ донистааст: яке хоби харгӯш, дигаре расми шери рӯи қолӣ ва ҳадаф аз ҳар ду монандӣ ғафлатварзӣ ва бехабарӣ аз гузашти умр ва газидани ангушти ҳайрат мебошад.

Умуман, мазмуни ғазал паймудани мароҳили камолот ва ҳушёриву зиракӣ дар ин ҷода ва беш аз он эҳтиёт аз тағофул аст, ки боиси пуштидастгазиҳо мегардад.

Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои назми Бедил ва аз ҷумла, ғазалиёти шоири мутафаккир дар он аст, ки ӯ шеъри андеша мегӯяд. Аз ин рӯ, дар гузашта низ пас аз омӯзиши «Каломи шариф», «Чаҳор китоб», «Девон»-и Ҳофиз, баъд ба омӯхтани эҷодиёти Бедил шурӯъ менамуданд.

Умуқи андеша, паҳнои фикр, ҷавлони тахаёюл, санъати вожасозиву суханороӣ, дарёфти ҷузвиёти суварӣ ва назокати тасвир танҳо хоси ҳунари эҷодии абулмаонӣ аст. Аз ҷумла барои ифодаи мушаххастар ба ғазали зерин рӯ меорем:

Чашми ту ба ҳоли ман гар ним нахар хандад,

Хорам ба чаман нозад, айбам ба ҳунар хандад.

То чанд бар он ораз бар рағми нигоҳи ман,

Аз ҳалқаи гесӯят гулҳои назар хандад.

Дар кишвари муштоқон бепартави дидорӣ

Хуршед чаро тобад? Баҳри чӣ саҳар хандад.

Дил мечакад аз чашмам, чун абр агар гирям,

Ҷон медамад аз лаълат, чун барқ агар хандад.

Бо аҳли фано дорад ҳар кас сари якрангӣ,

Бояд, ки ба ранги шамъ аз рафтани сар хандад.

Як хандаи ӯ барқи бунёди ду олам шуд,

Дигар чӣ бало резад, гар бори дигар хандад?

Дар ҷӯи дами теғат ширинии обе

ҳаст, К-аз ҷӯши ҳаловатҳо захмаш ба шакар хандад.

Сомони тараб саҳл аст з-ин нақш, ки мо дорем,

Субҳ аз ду нафар фурсат бар худ чӣ қадар хандад?

Ҳар шабнам аз ин гулшан тамҳиди гуле дорад,

Бо гиря мадоро кун, чандон ки асар хандад.

Аз саъйи ҳавас бигзар, Бедил, ки дар ин гулшан. Гул низ агар хандад, аз паҳлуи зар хандад.

Ғазали мазкур мураддаф буда, калимаи «хандад» радифи сода аст ва калимаҳои назар, ҳунар, саҳар, агар, сар, дигар, шакар, қадар, асар, зар ҳамқофия шудаанд. Қофияҳои дар ғазали боло зикршуда муқайяд буда, бо равӣ (ҳамсадои «р») интиҳо ёфтаанд.

Ғазал дар баҳри Ҳазаҷи мусаммани ахраб эҷод гардида, афоъили он чунин аст:

– – V / V – – – /       –   – V / V –      –   –

яъне, мафъӯлу/ мафоъӣлун/ мафъӯлу/ мафоъӣлун.

