Главная / Маданият ва санъат / Амир Хусайни Пироеш (Рассом)

Амир Хусайни Пироеш (Рассом)

Санаи 9 апрели соли равон дар мехмонхонаи «Сирена Душанбе» намоиши асархои рассоми эрони Амир Хусайни Пироеш огоз шуд, ки онро метавон рамзи «Манзарахои Точикистон» номид. Зеро огои Пироиш солхои тулонист, ки атрофу акнофи сарзамини моро кадам зада, манзарахои зебои онро чолиб ва чозиб тасвир кардааст… -Чаноби Пироеш, суоламро ба кавли точикон кундаланг медихам: чаро махз Точикистон? – Барои он ки ман ошики Точикистон ва шефтаи манзарахои ин кишвар хастам. Чаро Афгонистонро намекашам?

amir-husayn-piroeshБа хотири он ки он чоро надидаам ва мутаассифона, чуз хабари чангу чадал чизе нашунидаам. Дар эчодиёти ман факат Точикистон ва Эрон инъикос ёфтаанд. -Чи боис гардид, ки шумо ошики Точикистон шудед? – Ман бо номи Точикистон дар 6 – солаги тарики радио ошно шудам. Он замон дар Бирчанди Эрон радиои Точикистон мавч пахн мекард ва аввалин бор ман ин садоро шунидам: «Ин чо Душанбе, радиои Точикистон». Он замон аз падарам пурсидам, ки бобочон (мо ба падар чунин мурочиат мекунем) Душанбе кучост? Падарам гуфт, ки инхо мардуми мо хастанд, ки дар тарафи шурави мондаанд. Падар хамин кадар маълумот дошт ва хуб шуд, ки ман хам хамнажод буданамонро фахмидам.

Баъдан, тарики антенахои махсус мо ба телевизиони Точикистон дастараси пайдо кардем, ки он гохо консертхои дилнишини Чурабек Муродов, Давлатманди Хол, Нигинаву Мукаддас ва дигар сарояндагони точикро пахш мекард. Ин садохоро мешунидем ва шефтаи Точикистон мешудем. Баъдан сарнавишт маро ба Точикистон овард ва ачиб он, ки як руз дар кучаи маркази ман сохиби он садое, ки аз радио шунида будам, пайдо кардам, исмаш хонум Зевар (Зевар Кандиловна Чураева – О.Н.) аст. Баъдан, бо устодон Чурабеку Давлатманду Афзалшоху дигарон низ дуст шудем, як чо нишаставу сухбатхо доштем. -Аввалин тасвире, ки аз Точикистон кашидед, манзараи кучо буд? -Яке аз манзарахои Варзоб. Ман як муддат ба тичорат машгул шуда, наккоширо канор гузошта будам, аммо манзарахои Точикистон ба ман такон бахшиду баъди танаффус дубора ба ин кор даст задам ва то имруз кариб 500-600 асари хурду калон аз Точикистон тасвир кардам.

-Асархои шумо ва манзарахои кишвари моро кихо бештар харидори мекунанд? -Мушаххасан намедонам, зеро асархои ман ба хар шакле фурухта мешаванд. Аммо то он чое медонам, корхои ман дар Русияву Амрикову Эрону Аврупо ва кариб дар хама гушаи чахон хаст. -Аз корхои рассомони точик огохед? -Албатта, дар Точикистон рассомони хуб зиёданд ва хар яке сабку саликаи худро доранд. Корхои Сабзали Шарифов ва Вафо Назаровро меписандам. -Айни замон дар Точикистон чавонхо бештар ба сабки мудерн, ки печидаву муглак аст, асар эчод мекунанд, аммо чи тавре мебинем, шумо реализмро нигох доштаед. -Бале, ман бештар бо реализм ва хамчунин импрессионизм, миниатюр ва сюрализм кор мекунам. Нависандаи рус Лев Толстой дар бораи хунар китобе дорад ва дар он мегуяд, ки хунаре арзиш дорад, ки оммаи мардум онро дарк кунад ва хунаре, ки омма аз он бахра бурда наметавонад, фахш аст.

Бубинед, хунар он нест, ки ман 4 – то хатро бикашам ва бигуям мудерн шуд, ин монанди онест, ки маъзарат мехохам, – парандае аз осмон руйи шишаи мошин ахлот мепартояду он шакли зеборо мегирад. Имруз ба ин хам мудерн мегуянд. Сабаби ба чунин сабк руй овардани чавонхо он аст, ки мудерн мехнати зиёд талаб намекунад, академизм бошад, дакиккори ва захмат мехохад. Ман борхо аз рассомон пурсидаам, ки шумо бо ин асаратон чи гуфтан мехохед, ин чо хама печида аст. Онхо худашон посух дода наметавонанд ва мегуянд: «Аврупоихо чунин асархоро бештар харидори мекунанд», яъне онхо ба хотири пул кор мекунанд ва хак хам доранд, зеро рангу кобу каламу матоъ хеле гарон аст, илова бар ин зиндагиро бояд ба навъе бичархонд. -Ин раванд дар Эрон чи гуна аст?

-Дар Эрон миниатюр ва реализм бештар аст, аммо чавонони мо хам ба мудерн майл доранд. Дар Эрон рассомони бузурге зиндаги мекунанд ва кишвари мо дар миниатюр дар чахон дар чойи аввал карор дорад. -Шумо ба гушахои Точикистон сафар мекунед ё аз руйи аксу навор манзарахоятонро мекашед? -Не, ман нукта ба нуктаи Точикистонро аз Бадахшон то Зарафшон ва аз Хатлон то ба Сугд гаштаам ва хар чоеро ки тасвир мекунам, омухтаам. -Шумо айни замон дар ду давлат зиндаги мекунед? -Бале, аммо аз 22 соли охири умрам бештар ин чо будам, зеро ман аз дустони чавонии худ дур ва дустони хакикиам ин чо хастанд. -Бо сард шудани муносибатхои Точикистон ва Эрон барои шумо мушкиле пеш омад?

-Хушбахтона не, зеро ман фикр мекунам, ки сардии равобити давлатмардон ба мо хунармандон набояд дахл кунад. Ман конуни Точикистонро риоя мекунам ва онхо хам ба ман мушкил пеш намеоранд. -Айни замон кадом манотики Точикистонро тасвир кунед? -9 мох аст, ки Эрон нарафтаам ва иншооллох баъди намоиш меравам ва агар умр вафо кунаду баргардам, манзарахои Чилдухтаронро тасвир мекунам. Мусохиб О. НОЗИР

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …