Моддаи 170-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Яктарафа ё нопурра будани тафтишоти маъмури ё суди
- Тафтишоти маъмури ё суди яктарафа ё нопурра ба хисоб мераванд, агар зимни анчом додани онхо холатхои барои баровардани карор ахамияти чиддидошта, муайян карда нашуда бошанд.
- Тафтишоти маъмури ё суди дар хама холат яктарафа ё нопурра эътироф карда мешаванд, агар доир ба парванда:
– шахсоне нопурсида монда бошанд, ки нишондодхои онхо барои парванда ахамияти чидди доранд ё экспертизае гузаронида нашуда бошад, ки мувофики конун гузаронидани он хатмист, хамзамон хуччатхое талаб карда гирифта ё далелхои шайъие дарёфт нагардида, ба парванда хамрох карда нашуда бошанд, ки ахамияти чидди доранд;
– холатхое тахкик нашуда бошанд, ки дар таъиноти суди парвандаи маъмуриро ба тафтиши нави маъмури ё мухокимаи нави суди фиристода нишон дода шудаанд;
– маълумот оид ба шахсияти шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда пурра муайян карда нашуда бошад.