Ҷузъиёти ҳунарӣ ва дарки маънӣ вобаста ба маърифати маъноию вазифаи бадеии лафз аст, ки барои дарёфти ҳадафи эҷодкор мусоидат менамояд. Чунончи, хандидани чашм – назарафканӣ, нози хор дар чаману тамасхури айб бар ҳунар – киноя аз барҳамзании ғаразҳо ва дарки асолати сидқ аст. Рағми нигоҳ, гули назар, ҳалқаи гесӯ… ибораҳои маъмулӣ буда, ошиқ аз наззораи ҷамоли маҳбуба бенасиб аст, зеро ҳалқаҳои мӯ чун ҳиҷобанд ва ин ба он монанд аст, ки чашми холдор низ аз наззора маҳрум мебошад. Ҳадафи аслӣ висол буда, шиква аз фироқу ҳиҷрон басо шоирона рӯи тасвир омадааст. Фано – оғози бақост ва нурафкании шамъ – гузаштан аз сар – бақои ӯст, ки дар вуҷуди маҳбуб бақоро мебинад. Хадаф аз теғу ҷӯши ҳаловатҳо ибораи рамзии теғи нигоҳ аст, ки ҳаловати гуворо дорад, ки киноя аз захми теғ-қурбони нигоҳ гардидан мебошад. Дар байтҳои минбаъда низ ҳадафҳои иҷтимоӣ матраҳ шудааст, зеро татбиқи орзуву ниёзҳои инсонӣ, ба қавли шоири мутафаккир, ки сомони тараб, мадоро, тамҳид, ҳавас ва ғайра ҷузъиёти онанд, он гоҳ даст медиҳанд, ки ғановати моддӣ бошад. Масалан, агар гул дар замири хеш зар (зардии дохили ғунча) надошта бошад, намешукуфад. Яъне аз хандидан маҳрум аст. Албатта, муроди шоир ҷаҳони моддист, зеро ин гулшан ҳамин маъниро дорад.

Дигар аз нозукиҳои санъати ғазалсароии ин мутафаккир он аст, ки ҷузъиёти лирикии тасвир комилан махсус, воқеӣ, мушаххас, дастрас, рӯзгориву табиӣ, ҳаётианд. Ӯ аз чунин ашёву ҷузъиёти табиат тасвирсозиву маъниофаринӣ мекунад, ки он танҳо хоси ҳунари эҷодии Бедил аст. Касе аз пайравонаш дар баробари шоир ҷой гирифта натавонистаанд. Ё худ саъйи ҳавас – орзу кардан, ин гулшан – дунёи моддӣ, палӯ – ба маънии нерӯ, мусъидат дастгирӣ ва ғайра, зар – гарди дохили гул, ки барои нашъунамояш мусоъидат мекунад.

Яъне, шоир беҳбудии сатҳи зиндагиро марбут ба дороӣ ё ғановати моддӣ медонад, ки дуруст аст.

Мақсади адиб дар ин ҷо он аст, ки дар олами моддӣ бе ғановати моддӣ, бе боигарӣ зиндагӣ кардан маҳол аст. Ҳамчунон ки агар гул ҳам аз зардии дохили худ маҳрум бошад, ёрои шукуфтан намекунад.

Дарёфти мақсад, дарки маънӣ, фаро гирифтани ҳадафи асосии шоир дар назми Бедил ва ба хусус, дар ғазалиёти ӯ тез ва ба осонӣ даст намедиҳад. Ӯ асосан сарбаста сухангӯӣ мекунад. Маънии шеър, моҳияти мақсади адиб печида аст ва аз ин рӯ, маънии шеърро тавассути заҳматҳои шабонрӯзӣ метавон сарфаҳм рафт.

Барои мисол ба ғазали дигари Бедил рӯ оварда мебинем, ки он аз нигоҳи ҳунар, маҳорату малака, завқу истеъдоди шоирӣ дар кадомин поя қарор дорад. Инчунин, ғазали мазкур ба кадом мақсад эҷод шудааст ва дарки мазмуну мӯҳтаво ва маънии он чӣ гуна даст медиҳад. Чунончи:

Аз ғубори ҷилваи ғайри ту то бастам назар,

Чун сафи мижгон ду олам маҳв шуд дар якдигар.

Бастаам маҳмил ба дӯши яъсу аз худ меравам,

Боли парвозӣ надорад субҳ ҷуз чоҳи дигар.

Хидмати мӯи миёнат то киро бошад насиб,

Гулрухонро з-ин ҳавас зуннор мебандад камар.

Ваҳдати ҳасрат ба ин камфурсатӣ махмури кист?

Сурати ҳамёза дорад чини домони саҳар.

Оламеро аз тағофул рабти улфат додаем,

Нест мижгон қобили шероза бе забти назар.

Ин таносонӣ далели ваҳшати саршор нест,

Ҳар қадар афсурда гардад санг, мебандад камар.

Гар фалак беэътиборат кард, ҷои шиква нест,

Бар ҳаловат бастаи дил чун гиреҳ дар найшакар.

Сайри рангу бӯ ҳавас дорӣ, зи гул ғофил мабош,

Шӯхии парвоз натвон дид ҷуз дар болу пар,

Чанд бояд шуд ҳавасфарсуди пар, касби эътибор,

Марҳам, ай ғофил, намеарзад ба чандин дарди сар.

Манзили саргаштагони роҳи аҷз афтодагист,

То дили хок аст, Бедил, ашкро ҳадди сафар.

Ғазали мазкур дорои матлаъ ва мақтаъ, тахаллус буда, аз 10 байт иборат аст. Ғазал радиф надорад ва қофияҳои он аз калимаҳои зерин: назар, якдигар, ҷигар, камар, саҳар, найшакар, пар, сар, сафар фароҳам омадаанд. Решаи қофия «ар» буда, «р»-и ҳарфи равӣ мебошад. Аз сабаби он ки қофия бо равӣ тамом шудааст ва пас аз он унсури дигаре иштирок надорад, чунин шакли қофияро қофияи муқайяд мегӯянд.

Ғазал дар баҳри Рамали мусаммани маҳзуф эҷод гардидааст, ки афъили он чунин аст:

– V – – / – V – – /       – V – – /       – V –

яъне фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун.

Дар байти аввал шоир мегӯяд, ки ба ҷуз ту ман аз ҳама рӯй гардонидам ва ду олам барои ман ҳеҷ аст. Маҳмил бастан – ихтиёри сафар кардан, дӯши яъс – ҷониби навмедӣ, аз худ рафтан – нест гардидан ва ғайра, ки омадан ба ин ҷаҳон омодагӣ ба ҷаҳони дигар (боқӣ) аст. Ин мисли субҳ аст, ки баробари фароравӣ, нест мешавад ва мӯҳлати ҳастиаш низ хеле кӯтоҳ аст. Мӯи миён – нозукӣ, хидмат – омодагӣ ба кор, зуннор бастани камар – ба хидмат тайёр будан мебошад. Яъне ба умеди шарафёбӣ ба хидмати маҳбуба ҳама омодаи хизмат ҳастанд. Ваҳшат – рамандагӣ, ваҳшати ҳасрат – лаҳзаи ҳавасҳо, махмур – хуморолуда, хамёза – даҳанвоҷак – кӯтоҳии фурсат. Чини домон – ҳаракати босуръат ва ғайра. Маънии ин ифодаҳо он аст, ки умр чунон шитоб дорад, ки ҳатто кирои орзуҳову ҳавасҳо намекунад. Ё ин ки: оламе – ҷаҳоне, дунё, ки киноя аз инсонҳост. Тағофул – ғафлат, бехабарӣ; рабти улфат – низоми хушҳолӣ, шероза – васлкунандаи авроқ ё чизи дигар, забти назар

  • сарфи назар ё боз доштани нигоҳ. Мақсад он аст, ки бехабарии мо боиси хушҳолии дигарон шудааст. Ҳолати қаҳрамони лирикӣ ҳолати чашм дар пайкари инсон аст. Агар боз ё пушида аст, аз фоида холӣ нест. Дар ҳолати боз будан мушоҳида мекунад, мебинад. Дар ҳолати пӯшидани чашм мижгонҳо ба ҳам меоянду осуда мешаванд.

Ва ё вожаҳои таносонӣ – танпарварӣ, осудагӣ; далел – аломат, нишонӣ… ваҳшат – одамгурезӣ; саршор – фаровон, бисёр; афсуда гаштан

  • корношоямӣ, фарсудашавӣ, яъне киноя аз қувватгирӣ ва омодашавӣ буда, камар бастан бошад сифати ҳамон тайёрӣ мебошад. Яъне манзури адиб соликони роҳи ҳақ аст, ки онҳо ҳар қадаре дунёбезору неъматбадбин бошанд, ба ҳамон андоза омодаву дастандаркоранд. Зеро таносонӣ инсонро ба дунёву неъматҳои он пойбанд месозад.

Лафзи ҳаловат – гувороӣ, ширинӣ киноя аз нозу неъматҳои дунёӣ; гиреҳ – пардаҳои дохили найшакар, ки пас аз гирифтани ҳосил онҳо нолозим мешаванд.

Мақсади шоир он аст, ки аз беэътиборӣ шиква кардан хуб нест, зеро худи шахс гунаҳкор аст, ки ба нозу неъмат дилбастагӣ дорад. Яъне шахси ҳарис – каси беэътибор, хору залил мегардад.

Ифодаи сайри рангу бӯ – майл ба сӯи бӯю ранг, яъне дунё; гул – манбаъ, маншаъ аст, зеро манбаи накҳат ҳамоно гул аст. Шӯхии парвоз – азми парвоз, бавуқӯъоӣ, ҳадафи адиб он аст, ки инсон олами мӯъҷизаосоро набояд зоҳирбинӣ кунад, мисли он ки ҷавҳари накҳат – гул, ҷавҳари олам – Холиқи он аст. Яъне парвозро ҳамагон мебинанду медонанд, вале асоси он болу пар аст, ки бе он парвоз номумкин мебошад.

Ё ин ки калимаҳои ҳавасфарсуд – дар ҳасрати чизе умрро сарф кардан; касби эътибор – бообрӯ шудан; марҳам – дорӯ; яъне то кай баҳри эътибор саъй мекунӣ? Агар обрӯю эътибор барои инсон марҳам бошад, талош баҳри он ранҷ аст.

Ниҳоят калимаи «манзил» роҳи – ҳадафноки мусофир; роҳи аҷз – роҳи тариқат; ҳадди сафар – масофаи тайкардаи солик аст. Мақсади шоир он аст, ки нозукии роҳи соликро мисли роҳи ашки мижгон медонад, ки хеле нозук мебошад. Ҳамин ки заррае азм аз низом дур шуд, ба хок афтода нобуд мешавад.

Дигар аз хусусиятҳои ғазалиёти ин симои бузург он аст, ки аз нигоҳи шакл комилан суннатист, яъне вазн, радифу қофия, теъдоди абёт, риояи матлаъ ва мақтаъ, истифодаи тахаллус ва ғайра. Албатта, дар ҷузъиёти масъалаҳои шаклӣ, хусусан ҷиҳатҳои забонӣ, тозакориҳо дорад, вале асосан ҳунари ӯ дар эҷоди маъниҳо, ҳадафнокии тасвирҳост. Маҳз ҳамин сабаб буд, ки Мирзо Абдулқодири Бедил унвони ифтихории Абулмаъонӣ»-ро сазовор гардид. Яъне пас аз Саноӣ, Аттор, Ҳоқонӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ироқӣ, Хусрав, Ҳофизу Камол, Ҷомӣ ва бисёр дигарон соҳиб гардидан унвон магар осон аст?!

Аз ин рӯ, мавзӯи ғазалиёти ӯ хеле бой, серсоҳаву серпаҳлу, мухталифу гуногун аст. Ӯ махсусан вассофи ишқи ирфонӣ, тарғибгари фалсафаи ирфону тасаввуф, ҳимоягари адолату адолатхоҳӣ, тавсифгари илми ҳикмат, ҳақиқату покӣ, ҳақҷӯиву ҳақгӯӣ ва ғайра мебошад.

Дар ғазалҳои ӯ мисли кулли осораш хислатҳои ҳамидаи одамӣ: эҳтироми инсон, бузургдошти илму ирфон, некӯкорӣ, ростгӯиву ростқавлӣ, илмомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, хоксорӣ, шикастанафсӣ, дурандешӣ, сидқу садоқат, қаноатпешагӣ, сабурӣ, хотирҷамъӣ ва ғайра бо оддитарин ҷузиёт рӯи тасвир омадаанд. Баръакс, хислатҳои разилаи одамӣ: ноадолатӣ, кибр, ҳасад, бухл, дурӯғгӯӣ, хавобаландӣ, инсонбадбинӣ, мардумфиребӣ, ҷоҳиливу нодонӣ, мунофиқӣ, рибохорӣ, палидӣ ва ғайраро сахт маҳкум менамояд, ки ҷанбаҳои фалсафӣ – иҷтимоии мавзӯи ашъорашро ташкил намудаанд. Ӯ ба мавзӯъҳои суннатии ғазал рӯ оварда бошад ҳам, дар ҷузъиёт тозакорӣ дорад. Вале тозакориҳои ҷиддиро Бедил дар маънӣ, мӯҳтаво ва моҳияти масъалаҳо ворид сохтааст.

Дар маркази тематикии ашъори Бедил, ба хусус,ғазалҳои ӯ симои инсон меистад. Шоир тарҷеҳи инсонро нисбат ба дигар махлуқот қоил шуда, бартарии инсонро дар хиради ӯ, дар фаъолияти вай мебинад, шоир тавассути эҷоди бадеъ мехоҳад оламеро (инсонҳоро) аз ғафлат барорад. Аз ин рӯ, ғазали Бедил ғазали андеша аст. Бунёди ғазалиёти Бедил бар андеша асос ёфтааст. Ӯ ҳатто оид ба мақому мартаба, ҷоҳу ҷалоли инсон қасидаи ҷудогона дорад, ки метавон чанд байте аз онро зикр намуд:

Ай шамъи базми қудс[2], надонам чӣ мазҳарӣ[3],

К-аз ваҳм[4] гоҳ равшану гоҳе мукаддарӣ[5],

Гоҳ аз самуми[6] қаҳр чу гулхан пуроташӣ.

Гоҳ аз насими лутф чу гулшан муаттарӣ.

Дар чор рукни[7] даҳр туӣ ҳайрати зуҳур,

Дар ҳафт баҳри чарх[8] ту ноёб гавҳарӣ.

Ғофил зи худ мабош, ки чун шамъи офтоб

Иқболи ҳафт маҳфилу[9] нӯҳ қасри ахзарӣ.

Аз ҳар шайъе[10], ки аҳли ту фаҳмад афзалӣ,

Аз ҳар макон, ки фаҳми ту пай бурд, бартарӣ.

Ҳар ҷо нигоҳ меравад, он ҷо ту рафтаӣ,

Ҳар сӯ хаёл меравад, он ҷо ту мепарӣ.

Маҳкуми нафси ин ҳама дунҳимматӣ чаро,

К-андар бисоти қудс ту садру сарварӣ.

Олам ҳама мусаххари амри замири[11]туст, Ай бехабар, ту аз чӣ ҳаворо мусаххарӣ?!

Бузургдошти инсон нисбат ба кулли мавҷудоти рӯи замин, яке аз масъалаҳои марказии эҷодиёти Бедили Деҳлавӣ мебошад. Яке аз ҷиҳатҳои фарқкунандаи эҷодиёти Бедил низ дар гузориши масъалаи мазкур ва роҳи ҳалли он зоҳир мешавад. Азбаски доираи фаъолияти инсон серсеҳа, худи инсон махлуқи басо мураккабтарини мавҷудот ҳаст, пас дарки моҳияти эҷодиёти Бедили Деҳлавӣ низ ҳамин гуна мураккаб аст. Албатта, Бедил ғазалҳое низ дорад, ки дар онҳо зебоиҳои олами мавҷуда, тасвири манзараҳо, хусусан ҷузъиёти фасли баҳор, ҷирмҳои самовӣ ва ғайра мавриди тасвир қарор дода шудаанд.

[1] Маол – ҷои бозгашт; оқибати кор.

[2]     Қудс – покӣ.

[3]     Мазҳар – зоҳиршавӣ

[4]     Ваҳм – хаёл.

[5]     Мукаддар – ғамгин.

[6]     Самум – шамоли сӯзон.

[7]     Рукн – қисм.

[8]     Чарх – осмон.

[9]     Маҳфил – замин.

[10]   Шайъ- чиз.

[11]   Замир – ботин, дил.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …